Аскар Ҳаким Аскар Ҳаким Аскар Ҳаким

Аскар Ҳаким

Шоири халқии Тоҷикистон
шоир, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон. Аз соли 1976 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.
Image
Суроға: ш. Душанбе
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru 
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
  • Зиндагинома
  • Мақолаҳо
  • Дар бораи Аскар Ҳаким
  • Гуфтор дар бораи худ
  • Китобҳо
  • Ғазалиёт
  • Ашъор
  • Рубоиёт
  • Дубайтиҳо
  • Манзумаҳо
  • Аксҳо
  • Наворҳо
  • Сурудаҳо
  • Тарҷумаҳо
  • Мусоҳибаҳо
  • Зиндагинома
  • Мақолаҳо
  • Дар бораи Аскар Ҳаким
  • Гуфтор дар бораи худ
  • Китобҳо
  • Ғазалиёт
  • Ашъор
  • Рубоиёт
  • Дубайтиҳо
  • Манзумаҳо
  • Аксҳо
  • Наворҳо
  • Сурудаҳо
  • Тарҷумаҳо
  • Мусоҳибаҳо
734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8 askar_hakim@mail.ru

СУҲБАТ АЗ ШЕЪРУ ШОИРУ НАҚД  (Ҷавобҳои Аскар Ҳаким ба суолҳои Толиб Луқмон)

Аскар Ҳаким
Мусоҳибаҳо
31 Март 2022
Read Time: 1 min
581

   –Устоди азиз, аз оғози фаъолияти эҷодии Шумо нақду шеър ҳарду баробар ҷараён  гирифтаанд. Ақидае ҳаст, ки вақте шоир ба нақди адабӣ машғул мешавад, нақди саратару огоҳонатар ба миён меояд ва боз дар муқобили ин андешае ҳам ҳаст, ки нақди шоирон ғолибан завқист ва камтар касбӣ. Шумо ҳамчун ноқиди шоир ва шоири ноқид дар ин маврид чӣ мегўед?

Муфассал: СУҲБАТ АЗ ШЕЪРУ ШОИРУ НАҚД  (Ҷавобҳои Аскар Ҳаким ба суолҳои Толиб Луқмон)

ГАВҲАРИ ШЕЪР АЗАЛӢ ВА АБАДИСТ

Аскар Ҳаким
Мусоҳибаҳо
03 Октябр 2021
Read Time: 1 min
736

 Мусоҳиба бо хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» Барнои Қодирдухт

 – Шеъру шоир бори нахуст кай ҳамдигарро меёбанд? Шумо бори аввал кай эҳсос кардед, ки шеър бо Шумо пайванд мешавад? Ин эҳсос чӣ гуна буд?

– Ин суолест, ки ба он ва шояд ба ҳамаи суолҳои ояндаи Шумо ҳам ҳар шоир аз рӯйи таҷрибаи эҷодии худ бояд ҷавоб гӯяд, ки ман ҳам ҳамин тавр хоҳам кард. Ман асосан худ ҳамеша дар пайи шеър мегаштам ва мегардам, ба ин ҳамаи давраи омӯзиши фанну ҳунари шеър дохил мешавад, то он ки шеъре мегӯйӣ дар камоли балоғату фасоҳат. Дар давраи камолот ҳам. Аз батни модар шоир таваллуд шудан сахт муболиғаест, бо эҳсосу идроки шоирона таваллуд шудан дуруст аст, ки онро ҳам бояд тарбият дод. Шоир ҳамеша дар ҷустуҷӯйи шеър аст ва вақте ки ӯ саропои вуҷуд ва оламашро бо шеър, масалан, ҳамчун Мавлоно, дақиқтараш, бо ишқ фаро мегирад, ки заррае барои чизи дигар ҷой намемонад, он вақт он ишқ дар сурати шеър шояд ба ҷустуҷӯйи вай меояд ва он ҳам на дар шакли тайёр, балки ҳамчун ҳавое, оҳанге, таассуроте, маъное, ки ба қолаби шеър бояд рехта шавад. Ва дар ҳамин ҳолат ҳам шоир ба ҷустуҷӯйи шеър рафтааст, зеро зеҳни ӯ нохудогоҳ дар ин ҷода кор кардааст, тамоми таҷрибаи пешинаи шоирии ӯ барои ин «омадан» замина муҳайё намудааст, агар ин тавр намешуд, он ба ҳар каси ношоир ва нотайёр омаданаш мумкин буд, ки то ҳол дар таърихи шеър як бор ҳам воқеъ нашудааст.

Муфассал: ГАВҲАРИ ШЕЪР АЗАЛӢ ВА АБАДИСТ

ШОИР – ЗАБОНИ МИЛЛАТ ВА АДОЛАТ

Аскар Ҳаким
Мусоҳибаҳо
03 Октябр 2021
Read Time: 1 min
706

 

Мусоҳиба бо хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум» Шаҳрияи Адҳамзод 

 – Устод вақте достони хеле зебо, ғиноию фалсафии Шумо «Санги ман – алмос»-ро мехонам, тамоми ҳастиямро ҳиссиёти пуртаъсире фаро мегирад, ки далели комилан самимӣ будани он аст, ба вижа ҷое, ки аз модар ёд мекунад, он хаёлист ва ё заминаи ҳаётӣ дорад? Рӯзгори кӯдакии Шумо чӣ гуна буд?

– Ман модарамро ёд надорам, зеро ҳангоми марги фоҷиавии ӯ, ки дар манзума ба он ишорат кардаам, ман каме бештар аз ду сол доштам. Маро модаркалони падариям, ки ман ӯро як умр модар мегуфтам, ба воя расондааст. Рӯҳаш шод бод, ӯ маро воқиан ба ҷойи модар будааст. Ман аз ӯ дар оғози манзумаи «Достони Нону Имон» дар боби «Суфраи модар» ёд кардаам.

Муфассал: ШОИР – ЗАБОНИ МИЛЛАТ ВА АДОЛАТ

ИНСОН БОЯД ОЗОД БОШАД!

Аскар Ҳаким
Мусоҳибаҳо
26 Сентябр 2021
Read Time: 1 min
738

ИНСОН БОЯД ОЗОД БОШАД!

 

Суҳбати журналист Одили Нозир бо

Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким

 

Маҷмӯаи осори Шоири халқии Тоҷикистон ва мунаққиди шинохта Аскар Ҳаким дар 7 ҷилд аз чоп баромад. Ба ин муносибат суҳбате доштем бо устод, ки фишурдаи онро пешкаши шумо мегардонем…

Муфассал: ИНСОН БОЯД ОЗОД БОШАД!
© Аскар Ҳаким 2025.