Дар сарам печид бонги ногувор,

Ин садо барҳам бизад хоби маро,

Ман ба худ ларзида гаштам ҳушёр.

 

Хестам, бардӯхтам ман дидаҳо,

Хира дидам чор сӯи хештан,

То биёбам зуд ҳастам дар куҷо.

 

Хешро дидам канори дарра ман,

Даррае, ки буд ғарқоби ано,

Мерасид аз он фиғони марду зан.

 

10 Дарраи торик буду жарфно,

Гарчи медидам ба он аъмоқи тор,

Ҳеҷ ташхисе намекардам варо.

 

13 Шоир аз рух ранг дода, гуфт зор:

«Мо равони олами зулмат шавем,

Ман зи пешу ту зи пас шав раҳсипор».

 

16 Ранги рӯяш дида гуфтам: «Чун равем

Ту, ки бояд дилқавӣ созӣ маро,

Тарс дорӣ, ё ба ин раҳ награвем?»

 

19 Гуфт: «Ҳоли зори инон зери по

Зад ба рӯям нақши шафқат бегумон,

Ту варо пиндоштӣ тарс аз хато.

 

22 Вақти раҳ шуд, роҳ дур асту гарон».

Пой бар даври нахустин монд ӯ,

Аз бари ғарқоб гаштам ман равон.

 

25 На садое мерасид аз гирду сӯ,

Ҷуз садои нарм-нарми ҷонгазо

Дар ҳавои ҷовидон кӯи ба кӯ.

 

28 Буд зи ранҷи беилоҷ ин нолаҳо,

Ки бад он буданд бисёре дигар –

Кӯдакону марду зан дар жарфно.

31 «Аз чӣ пурсидан насозӣ ихтиёр, -

Гуфт раҳбар! – К-ин ҳама арвоҳи кист,

Дон, ки мо гардем з-ин ҷо раҳсипор;

 

34 Ин касонро ҳусн ҳасту ҷурм нест;

Ғусли таъмиде надиданд ин касон,

З-ин сабаб ҳам он фазоил ҳусн чист?

 

37 Зиста пеш аз масеҳӣ дар ҷаҳон,

Нопарастида зи сидқи дил Худо,

Худ яке ҳастам ман аз ин бандагон.

 

40 Дӯзахӣ бо ин гунаҳ гаштем мо,

Беумеду орзуе дар ҷаҳим

Ҷовидон монем дар ранҷу ано.

 

43 З-ин сухан ранҷур шуд қалби раҳим,

К-ин басе арзанда мардони ҷаҳон

Дар нахустин ҳалқаи дӯзах муқим.

 

46 Гуфтамаш: «Эй муршиду устоди ҷон,

Гӯ маро, то дорам имон устувор,

Доим аз ҳар гуна тардиду гумон,

 

49 Ҳеҷ як шоиста з-ин ҷо растагор

Гашт бо шоёнии худ ё дигар?

Ӯ сухан дарёфт, гуфто: «Тозакор

 

52 Омада будам, ки марди тоҷвар

Назди мо омад, ҳамедидам аён

Нақши пирӯзӣ варо болои сар.

 

55 Рӯҳи Бобо, Ҳобили фарзанди он,

Рӯҳи Нуҳу Мӯсии қонунгузор,

Рӯҳи Иброҳим-шайхи покҷон,

58 Рӯҳи Довуду шаҳ Исроил ёр,

Ҷумлаи фарзанди ӯро бо падар,

Рӯҳи Роҳилро ба азми устувор

 

61 Бурд берун, рӯҳи бисёре дигар

Растагорӣ дод, донӣ, пеш аз ин

Раста аз ин ҷо набуд рӯҳи башар.

 

64 Мо ҳамерафтем мегуфт ӯ чунин,

Мегузаштем аз миёни бешазор –

Бешаи арвоҳ бошӣ мутмаин.

 

67 Назди он ҷое, ки будам хоб ёр,

Оташе дидам, к-аз он пурнур буд

Нимаи он курраи зулмоти тор.

 

70 Гарчи ҷои нур аз мо дур буд,

Ман вале ташхис медодам, ки он

Ҷойгоҳи мардуми машҳур буд.

 

73 «Мояи фахри ҳунар, илми ҷаҳон,


Гӯ маро, к-ин муҳтарамҳо кистанд,

К-аз насиби дигарон монда амон?»

 

76 «Номи инон дар ҷаҳони ту баланд

Афканад, – гуфто, – танин, лутфи само

Кардашон аз ин насиба баҳраманд»

 

79 Дар ҳамин ҳангом бишнидам садо:

«Шоири воло расад, бояд сутуд,

Боз ояд рӯҳи рафта назди мо».

 

82 Чун нидо, дидам, ки шуд хомӯш зуд,

Чор рӯҳе буд равона сӯямон;

Нақши шодию ғам эшонро набуд.

85 Кард оғоз устоди меҳрубон:

«Бингар онеро, ки шамшераш ба даст,

Чун Худованди се тан бошад равон,

 

88 Шоири рифъатмақом ӯ, Ҳомер аст;

Дигаре Ҳурос – устоди ҳиҷо.

Севум Овидий, Лукан ояд дуруст.

 

91 Ҳар яке з-инон бувад ҳамбар маро,

Омаданд акнун маро бар пешвоз,

Карда кори нек аз сидқу вафо».

 

94 Аҳли мактаб сохтандам бениёз,

Мактаби воло, худованди сухан

Тори сар пар чун уқобе карда боз.

 

97 Баъди бо ҳам андаке ҳарфе задан,

Сӯи ман гаштанду кардандам салом,

Дида ин лабханд кард устоди ман.

 

100 Доштандам беш лутфу эҳтиром,

Пас пазируфтанд ин ҷамъи судур,

То бигаштам ман шашум воломақом.

 

103 Карда суҳбатҳо равон мо сӯи нур,

Суҳбате, ки гуфтанаш ояд гарон,

Нест ҳам такрорашон ин ҷо зарур.

 

106 Муртафеъ Қасре ба чашм омад аён,

Ҳафт девори баландаш менамуд,

Ҷӯи зебо буд дар гирдаш равон.

 

109 Чун замин ҷӯ маҳкаму пурнур буд,

Воридаш гаштем мо аз ҳафт дар,

Рух намуд он гаҳ чаманзори кабуд.

112 Доштанд ашхоси он ҷиддӣ назар,

Хомушу солору сокит, камсухан,

Буд садошон дилнишину ҳушбар.

 

115 Мо ба ҳам рафтем сӯе чанд тан,

Буд макони муртафеъу пурзиё,

Ҷумла он ҷо буд аён дар чашми ман,

 

118 Чун нишон доданд рӯҳи авлиё

Дар канори гулшане, то ин замон

Дорам аз дидорашон шавқи расо.

 

121 Дидам Электра миёни ҳамраҳон,

Боз Ҳектору Энеҳ, ваҳшиназар,

Қайсари ғарқи силоҳу беамон.

 

124 Пантазила, Комило сӯи дигар,

Шоҳ Ловин, духтараш Ловиниё,

Ҳам Буруту Торкан дар дуртар.

 

127 Юлиё, Лукратсиё, Мартисиё,

Наздашон Карнелиё истода буд,

Ҳам Салоҳиддин каме андар қафо.

 

130 Чашм боло кардаму дидам-ш зуд,

Устоди ҷумлаи донишварон,

Дар миёни файласуфон менамуд.

 

133 Буд Суқроти ҳаким аз дигарон,

Боз Афлотун ба ӯ наздиктар,

Он ки гуфт амри тасодуф ин ҷаҳон,

 

136 Худ Зимуқроту Диоҷенсу дигар

Толису Онаксағуросу Зинон,

Эмпидуклас, Арқалитус дар назар,

139 Худ наботидон Диускурид он,

Орфей, Тулису Лину бениёз,

Сенако устоди ахлоқи ҷаҳон,

 

142 Уқлидус – он ҳандасӣ, Буқрот боз,

Батлимусу Ҷолинус, Сино або

Ибни Рушд, он соҳиби тафсири роз,

 

145 Номбар кардан натонам ҷумларо,

Боядам гуфтан суханро мухтасар,

Асли матлабро бубояд кард адо.

 

148 Ду нафар мондем мо аз шаш нафар;

Карда берун з–ин макони босафо,

Раҳнамоям бурд бо роҳи дигар,

 

Пой мондам ман ба ҷои безиё.

ТАВЗЕҲОТ

СУРУДИ ЧАҲОРУМ

Табақаи аввали Дӯзах (Лимбо). – Тифлони ғусли таъмиднадида ва бузургони даврони куҳан ва ғайримасеҳӣ.

  1. Ин садо барҳам бизад хоби маро. – Данте дар лаҳзае бедор мешавад, ки дар он тарафи рӯди Окрунта, дар ҳалқаи донишмандони атиқа – Лимбо ҷой дорад.
  2. Пой бар даври нахустин монд ӯ. – Данте барои тарсуёну беҷуръатон дар назди дарвозаи Дӯзах ҷой ҷудо карда, дар Лимбо, ки аз рӯи анъанаҳои дини насронӣ ҷои тифлони ғусли таъмиднадида ва донишмандони аҳди атиқа аст, хирадмандони мусулмон ва сарлашкаронро, ки масеҳиёни комил набудаанд, аз ҷумла, қайсари Рум Овидий, Ювенал, Ибни Синоро ҷой медиҳад. Онҳо дар ин ҷо азоб намебинанд, аммо аз умеди фароғати биҳиштӣ абадан маҳрум ҳастанд.

51-54... Тозакор омода будам... – Верҷил аст, ки соли 19 то солшумории мо фавтида, тақрибан ним аср қаблан ба Лимбо, пеш аз он вақте ки аз рӯи ривояти насронӣ Исои Масеҳ барои берун овардани донишмандони атиқа ба Дӯзах фуруд омад, маскан гузида буд.

  1. Рӯҳи Бобо – Ҳазрати Одам.
  2. Исроил. – Яъқуби набӣ; Падари Исроил – Исҳоқи набӣ.
  3. Рӯҳи Роҳилро ба азми устувор. – Яъқуб барои он ки Роҳилро ба занӣ гирад, маҷбур буд, ки 14 сол дар назди падари ӯ хизмат кунад.

80-102. Верҷилро, ки ба Лимбо бармегашт, бо эҳтимоли қавӣ худи Ҳумер таҳният мегӯяд. Данте аз шоирони атиқа чаҳор нафарро бузургтарин мешуморад: Ҳумери юнонӣ, ки Данте аз боиси надонистани забони юнонӣ бо асарҳои ӯ «Илиада» ва «Одиссея» ба воситаи тарҷумаи мухтасари лотинии онҳо шинос буд; Ҳоратсий (солҳои 65- 8 то солшумории мо), дар шинохти Данте ӯ шоири ҳаҷвгӯ буд; Овидий (солҳои 43-17 то солшумории мо) ва Лукан (солҳои 39-65 солшумории мо). «Истиҳолот»-и Овидий барои Данте қомуси  навафлотунии фалакшиносӣ ва асотир, «Форсол»-и Лукан асари ҳамосии давомдиҳандаи анъанаи «Энейнома»-и Верҷил буд. Данте, ки ба забони итолиёвӣ менавишт, худро дар радифи шоирони аҳди атиқа мегузошт.

106-120. Муртафеъ қасре ба чашм омад аён. – Ин қаср ҳам ба мисли ишораҳои дигари Данте тамсилист, ки дар он арвоҳи одили хирадмандони аҳди куҳан ҷой доранд. Ҳафт девори он маҷозан ҳафт соҳаи донишро ифода мекунад: Сарфу наҳв, Диалектика, Илми маонӣ ва баён, Ҳисоб, Мусиқӣ, Ҳандаса, Илми ҳайат.

121- 129. Дидам Электра миёни ҳамраҳон. – Данте дар пеши назар шахсиятҳои маъруфи таруёиро, аҷдоди афсонавии шуҳратманди Румро мебинад, ки инҳоанд: Электра, духтари Атлас-подшоҳи афсонавии Марокаш маҳбубаи Худои худоён Зевес, модари Додонус, бунёдгузори Таруё; Ҳектор, писари подшоҳи Таруё, қаҳрамони афсонаи «Илиада» ва Эней; Қайсар (солҳои 100-44 то солшумории мо) сарлашкар ва ходими давлатӣ, асосгузори ҳукмравоии мутлақ; Пантазила, маликаи афсонаи кишвари амазонҳо (занони ҷангҷӯ) иттифоқчии Таруё, ки ба дасти Ашил (Ахилл) кушта шуд; Комило, духтари силаҳшӯри подшоҳи валаскҳо; Шоҳ Ловин, подшоҳи Лосиюм, яке аз ноҳияҳои Итолиё; Ловиниё, духтари шоҳ Ловин, зани Эней; Бурут (Лусиюс Ёниюс Брутус), нахсутин консули румӣ, ки торкиҳо, нахустин подшоҳони румиро аз Рум берун ва режими ҷумҳурӣ барқарор кард; Таркирон, охирин подшоҳи Рум, ки ба дасти Бурут нобуд шуд; Юлия, духтари Қайсар, зани Помпея; Лукратсиё, зани Коллотинус, консули Рум, шоҳзода Секст Торквин ба номуси ӯ қасд кард, ки оқибат боиси худкушии ӯ ва сарнагунии салтанат шуд; Мартисиё, зани Котун, сенатори румӣ, ки соли 46 пеш аз милод худро кушт, то барҳам хӯрдани ҷумҳурӣ ва ҳукмравоии мутлақи Қайсарро надида бошад; Карнелиё, модари ду бародари маъруф – Тиберия ва Гея, Гаракҳо, ки дар Руми ҷумҳурӣ нақши калон бозидаанд. Модарашон ба покдоманӣ маъруф буд. Ҳамаи занони дар ин ҷо зикршуда ба иффат ва покӣ шуҳрат доштанд; Салоҳиддин (1138-1193), султони эронинажоди маъруфи Миср, ки дар ҷангҳои салибӣ бо масеҳиён шуҳрат ёфта, ҷавонмардию мардонагиҳояш дар шарқу ғарб вирди забонҳо буд.

131-147. Устоди ҷумлаи донишварон. – Ҳалқаи дигар аз файласуфон ба ҳам омадааст, ки ин ишора ба сарвари эшон, муаллими кулл, муаллими аввал ё муаллим-ал-ҳаким ба Арасту (қарни IV то мелод) аст. Суқрот (солҳои 469-399 то солшумории мо), Афлотун (солҳои 427-347 то солшумории мо); Зимуроқ (тақрибан солҳои 460-370 то солшумории мо), файласуфи бузурги Юнон, ки дунёро бар асари ба ҳам пайвастани тасодуфии атомҳо ҳосил шуда медонист, ки ба назарияи кунунии пайдоиши олам бисёр наздик аст; Диоҷенс, Толис, Онаксағурос, Зенон, Эмпидуклос, Арқалитус – файласуфони асрҳои VII-VIII то мелод; Диускурид табиби машҳури асри I пеш аз мелод, ки дар бораи хосияти давоии гиёҳҳо китоби машҳур дорад; Сенако (Сенека), (солҳои 65-2 мелод) файласуф ва шоири бузурги Лотин, ки мураббии Нерон буд ва ба дасти ӯ кушта шуд; Орфей, Лину, шоирони асотири Юнон, ки аввалӣ бо сурудҳои худ ҳатто ҳайвонон ва сангҳоро мафтун мекард; Тулий (Марк Тулий Цицерон), хатиб ва сиёсатмадори маъруфи румӣ, (солҳои 43-106 пеш аз мелод), ки ҳарифи Қайсар буд; Уқлидус, риёзидони бузурги Юнон (қарни IV пеш аз мелод); Буқрот, Ҷолинус, табибони маъруфи юнонӣ (қарнҳои V-IV то мелод ва II мелод), Батлимус, риёзидон ва донишманди бузурги илми ҳайат (асри II мелод), ки Данте дар ситорашиносӣ аз ӯ пайравӣ кардааст; Сино, файласуф ва табиби тоҷик (асри XI); Ибни Рушд (Аверроэс), файласуфи маъруфи араб (асри XII), муфассири машҳури Арасту.