Аскар Ҳаким Аскар Ҳаким Аскар Ҳаким

Аскар Ҳаким

Шоири халқии Тоҷикистон
шоир, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон. Аз соли 1976 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.
Image
Суроға: ш. Душанбе
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru 
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
  • Зиндагинома
  • Мақолаҳо
  • Дар бораи Аскар Ҳаким
  • Гуфтор дар бораи худ
  • Китобҳо
  • Ғазалиёт
  • Ашъор
  • Рубоиёт
  • Дубайтиҳо
  • Манзумаҳо
  • Аксҳо
  • Наворҳо
  • Сурудаҳо
  • Тарҷумаҳо
  • Мусоҳибаҳо
  • Зиндагинома
  • Мақолаҳо
  • Дар бораи Аскар Ҳаким
  • Гуфтор дар бораи худ
  • Китобҳо
  • Ғазалиёт
  • Ашъор
  • Рубоиёт
  • Дубайтиҳо
  • Манзумаҳо
  • Аксҳо
  • Наворҳо
  • Сурудаҳо
  • Тарҷумаҳо
  • Мусоҳибаҳо
734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8 askar_hakim@mail.ru

Тарҷумаҳо

  • Саҳифаи асосӣ
  • Тарҷумаҳо

Васил Биков. Сотников. Қисса (15)

Аскар Ҳаким
Тарҷумаҳо
25 Сентябр 2021
478

15

Рибакро, ҳамон тавре ки пушташро кӯз карда, дар зери девор нишаста буд, номаълум хоб бурдааст. Ҳамин тавр бошад ҳам, хоб будани вай гумон – ин худфаромӯшии тахминан яксоатае буд, ки пас аз хастагӣ фаро расид. Аммо ба зудӣ ӯро изтиробе бедор кард ва Рибак чашмонашро кушода, аввал дар кунҷ буданашро нафаҳмид. Дар шафат аз торикӣ садои пасти гуфтугӯ, овози шиноси бачагона ба гӯш мерасид, ки ҳамин лаҳза Басяро ба ёдаш расонд. Баъзан ин садоро пичирроси гирифтаи пирона мебурид – дар он дам Пётр гапи худро мегуфт. Рибак ба суҳбати паст-пасти шабонаи онҳо гӯш дод, ки хишир-хишири боми хаспӯшро ҳангоми шамол ба ёд меовард.

Муфассал: Васил Биков. Сотников. Қисса (15)

Васил Биков. Сотников. Қисса (16)

Аскар Ҳаким
Тарҷумаҳо
25 Сентябр 2021
472

16

Пас аз гуфтугӯи кӯтоҳе бо амин, ки бо вуҷуди ин ӯро тамоман беҳол кард, Сотниковро каме хоб бурд. Бедор шуда, ӯ худро баногоҳ аз арақ тар ҳис кард; табе, ки ҳамин қадар вақт боз ӯро месӯзонд, ба арақи хунук бадал шуда буд ва Сотников дар зери шинели худ аз хунукӣ ларзид. Сараш гӯё андаке сабук шуд, гарангие ки шуури ӯро хира карда буд, бартараф гашт, умуман авзояш беҳтар шуд. Агар панҷаҳои шикастаю варамидаи дасташ ва пои аз дарди кӯҳна варамкардааш намебуданд, вай он вақт, эҳтимол, худро саломат ҳис мекард.

Муфассал: Васил Биков. Сотников. Қисса (16)

Васил Биков. Сотников. Қисса (17)

Аскар Ҳаким
Тарҷумаҳо
25 Сентябр 2021
440

17

Сотников равшан фаҳмид, ки натиҷае ба даст оварда натавонист. Мақсади вай, ки шабона чунон табиӣ пайдо шуда, ба ӯ қариб осудагӣ бахшида буд, чун кафки собун кафид. Идораи полис дар дасти немисҳо лӯхтаке буду бас ва ба гувоҳии вай тамоман бепарвоёна муносибат кард – ҳоло ки фармони даркорӣ расидааст ва ё талаботе барои куштор пайдо шудааст, вай ба муайян кардани гунаҳкор будани кадоми онҳо туф кардааст.

Муфассал: Васил Биков. Сотников. Қисса (17)

Васил Биков. Сотников. Қисса (18)

Аскар Ҳаким
Тарҷумаҳо
25 Сентябр 2021
443

18

 Рибак помонакро сар дод ва худро қафо кашид – дар назди ӯ пойҳои Сотников ба алвонҷ даромаданд, телпакаш рӯи барф афтод. Рибак якбора қафо рафт, вале дарҳол хам шуда, онро аз зери Сотников гирифт, ки ӯ аллакай оромона дар арғамчин тоб мехӯрд ва гоҳ ба ин тараф ва гоҳ ба он тараф давр мезад. Рибак ҷуръати ба рӯи ӯ нигаристан  накард: вай дар пеши худ фақат пойҳои дар ҳаво овезонро, ки яке дар намадмӯзаи кӯҳна ва дигаре дар паҳлуи он пошнааш ба берун тоб хӯрда буд ва кафаш кабуду дар буҷулакаш рахи хуни шахшуда дошт, медид.

Муфассал: Васил Биков. Сотников. Қисса (18)

Карло Каладзе. Сухани сода

Аскар Ҳаким
Тарҷумаҳо
25 Сентябр 2021
509

Карло Каладзе, шоири гурҷӣ

 СУХАНИ СОДА

 Нест осон бо камоли содагӣ гуфтан сухан,

То бигӯӣ сода, мерезад арақҳои ҷабин.

Нест андар шеъри сода ҳарфи бебору сабук,

Сабки саҳли мумтанеъ хоҳад маонии матин.

Муфассал: Карло Каладзе. Сухани сода

Муҳаммад Алӣ. Духтар имшаб тарона мехонад., Қиссаи морбоз

Аскар Ҳаким
Тарҷумаҳо
25 Сентябр 2021
481

Муҳаммад Алӣ, шоири ӯзбек

 

Духтар имшаб тарона мехонад

Нурборон самои ниликор.

Духтар имшаб тарона мехонад

Бо само, бо ситораҳо бедор.

Муфассал: Муҳаммад Алӣ. Духтар имшаб тарона мехонад., Қиссаи морбоз

Матлабҳои бештар...

  • Мухтор Шаханов. Қазияи ҳусни тафоҳум
  • ЕМЕЛИАН БУКОВ. НОМА БА МИРЗО ТУРСУНЗОДА
  • ШЕЪРЕ, КИ ВИҶДОНИ ШОИР АСТ... Ярослав СМЕЛЯКОВ
  • Геворг Эмин. ГУВОҲИИ ДИЛ, БА ЗАНИ ФОРС, СУРУДИ ҒАМАНГЕЗ
  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • ...
  • 6
  • 7
  • 8
  • 9
  • 10

Саҳифаи 4 то 12

© Аскар Ҳаким 2025.