Зер рафтам аз нахустин давра ман,

Даври дуюм буд агарчи тангно,

Дӯзахӣ бисёр буду нолазан.

 

Карда дандон гиз Миноси бало,

Ҷурм санҷад, ҳалқа карда нӯги дум,

Ҳар касеро мефиристад бар ҷазо.

 

7 Рӯҳи бадҷинсе, ки будаш уштулум,

Мекунад иқрори айбаш зор-зор,   

То нагардад сарҳисоби кор гум,

 

10 Ин гунаҳсанҷи ҷаҳаннам чанд бор,

Дум бупечонад ба гирдаш, он қадар

Давра бояд пойин ояд ҷурмкор.

13 Рӯ ба рӯяш тӯдаи рӯҳи башар;

Навбат истода қазоро интизор,

Гуфт, бишниду бишуд партоби ҷар.

 

16 Лаҳзае Минос шуд фориғ зи кор,

Сӯи ман диду бигуфто: «Ҳолиё,

К-омадӣ бар мулки ранҷи бешумор,

 

19 Худ ба дасти кӣ диҳӣ, оӣ куҷо,

То дари бозат набифребад, нигар,

«Аз чӣ мешӯрӣ, – бигуфто, раҳнамо, –

 

21 Ту варо монеъ машав аз ин сафар,

Хостам он ҷо, ки ҳар чӣ хоста

Карда битвонанд, дам шав ту дигар.

 

24 Нудбаҳои аз ҷигар бархоста,

Мерасад ба гӯшу озорад, к-аз он

Тоқату тобу тавонам коста.

 

27 Омадам бар маскани зулматнишон,

Гӯӣ ин ҷо бод силӣ мезанад,

Рӯи дарёро, ки мегардад дамон.

 

30 Мебарад бо хеш, аз ҳам меканад

Ҷумлаи арвоҳро тӯфону бод,

Мехалад, мекӯбаду меафканад,

 

33 Мерасанд инон ба вайрона ба дод,

Қудрати оллоҳро гӯянд бад,

Ки фазо пур гардад аз куфри зиёд.

 

36 Ёфтам, қурбониёни беадад

Мекашанд ин ҷо зи нафси худ азоб,

Карда побанди ҳавасҳо ақли худ.

39 Фасли дай чун сорҳои беҳисоб,

Даста-даста мепаранд аз пушти ҳам,

Ҳамчунон арвоҳ ҳам кардӣ шитоб,

 

42 Ҳам дар ин ҷо ҳам дар он ҷо дам ба дам,

Дар таҳу боло ҳама дар кайфаранд

Беумеди орамидан, ранҷи кам.

 

45 Турнаҳо думболи ҳам чун мепаранд,

Хонда овозе ба авҷи осмон,

Дидам арвоҳе, ки ранҷе мебаранд,

 

48 Ҳамчунон аз бод пушти ҳам равон.

«Кистанд инон, - бигуфтам, - сар ба сар,

Бандаи кайфар дар ин зулмат макон?»

 

51 Гуфт устодам, ки: «Бар ин сӯ нигар,

Аввал арвоҳе, ки бошад назди мо,

Ҳаст шаҳбонуи амлоки дигар.

 

54 Ғарқи нафси хештан гашту зино,

Равнақи худкомагӣ медод, худ

Дод дастуру зино ҳам шуд раво.

 

57 Ин зани Нинос, Самиромис буд,

Зери фармон дошт ӯ як сарзамин,

Лек ҳоло ҳокимаш султон бишуд.

 

60 Хештанро кушта они нозанин

Рӯҳи Сиккоро даме озурда кард,

В-он Клеопатраи шаҳватқарин.

 

63 В-ин Елена, боиси даврони дард,

В-он Акилла гурди гурдонро нигар,

Ки ба зӯри ишқ мекард ӯ набард.

66 Порису Тристон бубин, гуфту дигар

Беш рӯҳе раҳнамо додам нишон,

Бурдашон, к-ишқ аз ҷаҳони мо бадар».

 

69 Гуфт аз бонуву гурдон достон,

Раҳм омад бар дили ғамхори ман

Хештанро ёфтам ошуфтаҷон.

 

71 «Шоиро, - гуфтам, - бихоҳам ин ду тан,

Ки барад бодаш сабук дӯши ба дӯш,

Бо ман аз тақдири худ гӯяд сухан».

 

74 Гуфт раҳбар: «Чун қариб оянд, кӯш,

То бубинӣ, хон ба ҳаққи ишқашон,

Сӯи мо хоҳанд омад, дор ҳуш».

 

77 Кардашон чун бод сӯи мо равон,

Гуфтам: «Эй арвоҳ, монеъ нест кас,

Назди мо бар суҳбат оед ин замон?!»

 

80 Ҳамчунонки устувору боҳавас,

Фавҷи кафтарҳо кушода болу пар

Лонаро наздик гардад ҳар нафас.

 

83 Гашта аз ҷамъияти Дидо бадар,

Сӯи мо карданд рӯ аз он фазо,

Буд садоям баски нарму меҳрасар.

 

86 «Эй ту фарди покҷону порсо,

Дидани мо омадӣ дар ин ҷаҳим,

К-ин ҷаҳон оғушта шуд дар хуни мо:

 

89 Гар ба мо султони олам буд раҳим,

Хоҳем аз ӯ то туро раҳмат кунад,

Чун ба мо будӣ накӯхоҳу ҳалим.

91 Ҳарчӣ мехоҳӣ кунӣ ту гӯшзад,

То даме хомӯш бошад авҷи бод,

Гуфтаву бишнав зи мо ҳарфи абад.

 

94 Дар маконе, ки маро модар бизод,

Рӯди Пу сарзер омад, бо дигар

Шохаҳояш гашт васлу иттиҳод.

 

97 Ишқ созад ҷону дилро шӯълавар,

Мубтало гаштам ба рӯи дилфиреб,

Мекашам ҳар рӯз ранҷи бештар.

 

100 Ишқ ошиқро насозад бенасиб,

Лаззати ишқ он чунон буд ҷонфазо,

Ки ба ҳам ҳастем то ин дам ҳабиб.

 

103 Ишқи мо гардид ваҷҳи марги мо,

Қотили мо рост ҳоло интизор

Қобилистон. Омад аз онон садо.

 

106 Чун шунидам ҳарфи ин арвоҳи зор,

Сар ба зер овардаму кардам хаёл,

«Дар чӣ фикрӣ?» – гуфт шоир беқарор.

 

109 Гуфтамаш: «Ҳайфо, ки уммеди висол,

Орзу оварда ин ҷо ин ду тан,

Ин чӣ тақдиру чӣ ҷойи пурмалол!»

 

112 Сӯяшон баргаштаму гуфтам сухан,

«Дарду ранҷат, эй Франсечкои ҷон,

Гиряам меораду яъсу ҳазан,

 

115 Гӯ маро: «Аз оҳҳои ноаён,

Рӯзгори ошиқӣ, чун бохабар

Гаштаед аз маънии шавқи ниҳон.

118 Гуфт: «Дарде нест сахту талхтар –

Ёди даврони хушӣ дар рӯзи ғам,

Донад ин нукта ҳакими роҳбар.

 

121 Ту агар бунёди ишқи пуралам

Сахт мехоҳӣ шиносӣ, ман вале,

Гиряму  гирям, шавад холӣ дилам.

 

124 Рӯз мехондем баҳри хушдилӣ

Достони ишқи Лонсулотаро,

Бегумони бад ба ҳам дар маҳфиле.

 

127 Во ба ҳам мехӯрд чун наззораҳо,

Ранг мебурд аз рухи мо изтироб,

Фатҳ кард ин қисса охир қалби мо.

 

130 Он куҷо хондем, к-ошиқ бошитоб,

Лаб ниҳода бар лаби хандони ёр,

Ин, ки пайванди ман асту дар азоб,

 

133 Бӯсае зад бар даҳонам беқарор.

Гашт Голеоти мо он достон!

Хонданаш дигар накардем ихтиёр».

 

136 Ин яке мегуфту дигар ончунон

Гиряҳо мекард, то бе ихтиёр

Додам аз каф тоқату тобу тавон.

 

139 Бар замин афтодам аз по мурдавор.

ТАВЗЕҲОТ

СУРУДИ ПАНҶУМ

Табақаи дувуми Дӯзах. – Минос. – Шаҳватронон.

1-3. Зер рафтам аз нахустин давра ман. – Ҳар табақаи минбаъдаи Дӯзахи Данте нисбат ба пешина ва азоби дӯзахиёнаш сахттару бештар аст. Он торафт ба маркази Замин наздик мешавад.

  1. Минос – дар асотири Юнон яке аз нимхудоён, подшоҳи ҷазираи Каррат мебошад, ки ба адолатпешагӣ ва қонунгузорӣ шуҳрат ёфта буд. Ӯ аз ишқи Худои худоён Зевес бо Урупо, духтари подшоҳи Финикия ба дунё омадааст. Дар Дӯзахи Данте ӯ ба шайтони бадрӯе мубаддал карда шуда, қозии арвоҳи мурдагон аст, ки осиёнро аз рӯи гуноҳашон азоб муқаррар мекунад.

7-10. Минос гуноҳи ҳар дӯзахиро муайян карда, думи худро ба атрофаш чанд бор печонад, дӯзахӣ ба ҳамон табақаи Дӯзах, ки нуҳтабақа аст, поён меравад. Ин тарзи гунаҳсанҷӣ ва ба азобфиристӣ дар асари Данте аввалин бор вомехӯрад.

  1. Мерасанд инон ба вайронӣ ба дод. – Сахраи фурӯрафтае, ки Минос болои он мешинад. Ин фурӯрафтагӣ бар асари ду зилзила, ки дар Дӯзах шудааст, ба амал омадааст. Зилзилаи аввал ҳангоми суқути шайтони азим Лютсифер ба Дӯзах, зилзилаи дуюм ҳангоми марги Исои Масеҳ рух додааст, ки фурӯрехтагиҳои Ҷаҳаннам аз он аст.

37-49. Дастаи аввалини дӯзахиёни Данте, ки гуноҳашон «ишқ» ва шаҳватпарастист, нисбати ҳамаи дигар осиён азоби сабуктар доранд.

  1. Ин зани Нинос, Самиромис буд. – Самиромис Маликаи маъруфи Ошур (тақрибан солҳои 1214 ва 1356 пеш аз мелод ҳукмравоӣ карда). Нинос, подшоҳи Ошур, шавҳари Самиромис, ки ба дасти ӯ кушта шуд.
  2. Хештанро кушта они нозанин – маликаи зебои Кортос, Дидона, беваи Сико, зани Эней, ки пас аз тарки ӯ худро дар оташ афканд. Ҳарчанд худкушон дар Дузахи Данте дар табақаи ҳафтум кайфари сахте мекашанд, ӯ ин маликаи зеборо истисноан ба хотири он ки ӯ худро барои ишқ кушт, бар табақаи дуюм ҷой додааст, ки азобаш сабуктар бошад.
  3. Клеопатра – Маликаи Миср, (солҳои 30-67 пеш аз мелод) яке аз занони маъруфи ҷаҳон аст, ки аввал маҳбубаи Қайсар, баъд маъшуқаи Антонио, сардори Рум буд, ки дар охир ҳар ду кушта шуданд.

64-67. Елена – маликаи зебои Испорт, зани Менелос; Порис, писари подшоҳи Таруё ошиқи ӯ шуд ва рабудаш, ки ба хотири баргардонидани ӯ ҷанги Таруё ва Юнон сар зад ва даҳ сол давом кард. Акилла, қаҳрамони ҷангҳои Таруё; Тристон, қаҳрамони достонҳои ишқии асри васати мағрибзамин, ки ба Изолда ишқи сӯзон дошт.

73-75. «Шоиро, – гуфтам, – бихоҳам ин ду тан...» –Қиссаи ин ду рӯҳи ошиқ, ки Данте ба он ишора мекунад, аз зеботарин қисматҳои «Дӯзах» аст. Франческо, духтари Гвидо дар Поланто, яке аз зимомдорони шаҳри Ровно буд, ки тақрибан солҳои 1275 ба Ҷовани Молатосо, яке аз ашрофи шаҳри Римини, шевалеи ҷангҷӯю далер, аммо ланги зиштрӯ ба шавҳар дода шуд. Вақте ки ӯ Франческо ва додари худ Паолоро дар бистар ҳамоғӯш ёфт, ҳардуро бикушт. Ин тақрибан солҳои 1283 ва 1286 буд.

Франческо аммаи Гвидо Новелло Поанто, ашрофи бузурги Ровно буд, ки Данте солҳои охири умри худро таҳти ҳимояти ӯ ба сар бурдааст. Эҳтимол аз ҳамин ҷиҳат аст, ки ӯ ишқи Франческоро бисёр бо муҳаббат тасвир кардааст.

 Гуфтам: «Эй арвоҳ, монеъ нест кас»... – яъне Худо монеъ нест.

97-99. Дар маконе, ки маро модар бизод – дар Ровно.

  1. Қобилистон – ҳалқаи аввали табақаи нуҳуми Дӯзах, ки дар он ҷо бародаркушон ҷазо мебинанд. Суханони Франческо ин ҷо оҳанги нафрин дорад.

100-108. Ин ҳар се бандро Данте махсус бо ҳарфи «ишқ» сар мекунад, ки ба хотири он сабук кардани гуноҳи ононро бори дигар таъкид намояд.

  1. Достони ишқи Лонсулотаро, – романи машҳури ошиқонаи фаросавист, дар қарни васат, ки аз ишқи Лонсулота, яке аз дувоздаҳ силаҳшӯри «Мизи Гирд» ба Женевра, зани шоҳ Артур, подшоҳи Инглистон ҳикоят мекунад. Данте, ба он роман, ки он солҳо дасти ба даст мегашт, ишора мекунад.
  2. Голеот – ҳам муаллиф ва ҳам қаҳрамони китоб аст, ки боиси баҳамназдикшавии Лонсулота ва Женевра мешавад ва маликаи зеборо ташвиқ ба он мекунад, ки қаҳрамони шарминро барои аввалин бор бибӯсад.