Аскар Ҳаким Аскар Ҳаким Аскар Ҳаким

Аскар Ҳаким

Шоири халқии Тоҷикистон
шоир, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон. Аз соли 1976 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.
Image
Суроға: ш. Душанбе
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru 
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
  • Зиндагинома
  • Мақолаҳо
  • Дар бораи Аскар Ҳаким
  • Гуфтор дар бораи худ
  • Китобҳо
  • Ғазалиёт
  • Ашъор
  • Рубоиёт
  • Дубайтиҳо
  • Манзумаҳо
  • Аксҳо
  • Наворҳо
  • Сурудаҳо
  • Тарҷумаҳо
  • Мусоҳибаҳо
  • Зиндагинома
  • Мақолаҳо
  • Дар бораи Аскар Ҳаким
  • Гуфтор дар бораи худ
  • Китобҳо
  • Ғазалиёт
  • Ашъор
  • Рубоиёт
  • Дубайтиҳо
  • Манзумаҳо
  • Аксҳо
  • Наворҳо
  • Сурудаҳо
  • Тарҷумаҳо
  • Мусоҳибаҳо
734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8 askar_hakim@mail.ru

Ғазалиёт

  • Саҳифаи асосӣ
  • Ғазалиёт

НАБУДУ НЕСТ

Аскар Ҳаким
Ғазалиёт
04 Май 2026
3

НАБУДУ НЕСТ  

Танҳои мо ҷудову ҷудо ҷон набуду нест,

Танро ба ҷони ошиқ руҷҳон набуду нест.

 

Азбаски ман кам аз танаму ҷони ҷон туӣ,

Дур аз барат ба як нафас имкон набуду нест.

 

Дар ҳайратам, ки бе ту чӣ сон зинда будаам,

Бе ҷони ҷон, ки зистан осон набуду нест.

 

Номи туро гирифтаму олам баҳор шуд,

Ҳаргиз баҳор бе гулу райҳон набуду нест.

 

Аз ҳарфи ман, ки атр чаман дар чаман бирафт,

Дигар ҳавои кӯи ту пинҳон набуду нест.

 

Ҳар ғунча гарчи дар ҳаваси диданат шукуфт,

Аммо чу наргисат гули  ҳайрон набуду нест.

 

Дилро, ки дар биҳишти барин дил гирифтааст,

Ҷуз боғҳои ёди ту сайрон набуду нест.

 

Меҳмони даҳр омада аз макри мизбон

Дасте ба сар накӯфта меҳмон набуду нест.

 

Ҳар кас ба хоби ноз, ки як бор бинадат,

Розӣ зи даҳр рафта, пушаймон набуду нест.

 

Боре ту, кош, нимнигаҳ сӯйи мо кунӣ,

Гарчи туро ба мо сари паймон набуду нест.

 

Ёдат, ки дар дилам бувад, аз марг эминам,

Бо хотират маро хатари ҷон набуду нест.

 

Сад ҷон агарки буд маро, мефишондамат,

Як ҷон, ки ҳеҷ қобили эҳсон набуду нест.

 

Гарчи сухан Худост бигӯянд, он сухан

Гар шеър нест, мояи Яздон набуду нест.

 

Ҳаргиз надошт қадри ду пул ду ҷаҳон ба ман,

Инсон агар таронаи инсон набуду нест!

 

 

Муфассал: НАБУДУ НЕСТ

Ин чи чашму чи нигоҳу чи табассум, чи такаллум

Аскар Ҳаким
Ғазалиёт
01 Май 2026
13

Ин чи чашму чи нигоҳу чи табассум, чи такаллум,

Ин чи оҳу, ки ба пушти дили уфтода занад сум.

Оҳуву шохаи гул, муъҷизи ҳусни ду ҷаҳон ӯ

Карда дар рафтану дар қомату рухсор таҷассум.

Муфассал: Ин чи чашму чи нигоҳу чи табассум, чи такаллум

Ман бол мекушоям то бар фалак физоям

Аскар Ҳаким
Ғазалиёт
01 Май 2026
15

Ман бол мекушоям то бар фалак физоям,

В-арна ба ин пару бол баҳри чиву чароям?!

 

Чун мерасам ба нуҳсар бар рағми тираҷонҳо,

Нуҳ осмони дигар он сӯй  во намоям.

 

Муфассал: Ман бол мекушоям то бар фалак физоям

БА ШУМО ЧӢ?!

Аскар Ҳаким
Ғазалиёт
29 Феврал 2024
853

Ман бандаи он ёри париям, ба шумо чӣ,

Маъшуқапарасти ҷигариям, ба шумо чӣ?!

Гар даъвате аз ишқ надоред, ба ман чӣ,

Чун ман ба дилу ҷон хабариям, ба шумо чӣ?!

Муфассал: БА ШУМО ЧӢ?!

МОРО ТУ БИБАХШОЙ, ДИЛО!...

Аскар Ҳаким
Ғазалиёт
21 Феврал 2024
844

Моро ту бибахшой, дило, кори ту кардем,

Худ ошиқи ҳар гул шудаву бори ту кардем.

Дар синаи мо будиву мо аз паси ҳар хуб

Рафтему чӣ охир ба вафодори ту кардем.

Муфассал: МОРО ТУ БИБАХШОЙ, ДИЛО!...

БА ШОДБОДИ ЗОДРӮЗИ ДӮСТАМ КАМОЛ НАСРУЛЛО

Аскар Ҳаким
Ғазалиёт
09 Феврал 2024
892

 

 Будамон ду Камол то якчанд,

Ду бузурге зи Исфаҳону Хуҷанд.

Дод Аллаҳ Камоли Насрулло,

То ки бошад се тан ба ҳам хурсанд.

Муфассал: БА ШОДБОДИ ЗОДРӮЗИ ДӮСТАМ КАМОЛ НАСРУЛЛО

Матлабҳои бештар...

  • СУХАН АЗ БУХОРОВУ САМАРҚАНД
  • ЭЙ НАҒЗТАРИН НАҒЗ!...  
  • ФАРЁД НА, ФАРИ ЁД                         
  • ХУҶАСТАБОДИ ЗОДРӮЗ (Ба Фарҳод Раҳимӣ)
  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • ...
  • 6
  • 7
  • 8
  • 9
  • 10

Саҳифаи 1 то 21

© Аскар Ҳаким 2026.