Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Нишаста буд сарвори саворон
Ба Авдотя Николавна дар он ҷо.
Нигоҳашро намеканд аз рухи он,
Ба дасте тоб дода мӯлабашро.
Ҳамедид ӯ заданҳои дилашро...
Намедонам, чӣ навъе шуд баногоҳ,
Ки маҳмезе ба пои ӯ расидӣ,
Ва ё бо кафшаки ӯ, кас надидӣ.
Ҳамоно узру маъзуре шуд оғоз
Ба ин шуд риштаи суҳбат кушода,
Ду хушгӯӣ, нигоҳи гарму сода.
Ва кор оид бишуд бо гуфтани роз...
Бале ӯ – афсари шаъну шарафманд,
Зан, аммо буд бо андешаҳо банд.
XXXI
Чу зан ҳарфи лаби хомӯш бишнуд,
Дилаш шодиву ҷонаш кард бозӣ,
Ба афсар дӯстӣ таклиф бинмуд
Ба ҷои ошиқию дилнавозӣ.
Чунин аст одати занҳои деҳот,
Тариқи ишқашон ранҷ аст, ҳайҳот.
Ба мо кайҳост, охир, лек равшан,
Чӣ бошад дӯстию ёрии зан!
Аз ин бадтар магар ранҷу азоб аст
Нишинӣ бесамар, боистиҳола
Тамоми шаб ба ёри ҳаждасола...
XXXII
Умуман, ҳис намудам бегумоне,
Гурӯҳи духтарон, ин соли охир,
Ки бо сафсаттаҳои осмонӣ
Басе шавқу ҳавас созанд зоҳир.
Зане ин сон хирадманду батоат.
Ба соатҳои ишқу истироҳат,
Баногаҳ мекунад ин чиз исбот,
Ки дую се набошад панҷ, ҳайҳот.
Ва ё ҷои канори бӯсу оғӯш
Кушояд боби миқнотис, дарёб.
Чи хушбахт аст шавҳар, гар равад хоб,
Макун ин нуктаҳои ман фаромӯш.
Агарчи роҳи ҳаллаш нест пайдо,
Валекин манфиат дорад шуморо.
XXXIII
Шаби рақси аҷоиб буд он шаб,
Намесозам вале тасвир онро.
Тамоми шаб Амур дар роҳи матлаб
Ҳамекардӣ мадад бар улани мо.
Вале афсӯс...
Ки ҳоло бар Амур бовар надоранд,
Халоиқ шоҳи ишқ аз ёд бурдаст.
Ва меҳробаш кунун хомӯшу сард аст!
Барои маърифат, таълими марказ
Вилоятбудагон рағбат надоранд.
. . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . .
. . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . .
. . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . .
. . . .. . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . .
XXXIV
Дили Дуния бар таслим омад,
Нигаҳҳо гӯияш баста ба занҷир.
Тамоми шаб ба хобаш медаромад
Садои хӯрдани маҳмезу шамшер.
Бихезад соати нуҳ, ӯ нишаста
Бидӯзад тарҳи гул такрор-такрор.
Ва хобаш дар назар ояд дигар бор.
Ба хизмат шавҳари бадрашк машғул.
Тани танҳост – авҷи орзуҳо!
Баногаҳ кӯфта шуд дар.
«Кист он ҷо?
Ту Андреи, лаванди сусти маҷбул!»
Биёяд шарфааш – худ ҳам намудӣ,
Фақат Андрей ҳаргиз ӯ набудӣ.
XXXV
Шумо, албатта, донистед ҳоло,
Кӣ буд ин меҳмони ногаҳонӣ
Ва шояд ошиқи бесабри шайдо
Шитобе кард дар кори ниҳонӣ.
Қарорашро чунон аз даст дода,
Ки бар ҳоли ҷавони дил ниҳода
Ба роҳи ишқ, андешӣ, бидонӣ
Таваккал мекунад аз чӣ ҷавонӣ.
Сарашро як тараф ҷунбонда камтар
Ба назди Дуния хомӯш омад,
Нигоҳи тираи ӯ мефуромад
Ба маҳзунӣ ба чашму рӯи дилбар.
Сипас мӯи лабашро тофт, пурдард
Кашид оҳею оғози сухан кард:
XXXVI
«Шумо ҳеҷ интизори ман набудед –
Зи чашмони Шумо мебинам ин дам.
Шумо дар ишқ оё озмудед
Чӣ бошад соате, рӯзе, даме ҳам!
Ки ҷон дар изтиробу дар ҳақиқат
На қувват ҳасту на ҳукму на тоқат.
Ман ин ҷоям – манам бо ҳар чӣ тайёр,
Вафодори туям – ҳастӣ маро ёр.
Гапу ҳам гапчаи ашрофу аъён
Баҳои як пулеро ҳам нашояд,
Маро з-он гуфтугӯҳо ор ояд.
Ва ё аз тири таппонча диҳам ҷон...
Матарс аз ман, маларз, алҳол боре,
Бигӯ, охир, маро ту дӯст дорӣ!..»
XXXVII
Нигоҳаш бардурӯғу содаёна
Ба рӯи зан гаҳе хомӯш мегашт.
Гаҳе аз шавқи дил мезад забона,
Аланга мегирифт чун оташи ташт.
Ва зан шармандаю рангаш парида
Ситода пеши ӯ, ӯро надида.
Вале ӯро хаёле буд дар сар
Ки ҳоло мешавад ишқаш музаффар...
Баногаҳ шарм андар зан асар кард...
Ду рӯяш аз ҳаё оташ гирифта,
Ва ғайри ихтиёр ин ҳарф гуфта,
Зи худ ӯро ба дасташ дуртар кард,
Ки: «Бас! Дигар намехоҳам шунидан,
Маро монед! Доде мезанам ман!..»
XXXVIII
Ва ӯ донист, к-ин кораш риё на,
На манъаш манъи каззобу дурӯғин,
Ки ин истодагиҳои занона,
Худоё, ҷин занад ин расму оин.
Ба пеши зан ба чӣ хорӣ расид ӯ,
Ки сарвори саворон зад ба зону.
Ва мекард илтиҷо; он дам баногоҳ.
Дами дар шавҳари зан гашт пайдо.
Ҷавонзан «оҳ» гуфту ду нигоҳе.
Ба ҳам бо тирагиҳо рӯ ба рӯ гашт.
Вале раъди нигаҳ хомӯш бигзашт.
Баромад Гарин он гаҳ бо сипоҳӣ
Ва дар таппончаҳояш тир ҷо кард,
Чубуқро даргиронду дар лабаш бурд.
XXXIX
Чу як соат гузаштӣ, пешхизмат
Ба ӯ як хатчаи чиркин биовард.
Чӣ кор ин! Мӯъҷиза! Ӯ маҳви ҳайрат,
Ки мард ӯро ба базми худ хабар кард.
Ба ҷашн оянд меҳмонони бисёр.
Магар дорад сари найранг маккор?
Нашуд рӯз изтиробаш ҳеҷ ором.
Ниҳоят шом омад, шуд ҳаво тор.
Ба тиреза назар кард, ӯҳ, айёр,
Зи меҳмон хона пур буду чароғон.
Хаёле дошт, ки дар кисаи худ
Ҳамин таппончаро гирад, нагирад.
XXXX
Ба ҳавлӣ ӯ даромад. Пешвозаш
Худи зан кард. Чашмаш бар замин буд.
Ва дарди оҳи вазнину дарозаш
Сари суҳбат ҳамоно қатъ бинмуд.
Зи кори ин пагоҳӣ дар ҳаросанд,
Зи нав бо ҳам тамоман ношиносанд.
Сухан гӯяд вай аз боду ҳавое
Ҷавоби зан фақат гаҳ «не»-ву «ҳо»-е.
Басо ранҷури афсӯси ниҳонӣ,
Раҳ ӯ бар хонаи корӣ бигирад...
Ба кори мо шитоб андар нагирад,
Шитоб аслан на баҳри мост, не, не.
Ба дамгирӣ ба мо акнун иҷозат,
Кунемаш пас фуроварди ҳикоят.
XXXXI
Шитобе доштам дар умри қимат,
Биҷустам изтиробу беқарорӣ.
Ба қонуну ба рафтори табиат
Зи беақлӣ накардам эътиборе.
Чӣ ҳосил дод! Афсӯсу надомат!
Ба ҷонам мерасад ранҷу риёзат.
Таассуф хӯрдаам ман бешумора,
Зи дирӯзам диҳад ёде. Чӣ чора?
Ба кӯшиш барнагардад рафта дигар.
Уқоби навҷавоне дар қафас зор
Нишинад чашм бар водӣ, ба куҳсор,
Ба гардунҳо набикшояд абас пар,
Варо на бо ғизою гӯшт кор аст,
Нишаста хомушу марг интизор аст.
XXXXII
Ту бигзаштӣ магар, эй даври ширин,
Ки дилро буд оламҳо дар оғӯш.
Дили ман метапид аз шавқи чандин,
Хаёлу ифтихорам буд дар ҷӯш.
Уқоби қулла з-ин суде набинад,
Ки побанди қафас ғамгин нишинад.
Раҳи парвози худро сӯи гардун
Биёбад, гарчи ҳолояст дилхун.
Ба он ҷое ки дар пушти туманҳо
Ва зери барф харсангон ниҳонанд,
Фақат он ҷо уқобон лона монанд,
Ки сайронгоҳи аброн аст он ҷо.
Дар он ҷо боз хоҳад бол бикшод
Ба парвози фалаксайрею озод.
XXXXIII
Ба поён мерасад ҳар чизи олам
Ва ҳатто ин ҳавоӣ орзуҳо.
Ба меҳмонхона Гарин ҳам даромад,
Чи мӯъҷиз буд, ки соҳибхона ӯро,
Ба истиқбол бо шодӣ баромад,
Нишонду кард бо шиннӣ зиёфат.
Биовард истакони пур зи шампан.
«Яҳудо!» – дошт лек андеша улан.
Ба гирди мизи сабз анбӯҳи меҳмон
Ба шавқуну садоҳо ҷафс мегашт.
Ба авҷаш рафта бозӣ гашт бар гашт.
Ва бонкаш ҳам ба ёрон буд осон.
Ба бозӣ бо русуми дӯстдорӣ
Хазинадор кардӣ бонкдорӣ.
XXXXIV
Ҷаноби Бобковский, хулоса,
Худаш банд аст бо кори кабире.
Иҷозат, то кунам ин ҷамъи хоса
Шиносат, то ба онҳо унс гирӣ.
Нахустин, ин кас оқои мушовир
Хушахлоқанду ғайбатчии моҳир.
Аз уезди дигар – сардору сарвар,
Таноби тираву мӯи лабак дошт.
Ва шӯрангези оромист дигар,
Худаш, сардори пулис, шишта ин ҷо,
Ки кайҳо гуфтаам ман қиссаашро.
XXXXV
Ана ин атрбӯи нимтанпӯш,
Худи Митрофани даврон буд, алҳақ.
Чунон кунду дағал, бедонишу ҳуш,
Аҷаб махлуқи бадахлоқи аҳмақ.
Ба бозӣ, дониши ганҷур дорад,
Ба шасту боварӣ пулаш барорад,
Кунад бозӣ, чӣ сон гӯянд аз пеш
В-аз ин гуна шараф розист аз хеш.
Дигарҳо ҳам буданду ... ин кифоят
Туро, эй дӯст,
эй хонандаи ҷон,
Ки дар ин қиссаи паҳну парешон,
Ба оҳанги қалам карда итоат
Ва бо ин худсариҳои сиёҳӣ
Худо донад, ки бинвиштам камоҳӣ.
XXXXVI
Бувад дар авҷ бозӣ. Ранг бозад
Якеро. Қартаро дарронда хезад.
Дигар бар бохташ бовар насозад,
Сари хам менишинад, меситезад.
Дигарҳо бо барори даври бозӣ
Стакан пур кунанд аз бениёзӣ.
Валекин бонкдор аз чист ин бор,
Хашину тирарӯю хам, арақшор, -
Сари бемӯю тосаш то ба гардан,
Паи ҳам ҳар чиро,
ки дошт мебохт,
Дар ин бораш ба ӯ қисмат намесохт.
Бурун аз хештан гашт ӯ тамоман.
Ва ҳавлӣ бой дод,
аз дасти ӯ шуд
Ҳар он чӣ дар танаш, дар ҳавлияш буд.
XXXXVII
Паи ҳам чорчархии музайян
Ва як файтуну се аспу ду юғ ҳам,
Ҳама асбоби хона, ҳалқаи зан,
Зи дасташ рафт, ҳолаш хӯрд дарҳам,
Чӣ маъюсу ғазабноку хамида,
Нишаста хомушу рангаш парида.
Шаб аз нима гузашта бемуҳобо
Шуда як шамъ ҳам хомӯш кайҳо.
Кабудиҳои камранги пагоҳӣ
Зи шарқи осмонҳо паҳн мешуд.
Ва ҷамъи қартазан дар фикри он буд,
Ки мехобад, ки соҳибхона нохост
Зи меҳмону рафиқон диққате хост.
XXXXVIII
Ба ҷидду кибр мехоҳад иҷоза
Ба як даври дигар қарта кашидан,
Ки амволаш барад дар даври тоза,
«Диҳад ё бой дар болои ин зан».
Чӣ даҳшат ин чӣ бадкорӣ, разолат,
Ба ин аҳвол чун боист тоқат –
Кунад аҳли ҷамоат, пас наомӯхт
Ки оби ҷӯш ғӯё ҷисмашон сӯхт.
Фақат хурсанд буд улан-ҷавонмард,
Ба наздаш омаду ӯро бигуфто:
«Басо хушнуд ман. Бигзор ғавғо
Кунанд инҳо. Вале бояд чунин кард.
Фақат найранг дар ин кор набвад.
Вагарна мешавад аҳволатон бад!»
ХХХХIХ
Ниҳоят аз Шумо мехоҳам ором
Тасаввур созед он аҳволи маҳҷур.
Тамоми гунагун он афту андом,
Дурахши айнаку чашмони камнур.
Сипас он қаҳрамони мӯйлабдор,
Ки қарта медиҳад истода ин бор.
Ба байни шамъҳо дар рӯ ба рӯяш
Ба пешонии паҳн, испед мӯяш,
Ки ҳар ҷои сараш кам-кам ҳувайдо,
Даҳонаш каҷ валекин аз табассум.
Ба дасташ дастаи қарта. Таҷассум
Бишуд дар чашматон он саҳна ҳоло.
Кунем ин саҳнаро мо пурра андак,
Занаш биншаста дар курсӣ ба кунҷак.
L
Чи ҳоли ногуворе буд занро,
Маро ҳаргиз сари фаҳмонданаш нест.
Ғаме дар чеҳраи ӯ буд пайдо,
Ки кӯҳи ғуссае дар нисбаташ чист.
Чу мебардоштед ин пардаи роз
Ба сӯзу нола мекардед оғоз,
Вале, бигзор, ашки ғамгусорӣ
Нагардад ин замон аз дида ҷорӣ.
Аҷоиб хандаовар буд шояд
Ба ғам ҳамдардии ашрофу аъён
Агарчи қиссаҳои дарди онон
Ҳама фанду дурӯғин менамояд,
Басе бигриста буданд асри пешин...
Савол ин ҷо – кӣ бурде кард аз ин?
LI
Кашид ин ҳарб ҳам на он қадар дер,
Улан чун ҷонфидо мекард бозӣ.
Ба ҳоли пиракӣ хандид тақдир.
Уланро қуръа додӣ – бениёзӣ.
Ва Авдотия Николавна пурсарор,
Зи курсӣ шуд баланд, оҳиста, ҳамвор.
Ба назди миз хомуш даррасид ӯ,
Парида ранги рӯяш, сап-сафед ӯ.
Ва меҳмонҳо карахтастанд акнун
Ва ҳар як ботаҳайюр интизор аст,
Ки занро шикваву сад оҳи зор аст
Ки ин дам мешавад аз сина берун,
Вале бар рӯи шавҳар бо нигоҳе
Зад ӯ ангуштари ақди никоҳе.
LII
Ва зан аз ҳуш рафт. Ӯро дар оғӯш
Гирифта ҳамчу ганҷи шоҳворе
Кулаҳ, шамшери худ карда фаромӯш,
Улан мерафт хона – бахтёре.
Пагоҳӣ з-ин аҷоиб кору ҳолат
Бишуд он шаҳри хуштинат хиҷолат.
Зи баъди ҳафтае ҳар кас ба ҳар сон
Яке бо ҷидд, дигар бо ҳазлу хандон
Сухан мегуфт аз он рухдоди камчин.
Тарафдорони худро ёфт он пир.
Ба Улан з-ин сабаб мекард то дер,
Чаро ҷинси латиф изҳори нафрин.
Ва аз рашку ҳасад ин буд шояд,
Надорам тоқати буҳтон. Набояд!
LIII
Расид ин қиссаи маҳзун ба итмом,
Аниқаш гӯям ар – афсонаи ман.
Кунед иқрор, кардедам чӣ дашном?
Шумо шавқу амал ҷустед ҳатман?
Азобу фоҷиа хоҳанд ин дам,
Ки ҳатто хунталаб ин бонувон ҳам.
Яке шогирди беҷуръат, ки ҳастам
Ба ҷои хуби қисса лаб бубастам.
Ба бархӯрди асаб, бо як фитодан.
Ба охир саҳнаи хушро расондам.
Рақибонро надодам оштӣ ҳам.
Дурустак ҷангашон н-андохтам ман...
Чӣ чора? Қиссаам ин аст, ёрон,
Ҳаминаш бас бувад бар дӯстдорон.