Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
1 Нимароҳи зиндагӣ аз сар гузашт,
Хешро дидам ба ҷангалзори тор,
Баски роҳи рости ман гум бигашт.
4 Сахт душвор аст васфи бешазор,
Бошад он торику анбуҳ, пурхатар,
Ки кунад ёдаш диламро беқарор.
7 Талхиаш аз марг бошад талхтар,
Лек дар васфи сафо, ки доштам,
Ман суханҳо гӯям аз боби дигар.
10 Нест ёдам по чӣ сон бигзоштам,
Баски гум кардам чу роҳи ростро,
Чашми худ аз хоб кай бардоштам?
13 Даррасидам бехабар дар мунтаҳо
Ман ба пои теппаи воломақом,
Ки диламро дошт дар ранҷу ано.
16 Чашм бикшодам, бидидам нури бом,
Теппа аз анвор рангин буд каме,
Рафта буд сайёра кайҳо аз қиём.
19 Қалби ман вораст аз дарду ғаме,
З-он шабу з-он бими дармоннопазир
Шуд талотумҳои дил таскин даме.
22 Чун касе, к-аз қаъри гирдоби кадир
Вораҳонида бо азобе ҷону тан,
Бингарад бар мавҷҳои мустатир.
25 Буд ларзону парешон рӯҳи ман.
Рӯҳи ман бар роҳи рафти худ нигашт,
К-интиҳояш буд марги марду зан.
28 Хастагии ҷисму ҷонам чун гузашт,
Омад андар дасту пои ман мадор,
Сӯи боло рафтам аз паҳнои дашт.
31 Ман бидидам дар нишеби кӯҳсор,
Як паланги чобуке истода буд,
Пӯсташ буд парлаки нақшу нигор.
34 Дар миёни роҳи ман омода буд,
Гуфтам аз ин партгоҳи пурхатар,
Пас равам, аммо на дигар ҷода буд.
37 Чун баромад шамси тобони саҳар,
Фавҷи ахтар буду гардун нилгун,
Он чунон, к-аз ибтидои баҳру бар
40 Будашон лутфи Илоҳӣ раҳнамун.
Кард ин аз фоли неке огаҳам,
Дар танам акнун намешуд сард хун.
43 Гарчи дидам ваҳшии пурмӯй ҳам.
Боз дар як он дилам афшурд зуд,
Шери ёлафшон баромад аз раҳам.
46 Ҳамла мекарду ҳуҷуме менамуд,
Ҷониби ман гушна, бадхашму ғазаб,
К-аз ғиреваш осмон дар ларза буд.
49 Ҳамраҳаш буд модагурги хунталаб,
Бемуҳобо нақши шаҳват буду оз,
К-эй басо ҷонҳо аз он шуд дар тааб.
52 Ҷону дил дар тарсу ларз афтод боз,
Аз нигоҳи гушнаву пурбими он
Аз дилам гум гашт армони фароз.
55 Нест маҳзунтар зи мумсик дар ҷаҳон,
Он даме, ки гардад аз ганҷаш ҷудо,
Гиряд ӯ дар ёди ганҷи шойгон.
58 Рӯи роҳ ошуфта истодам ба ҷо,
Модагургам баски буд дунболагир
Бар нишеби тангу тори безиё.
61 Мефитодам ман ба варта сар ба зер,
Марде он дам гашт пайдо бесадо,
Марди солору хамӯшу дилпазир.
64 Дидамаш дар водию кардам нидо:
«Ҳастӣ инсон, ё шабаҳ, ё ину он,
З-ин фалокат вораҳон ҷони маро».
67 Гуфт: «Инсон будаам ман як замон:
Асли ман аз тухмаи ламбардиёст,
Ки диёри Монтуво буд мулкашон.
70 Зодрӯзам давраи Суб Ҷулиост,
Зистам айёми Августӣ ба Рим.
Бут парастиш дошт халқу роҳи рост.
73 Ман сутудам – шоири қарни қадим, -
Пури Анхизро, даме киштисавор
Аз Тарувои сӯхта рафт ӯ салим.
76 Аз чӣ кардӣ бозгаштан ихтиёр?
Рав ба сӯи қуллаҳои пурзиё,
То шавӣ он ҷой шоду бахтёр».
79 «Верҷиластӣ, чашмаи беинтиҳо,
Он ки шеъраш рафт ақсои ҷаҳон? –
Гуфтам, ӯро сархам аз шарму ҳаё, –
82 Шаъну шони шоирони ҳар замон,
Кошкӣ кор оядам он эҳтиром,
Ман, ки бар девони ту дорам ба ҷон!
85 Будиям устод назди хосу ом,
Аз ту меросам расидаст ин ҳунар,
Ин ҳиҷои олию сеҳри калом.
88 Танг карда ҳолам ин ҳайвон, нигар!
Деҳ наҷотам, устоди зуфунун,
Мӯ ба мӯ меларзам аз хавфу хатар!
91 Роҳи дигар боядат ҷустан кунун, -
То равӣ з-ин тангно озодаҷон, -
Гуфтам ӯ, чун дид гирёну забун:
94 Модагурге, ки ту гирёнӣ аз он,
Ҷумлаи болоравонро медарад,
Пора-пора мекунад-шон беамон;
97 Нест ваҳшие бад - ин сон хулқи бад,
Ки хурад, аммо нагардад ҳеҷ сер,
Гушнатар гардад, чӣ миқдоре хурад.
100 Ҷуфт гаштаст он ба ҳайвони касир,
Ҷуфт гардад боз бешу беадад,
Лек рӯзе Саг биояд қасдгир.
103 Саг на хоку на зару гавҳар хурад,
Баски донад тақвию ишқу субот,
Назди ӯ нодору доро як бувад.
106 Медиҳад Итолиёро ӯ наҷот,
К-аз барояш Комилою Авриал,
Турну Нис рафтанд бар коми мамот.
109 Гург бигрезад ба сад макру ҳиял,
Лек Саг дар Дӯзах андозад варо,
Дӯзахаш гардад мукофоти амал.
112 Лоҷарам гӯям туро: «Бо ман биё,
Раҳ намоям з-ин макони пурхатар,
То барам бар мулки ҷовиди бақо.
115 Бишнавӣ фарёди авроҳи башар,
Шеваи шаккокҳои бемаҷол:
Кош мемурдем як бори дигар.
118 Зумрае бинӣ дар оташ пурмалол,
Дар дилаш уммед аз айёми дод,
Ки бупайвандад ба қавми некҳол.
121 Гар ту болотар равӣ сӯи мурод,
Рӯҳи волотар туро ҳаст интизор,
Ту равӣ бо ӯ, кунемат хайрбод,
124 Чун манам осии ҳукми шаҳриёр,
Гар касеро бинадам ҳамроҳ ӯ,
Сӯи шаҳраш роҳ надҳад ҳеҷ бор.
127 Шоҳи олам ӯст, шоҳаншоҳ ӯ,
Шаҳраш он ҷо бошаду тахти равон,
Ҳар касе он ҷост, волоҷоҳ ӯ».
130 «Шоири ҷонам, - бад-ӯ гуфтам ҳамон, -
Ман бихоҳам аз ту бо номи Худо:
То аз ин ранҷу шикан бошам амон.
133 Сӯи он ки васф кардӣ раҳ намо,
То дари Сан Пир бинам рӯ ба рӯ
В-он асиронро, ки ноланд аз ҷазо».
136 Ӯ равон гашту ман аз дунболи ӯ».
ТАВЗЕҲОТ
СУРУДИ ЯКУМ
Ҷангал. – Теппаи наҷот. – Се ваҳшӣ. – Верҷил.
13-18. Даррасидам бехабар дар мунтаҳо Ман ба пои теппаи воломақом. – Теппа рамзи баландии кӯҳ ва покдоманӣ, ки ба сараш офтоби ҳақиқат медурахшад. Сайёра офтоб аст. Аз рӯи таълимоти ҳайати Батлимус (Птоломей), ки Данте муътақиди он буд, хуршед яке аз сайёраҳое мебошад, ки ба гирди замини беҳаракат давр мезанад. Офтоб рамзан мазҳари Худованд аст.
31-60. Баромадани Дантеро ба қуллаи наҷот се ваҳшӣ монеъ мешавад: Паланг – рамзи шаҳвату нафсоният: мафҳуми сиёсии он Флуронс аст, ки ғарқи фасод ва ба дастаҳои мухталиф тақсим гашта буд, шер – ғурур ва модагург – хасисӣ, манфиатҷӯӣ.
94-101. Модагурге, ки ту гирёнӣ аз он. – Данте аз он се ваҳшӣ – паланг, шер ба модагург бештар аҳамият медиҳад ва хислатҳои бади онро қасдан ба забон меорад. Зеро ӯ зери ин рамз – дарбор, кашишу калисоҳоро, ки ба ҳирсу озмандӣ ва тамаъ гирифтор мебошанд, дар назар дорад.
107-08. Комило – духтари силаҳшӯри подшоҳи валаскҳо, Турн – подшоҳи рутулҳо, ки дар ҷанги зидди таруёиҳо ва муҳофизати Итолиё ҳалок шуданд. Авриал ва Нис қаҳрамонони таруёиҳо, ки дар муҳорибаи рутулҳо кушта гаштанд. Онҳо ҳама қаҳрамонони «Энейнома»-и Верҷил ҳастанд.