Аскар Ҳаким Аскар Ҳаким Аскар Ҳаким

Аскар Ҳаким

Шоири халқии Тоҷикистон
шоир, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон. Аз соли 1976 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.
Image
Суроға: ш. Душанбе
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru 
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
  • Зиндагинома
  • Мақолаҳо
  • Дар бораи Аскар Ҳаким
  • Гуфтор дар бораи худ
  • Китобҳо
  • Ғазалиёт
  • Ашъор
  • Рубоиёт
  • Дубайтиҳо
  • Манзумаҳо
  • Аксҳо
  • Наворҳо
  • Сурудаҳо
  • Тарҷумаҳо
  • Мусоҳибаҳо
  • Зиндагинома
  • Мақолаҳо
  • Дар бораи Аскар Ҳаким
  • Гуфтор дар бораи худ
  • Китобҳо
  • Ғазалиёт
  • Ашъор
  • Рубоиёт
  • Дубайтиҳо
  • Манзумаҳо
  • Аксҳо
  • Наворҳо
  • Сурудаҳо
  • Тарҷумаҳо
  • Мусоҳибаҳо
734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8 askar_hakim@mail.ru

Манзумаҳо

  • Саҳифаи асосӣ
  • Манзумаҳо

САРГУЗАШТИ “ТАЛБАКИ ТАЛБИДААМ” (Навҳаи модар)

Аскар Ҳаким
Манзумаҳо
12 Октябр 2021
520

  “Талбаки талбидаам” – ин шеър яке аз бобҳои “Достони Нону Имон”- и ман аст. Он асоси воқеъӣ дорад. Талбак Лолаев, ҷавони данғарагӣ буд, ки солҳои ҳафтоди асри гузашта барои хомӯш кардани сӯхтори гандумзори колхоз ихтиёран худро ба оташ зад ва дар охир сӯхта ҳалок шуд. Барои дарки комилтари ин шеър маро зарур аст, ки дар бораи “Достони Нону Имон” мухтасаран чанд сухан гӯям. Аввали солҳои ҳаштод маро андешае фаро гирифт, ки дар бораи арзишмандии Нон, ҳамчун яке аз рукнҳои асосии ҳастии моддию маънавии инсон, яъне Нон на фақат ҳамчун хӯроки моддӣ, балки ҳамчун ғизои маънавӣ, ки решаи Имон аст, чизе нависам.

Муфассал: САРГУЗАШТИ “ТАЛБАКИ ТАЛБИДААМ” (Навҳаи модар)

УМЕД (11)

Аскар Ҳаким
Манзумаҳо
12 Октябр 2021
652

Достони Нону Имон

Ман ҳазорон шукр гӯям, суфраи модар, ба ту,

Ки маро парвардию додӣ забони чомагӯ.

Ёфтам ногаҳ турову ҳикмати ин достон,

Ёфтам пайванди даврони навину бостон.

Муфассал: УМЕД (11)

НЕКӢ КУНУ БА ДАРЁ АНДОЗ (10)  

Аскар Ҳаким
Манзумаҳо
06 Июн 2021
2565

Достони Нону Имон

 

Буд Амиралмӯъминини пир дар мулки араб,

Аз Худо мекард субҳу шом фарзанде талаб.

Беписар буду ғуломи хешро фарзанд хонд,

Ӯ ба Фатҳи тифл чун бар вориси худ меҳр монд.

Муфассал: НЕКӢ КУНУ БА ДАРЁ АНДОЗ (10)  

ТАХТАСАНГИ ГУШНАГӢ (8)

Аскар Ҳаким
Манзумаҳо
06 Июн 2021
747

 Достони Нону Имон

«Курер»-и ЮНЕСКО хабар медиҳад: Қадимтарин ҳуҷҷате, ки дар бораи гушнагӣ ҳикоят мекунад, дар санг ҳак шудааст.Дар он Фиръавни Миср бо андӯҳ ба наслҳои оянда аз солҳои қаҳтӣ, ки қаламрави ӯро хароб кардаанд, сухан гуфтааст. Дар он «тахтасанги гушнагӣ», ки дар Остонаи аввали Нил пайдо карда шудааст, чунин ҳарфҳо ҳак гаштаанд.

 

«Ман ғаминам дар сари тахти баланди хештан,

Аз балое, к-омада бар сарзамину халқи ман.

Ҳафт сол аст обҳои Нил хурду кам шуда,

Чун биёбон киштҳо хушкидаву бенам шуда.

Муфассал: ТАХТАСАНГИ ГУШНАГӢ (8)

ТАЛБАКИ ТАЛБИДААМ (Навҳаи модар) (7)  

Аскар Ҳаким
Манзумаҳо
26 Май 2021
903

 

Талбаки[1] талбидаам, ҷон Талбаки талбидаам,

Ин чӣ қисмат, ки туро дар коми оташ дидаам.

Сӯхтан гарчи дар оташ ҳеҷ касро ком нест,

Кас тавонад чун ту дар оташ равад, ноком нест.

Муфассал: ТАЛБАКИ ТАЛБИДААМ (Навҳаи модар) (7)  

ДАР МУЗЕИ ГАНДУМ (6)

Аскар Ҳаким
Манзумаҳо
26 Май 2021
616

 Достони Нону Имон

 Аввалин музеи гандум – «Бунёди ҳаёт» дар шаҳри Улми Олмон таъсис шудааст, ки аз он ҳар сол қариб 20000 нафар дидан мекунад. Ҳоло ин гуна музейҳо дар Фаронса, Иттиҳоди Шӯравӣ, Белҷик, Утриш ва кишварҳои дигар низ ҳастанд.

Аз ахбори «Курер»-и ЮНЕСКО

Муфассал: ДАР МУЗЕИ ГАНДУМ (6)

Матлабҳои бештар...

  • ҶОННИСОР (5)
  • НОНГУРЕЗОН (4)
  • МӮРИ ДОНАКАШ (3)  
  • РӮЗИОФАРИН (2)  
  • 1
  • 2
  • 3

Саҳифаи 1 то 3

© Аскар Ҳаким 2025.