Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Мебарам бар шаҳри вайрону ано,
Мебарам сӯи шиканҷи ҷовидон,
Мебарам бар гӯшаи афтодаҳо.
Адл дод илҳом бар он пуртавон,
Қудрати яздони покам офарид,
Ақли кул, ишқи нахусти осмон.
7 Гашта то ман кулли ҷовидон падид,
Худ ман ин ҷо то абад бошам мудом,
Оед ин ҷо, даст шӯед аз умед.
10 Тори дар бинвишта дидам ин калом,
Гуфтамаш: «Эй раҳбари маъношинос,
Сахт душвор аст дарки ин паём».
13 Ӯ, ки ин андешаро медид асос,
«Бадгумонӣ нест, - гуфт, - ин ҷо раво.
Маслиҳат набвад забунию ҳарос.
16 Ҳамчунон гуфтам, расидем он куҷо,
Ки дар он ҷо тирарӯзон дар азоб,
Дода аз каф партави ақли расо».
19 Даст доду вораҳонд аз изтироб
Чеҳри оромат, ки нирӯям фузуд,
Бурд бар водии асрору итоб.
22 Дар фазояш ахтару нуре набуд,
Дар танин буд нола аз ранҷу ано,
Ки маро гирёнд ҳангоми вуруд.
25 Лафзи гуногун, нидои ҷонгазо,
Куфргӯиҳою фарёду ғазаб,
Дастафшонӣ, шикоят аз ҷазо,
28 Шӯр барпо карда аз ранҷу тааб,
Печ мезад ҷовидон дар умқи тор,
Ҳамчу рег аз гирдбоде ҳини шаб.
31 Бар сарам печида ваҳшат ҳалқавор
Гуфтам: «Устод, ин чӣ дард асту нидо,
Кистанд онон ба ранҷи бешумор?»
34 Гуфт: «Ин вазъи фалокатмунтаҳо,
Бошад ононро, ки дар рӯи замин,
Ки на куфре гуфта, на гуфта дуо.
37 Гашта бо бадхӯ малоик ҳамқарин,
Ки на исён карда, на гуфтанд бад,
Худ ба худ буданд, беҷонофарин.
40 Осмонҳо ронда чун доғе зи худ,
Дӯзахи музлам намегирад ба хеш,
К-ин физояд қадри осии абад».
43 Гуфтам: «Устод аз чӣ зоранду пареш,
То куҷо ин нолаву фарёдҳо?»
Гуфт: «Гӯям посухат кӯтоҳ беш».
46 На зи марг уммед доранду шафо
Ҳар яке з-ин зисти пастинишон
Қисмати дигар ба худ бинад раво.
49 Нест з-онон дар ҷаҳон ному нишон,
Бенасибастанд аз адлу карам,
Бингару бигзар, чӣ арзанд ин касон.
52 Дар ҳаво дидам, ки мечархад алам,
Гӯиё зӯри шараш афрохта,
Менабудам як нафас ором ҳам.
55 Аз паси парчам ба нола тохта
Мардуме мерафт, гӯё аз замин
Тухми одам бар ҷаҳим андохта.
58 Чанд тан бишнохтам аз ону ин
Як шабаҳ, к-ӯро дареғу ҳасрато,
Ноҷавонмардӣ гуноҳе буд яқин.
61 Нек донистам, ки ҷамъи дар азо
Бадсиголонанд, к-аз эшон бувад
Ҳам Худо безор, ҳам хасми Худо.
64 Он гурӯҳи зишту фосид луч буд,
Тӯдаи занбӯру фавҷи хармагас
Ҷисмашонро неш мезад беадад.
67 Баски хуну ашк мешорид бас,
Зери по як тӯдаи кирми палид
Зуд мелесид онро бо ҳавас.
70 Чун ду чашмам дур диду рӯд дид,
Дид мардумро канораш бешумор,
Гуфтам: «Устод, аз туям лутфе умед.
73 Кистанд инон, бигӯ, ёбам хабар,
Ки дар ин нури заифу ҳоли танг
Карда з-ин рӯди бузург азми гузар».
76 Дод посух: «Чанд гоҳе кун даранг,
Худ бидонӣ, чун расидем он замон
Бар канори Окрунти тираранг».
79 Дида бар таҳ дӯхтам шармандасон.
Буд бимам, гаштаам густох ман,
Пас шудам то рӯд беҳарфе равон,
82 Сӯи мо дар заврақе пире куҳан
Бонг мезад, бо ғазаб дармерасид,
«Вой, арвоҳи табоҳи марду зан:
85 Барканед аз дидани гардун умед,
Соҳили дигар барам заврақсавор,
Бар яху зулмоту оташ мерасед.
88 Эй ту рӯҳи зинда, бош андар канор
З-ин ҳама рӯҳе, ки рафта бар фано,
Дид чун ҳастам ба ҷоям барқарор:
91 Гуфт: «Ин ҷо нест роҳи ту, маё,
Бандари дигар бикун пайдо, бирав,
Ҳам сабук аз ин бувад заврақ туро».
94 Гуфт: «Корун-раҳнамо, – хашмӣ машав,
Раъи боло – боядат иҷро намуд,
Бештар чизе мапурсу ин шунав».
97 Гунаи пурмӯи заврақбони рӯд
Рӯи ин мурдоби зишт омад фурӯ,
Дидагонаш ҳалқаҳои шӯъла буд.
100 Чун шунид арвоҳ, ҳукми сахти ӯ,
Ларза бигрифташ ҳаросону низор
Ҳам ба ҳам мехӯрд дандон, ранги рӯ.
103 Куфр мегуфтанд бар парвардигор,
Носазо бар волидайну бар башар,
Бар макону вақту бар зоту диёр.
106 Бо фиғон рафтанду чашми гирявар,
Сӯи он соҳил, ки донад дарзамон
Ҳар касеро, к-аз Худо шуд бехабар.
109 Деви оташчашм Корун беамон
Ҳар кӣ сустӣ кард, бо қаҳру ба кин
Ронд сӯи пеш бо бели калон.
112 Аз дарахтон барг мерезад чунин,
Шох дар пойиз лучу ур буд,
Баргу бори худ ниҳода бар замин –
115 Ҳамчу шоҳин, к-он ба дӯш ояд фуруд
Соҳибашро, бар дили рӯд аз канор
Халқи осӣ хеш меафканд зуд.
118 Ғӯтавар дар оби тира халқи зор,
Пеш аз он ки бигзарад сӯи дигар,
Дастаи нав буд ба соҳил интизор.
121 Устодам гуфт: «Бингар, эй писар, -
Халқи мағзуби Худо баъди аҷал,
Гирд меоянд ин ҷо сар ба сар,
124 То гузар созанд аз рӯди азал,
Баски мақҳуранд аз адли Худо
Бимашон бар шавқ мегардад бадал.
127 Раҳ дигар бошад ба рӯҳи порсо,
Лоҷарам, Корун, кунун донӣ, чунин
Шиква мекард аз ҳузури ту чаро?»
130 Ин бигуфту ногаҳон ин сарзамин
Ончунон аз бех дар ларза фитод, -
Ёдам ояд, тар з-арақ гардад ҷабин.
133 З-ин диёри ашку ғам бархест бод,
Барқи оташбор берун ҷаст аз он.
Рафт аз он эҳсосу идрокам зи ёд;
Уфтодам бандаи хоби гарон.
ТАВЗЕҲОТ
СУРУДИ СЕВУМ
Дарвозаи Дӯзах.–Ибн-ал-вақтҳо ва заиф-ул-нафсҳо. – Рӯди Окрунта.
1-3. Мебарам... – Ҳар мисраи ин тертсин (тертсинро тақрибан навъи мусалласи шеър метавон гуфт) якхела оғоз мешавад: «Мебарам». Таассуроте ҳосил мешавад, ин суханҳоро худи дарвозае, ки гунаҳкоронро ба азоби ҷовидон гирифтор мекунад, мегуфта бошад. Такрор дар шеъри қарни васат бисёр истифода мешуд.
4-6. Адл дод илҳом бар он пуртавон. – Дӯзах, аз рӯи асотири насронӣ бо кӯшиши Худоёни сегона эҷод шудааст: қудрати илоҳӣ, падар (Худо): ақли кул, писар (Масеҳ); ишқи нахустин (Ишқи азалӣ), рӯҳулқудс.
7-8. Гашт то ман кулли ҷовидон падид. – Данте дар суруди охири Дӯзах мегӯяд, ки Ҷаҳаннам дар натиҷаи суқути шайтони азим Лутсифер, пеш аз пайдоиши навъи башар яъне, қабл аз ҳама фанопазирон ба вуҷуд оварда шудааст. Навиштаи болои дари Дӯзах таъкид мекунад, ки ҳамаи бадиҳо ва бадкорон аз ҷониби адли ҷовидон ҳатман ба ҷазои барҳақи худ расонида мешаванд.
58-60. Чанд тан бишнохтам аз ону ин... – Ба эҳтимоли қавӣ ин кашиш Чаластинои панҷум аст, ки соли 1294 дар ҳафтодсолагиаш интихоб шуд, вале баъд аз панҷ моҳ бо талқини кординол Котони, ки мегуфт ҳар каси даст бар умури дунё дошта, ҳатман муртакиби гуноҳ мешавад, аз мансаби худ даст кашид. Пас аз он худи ин кординол ба унвони Бонифатсии 8-ум ба ҷои ӯ кашиш шуд, ки Данте ӯро муҷассамаи фасод, нопокӣ ва олудагии калисо ва боиси ҳамаи бадбахтиҳои шахсии худ медонад.