Аскар Ҳаким Аскар Ҳаким Аскар Ҳаким

Аскар Ҳаким

Шоири халқии Тоҷикистон
шоир, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон. Аз соли 1976 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.
Image
Суроға: ш. Душанбе
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru 
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
  • Зиндагинома
  • Мақолаҳо
  • Дар бораи Аскар Ҳаким
  • Гуфтор дар бораи худ
  • Китобҳо
  • Ғазалиёт
  • Ашъор
  • Рубоиёт
  • Дубайтиҳо
  • Манзумаҳо
  • Аксҳо
  • Наворҳо
  • Сурудаҳо
  • Тарҷумаҳо
  • Мусоҳибаҳо
  • Зиндагинома
  • Мақолаҳо
  • Дар бораи Аскар Ҳаким
  • Гуфтор дар бораи худ
  • Китобҳо
  • Ғазалиёт
  • Ашъор
  • Рубоиёт
  • Дубайтиҳо
  • Манзумаҳо
  • Аксҳо
  • Наворҳо
  • Сурудаҳо
  • Тарҷумаҳо
  • Мусоҳибаҳо
734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8 askar_hakim@mail.ru

Тарҷумаҳо

  • Саҳифаи асосӣ
  • Тарҷумаҳо

Геворг Эмин. Аз шеърҳои Париж

Аскар Ҳаким
Тарҷумаҳо
25 Сентябр 2021
482

Аз шеърҳои Париж

ШАБИ МАЙКАДА

Ҷаз кунад шӯру фиғон.

Дар бари саҳна занест,

Ваҳ чӣ фаттону ҷавон.

Маъзарат, хонуми ҷон,

Исматон чист?..

Муфассал: Геворг Эмин. Аз шеърҳои Париж

Геворг Эмин. АСРИ БИСТ, ЭҶОД, ДАР НАЗДИ СОАТ, ҲАМЛЕТ

Аскар Ҳаким
Тарҷумаҳо
25 Сентябр 2021
502

Геворг Эмин

 ЧАНД СУХАН АЗ ТАРҶУМОН

   Ҳар вақте ки аз моҳияити шеър сухан ба миён овардаанд, яке аз масъалаҳое, ки бисёрҳо мавриди мубоҳиса қарор гирифтааст, бунёди ҳиссӣ ва ё ақлӣ доштани шеър аст. Дар ин маврид фикру мулоҳизаҳои гуногун ва мухталиф баён шудаанд. Вале ҳақиқат ин аст, ки дар шеъри асил ин ҳар ду – ҳиссиёт ва тафаккур – ҳамеша ба ҳам омехтаанд. Дар асл бигирем, худи дониш дар асоси таҷриба, аз воқеият таассуроти ҳиссӣ бардоштани инсон андӯхта мешавад. Дар шеър ҳам ҳамчунон аст. Шеъре, ки дар он имтиёзи ақл, фикр бештар аст, агар он фикр муҳим, ҷиддӣ ва тоза бошад, бешубҳа, эҳсоси тароватнокеро низ бо худ дорад.

Муфассал: Геворг Эмин. АСРИ БИСТ, ЭҶОД, ДАР НАЗДИ СОАТ, ҲАМЛЕТ

М. Ю. Лермонтов. ХАЗИНАДОРЗАНИ ТАМБОВӢ

Аскар Ҳаким
Тарҷумаҳо
25 Сентябр 2021
497

М. Ю. Лермонтов

 ХАЗИНАДОРЗАНИ ТАМБОВӢ

 Қарта бибоз, сарро мабоз.

                                       Зарбулмасал.

 ЭҲДОИЯ

Бимон, машҳур гардам кӯҳнаоин,

Надорад ҳеҷ фарқе аз бароям.

Аз он шодам, ки бар вазни Анегин,

Ба оҳанги қадимӣ месароям.

Ба ин афсонаи ман гӯш доред,

Агар майли сафои ҳуш доред,

Каме ҷунбонда сарҳотон, аҷиб аст,

Муфассал: М. Ю. Лермонтов. ХАЗИНАДОРЗАНИ ТАМБОВӢ

М. Ю. Лермонтов. ХАЗИНАДОРЗАНИ ТАМБОВӢ (2)

Аскар Ҳаким
Тарҷумаҳо
25 Сентябр 2021
486

 Нишаста буд сарвори саворон

Ба Авдотя Николавна дар он ҷо.

Нигоҳашро намеканд аз рухи он,

Ба дасте тоб дода мӯлабашро.

Ҳамедид ӯ заданҳои дилашро...

Намедонам, чӣ навъе шуд баногоҳ,

Муфассал: М. Ю. Лермонтов. ХАЗИНАДОРЗАНИ ТАМБОВӢ (2)

ДАНТЕ ВА ШОҲКОРИ БЕЗАВОЛИ Ӯ  

Аскар Ҳаким
Тарҷумаҳо
14 Июл 2021
671

  Таърихи адабиёти башарӣ то имрӯз се шоирро аз бузургтаринҳои шеъру адаб эътироф кардааст: Ҳумер, Данте, Шекспир. Пас аз ҷашни ҳазораи Фирдавсӣ ба ЮНЕСКО пешниҳод шуда буд, ки амри ҳақ ва адолат мебуд, агар «Шоҳнома»-сарои беназири машриқзамин ҳам дар сафи ин бузургон ҷой мегирифт. Моҳияти хизмати Фирдавсӣ дар шеъри форсизабон аз хизмати он се бузурги аввал, ки дар адабиёти халқи худ ва Урупо карданд, кам набошад ҳам қаҳрамонии шоиронаи Фирдавсӣ алҳол шуҳрату овозаи дунявии онҳоро пайдо накардааст. Шояд сабабаш дар он бошад, ки кишварҳои Урупо нисбат ба Осиё озодонатор мезистанд, инкишоф ва тараққиашон бештар буд ва аз ин рӯ, тавонистанд, ки дастовардҳои фарҳангиашонро ҳам дар рӯи дунё фарох ва хубтар ташвиқ кунанд.

Муфассал: ДАНТЕ ВА ШОҲКОРИ БЕЗАВОЛИ Ӯ  

АЛИГЕРИ ДАНТЕ. МАЗҲАКАИ ИЛОҲӢ (ДӮЗАХ). СУРУДИ ЯКУМ

Аскар Ҳаким
Тарҷумаҳо
09 Июл 2021
552

 1 Нимароҳи зиндагӣ аз сар гузашт,

Хешро дидам ба ҷангалзори тор,

Баски роҳи рости ман гум бигашт.

 

4 Сахт душвор аст васфи бешазор,

Бошад он торику анбуҳ, пурхатар,

Ки кунад ёдаш диламро беқарор.

Муфассал: АЛИГЕРИ ДАНТЕ. МАЗҲАКАИ ИЛОҲӢ (ДӮЗАХ). СУРУДИ ЯКУМ

Матлабҳои бештар...

  • АЛИГЕРИ ДАНТЕ. МАЗҲАКАИ ИЛОҲӢ (ДӮЗАХ). СУРУДИ ДУВУМ
  • АЛИГЕРИ ДАНТЕ. МАЗҲАКАИ ИЛОҲӢ (ДӮЗАХ). СУРУДИ СЕВУМ
  • АЛИГЕРИ ДАНТЕ. МАЗҲАКАИ ИЛОҲӢ (ДӮЗАХ). СУРУДИ ЧАҲОРУМ  
  • АЛИГЕРИ ДАНТЕ. МАЗҲАКАИ ИЛОҲӢ (ДӮЗАХ). СУРУДИ ПАНҶУМ  
  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • ...
  • 6
  • 7
  • 8
  • 9
  • ...

Саҳифаи 6 то 12

© Аскар Ҳаким 2025.