Аскар Ҳаким Аскар Ҳаким Аскар Ҳаким

Аскар Ҳаким

Шоири халқии Тоҷикистон
шоир, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон. Аз соли 1976 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.
Image
Суроға: ш. Душанбе
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru 
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
  • Зиндагинома
  • Мақолаҳо
  • Дар бораи Аскар Ҳаким
  • Гуфтор дар бораи худ
  • Китобҳо
  • Ғазалиёт
  • Ашъор
  • Рубоиёт
  • Дубайтиҳо
  • Манзумаҳо
  • Аксҳо
  • Наворҳо
  • Сурудаҳо
  • Тарҷумаҳо
  • Мусоҳибаҳо
  • Зиндагинома
  • Мақолаҳо
  • Дар бораи Аскар Ҳаким
  • Гуфтор дар бораи худ
  • Китобҳо
  • Ғазалиёт
  • Ашъор
  • Рубоиёт
  • Дубайтиҳо
  • Манзумаҳо
  • Аксҳо
  • Наворҳо
  • Сурудаҳо
  • Тарҷумаҳо
  • Мусоҳибаҳо
734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8 askar_hakim@mail.ru

Дар бораи Аскар Ҳаким

  • Саҳифаи асосӣ
  • Дар бораи Аскар Ҳаким

Магар дил бохтан кор аст, сар боз!

Аскар Ҳаким
Дар бораи Аскар Ҳаким
17 Январ 2022
507

 Камол Насрулло

Андешаи навиштани мақолае дар бораи вежагиҳои инсонӣ ва шоирии устод Аскар Ҳаким кайҳост, ки дар сари банда ҷавлон мезанад. Аммо роҳи ман то ин мақола, мисли мақолаҳое, ки дар бораи дигарон навиштам, осон набуд. Худам меандешам, ки чаро? Банда борҳо бо нийяти  навиштани мақолае дар хусуси шеъри Аскар Ҳаким китоби ӯро кушодаву шеърҳои ӯро мутолиа кардаам. Аммо ҳеч наметавонистам ба навиштан шурӯъ кунам. Ман пеш аз ҳама вежагиҳои шеъри ӯро дар назар дорам. Пас аз варақгардониҳои зиёде ба чунин хулоса омадам: Аввалан, Аскар Ҳаким на ба забони маъмулие, ки ҳамагон менависанд, шеър мегӯяд, ӯ як забон ва баёни хоси худро дорад, ки ба он бояд хӯ гирифт, ба хондани он бояд одат кард. Аскар забону тарзи нигориши ѓайримаъмулӣ ва хоси худро дорад. Яъне касе ӯро метавонад роҳат бихонад, ки ба ин забон ва тарзи баён хӯ гирифтаву одат мекунад. Ҳарчанд дар дубайтиву рубоӣ баёну забони ӯ асосан маъмулист. Хуб, гумон мекунам, ин мавзӯъи баррасии алоҳидае хоҳад буд.

Муфассал: Магар дил бохтан кор аст, сар боз!

ЛАҲЗАЕ  БО ШЕЪР БУДАН

Аскар Ҳаким
Дар бораи Аскар Ҳаким
03 Октябр 2021
4252

Бухориев Олим,

дабири масъули маҷаллаи илмии

«Суханшиносӣ»-и Институти забон

ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ

Таърихчаи ошноии нигорандаи ин сатрҳо бо шеъри «Висол»-и шоир ва муҳаққиқи шинохта Аскар Ҳаким як рӯйдоди ғайриодие буд, ки дар зеҳни ман таъсири амиқе ба ҷой гузошт. Итифоқан, шоир рӯзе дар ҳошияи суҳбате шояд барои як назарсанҷии шоирона ҷиҳати дарёфти огоҳии бештар аз завқу салиқаи шеършиносии хонанди имрӯз матни шеъреро барои хондан ва роҷеъ ба мазмуну моҳияти он изҳори назар кардан ба мо пешниҳод кард. Содагӣ ва рӯзмаррагии забони калимаҳо дар зеҳни ба зарқу барқи калом одаткардаи мо таҳарруке ба вуҷуд наовард. Шоири дилогоҳ дар нигоҳи гунгу бешарари мо дурахши эҳсос, андеша ё отифаеро нахонд ва бо лабханди танзгунае лаҳзае сукут кард. Ин сукути пурасрор собиқаи деринаи ҳолати малолатбореро ба ёд меовард, ки Хоҷа Ҳофиз дар замони худ аз камбуди «оина»[1] (6, 415) (надоштани мухотаб, хонандаи огоҳе, ки ба дарку фаҳми шеъри ӯ бирасад) «оҳ» мекашид.

Муфассал: ЛАҲЗАЕ  БО ШЕЪР БУДАН

ШЕЪРЕ ҲАМСОНИ НИЁИШ

Аскар Ҳаким
Дар бораи Аскар Ҳаким
03 Октябр 2021
644

Ҳафиз Раҳмон,

устоди ДМТ, адабиётшинос

 

Устод Аскар Ҳаким шоири номвар ва шеъраш дар ҳар маҳфиле бологузар аст. Шояд сабаби барори шеъри ӯ он бошад, ки шоири олим аст ва олими шоир. Саводи адабӣ ва ё донишмандии суханро бузургони пешин дар соҳаи шоирӣ чизи лозим ва ҳатмӣ эътироф кардаанд. Масалан, Муҳаммад Авфии Бухороӣ дар ин маврид мегӯяд: «Маънии шоир олим бувад, яъне доно, ки маъонии дақиқиро идрок кунад ва маънии дақиқ он ки фикрати ӯ дар зери пардаи замири хаёл бозиҳои латиф намояд...»[1]

Муфассал: ШЕЪРЕ ҲАМСОНИ НИЁИШ

ДАР ҚАЛАМРАВИ ШЕЪРИ НАВ

Аскар Ҳаким
Дар бораи Аскар Ҳаким
03 Октябр 2021
616

Муҳриддин Сабурӣ

 

 «Оё нависанда (шоир) садои асри худ мебошад ё оҷизона ба гузашта нигоҳ мекунад?» Ин суолест, ки мунаққид ва адабиётшиноси тавоно Зоя Усмонова пешорӯи мо гузошта буд. Посух ба ин суол, албатта, барои дастандаркорони каломи бадеъ дар боздиди таҳаввулу таҷаммули шеъри ҳар давра сангинтар меуфтад. Ба ин маънӣ, ки дар хати пажӯҳиши як мунаққид, муҳаққиқ ва адабиётшинос чӣ осоре ҷо уфтодаву чӣ шоире қарор дорад. Агар шоире тавонову қудратманд аст, метавонад набзи куҳантарин мазомини вожаҳоро аз шеъри мутақаддимин ба  даст бигирад ва онҳоро аз пӯсти худ берун бикашад ва бо ташбеҳоти тоза ба кор барад.

Муфассал: ДАР ҚАЛАМРАВИ ШЕЪРИ НАВ

ДАР ШАҲРИ МУҲАББАТ АБАДӣ ЗИНДА ШАВЕМ! (Сухане чанд ҳошияи достони тозаи Аскар Ҳаким)

Аскар Ҳаким
Дар бораи Аскар Ҳаким
03 Октябр 2021
520

Шаҳрияи Адҳамзод,

шоир

 Чун достони устод Аскар Ҳаким «Санги ман – алмос»-ро мутолиа намудам, эҳсоси хушҳолӣ доштам, ки садои нағмарези шеър гӯшҳоямро навозиш медод ва рӯҳи шеърпарастамро қуввату илҳом. Бемуҳобот ба гӯшам садои мусиқии дилрабои ишқофаринро меовард ва ман ба асолати шеър ва муъҷизаи ӯ бештар бовар мекардам:

Муфассал: ДАР ШАҲРИ МУҲАББАТ АБАДӣ ЗИНДА ШАВЕМ! (Сухане чанд ҳошияи достони тозаи Аскар Ҳаким)

Шеъре, ки ҳамзамони мост Андешаҳо баъди базми шеъри устод Аскар Ҳаким

Аскар Ҳаким
Дар бораи Аскар Ҳаким
03 Октябр 2021
510

Парда Ҳабиб,

шоир

 

Алоқамандони сухан медонанд, ки чӣ тавр бо гузашти замон заминаи шеъри тоҷик нав гардид ва аз лиҳози услуби нигориш шоирони тоҷик тозакориҳо карданд. Баъди Инқилоби соли 1917 устодони давр дар истифодаи шаклҳои шеърӣ ва мавзӯъҳо иқдоми муҳимм пеш гузоштанд. Мавзӯъҳои анъанавӣ бештар ба мавзӯъҳои мушаххаси замон, аз қабили инқилоб ва бедории синфӣ, навсозиҳои ҳаёти иҷтимоӣ иваз шуданд.

Муфассал: Шеъре, ки ҳамзамони мост Андешаҳо баъди базми шеъри устод Аскар Ҳаким

Матлабҳои бештар...

  • «ХЕЗАД АЗ ҲАНҶАРАИ ФОХТА ОҲАНГИ БУЛӮРИНИ САҲАР...»
  • СУХАНЕ АЗ ЯК ҒАЗАЛ
  • СОҲИБСУХАНИ НЕКУХИСОЛ
  • НОМА БА УСТОД АСКАР ҲАКИМ
  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • ...
  • 6
  • 7
  • 8
  • 9

Саҳифаи 1 то 9

© Аскар Ҳаким 2025.