Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Геворг Эмин
ЧАНД СУХАН АЗ ТАРҶУМОН
Ҳар вақте ки аз моҳияити шеър сухан ба миён овардаанд, яке аз масъалаҳое, ки бисёрҳо мавриди мубоҳиса қарор гирифтааст, бунёди ҳиссӣ ва ё ақлӣ доштани шеър аст. Дар ин маврид фикру мулоҳизаҳои гуногун ва мухталиф баён шудаанд. Вале ҳақиқат ин аст, ки дар шеъри асил ин ҳар ду – ҳиссиёт ва тафаккур – ҳамеша ба ҳам омехтаанд. Дар асл бигирем, худи дониш дар асоси таҷриба, аз воқеият таассуроти ҳиссӣ бардоштани инсон андӯхта мешавад. Дар шеър ҳам ҳамчунон аст. Шеъре, ки дар он имтиёзи ақл, фикр бештар аст, агар он фикр муҳим, ҷиддӣ ва тоза бошад, бешубҳа, эҳсоси тароватнокеро низ бо худ дорад.
Ашъори шоири машҳури арман Геворг Эмин яке аз мисолҳои беҳтарини омезиши ҳиссиёт ва тафаккур мебошад. Шоири маъруфи рус Евгений Евтушенко ба дуҷилдаи асарҳои Геворг Эмин, ки соли 1979 нашриёти «Художественная литература»-и Москва нашр карда буд, сарсухан навишта, ин нуктаро таъкид кардааст ва ҳатто ба сарсухан «Фикре, ки чун ҳиссиёт аст» ном гузоштааст.
Дар ҳақиқат Геворг Эмин шоирест, ки бо дилаш фикр мекунад ва ба мағзаш эҳсос. Аз ин рӯ, омезиши эҳсосу тафаккур дар ашъори ӯ решагист. Ӯро, агар дар як ҳолат қисмати буми танҳо ба риққат орад, дар ҳолати дигар вай аз тунду тезии асри XX ва масъалаҳои ҷаҳоншумули он бо эҳсоси баланди шадид ва бо тамоми масъулият сухан мегӯяд. Вусъати тафаккур ва эҳсосот дар ашъори Геворг Эмин аз махсусиятҳои асосист. Бесабаб нест, ки яке аз маҷмӯаҳои шоир «Аср. Замин. Ишқ» унвон дошт ва барои он соли 1976 ба ӯ Ҷоизаи давлатии СССР дода шуда буд. Ин далели он аст, ки маҷмӯа ба он номи доштааш сазовор аст ва он мафҳумҳоро ба тариқи шоирона тафсир кардааст.
Маҷмӯаи шеърҳои ба тоҷикӣ тарҷумашудаи шоир ҳам ҳамин номро дорад ва аксари ашъораш ҳам аз он ба тоҷикӣ гардонда шудааст. Азбаски маҷмӯаи Геворг Эмин ба забони мо нахустин бор нашр мешавад, эҳтимол дорад, ки хонандагони гиромӣ ба донистани мухтасари тарҷумаи аҳволи шоир иштиёқ пайдо мекунанд.
Геворг Эмин соли 1919 дар деҳаи Аштараки Арманистон ба дунё омада, баъдтар падару модараш ба шаҳр кӯчиданд. Ӯ соли 1940 факултети гидротехники институти политехникии Ереванро хатм намудааст. Баробари таҳсил вай дар Палатаи китобҳо ва дар Институти илмӣ – тадқиқотии омӯзиши дастхатҳои қадима (Матинадорон) кор ҳам кардааст. Баъди хатми институт дар сохтмони нерӯгоҳи барқ инженер будааст.
Аз соли 1942 – 1944 дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок карда, сипас дар Иттифоқи нависандагони Арманистон ва баъд ҳамчун мухбири махсуси «Литературная газета» хизмат доштааст. Солҳои 1954 – 1956 дар Курси олии адабиёт дар назди Иттифоқи нависандагони ИҶШС хондааст.
Аввалин маҷмӯаи ашъораш соли 1940 ба табъ расида, пас аз он китобҳои бисёри шеъраш ба забонҳои арманӣ, русӣ, халқҳои бародар ва хориҷӣ нашр шудаанд. Геворг Эмин маротибаи аввал соли 1951 барои маҷмӯаи шеърҳои «Роҳи нав» барандаи мукофоти давлатии СССР гашта буд.
Геворг Эмин наср ҳам навиштааст, ки он «Ҳафт достон дар бораи Арманистон» ном дошта, асари машҳур аст.
Ин аст мухтасари чанд лаҳза аз ҳаёт ва эҷодиёти Геворг Эмин, ки мо бо он маҷмӯаи тоҷикии ӯро ба ҳаводорони шеър пешкаш мекунем ва умедвори қабули хотирашон мебошем.
АСРИ БИСТ
Асри бист.
Ман ки меҷустам шарор аз қалби санг,
Рафтаам аз қаъри ғор
То ба авҷи осмони нилранг.
Мекунам ман дар кафи дастони худ
Мавҷи оташро ниҳон.
Карда тақсими атом,
Боз метарсам аз он.
Асри бистум
Нури неон.
Мерасад дар гӯшҳо
Ҳазёни Нерон.
Тер-Зорҳо,
Освенсимҳову
Бухенвалдҳо.
Аз чунин шармандагӣ,
Ваҳшигарии соҳибони ақлу ҳуш,
Шамъҳои Торквемада
Мешавад ҳатто хамӯш.
Асри бист…
Шонаи ҳамвори Бриҷит Бордо,
Дар сари ҳар тахти хоби
дардманди бедаво.
Асри бист…
Шӯри ҷаз,
Ҳангома,
Ғавғои твист…
Асри бист…
Ихтилоҷу
Ин ҳама суфрову
Аъсоби хароб…
Асри бист…
Барфу борони ту
Марговар зи чист?
Асри бист.
Хаста гашта аз машаққатҳои сахти пуразоб,
Дар ҳамоғӯшӣ ба доварҳои давр
Мехурад ҷаллод вискию шароб.
Ҳам дурӯғу
Ҳам ҳақиқат
Бетафовут гаштаанд,
Дар сутуни радиоҳо чормех.
Асри бист,
Озодии навъи милал,
Арсагоҳи инқилоби бебадал,
Асри суръатҳо, баландиҳо, тӯӣ,
Қутбҳо зери нигин,
Вусъати кайҳону
Тангии замин…
Асри бист!
Нурҷӯиҳои ту,
Кашмакашҳову
Сару савдои ту,
Баҳри ман бисёр мебошад азиз.
Мешавӣ ту,
Асри неку некбахтии башар.
Асри бист,
Аз ту сухан сар мекунам,
Ман ба некии ту бовар мекунам!
* * *
Боварам ҳаст ба эъҷози замон,
Боварам ҳаст ба ақли инсон.
Сангҳоро зада оташ мекофт
Дина дар пайраҳаи кӯҳистон.
Тарсаш аз раъд буду зулмати об,
Тир аз шохи шаҷар буд варо.
Сӯи афлок кунун раҳ гирад,
Офтобе бифурӯзад фардо.
Мағзи ӯ муъҷизае нест магар,
Зӯри ӯро ба ҷаҳон нест назир.
Ӯ ба тағйири ҷаҳон пардозад,
Дили ӯ лек наёбад тағйир.
Дар дилаш ҳамчу ба даврони куҳан
Боз ҳам ғуссаву шодист ниҳон.
Санг бо ҳам зада оташ рӯёнд,
Боз он шӯъла парастид инсон.
Тарсаш аз раъд буду зулмату об,
Бишуд он кошифи асрори азал.
Магар он рӯз ба ҷон ҳис мекард,
Ки фаро меравад аз авҷи Зуҳал…
Э Ҷ О Д
Асо дар даст ҳар субҳи дурахшон
Бароям бар фарози қуллаҳо ман,
Ки ашъори маро ҳам бишнавад кӯҳ,
Диҳад онро зи ҷовидон нишеман.
Ҳама атроф хомӯш аст, хомӯш,
Ҷаҳону Ҷовидон ором ин дам.
Ба ҷонам изтироби қудсиёна-ст,
Ки шеър эҷод созам ё ки Олам.
Бигӯям: – Шӯъла зан, нури дурахшон,
Ба гардун сар занад хуршеди озод.
Фуроям ман зи оғӯши шафақҳо
Шафақҳое, ки худ бинмудам эҷод.
Манам сармасти байту мисраи нав,
Басо хушбахтаму зӯру тавоно.
Дилам осудаву ором бошад,
Зи меҳри ман бувад саршор дунё.
– Саломат бош, – гӯям, эй падар, ман,
Ба чӯпони равон аз пушти пода.
– Нигаҳдорат Худо, – посух диҳад вай,
Ба ман боиззу икроми зиёда.
Валекин офаринанда худастам,
Бузургу оқилам дар ҷадду авлод.
Мададгори худӣ худ будаам ман,
Сабоҳе, ки варо мекардам эҷод.
* * *
Як замон боре сияҳкорӣ бикард,
То кунун аз шарми он ӯ рӯй пӯшад аз ҷаҳон.
Шаб ҳама шаб мекашад ранҷи гарон –
Бум менолад,
Бум мегиряд,
Бум мегӯяд ба гӯши ман суханҳои пареш.
Ҳеҷ н-ояд хобам аз он дарду ранҷи қалби реш…
Чун кунам ӯро мадад.
Ё равам аз кулфату бадбахтияш огаҳ шавам,
Ҳамдаму ҳамғам шавам, ё ҳамдилу ҳамраҳ шавам.
То дилашро дил диҳам, аз дарду ғам дураш кунам,
Шеър гӯям аз ғамаш, бар халқ манзураш кунам.
Ё магар дарду аламҳои дили ман камтар аст?
Бум менолад,
Бум мегиряд,
То тиреза, равзани камнур, равшан мешавад,
То арӯси субҳи содиқ ҳам гиребон медарад,
То шакархоби сабо ҳам мебарад.
Чораи ман чист, охир, дарди чандинро барам,
Ман ба шеъри худ гуноҳу айби чандинро харам?
Шоирам ман, з-ин сабаб
Ман ба ҷои ин ҳама бадбахтҳо баргаштабахт,
Ман ба ҷои ин ҳама матрукҳо матруки сахт.
Дарду ранҷи кулли маҳкумон бувад дар ҷони ман,
Чист суд аз шеъру аз шоир ба дунё омадан.
Ман ҳам охир, одамастам, бандаам,
Боз бар болои ин мирандаам.
* * *
Заҳмати шоир!..
Гаҳе парвозу хӯрдан бар замин…
Заҳматат танҳо бувад аз умр суд.
Зиндагият фикру ранҷ асту азоб,
То биёрӣ мисраеро бар вуҷуд.
Баъд, рӯзе ларзадат ин ҷисму ҷон,
Ҳамчунон к-аз зарбаи мушти гарон,
Нест чизи тозае,
ёбӣ ба зери осмон…
Кашфиёте?.. Як замоне дар китоби кӯҳна буд,
К-он зи лавҳи ёд нобуд гашт зуд.
Буд гӯё он ба даврони Нерон.
Зери гарду чангҳо гум гашт он.
Солиёне буд хоб,
Дар ғарамҳои китоб.
Сурате, ки ёфтию зеби шеърат гаштааст,
Дар китоби кӯҳнаи гумгаштааст,
К-он даме рахшидаву бигзаштааст.
Тозагие нест дар дайри куҳан,
Ҷилваи рангу қавофӣ
буд дар шеъру сухан…
Заҳмати вазнини шоир, ин чӣ бахт?
Сарнавиште аз машаққатҳои сахт.
* * *
Сухан дониста кор андохтан бояд,
Ба асри мушкили мо, эй ҷавон, эй пир,
Ки он як сурб, охир, кор меояд
Барои ҳам ҳуруфи чопию ҳам тир.
* * *
Дар таги равзани мо ҷӯш занад ҷанги калон,
Ҷангбозӣ бикунанд аз саҳарӣ ин бачагон.
Санг паррондаю хурсанд таку дав бикунанд,
Байни чангу хасу хошок даводав бикунанд.
Гоҳ ҷамъ омадаю гоҳ парешон бишаванд,
Бачаҳо ҷанг бибозанд, ба ҳар сӯ бидаванд.
Сети бепой ба ин ҷанг назар медӯзад,
Дида ин ҷанг ба худ мисли шарар месӯзад.
Ӯ ба ҳайрат нигарад, ханда дар ин ҷанг бувад,
Моту мабҳут шавад, ҷанг бад-ин ранг бувад?
«Монда дар хотири ман ҷанг ба дигар минвол».
Ба асои бағалаш такя зада, дошт хаёл.
Назди ҷанги бачаҳо зору хамуш истодаст.
Марди бепой, асо дар бағалаш истодаст.
«Ин амакро набувад ҳеҷ дигар кор магар,
Кори ӯ чист ба ин ҷанг, ки морост дигар».
Сет ҳаргиз натавонад кунад ором назар.
Ногаҳон пеши назар омадаш он ҷанги дигар.
Санг дар дидаи ӯ ҳамчу гулӯла бинамуд,
Навдаҳо дар назараш кам зи сари найза набуд.
Ӯ чаро бетараф истода бувад дар ин ҷо,
Худи ҳозир бидиҳад вай адаби фиссинҳо.
– Ширмакҳо! Ҳама бас карда равед аз ин ҷо,
Ёфтастед ба худ бозии бемаъниро!
Бачаҳо лек фақат завқкунон механданд,
Боз аз пештара сахт ба ҳам меҷанганд.
«Урра» – гӯянд барангехта ӯро ба ғазаб…
Ин чӣ ҷангест, ки чун ид фараҳбахш аҷаб.
Кист орому батамкин бачаҳоро гӯяд,
То бидонанд, ки аз ҷанг чиҳо мерӯяд.
Бача донад, ки ба ҳар ҷанг бувад ин таъбир:
Ё асо зери бағал, ё ба ҷигар захмаи тир.
ДАР НАЗДИ СОАТ
Бузурастӣ, бузургастӣ ту, охир
Ва ман хурдам, сари баҳсе надорам.
Бузургии ту бошад ақрабаквор
Ва хурдиҳои ман ҳам ақрабаксон.
В-агар ман як қадам монам, ту монӣ
Дуву даҳто қадам, фарқ аст осон.
Ва аслан гап дар ин ҳам нест,
Маро дарёб зинҳор.
Наҷӯям заррае иззатбаландӣ
Ва тоҷи ифтихорам нест даркор.
Ману ту хизмати як аср дорем
Ва мо як вақту як соатро шуморем.
Манам соатшумору ту
Дақоиқро шуморӣ.
Ба дигар кор,
Агар хурдам,
маро бигзор.
Бузургӣ бар ту додам,
Шараф бодо туро ёр.
Фақат мехоҳам аз ту
Барои хотири аср –
Машав бар ман халалгор.
БА ДEСТИ ШОИРАМ
Ба лутфу марҳамат боре ба ман гӯ,
Чӣ шуд бо ту, чаро зору ҳазин ту.
Шамол аз боғ дар боғе натозад,
Ба майли худ магар сайре насозад?
Магар ҳукме пазирад раъди ғуррон,
Ва ё бо амр борад селу борон?
Ва ё баҳри дамон занҷирбанд аст?
Уқобе дар катак дилгир чанд аст?
Агарчи ҳар касе гӯяд ба ҳар ҷо,
Ки ҳар чӣ дар ҷаҳон бошад ба савдо.
Зи рӯзи офариниш буд бепул
Суруди боду баргу ларзиши гул.
Навои чашмаву хуршеди тобон
Ва панду ҳикмати умри шитобон.
Ва гармиҳои дил, ки бебаҳо аст,
Туро пас ҳарф аз савдо чаро аст?
Магар ин сурату рангу садоро,
Ту беташвиқу таъкиди дигарҳо;
Ҳама обу ҳаво, анҳору анвор
Магар эҷод кардастӣ худовор.
Бигӯ, охир, ба ман аз лутф боре,
Чӣ шуд бо ту, чиро андеша дорӣ?
* * *
– Ин тавр макун, бикун ту он тавр… –
Судест аз ин ба ман муқаррар?
Дар ишқ кунун риё кунам ман?
Шеъри ҳақи худ занам зи дафтар?
Ҳар ҷост, ки эҳтирос, онро
Ҳаргиз натвон бикард пинҳон.
Шеъре, ки ба ифтихор бошад,
Кай коҳад он ба давру даврон.
Дар олами оқилонаи ту
Бечора мане ба кор н – оям?
Бар шеър намекунам хиёнат,
Аз шавқ ба чарх сар бисоям!
* * *
Ҳамехоҳам, шумо донед,
Чу бози зӯрманде рӯи гардун мекушояд бол,
На баҳри он парад озод,
Ки мурғонро кунад тарсон,
Ки мурғонро кунад ларзон.
На барқасду на бадқасд он кунад парвоз,
Аз он рӯ мекунад парвоз,
Ки бошад боз,
Ба дунё омада чун боз!
Ҳамехоҳам, шумо донед:
Ки ҳар чӣ ақлнорас баҳри мурғон аст,
Ба боз осони осон аст.
Ва сайри осмонҳояш на маҷбурист,
Равад сӯи фазо озоду безаҳмат.
Парад дар осмонҳо
Шод аз парвоз!
Ҳамехоҳам бидонед,
Шумо гар дар катак тавлид гаштед,
Намешояд,
Ки беҳуда ба сӯи осмон кӯшед!
Чу кӯшишҳоятон донед, беҳуда-ст,
Нашояд кард лаънат.
Ба қут-қут аз таассуф
Хешрову кулли оламро!
Нашояд в-аз камин
Бо макру бо ҳиллат
Ба сӯи боз тир андохт!
Мапиндоред,
Шумо аз он сабаб парвоз натвонед,
Ки камтар сайъ доред,
Ва ҳамболи уқобон нестед
андар сари кӯҳсор,
Ва рӯи қуллаҳо ҳам лонаҳотон нест,
Ва ё «болои худ кардед камтар кор»…
Ҳамоне тухм мебояд гузорад,
Намебояд варо дӯшид:
Ки ин беҳуда як кор аст,
Ҳаёт он қадр бопаҳност
Ва чизе, ки Шумо фаҳмед,
омӯзед бисёр аст.
Вале мехостам ҳоло,
Ҳаминро лоақал фаҳмида бошед!
ИЛҲОМ АЗ ҲАЙНЕ
Маро рафтору гуфтори ҳасудон
Агарчи нафратангез аст бисёр.
Ҳама макру бадиро мекунам ман
Ба мардӣ пушти сар ором
ҳар бор.
Мабодо пахшашон созӣ ба зарбе,
(Аз ин корат Худо бошад
нигаҳдор!)
Агар мурдор мирад зери пое,
Ҷаҳонро пур кунад аз бӯи мурдор.
* * *
Ҳар касе хоҳад ба ҷидд фаҳмад
ва хоҳад ҳар касе
Бар сари ин кори ман хандад басе.
Лек ҳоло
Он ҳама гулҳои беғам рустаро,
Дар замини конслагерҳо,
Боғаки ҷаллодҳо,
Ман ба номи адлу дод,
Дод мехоҳам ҷазо.
Мавҷи Эжеро, ки он
Буд бенолиш равон,
Партизанҳоро чу оварданд
Баҳри тирборон.
Моҳтоберо, ки бешарму ҳаё
Кард равшан
Теғи якдамро, ки буррид
Гардани арман.
Булбулонеро, ки андар
Освенсим мондаанд,
Дар сари хокистари гарми
шаҳидон хондаанд.
Коғазеро –
Баҳри он ки кард тоқат
Чун ба рӯяш сабт мешуд
Ҳарфи туҳмат.
Ман ба онҳо
Дод мехоҳам ҷазо.
Ҳеҷ имкон нест, аммо,
Кард зикри кулли онҳое, ки ҳастанд
Лоиқи ҳукму ҷазо!
* * *
Рӯзе, ки гузар кунам зи дунё,
Як бегаҳ бо ғуруби хуршед.
Дунё магар ин ки ҳеҷ донад,
Бурдам зи ҷаҳон чӣ гуна уммед.
Гум карда ҳазорҳои моро
Дар тӯли ҳазорсолаҳо вай.
Аз мо чӣ басо ки буда то ҳол,
Аз мо чӣ басо ки ояд аз пай.
Афсӯси мане, ки гум намоям
Покизагии самои равшан.
Ин олами беназири зебо,
К-он буд даме насибаи ман.
* * *
Набувад фикру хаёли маргам,
Рӯи хонам чу бувад нону шароб.
Ман, ки ҳоло битавонам дил баст,
Битавонам, ки кунам кори савоб.
Гандуми сабзи арақҳои ҷабин,
Тухми он зинда бимонад ба замин,
То ба наврӯз зи нав зинда шавад,
Нон шавад, миз намояд рангин.
Ин ҳамон навдаи токе, ки варо,
Тирамоҳон ба замин гӯр кунанд.
Лек вақташ бирасад – рӯзи баҳор,
Зиндаву сабз шавад боз дучанд.
Ишқи пуршӯр ба ногоҳ чу марг
Хонаро ларза диҳад аз бунёд.
Он вале баъд намирад ҳаргиз,
Бикунад хонаи моро обод.
Мисрае, ки набувад тарсаш ҳеҷ
Аз дами марг, бимонад ба ҷаҳон.
Он ба ҳар лаҳзаи мирандаи умр
Бидиҳад зиндагии ҷовидон.
Набувад фикру хаёли маргам,
Чу бувад дар сари хон нону шароб.
Чӣ рабудан битавонад аз ман,
Чӣ зи умрам бикунад кам
ба ҳисоб?!
* * *
Аломати савол…
Чаро ту зорию низор,
Чаро фурӯ хамидаӣ?
Киро ба ёд мерасад,
Кӣ ҳастӣ он аломати хитоб,
Аломати ғурури беҳисоб?
Магар фақат зи солҳо
Ту каҷ шудӣ, хамидаӣ?
Ва ё балои аср,
Ки асри мушкилам
Баёния, шифокада – ст,
Ва дафну ғолибист?..
Туро чунин хамида кард?
Ба сар хаёли зовия, ҳуҷум
Савол кам наяст…
Аломати савол –
Аломате, ки оқиласту хастааст,
Аломате, ки интизори посух аст…
* * *
Ниҳон медошт атом сирри худро,
Ба чашми кас намекард ошкоро.
Варо дар дил умеде буд шояд,
Ки асрораш ба некӯдил кушояд,
Чу медонист, агар бикшояд асрор,
Ҷаҳонро хавф афзояд дигар бор.
Намешуд ҳеҷ гаҳ тақсиму тақдим,
Ки дунёро ба ӯ созанд тақсим.
ДАР САРТАРОШХОНА
1
Ин калонсолон ба ман гӯё забон як кардаанд,
Ҳар нафас гӯянд: «Поятро наҷунбон, хап бишин!
Ту сару дастони худро як даме бозӣ надор!
– Хулқу хӯи баччаҳои ин замон бошад ҳамин!»
Ришу мӯи сар гирифта ин замон додои ман,
Зери лаб ғур-ғур кунад: «Ором бош, эй, ту писар»
Ман ба ту гуфтам «Наҷунб, охир» бишӯрад сартарош,
Меравад болову поин қайчӣ аз болои сар.
Боз ғаш меоварад қайчӣ маро бисёрҳо,
Мӯи сар мерезад андар зонуи урёни ман.
Мехалад монанди сӯзан. Акси қайчӣ дар рухам.
Чеҳраам коҳида тобад аз азоби ҷони ман.
Ҳалқаи заррини мӯям ҳамчунон ангуштар аст,
К-оби кӯли тозаи оина гирад дар бараш.
Рӯи ҳавлӣ навбаҳор аст.
Офтоби шӯълавар
Ҳар қадар хоҳад дилаш, он қадр ҷунбонад сараш.
2
Ин зани зардинамӯи сартарош
Метарошад мӯлаби навсарзада.
Дам ба дам гесӯи равғандодааш
Ӯ ба нозе шонаи дигар зада.
Рони гарму ким-чиро омодааш
Мерасад ногоҳ бар оринҷи ман.
Олами эъҷозкореро кунун
Метавонам даст кардан бе сухан.
Гӯиё аз осмон ояд садо:
«Компресси гарм?» «Ҳо, ҳо, компресс».
«Балки сарро ҳам бишӯям?», «Ҳо, бале».
Ин садоҳои хушу ҷонпарварест.
Он қадар хушбахт ман, гӯё ки андар тахт ман,
«Мӯйҳотонро бихушконам?», «Бале, инаш аҷиб!»
Бар саволи «Атр пошам?» гуфтанаш бо эҳтиром,
«Ҳо, бале, пошед» гӯён дод мегӯям қариб.
Ин ҳама идрору кайҳонро ба кулли ахтарон
Хоҳамаш бахшам ба ин нозукниҳоли ҷонситон.
К-ӯ ба афсуну назокат метарошад риши ман,
Риши носабзида, сад афсӯс, дар айни замон.
Шир-шири борон ба гӯш ояд зи берун гоҳ-гоҳ,
Он раши борон чу мӯҳоям ҷилодору сиёҳ…
3
Рӯз ё тира - ст?
Ё худ тираам?
Хоҳише дар ким-куҷоҳои дилам. –
Май хурам, сармаст гардам, ҷангу ҷанҷоле кунам.
Пас бигирям худ ба худ
Бо ҳой-ҳою ҳой-ҳой!
Гӯиё аз ғусса метаркам,
Ҳамин ҳоло ба мисли раъду барқ!
Қайчӣ –
Аз рӯи ҷабинам ҳамчу барқ.
Гӯиё қайчист менолад ба худ:
Қирч-қирч!
Мефитад бар фарши чиркине
маро мӯи сиёҳ:
Қирч-қирч!
Мефитад бар фарши чиркине
маро мӯи сафед:
Қирч-қирч!
Рӯи ҳавлӣ – авҷи борони сиёҳ,
Рӯи ҳавлӣ - ҷилваи барфи сафед.
Аз зимистон ҳеҷ гаҳ
Бар тирамоҳи хештан натвон гурехт.
Одамӣ, инро макун ҳатто умед.
Метавон аз ақл шуд бегонае,
Лек аз мӯи сафед,
Охир халосӣ дар куҷо?
Нимдаймоҳ омада,
Нимрафта тирамоҳ.
4.
Мефитанду
мефитанд ин мӯйҳои сап-сафед,
Мефитанд ин мӯйҳо ҳам
ноилоҷу ноумед.
Ришҳо ҳам сап-сафеду
мӯйлабҳо ҳам сафед,
Сар сафедасту
саропои худи одам сафед.
Хилъату рӯкаш сафед,
ин сон сафедӣ кас надид,
Дар назар оина ҳам
чун кӯли яхбандӣ сафед.
Аз дурахши барф
ҳавлӣ ҳам сафеди нуқрасон.
Мехалад мусиқии мотам
ба гӯшам ногаҳон.
Ин чӣ савте,
мешавад якпаҳлу ин дунё, чаро?
Ё касеро гӯру чӯбе мекунанд?
Оё маро?
… Қайчӣ оҳе мекашад,
Дар ғиччиросаш нолаест,
«Атр пошам?» – Не, не, аз баҳри худо
даркор нест.
* * *
Бо боди вазон ҳамнафасу ҳамдаму ёрӣ,
Чун боди вазон манзилу маъво, ки надорӣ,
Бо абри гузар меравӣ аз паҳнаи гардун,
Сармаст зи бобунаю аз сабзаи ҳомун.
Гулҳо нашуда сер аз он суҳбати кӯтоҳ,
Партофта ҳам суҳбату гул меравӣ онгоҳ.
Водӣ ту ба водӣ равӣ, аз санг ба санге,
Аз деҳа биёӣ ба бари шаҳри қашанге.
Дар зери лаб алфози ту кам нест зи ҳазён,
Шуғле бари худ ёфтанат нест ҳам осон.
Чун оҳани бас зангзада ҳарфу садоят,
Бо ар-ари раҳрав бикунӣ сар ту шикоят.
Ҳам раҳгузарон тела занӣ вақти гузаштан,
Дар кӯпруку раҳраву дар кӯчаю барзан.
Худро ба азобу алам андохтаӣ ту,
Ношод зи тақдир, ҳама бохтаӣ ту.
Ҳар соату ҳар лаҳза зи кас толиби ёрӣ,
Маълуми касе нест чӣ дорӣ, чӣ надорӣ.
Эй дӯст, бикун гӯш кунун ҳарфи маро ту,
Ҳар дам гузарон аст, ба таҳлука чаро ту?
Гар бод надорад нафасе роҳату ором,
Он бод бувад, несташ андешаи айём.
Худро ба азобу алам андохтаӣ ту,
Ношод зи тақдир, ҳама бохтаӣ ту.
Дастони ту овеза бигаштанд чу қамчин,
Эй дӯст, ба худ ой, кушо чашму ҷаҳон бин.
Ҳ А М Л Е Т
Раҳи мо бо раҳат як нест, Ҳамлет,
Набошад лаҳзае сӯгу ғунудан.
Чу тафсон аст ҷангу мили тӯпе,
Саволе нест аз «Будан, набудан».
Шабаҳ ҳаргиз набошад, он ки хоҳад
Писар гирад қасосашро зи нокас.
Ҳама аҳли ҷаҳон дар нола, Ҳамлет,
Ба зери ханҷари шоҳ аст з-ин пас.
Магар дуди сияҳ чашмат гирифтаст?
Ва ё аз байни ин ғавғои маҳшар.
Намеояд ба гӯшат нолаи ёр,
Ки бошад банди занҷири ситамгар.
Хаёли беамал дар ин замона
Зи дарду ғам набитвонад амон дод.
Туро нодидаю чашмаш ба роҳат
Ба гардан ҳалқа Офелия ҷон дод.
Чаро дар саҳна созӣ саҳнасозӣ?
Ҳама актёрҳоро ҳам раҳо кун,
Хиёнаткорро донӣ, туфангат
Ба каф гиру адои моҷаро кун!
Ба маҳбас мурдаҳо чун сард гарданд,
Буғӣ созад ҷаҳонро панҷаи ғам.
Ҳаросу дудилӣ бошад ҷиноят,
Барад сустӣ ба коми маргу мотам.
Китоби шафқати худро бипӯшем!
Биё, Ҳамлет, к-аз он нест ҳосил.
Канемаш гӯри шоҳи қотили наҳс,
Чу мо ҳастем сарбозони одил!