Таърихи адабиёти башарӣ то имрӯз се шоирро аз бузургтаринҳои шеъру адаб эътироф кардааст: Ҳумер, Данте, Шекспир. Пас аз ҷашни ҳазораи Фирдавсӣ ба ЮНЕСКО пешниҳод шуда буд, ки амри ҳақ ва адолат мебуд, агар «Шоҳнома»-сарои беназири машриқзамин ҳам дар сафи ин бузургон ҷой мегирифт. Моҳияти хизмати Фирдавсӣ дар шеъри форсизабон аз хизмати он се бузурги аввал, ки дар адабиёти халқи худ ва Урупо карданд, кам набошад ҳам қаҳрамонии шоиронаи Фирдавсӣ алҳол шуҳрату овозаи дунявии онҳоро пайдо накардааст. Шояд сабабаш дар он бошад, ки кишварҳои Урупо нисбат ба Осиё озодонатор мезистанд, инкишоф ва тараққиашон бештар буд ва аз ин рӯ, тавонистанд, ки дастовардҳои фарҳангиашонро ҳам дар рӯи дунё фарох ва хубтар ташвиқ кунанд.

  Агар Фирдавсӣ ба ин саф дохил шавад, мавқеи Данте аз ҳама беш ба ӯ монанд хоҳад буд, зеро ҳарду бо як асар, Данте бо «Мазҳакаи илоҳӣ» ва Фирдавсӣ бо «Шоҳнома» зикр хоҳанд шуд.

«Мазҳакаи илоҳӣ»-и Данте дар аввалҳои асри XIV  ба вуҷуд омада, муборизаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва мадании Итолиёро инъикос карда, аз назари фалсафаи пандомӯз ва бадеияти ороста аз беназиртарин, шевотарин офаридаҳои қареҳаи инсонист. Он дар ҳудуди ду замон – кӯҳна ва нав дар Урупо ба вуҷуд омада, барои ҳама чун асари ҳамеша тару тоза боқӣ монд.

Фридрих Энгелс навишта аст, ки: «Охири асри миёнаи феодалӣ ва аввали замони муосири капиталистӣ бо симои азиме нишон дода шудааст. Ин – Дантеи итолиёвӣ охирин шоири асри миёна ва дар айни ҳол аввалин шоири даврони нав мебошад».[1]

Дар асрҳои миёна асарҳоеро, ки бо услуби олӣ дар мавзӯъҳои қаҳрамонӣ, фоҷиавӣ ва ба забони лотинӣ навишта мешуданд, фоҷиа (трагедия) ва асарҳоеро, ки бо услуби миёна, васат ба қалам мемонанд, мазҳака (комедия) меномиданд. Данте асарашро «Мазҳака» ном дода, ба услуби миёна эҷод шудани онро таъкид карда буд. Аз итолиявии бузурги дигар Бокаччо, яке аз асосгузорони адабиёти замони эҳё дар Урупо, муаллифи «Декамерон» сар карда, ба номи «Мазҳака»-и Данте сифати «илоҳӣ» ҳамроҳ шуд, ки барҳақ буд ва минбаъд ин асар бо ҳамин ном «Мазҳакаи илоҳӣ» дар ҷаҳон шуҳрат ёфт.

Ҳарчанд маъруфияти «Мазҳакаи илоҳӣ»-ро эҳтиёҷи таъкиди махсус нест, ҳамин қадарашро қайд кардан басанда аст, ки дар бораи як худи қисмати «Дӯзах»-и ин асар, ки аз 4720 мисраъ иборат аст, ба забонҳои гуногуни дунё наздики сад ҳазор шарҳу тафсир, китобу рисола, мақолаву таҳқиқот ба қалам омада аст. Оид ба худи «Мазҳакаи илоҳӣ» қариб 10 ҳазор ҷилд китоб таълиф ва он қариб 800 маротиба ба забонҳои мухталиф баргардонида шудааст.

Гирем фақат дантешиноси русро. Дар он дар давоми камтар аз 200 соли охир ду ҳазор тадқиқоти калону хурд навишта шудааст, ки зиёда аз ҳаштсад номгӯи он ба давраи Шӯравӣ тааллуқ дорад. Бештар аз 70 нафар шоиру тарҷумон ба тарҷумаи пурра ва нопурраи асарҳои Данте ва асосан «Мазҳакаи илоҳӣ» машғул шудааст. Аз соли 1966 дар Шӯрои илмии таъриху фарҳанги ҷаҳонии Академияи илмҳои ИҶШ комиссияи доимӣ дантешиносӣ амал мекард. Вай он вақт шаш ҷилд татқиқотро аз силсилаи «Дантешиносӣ» ба табъ расонида буд. Дар ҳамин ҷилдҳо тарҷумаи тозаи «Мазҳакаи илоҳӣ», ки маҳсули қалами олим ва тарҷумон А. Илюшин мебошад, ба табъ мерасид. Ин дар ҷумлаи тарҷумаи М. Лозинский, ки аз тарафи дантешиносон барҳақ «қаҳрамонии эҷодӣ» ном гирифта, соли 1946 бо мукофоти давлатии дараҷаи аввал ИҶШ қадр карда шудааст, кӯшиши бори дигар ба ин асари безавол амиқ сар фурӯ бурдан мебошад.

Хондан ва андаррасидан ба ин асар бо ҳама руҷӯъҳои асотирию динӣ ва таърихию фалсафияш кори саҳл нест, он меҳнати шадиди ақл ва дилро талаб мекунад. Вале ҳар касе ки ба ин муваффақ мешавад, аз файзу баракати он якумр баҳравар мегардад.

«Дантеи баҷидд» номида аст Пушкин офаридгори «Мазҳакаи илоҳӣ»-ро, ки ин сифат ҳам ба эҷодиёт ҳам ба зиндагии Данте, ки дар даврони ихтилофҳои шадиди сиёсию иҷтимоӣ итолиёӣ охири асри  XIII ва аввали асри XIV ҷараён дошт, мувофиқ аст. Данте Алигерӣ соли 1265 дар Флуронс (Флоренсия) ба дунё омад ва аз тифлӣ аллакай мутааллиқ ба яке аз ҳизбҳои он – ҳизби гивелфҳо шуда буд, зеро дар шаҳре, ки дар он ду ҳизби мухолиф – гивелфҳо ва гибелинҳо – ба ҳамдигар мубориза доштанд, тамоми хонаводаҳо ба ду гурӯҳ тақсим ва ҷонибдори яке аз ҳизбҳо буданд. Худи ҳизби гивелфҳо ба ду шоха гивелфҳои «сиёҳ» ва «сафед» ҷудо буд ва Данте, ки узви «сафед»-ҳои он ба ҳисоб мерафт, пас аз ғолибияти «сиёҳ»-ҳо – тарафдорони ҳукумати кашиш ва ашрофзодагони сарватманд дар соли 1301 ба бадарғаи якумрӣ маҳкум шуд.

Данте аз Флуронс бадар рафт ва дигар то охири умраш барнагашт. Дар ин ҷо ҳам қисмати Данте то андозае бар тақдири Фирдавсии Тӯсӣ, ки дар натиҷаи ихтилофаш бо дарбори Султон Маҳмуд чандин соли умрашро дар ғарибӣ ва мусофират гузаронидааст, шабоҳат дорад.

Бачагии Данте дар Флуронс ва ҷавонияш дар Булуниё, ки дар донишгоҳи он таҳсил дошт, гузаштааст. Дар зодгоҳаш – Флуронс ӯ аз сер Бурунетто Латинӣ, ки нависанда ва ҳуқуқшинос буд, таълим гирифта, бад-ин васила ба асарҳои Ситсерон, Арасту, Верҷил муҳаббати хоса пайдо кард. Дар ҷавонӣ ӯ ба омӯзиши ҳуқуқ, фалсафа, таърих, табиёт, илми ҳайат, забон, адабиёт ва дигар илмҳое, ки дар замонаш муҳимтарин ҳисоб мешуданд, сахт машғул шуда, дониши фаровоне андӯхт. Ба шеъргӯӣ аз даврони ҷавонӣ ва таҳсилаш оғоз карда, пайрави ҷараёни «услуби нав» ва ё «услуби нарм» мешавад, ки мехост шеърро аз тумтароқӣ халос карда, ба ифода ва тасвири эҳсосот ва таассуроти инсони воқеӣ мувофиқтар созад. Ӯ бовари комил дошт, ки суханвари асил ҳиссиёти қалбии инсонро пурра, бо самимияти хос ифода карда метавонад ва дар асл ин ҳар ду бояд ба ҳам пайванди ногусастанӣ дошта бошанд. Аз ин рӯ, шеърашро ба тақозои дилаш месозад, ки дар он суханварии асил бо ҳиссиёти самимона ба ҳам меомезад. Дар ин кор дониши фаровон, аз ҷумла фалсафа ҳам ба ӯ мадад мекунад, аммо шоир ҳамон ҷиҳатҳои илм ва фалсафаро ба олами шеър мекашад, ки онҳо имкони шеър шудан, инкишофи шоирона пайдо кардан доранд ва дар ин олам бо рангу бӯи нав ҷилва мекунанд.

Данте ин роҳро дар шӯъбаи ҳуқуқи донишгоҳи Булуниё, ки чанд муддат таҳсил доштааст, оғоз карда, дар аввал аз паи яке аз шоирони маҳбуби донишҷӯён, ки пайрави ҳамин «услуби нарм» буд, Гвидо Гвинитселли пайсипарӣ кард ва минбаъд худ бузургтарин устоди он гашт. Шеър агар намоёнгари эҳсосоти инсон, тасвири мутаҳаррики ҷунбишҳои қалбӣ бошад, пас хусусият, услуби ифода, тарзи баён ва рангу бори он ҳам ба вазъи шоир, ба аҳволи дили ӯ сахт вобаста мешавад.

Вақте ки мо шеъри Данте мегӯем, аввалин номе, ки дар алоқамандии он ба забон меояд, Биатрис (шакли дар байни форсизабонон машҳури Биатриче) аст, ки аз рӯи ақидаи боло ба шаклу услуб, тамоми ҷиҳатҳои эҷодиёт, бештар аз он ба ташаккули шахсияти шоиронаи Данте таъсири амиқ дошт. Кист ин сарчашмаи ошиқонаи шеъри Данте, ки дар ниҳоят ба он тааммуқи орифона ва ҷилваи илоҳиёна бахшид? Биатрис духтари марде бо номи Фолко Портиноро буд, ки бо хонаводаи шоири оянда наздикӣ дошт. Данте ӯро аввалин бор дар яке аз меҳмониҳо дид, ки худ нуҳ сол ва Биатрис ҳашт сол дошт. Ба қавли худи Данте, ки дар асараш «Зиндагонии нав» навиштааст, «аз ҳамин ҳангом буд, ки по ба қаламрави султон ишқ ниҳод». Ҳамин духтарак мавриди ишқи сӯзони Данте, қаҳрамони на фақат асарҳои давраи ҷавонии шоир, балки асарҳои тамоми умри ӯ шуд. Гумони ғолиб меравад, ки хоҳиши бисёр самимона,  нарм, пурсӯзу гудози тасвир ва ифодаи эҳсосоти қалбӣ шоирро аз ҷавонӣ ба роҳи ҷустуҷӯи сабки хос, ки аз услуби пешинаи назми мутантан фарқ дошта бошад, равона мекунад. Данте алангаи тозаи ин ишқро ба дидори дуюми худ бо Биатрис, ки дар ҳаждаҳсолагиаш иттифоқ афтода буд, вобаста медонад. Аммо ин ишқ то охир ишқи рӯҳонӣ, ишқи афлотунӣ монд, зеро Биатрис ба марди дигаре ба шавҳар расид ва дар бисту чаҳорсолагӣ аз олам даргузашт. Ин марги нобаҳангом шоири ҷавон ва ҳанӯз нопухтаро дар оташи фироқ чунон сӯхт, ки дар сӯзу сози шоирӣ ва камоли суханварӣ беназири ҷаҳон сохт.

Данте дар китоби маъруфаш «Зиндагонии нав», ки пеш аз «Мазҳакаи илоҳӣ» эҷод шуда буд, навиштааст: «... умедворам дар бораи ӯ он чизеро бигӯям, ки то кунун дар бораи ҳеҷ зане гуфта нашудааст» ва гуфт ҳам, ки он «Мазҳакаи илоҳӣ» буда, дар он Биатрис чун маҳзари илоҳӣ, ҷилвагоҳи ҳақиқат зоҳир мешавад.

Дар паси шӯълаи ҷаҳонтоби ин ишқ симои зани дигаре, ки қисмати худро бо Данте пайваста буд ва бори гарони зиндагӣ ва тарбияи фарзандони ӯро бар дӯш кашид, нонамоён монд. Ин зани зебо, содиқ ва рӯҳан тавоно Ҷимми Донати буд, ки ӯро дар шашсолагӣ аз рӯи анъанаи он замон бо Дантеи дувоздаҳсола номзад карданд ва тӯи хонадоршавии онҳо пас аз марги Биатрис, тақрибан дар солҳои 1291-1292, дар бисту шашсолагии Данте барпо шуд. Аммо пас  аз 10-11 соли хонадорӣ, дар соли 1302 дар натиҷаи ба сари ҳукумати шаҳри Флуронс омадани дастаи «сиёҳҳо» ӯ аз шавҳари худ якумрӣ ҷудо шуд. Данте гӯё барои аз худ кардани пулҳои коммуна (ӯ яке аз роҳбарони дастаи гивелфҳои «сафед» буд) ва монеъ шуданаш ба ҳукумати кашиш ва шоҳи Фаронса дар Флуронс ба бадарға ва мусодираи молҳояш маҳкум гашт. Ба қисмати аввали ин айбнома бовар кардан мушкил бошад, қисмати дуюмаш дуруст аст, зеро Данте дар ҳақиқат бар зидди ин ҳар ду – кашиши Бонифатсии VIII ва шоҳи Фаронса Филиппи Лобил ва ҳукумати онҳо дар шаҳри худ тамоми умр мубориза кардааст. Пас аз гузаштани бештар аз чиҳил рӯз ҳукми дигаре содир ва дар он таъкид карда шуд, ки агар Данте ба дасти ҳукуматдорони шаҳр афтад, зинда дар оташ сӯзонда шавад. Ҳамин тариқ зиндагии ғарибонаи Данте дур аз зодгоҳаш, аз ҷумла, дар шаҳрҳои Сиано, Верона, Подуво, Луко, Ровно сар шуд, ки ин қисмат баъди понздаҳсолагӣ ба сари писаронаш ҳам меомад ва онҳо аз канори модар, аз шаҳри худ, ба назди падар бадарға мешуданд.

Данте Алигерӣ бузургтарин шоир, поягузори шеър ба забони итолиёвӣ, яке аз нобиғаҳои башарӣ дур аз ватан ниҳоят соли 1321 дар панҷоҳу шашсолагӣ аз зиндагии пурмоҷарои худ чашм пӯшид ва гӯё маҳз аз ҷаҳон абадан чашм пӯшидани ӯ зарур буд, то мардуми зодгоҳаш чашм бар ҷаҳон кушоянд ва бо афсӯс ва даҳшат бубинанд, ки бо бузургтарин фарзанди худ чӣ кардаанд ва баъд бо шаҳри Ровно – мадфани шоир, барои пас гирифтани ҷисми ӯ ба ҷангу талоши бенатиҷа дароянд, ҳол он ки шоир бо чунин суханони пуралам аз олам даргузашта буд: «Кош дар хонаи худ мемурдам!».

Дар анҷоми қисмати Дантеи флуронсӣ ба Фирдавсии Тӯсӣ ҳам шабоҳате ҳаст, ки ҳар дуро нӯшдору пас аз марг доданд – якеро баъди вафот наъш ба зодгоҳ талабиданд ва дигареро пас аз оворадориҳои бисёр гӯё қадри хизмат шинохта молу зари фаровон инъом фиристоданд. Аммо нӯшдоруи ҳар дуи ин бузург на қадршиносии дермондаи қадрношиносон, балки асарҳояшон «Шоҳнома» ва «Мазҳакаи илоҳӣ» шуд, ки ба онҳо безаволӣ ато карданд.

Асарҳои дигари Данте ҳам аз қудрати беназири шоирӣ ва ақли амиқу эҳсосоти гарми ӯ шаҳодат медиҳанд. Зикри яке аз онҳо «Зиндагонии нав» рафта буд, ки асари аз сонетҳо ва порчаҳои насрӣ ба ҳам омада буда, дар он шоири ҷавон аз суннати пешини шеъри камалоқа бомаврид ва ашёи тасвир халос шудан мехоҳад. Ӯ ҳарчанд дар он ба муваффақияти калон ноил нашуда бошад ҳам, аз шеъраш нафаси инсони воқеӣ ҳис мешавад.

Аз ҷавонӣ доираи омӯзиши Данте фарох буд. Ба замми илмҳое, ки болотар зикрашон рафт ва онҳоро Данте ҳангоми таҳсилаш дар шӯъбаи ҳуқуқи донишгоҳ меомӯхт, ӯ боз асотир, таърих, фалсафа ва илоҳиёти шарқро ҳам хуб медонист, ки аз асарҳояш пайдост. И. Голенишев – Кутузов, яке аз муҳаққиқони ҳаёт ва эҷодиёти Данте менависад, ки ӯ дар илми тиб ва дорусозӣ ҳам шуғл варзида, дар Флуронси асри XIII метавонист «асарҳои табиатшиносии Арасту, рисолаҳои табиби бузурги румӣ Ҷолинус, «ал-Қонун»-и Абу Алӣ Синои тоҷикро пайдо кунад. Дар асарҳои замони бадарғааш мо нақши ин машғулиятро мебинем».[2]

Дониши фаровон ва назари вусъатноки Данте дар асарҳои дигараш низ инъикос шудаанд: «Зиёфат» – оид ба масъалаҳои фалсафа, ахлоқ, адабиёт ва илоҳиёт, «Салтанат» – дар бораи давлату давлатдорӣ; «Оҳангҳо» – шеърҳо аз ишқи сӯзони Дилбари Сангиндил; «Дар бораи суханварии халқӣ» – аз хусуси ба забони халқ, бо забони итолиёвӣ имкон доштани эҷоди асарҳои бузурги адабию бадеӣ ва тамоми илмҳои дигар. Ин асари охир махсусан, бо таҷрибаи эҷоди бадеии Данте алоқаи мустаҳкам дорад, зеро дар он назарияи забони халқ ва таъсири он ба ташаккули забони адабӣ баён шуда, дар асарҳои Данте ва махсусан, дар «Мазҳакаи илоҳӣ» ба тарзи олитарин исбот мешавад, ки Дантеро бунёдгузори забони адабии итолиёвӣ, бузургтарин намояндаи шеъру адаби он месозад.

«Мазҳакаи илоҳӣ» бузургтарин асар дар адабиёти Итолиё, яке аз шоҳномаҳои адабиёти башарӣ, кохи аз давру замон нафарсояндаи Данте маҳсули ранҷи бистсолаи ғарибиҳояш мебошад. Ҳар асари бузург ҳам барои фарҳанги халқе, ки онро офаридааст ва ҳам барои фарҳанги башарӣ хизмат мекунад. То «Мазҳакаи илоҳӣ» итолиёиҳо бо шеваҳои гуногуни забон асар менавиштанд, ки ба ҳамдигар фарқ карда, соҳиби як шева дигарашро бисёр ба сахтӣ мефаҳмид ва ақида доштанд, ки барои забони умумӣ забони Фаронсаи ҷанубӣ – провонсалиро қабул бояд кунанд. Асарҳои илмиашонро асосан ба забони лотинӣ таълиф мекарданд. Дар ҳамин ҳангом ба вуҷуд омадани «Мазҳакаи илоҳӣ», ки ба забони итолиёвӣ ва шеваи тускании он ки аз захираи шеваҳои дигар бой шудааст, комилан исбот кард, ки дар шахси офаридаи он – Данте забонсози бузурге ба пайдо омада, ба тамоми итолиёиҳо забони ягонаи пурқудрат, сарватманд ва печони адабӣ эҳдо кардааст. Ин таҷрибаи забонсозӣ ба халқҳои дигар ҳам бисёр ибратомӯз аст, ки маҳз забони халқ хазинаи сарватҳои бебаҳо буда, он дар натиҷаи истифодаи устодона ба ифодаи амиқтарин ва мушкилтарин маъниҳо, ба тасвири нозуктарин рангҳо, манзараҳо ва ҳиссиётҳои қалбӣ қодир мешавад.

Ин шоҳкори Данте достони шевоест, ки аз қиссаву ривоятҳо, аз тасвири ҳаёти маишӣ, иҷтимоӣ, сиёсии Итолиё ва шахсиятҳои он ба ҳам омадааст, ки бо либоси бадеъ фаро гирифта шудаанд. Ҳарчанд шакли ин асар, – яъне тасвири сафари хаёлии худ ба он дунё дар адабиёти башарӣ нав набуд, аммо шахсияти бузурги шоир, таассуроти амиқи ӯ аз воқеаҳои таърихии замонаш ба он таровати абадӣ бахшида, онро вақоеъномаи як инсони зинда, ҳассос ва адолатхоҳ карданд.

Адолат ва пирӯзии он мақсади асосии Дантест, аз қудрати ҳамин адолат аст, ки дар ин асар кашишҳо аз минбарҳо, султонҳо аз тахтҳо сарнагун мешаванд ва аз рӯи гуноҳашон мустаҳаққи ҷазо гашта, ба Ҷаҳаннам фурӯ мераванд.

Адолати комили Данте ҳеҷ гуноҳ ва ҳеҷ гунаҳкореро беҷазо намемонад. Ин қонуни ягона ва одилонаи қисмати аввали «Мазҳакаи илоҳӣ» - и Данте «Дӯзах» аст.

«Дӯзах» бо нақшаи комил ва ҳайратангез, бо ҳамаи навъҳои гуноҳ ва кайфаркашон, бо тасвирҳои воқеъбинона ва оҳу надоматҳо, ки аз дилу ҷони гунаҳкорон бадар меоянд, бо андомҳои олуда ва чеҳраҳои гирифтаи дӯзахиён, ки аз пеши назар мегузаранд, маҳсули хаёлоти бой ва қалами ҳақиқатнигоронаи шоири бузург аст. «Нақшаи ягонаи «Дӯзах» худ аллакай маҳсули даҳои олист»[3] – навиштааст дар ин бора Пушкин. Сафари хаёлии Данте ба дӯзахи нуҳтабақа аз роҳгум шуданаш дар бешазори торике оғоз шуда, бо роҳнамои хирадмандаш, шоири бузурги Рум Верҷил сурат мегирад. Қалами тасвири Данте ба андозае воқеъбинона ва ҳисшаванда аст, ки хонанда сафари хаёлӣ будани онро фаромӯш мекунад ва ба назараш чунин вонамуд мешавад, ки тамоми он табақа ва минтақаҳоро ҳамроҳи Данте ва Верҷил тай мекарда ва ҳамаи он гунаҳкорон ва азобҳоро ба чашми худ медида бошад. Дӯзахи Данте ба монанди қифе мебошад, ки аз зери замин сар шуда табақа ба табақа тангтар мешавад ва табақаи нуҳуми он, ки поинтарин аст, ба маркази замин мерасад. Ҳар қадар табақа поинтар аст, гуноҳ бузург ва азоб ҳамон қадар ҷонгудозтар мешавад.

Тасвири дӯзах дар асотири шарқу ғарб, китобҳои динии яҳудиён, масеҳиён ва мусулмонон ҷой дорад, аммо Дӯзахе, ки Данте офарида аст, аз назари навъи гуноҳҳо ва воситаи азоби гунаҳкорон – оташ, тӯфон, сармои яхбандӣ, тааффун, мор, тозиёна, бо чангак кандани гӯшт ва ғайраҳо комилтарин буда, ба хаёлоти бениҳоят бои ӯ шаҳодат медиҳад.

Дар адабиёти башарӣ сафари хаёлӣ ба он дунё собиқа дошт, ки дар Ғарб маъруфтаринашон «Одиссея»-и Ҳумер, «Энейнома»-и Верҷил ва дар Шарқ «Сайр-ул-ибод-ал-маод» -и Саноии Ғазнавӣ, «Рисолат-ул-ғуфрон»-и Абул Ало ал-Мааррӣ буданд. Асари дигаре, ки эҳтимол «Мазҳакаи илоҳӣ» ва «Дӯзах»-и он аз ҳамаи дигар асарҳо ба он бештар шабоҳат дошта бошад, «Ардовирофнома»-и Паҳлавӣ, китоби динии Зардуштӣ, ки ҳазор сол пеш аз Данте эҷод шуда, ба қавли Шуҷоуддини Шафо, донишманди эронӣ «... дар ҳеҷ асари дигар қабл аз «Кумидии илоҳӣ» ин навъ резакориҳоро (яъне ба ҳам мушобеҳ омадани тарзи сафар ба он дунё навъҳои гуноҳ ва азоби онҳо, тасвиргарӣ ва манзарасозиҳоро – А.Ҳ.) наметавон пайдо кард».[4]

Инҳо асарҳое ҳастанд, ки «Дӯзах»-и Данте аз ҷиҳати мавзӯъ, макон ва ашёи тасвир бо онҳо шабоҳат дорад, аммо «Мазҳакаи илоҳӣ» бо се қисмати худ – «Дӯзах», «Барзах», «Биҳишт», ки даҳои офаридгораш бо мақсади ниҳоӣ ва бузург – нишон додани ғалабаи ногузири адолати олӣ эҷод кардааст – онро асари комили нотакрор ва беназири ҷаҳонӣ сохтааст.

«Мазҳакаи илоҳӣ» аз рӯи моҳият, мазмунҳои пандомӯз, фаро гирифтани соҳаҳои гуногуни ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва маънавии замонаш, ҳикояту ривоят ва асотирҳо дар адабиёти классикии мо ба «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддини Балхӣ бештар қаробат дорад. Банда ҳангоми тарҷумаи «Мазҳака» ҳамеша «Маснавӣ»-ро зери назар доштам, ки аз тарзи ифода ва услуби он ба қадри қудрати норасои худ истифода кунам, зеро ҳамчунонки қайд шуд, Данте дар асараш аз шеваи гуфтори халқ, калимаю ибораҳои он фаровон истифода кардааст, ки ин корро Мавлавӣ андаке аз ӯ пештар дар шеъри мо ба таври аъло ба ҷо оварда буд.

Ҳамаи гуфтаҳои боло шаммае аз беназирии «Мазҳакаи илоҳӣ»-ин асари умумибашарист. Кайҳост, ки банда дар дил орзуи тарҷумаи онро мепарваридам, аммо чун ба омӯхтани он машғул мешудам ба бузургӣ, мураккабӣ ва дар айни ҳол шевоии он дармерасидам, ин орзу бароям бештар муҳол мешуд, то ҳадде ки ман аз он даст мекашидам, аммо ин хоҳиш маро вонамегузошт ва чун рӯзе ҳикмате хондам ба ин маънӣ, ки «Ҳар мушкиле осон бигир» фаҳмидам, ки агар ба ин кор ба умеди осонӣ даст назанам, то он ки то куҷо мушкил буданашро медонам, ҳаргиз даст нахоҳам зад ва инак як қисмати он «Дӯзах» ба хонандагон пешниҳод шудааст. Аммо хуб медонам, ки ин кори кӯтоҳмуддат набуда, таҳриру такмили ин тарҷумаи норасои банда, меҳнати чандинсола ва шояд дар ин рӯзгори пурташвиши мо машғулияти якумраро талаб кунад.

Аммо ба хотири он ки хонандаи тоҷик аз ин асаре, ки дар адабиёти башарӣ яке аз ду асари бузургтарин ҳисоб ёфтааст, воқиф бошад, ба ин кори сангин ва шояд аз қудрати банда болотар даст зада шуд. Тарҷумон ҳангоми ба тоҷикӣ гардонидани ин асар тарҷумаҳои таҳтуллафзии форсӣ ва русии шоиронаро ба ҳамдигар дар муқоиса истифода кард, ки то ҳадди имкон ба олами шеъри Данте наздик шавад, зеро тарҷумаҳои таҳтуллафзӣ ҳам баъзан ба ҷиҳати рангу бор ва ташдиди сухан бар ҳамдигар фарқ мекунанд.

Банда намедонам, ки бо кори тарҷумаи худ барои ташвиқи асари безаволи Данте «Дӯзах» аз «Мазҳакаи илоҳӣ» чӣ хидмате кардам, аммо ҳаминашро хуб дармеёбам, ки худ аз ин машғулияти пурмеҳнат он қадар таҷриба андӯхтам, ки шояд аз ҳамаи оне ки то ин дам доштам, бештар бошад. Бо ин умед ба ин кор даст зада будем:

 

Мо худ ба гарди домани марде намерасем,

Шояд, ки гарди домани марде ба мо расад.

ва гарде, ки ба мо расид, ҳоло дар дасти шумост.

Аскар Ҳаким

 

[1]  К. Маркс ва Ф. Энгелс. Асарҳо. Ҷ. 22, нашри 2, саҳ. 382 (русӣ)

[2] И. Голенишев – Кутузов. Данте. ЖЗЛ. Изд-во «Молодая гвардия», М., 1967, стр. 83.

[3]  А.С. Пушкин. Соб. соч. т.11, М., Изд-во АН СССР, 1949, стр. 221.

[4]  Шуҷоуддини Шафо. Маҷмӯаи комил. Осор, таълиф, тарҷума. Теҳрон. С. 1338, ҷилди аввал, саҳ. 45.