М. Ю. Лермонтов

 ХАЗИНАДОРЗАНИ ТАМБОВӢ

 Қарта бибоз, сарро мабоз.

                                       Зарбулмасал.

 ЭҲДОИЯ

Бимон, машҳур гардам кӯҳнаоин,

Надорад ҳеҷ фарқе аз бароям.

Аз он шодам, ки бар вазни Анегин,

Ба оҳанги қадимӣ месароям.

Ба ин афсонаи ман гӯш доред,

Агар майли сафои ҳуш доред,

Каме ҷунбонда сарҳотон, аҷиб аст,

Писандед охирашро, к-он ғариб аст.

Ба расми бостонӣ мо бинӯшем,

Шароби дилкушои арғувонӣ,

Ба ашъори дурушти норавоне

Ва аз лангии онҳо чашм пӯшем,

Ки онҳо мешаванд аз ёди мадҳуш

Ба дарёи фаромӯшӣ фаромӯш.

 

I

Нагардад дар харита қайд ҳар бор

Надорад даврача Тамбуф – нишона.

Замоне буд шаҳри шуҳратосор,

Кунун шаҳрест камтар аз миёна.

Дар он се кӯчаи тахту калон аст,

Чароғонаш ба шаб партавфишон аст.

Ду меҳмонхона дорад, беш аз ин,

Яке «Масковский», дигар-ш «Берлин».

Қаровулхонаҳо он ҷо намудор,

Ки дорад ду қаровул, як қиёмат.

Зи рӯи қоида гӯяд саломат,

Шабонрӯзе иваз гарданд ду бор.

.....................................................

Хулоса, шаҳраки дилҷӯи хуб аст.

 

II

Дар он ҷо ҳузну дилтангӣ, худоё,

Чу соҳилҳои Нева карда нозиш.

Диҳад заҳроби дилтангӣ шуморо,

Кунад бо дасти бемеҳраш навозиш.

Дар он ҳам хушгапу олуфта ҳастанд,

Гурӯҳе сахт расмиятпарастанд.

Зи аблаҳҳою мусиқишиносон

Халосӣ нест ин ҷо ҳам ба инсон.

Дар он ҷоянд хонумҳо паривор,

Ки ҷиддро аз Диана карда пеша.

Ҷавоби рад ба лабҳошон ҳамеша.

Худо аз фикри бад бошад нигаҳдор.

Чу дар чашмат нигоҳи носавоб аст.

Ба ту лаънат расад, ҳолат хароб аст.

 

III

Ба ҷунбиш ногаҳ омад аҳли аъён,

Дигар гаштанд духтарҳо тамоман.

Хабар омад, ҳамин ҷо полки Улан

Ба сар хоҳад барад фасли зимистон.

Аҷаб шаҳбозҳо дар полки Улан,

Бувад палковникаш,

                               албатта, безан.

Чу ояд генерал, ин ҷо фурояд,

Шаби рақсу тараб барпо намояд.

Нигоҳи модарон оташ фурӯзад.

Падарҳои хасису сахту якроҳ

Фурӯ рафтанд дар андеша ногоҳ,

Ки шамшеру сипору наъли мӯза

Расонад фарши рангинро харобӣ...

Ҳамин сон дошт Тамбуф изтиробе.

 

IV

Ва боре як пагоҳи бомдодон

Ба ҳангоми шакархоби гуворо

Зи пушти пардаи абри парешон

Намоён шуд Сна пеши назарҳо,

Даме ки гумбази заркори маъбад

Зи нури шамси заррин зарҳалӣ буд,

Набудӣ давраи майхона дар ҷӯш –

Ва он хасми хамӯшӣ буд хомӯш.

Уланҳо шашкасӣ саф баста, аз рост

Ба шаҳр андар шудандӣ бекаму кост.

Ба аспон чанд машшоқе нишаста,

Навозад марш хоболуду хаста.

 

V

Шунида шиҳаи аспони мушкин

Пас аз рӯзу шабони интизорӣ,

Ҳама ҷону дили муштоқу мискин

Тапон гашта зи шавқу беқарорӣ.

Ва ҷогоҳи париқу рафт аз ёд...

«Ту, эй нодон, Катерина, бишав шод,

Бидеҳ рӯмолу кафшамро ба зудӣ,

Куҷо Иван? Чӣ халта! Ваҳ, чӣ будӣ.

Даричаро кушоед. Ин чӣ таъхир...»

Фаромуш карда мардум хобу хӯрок,

Кунад ойина бо моҳутҳо пок.

Ба чашмони варам, ҳоли муассир,

Назар созанд духтарҳои зебо

Сафи ҷиддию чанголудаеро.

 

VI

«Ба ман бингар, кузина, бин кӣ омад».

«Киро? Майорро?» Не, бин, дигар сӯ.

Чунон хушрӯст. Аспаш мисли сурат,

Вале, афсӯс, корнет будааст ӯ.

Чунон чолок, хам шуд вай ба паҳлу...

Даромад як шабе дар хоби ман ӯ...

Ки хоб аз чашмҳоям шуд гурезон...

Пас аз ин синаҳои сахти ларзон.

Сарандози варо андак бубардошт –

Зи шавқи дил,

дили пурормонаш.

Бишуд торик пеши дидагонаш,

Вале бигзашт полку чанг бигзошт.

Зи пушташ баччаҳо бо шӯру ғавғо

Давон чиркину получак куҷоҳо.

 

VII

Дар он даврон сарои «Московский»,

Бари хушмӯлабон буд манзили ист.

Дар он сӯяш ҷаноби Бобковский,

Ки ганҷури вилоят буд, мезист.

Варо ҳавлии кӯҳна буд он ҷо.

Агарчи бенамуд, ором аммо,

Қадимӣ ду сутунро дар миёна,

Базӯр истода буд балкони хона.

Ба бомаш тахтаҳое менамуданд,

Ки онҳоро алафҳо зер карда.

Валекин чор тӯси қайчихӯрда,

Паси тирезаҳо гул карда буданд.

Ба ҷои пардаҳои пуркаруфар

Ҳамин буд зебиши он ҳавлию дар.

 

 

 

VIII

Чунон як мӯсафеди тираандеш,

Сараш кал буду афташ ҳам аҷобат.

Ба сӯми дигарон чун бо пули хеш

Зи даврони ҷавонӣ карда одат.

Фурӯ мерафт дар кори ҳисобаш,

Чунон ҳам қартабозе буду осӣ,

К-аз ин нуқсон набуд ӯро халосӣ.

Ба шабҳои зимистон беш мехост,

Ки ҳар қадре тавонад қарта бозад,

Ба ҳайрат ораду қойил бисозад

Тамоми қартабозонро ба нохост.

Агар бахташ натобад вақти бозӣ,

Бинӯшад май,

кунад бо хеш нозе.

 

IX

Ба меҳнат душмани қаттол буд ӯ,

Сару саркардаи мардони он ҷо.

Балои модару занҳои бешӯ,

Мураббии писарҷонҳои онҳо.

Намекард он замон, гар қарта омад,

Ҳар он чӣ дошт аз суду даромад.

Зи мурғу равғану аз коҳу аз хас,

Ҳамерафтанд аз каф лаҳзае пас.

Табибу додрас, сардори полис,

Ҳаминҳо буда узви маҳфили вай.

Раиси полисон ҳам ҳамдили вай.

Касе чун ӯ зарифу ҳазлкаш нест.

Зани сандуқдор аз ҳазлҳояш

Гаҳе суп-сурх мешуд ҳамчу оташ.

 

 

 

X

Нагуфтам бо шумо,

хонандагон, ман,

Хазинадори ман буд марди зандор.

Насибаш карда аз занҳо чунин зан,

Ки зан не, аз Худо як дурри шаҳвор.

Агарчи одияш медошт шавҳар,

Вале аз ганҷ медонист беҳтар.

Ба ӯ аз шаҳрҳои дури марказ,

Намефармуд шоҳивор газ-газ.

Ба ӯ ёд дода расми дилрабоӣ,

Чӣ сон бояд кашид «оҳ»-у назар дӯхт,

Чи сон олуфтаҳоро ҷо ба ҷо сӯхт,

Ки худ андар назар оӣ, наоӣ,

Валекин мӯйсафеди зирак ӯро

Ба зери чашми худ медошт ҳар ҷо.

 

XI

Буд Авдотя Николавна, ҳақиқат,

Аҷоиб луқмаи чарбу лазизе.

Қаду рафтор бину сарви қомат,

Хиромон меравад – ҷони азизе.

Ба Тамбуф кас надид ин сон қашанге,

Ба ин ду синаи сахту таранге,

Сафедии танаш монанди шаккар,

Ки рагҳои бадан бинмуда яксар.

Ту гӯӣ аз барои ишқу оғӯш

Ба дунё омада...

чашмаш кабуд аст,

Гули фирӯза назди он чӣ будаст,

Ва гардунаш чӣ бошад?

Мебарад ҳуш

Зи бас чашми кабудаш, ман натонам,

Худамро довари якрӯй хонам.

XII

Чунон бинӣ! Чунон лабҳои алвон,

Гули садбарги навбишкуфтае бин.

Чӣ дандоне, садаф бошад, на дандон,

Садояш? Орзувораст ширин.

Ба андак иллате ӯ дур ҳамесуфт,

Ки ҳарфи «эр»-ро тоза намегуфт.

Камак ин сон калолат баҳри ӯ чист.

Магар ин нуқсакаш бахшиданӣ нест?!

Ба нозиш мӯсафедаш дӯст медошт,

Ки зулфони варо созад парешон,

Вале афсӯс . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . .

. . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . .

. . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . .

 

XIII

Шавад то дар раман ҳар нукта равшан,

Бигӯям бо шумо бояд дар ин ҷо.

Яке аз хоҳарони хурди он зан

Гирифтори Улан гаштасту шайдо.

Чунон бояд, вай ин асрори худро

Ба Дуния бигуфт танҳо ба танҳо.

Шунидастед то ин дам ягон бор

Шумо гуфтори хоҳарҳои шӯдор?

Худоё, аз ҳазорон бобу ашё

Бувад гапҳояшон аз ҳар хусусе –

Ба дунё зинда бошӣ, хулқи русӣ,

Набошам одами каззоб асло.

Тасодуф ман зи пушти пардаи тор,

Чунин суҳбат шунидастам ду-се бор.

 

XIV

Хулоса, дилбари таннози Тамбуф

Чунин хушмӯлабонро дӯст медошт...

 

Ҳамин ишқаш варо нобуд бинмуд,

Ҷавони уланӣ ишратталаб буд.

(Ба ӯ бисёрҳо будем якҷо)

Гирифт аз хонаҳо ӯ хонаеро,

Ки буд дар рӯ ба рӯи хонаи зан.

Ҷавони хушқаду сисола буд ӯ,

Ва сарвори саворон буду хушрӯ.

Сияҳмӯлаб, нигаҳ сӯзону равшан.

Хулоса, орзуи духтарон буд,

Миёни русҳо аз беҳтарон буд.

 

XV

Ҳама мулки падар, молу маунат

Ба вақти корнетӣ аз дасти худ дод.

Дар он даврон ба бахшишҳои қисмат,

Чу мурғи беғаме мезист дилшод.

Ҳамеёзиду мехусбиду дар сар

Набудаш фикри хӯроке муқаррар.

Бигашта хоки рус аз ҳар канора,

Гаҳе пои пиёда, гаҳ савора.

Гаҳе устои ҳар таъмиру тармим,

Гаҳе бекори андар истироҳат.

Ба ин сон корҳо кардаст одат.

Агар дар як гапи ӯ мешунидем

Каме оҳанги лофу худситоӣ,

Худам мегуфтамаш, бас худнамоӣ.

 

XVI

Набудаш шарм аз шавқи табиӣ,

Дар ин бобат худашро гум намекард...

Гаҳе ҳангоми афшони гулӯла,

Ки битвонад кунад касро ду бӯла,

Лабаш инҷу кашида рӯй дарҳам,

Ба шӯхиҳош механдонд ҳар дам.

Ба шӯхӣ баъди ҷанҷоле тасодуф

Рафиқашро паронд ӯ бе таассуф.

Ба шӯхиҳою бозӣ метавонист.

Бихобад рӯи тобуту шавад нест,

Гаҳе чун кӯдаке хулқи хушаш буд,

Шарафманду накӯю ҳазлкаш буд.

 

XVII

Набуд аз ошиқони беқароре,

Ки бошанд ошиқон ин гуна бисёр.

Намерафт ӯ зи роҳи рафта боре,

Барои худ кушода роҳ ҳар бор.

Чу мегуфт аз муҳаббат рози дил ӯ,

Намеафтод пеши зан ба зону.

Вале, ёрон,

чу ин қатъи назар буд,

Вай аз мову шумо хушбахттар буд.

Кашидам сураташро, ман ба ҳар ҳол,

Чунин буд пеш аз ин ӯ панҷ-шаш сол.

 

XVIII

Зи шаҳру аз аҷобатҳои дигар,

Зи меҳмонхоначӣ донист ҳар чиз.

Аҷоиб корҳои хандаовар

Ва шаш ё ҳафт сирри фитнаомез,

Арӯсонаш бадавлат то куҷоянд,

Миёнҷӣ, хостгоронаш киҳоянд.

Чу қисса аз зани ҳамсоя бишнуд,

Дигар сабру қарораш гашт нобуд.

Бишуд ранҷури дарди бедавое.

«Ту, мегуфт ӯ ба худ бечораи ман,

Қафасбанд аблаҳат карда тамоман»

Ва дорад ӯ ба вай ҳукми равое.

Худамро ман каси бадкор хонам,

Туро гар ман ба ин аҳвол монам.

 

XIX

Нишинад дар бари тиреза ӯ зуд,

Либоси форсияш карда дар бар

Ва дар байни лабонаш мекунад дуд

Чубуқи минчақи пурнақш камтар.

Ба сар,

болои мӯҳои мулоим

Кулоҳи олуболуранг қоим.

Варо зеҳе кашида бо хати зар

Ба ишқу орзу молдовидухтар.

Нишаста бо адаб дорад нигоҳ ӯ,

Ана,

он нозанин аз тирагӣ тофт.

Баногаҳ рӯи шиша нақш партофт,

Ба нармӣ он сару он як бари рӯ.

Баногаҳ ду тиреза хӯрд бо ҳам...

Ҳамин ҳозир кушода мешавад ҳам.

 

XX

Ҳанӯз ором шаҳри хоболуд,

Саҳар равшан, тиреза буд муҷалло;

Ва роҳи сангфарше пинакӣ буд,

Намеомад садои фойтунҳо.

Зани барнои он хозин сабаб чист,

Ки ҳангоми саҳар аз хоби худ хест?

Чаро ӯ гаштааст ин сон саҳархез

Ва ё хобаш задаст аз дида маҳмез?

Ба дасташ такя додаст ӯ сарашро,

Ва оҳе мекашад дар даст ҷӯроб,

Ва дар ҷӯроб не, гап дар дигар боб –

Ва шарҳи он муносиб нест моро...

Ҳақи гапро агар гӯӣ, ба зинҳор.

Варо ҷӯроб бофидан чӣ даркор!

 

XXI

Нигоҳи дилрабояш сайр мекард

Ба паҳнои кабуди осмонҳо.

Сипас рӯи замин вай рӯй овард...

Чӣ ин шармандагӣ бошад, Худоё!

Ба он сӯ рӯ ба рӯ марде, кадоме

Нишаста бесарупои низомӣ,

Ба тан пӯшид, сарвори саворон.

Либосашро ... тиреза зуд, алъон

Ба ҳам омад... Ва ӯ гум аз назар шуд.

Чунин коре шуморо, эй рафиқон,

Ҳамекард андаке хотирпарешон.

Вале коре, ки шуд, бе як зарар шуд.

Ва улан он замон дар ҷо-ш биншаст

Бигуфто: «Хайр, бад не, аввалаш ҳаст!»

 

XXII

Ду рӯзе буд тиреза баста доим,

Фақат рӯзи сеюм ногоҳ шуд боз.

Намуд дар оина нарму мулоим

Нигори дилбару фаттону танноз.

Ғиҷиррас зад дарича ногаҳон паст,

Ба каф ҷӯроб зан дар тоқ биншаст.

Чӣ чашме дошт сарвори саворон

Ки зуд дарёфт авзои нигор он.

Бигашта аз барори кор хушдил,

Аз он ҳавлӣ баромад бо сипоҳӣ,

Ба он ҷо барнагашт ӯ то пагоҳӣ.

Сипас, ҳарчанд ҳолаш буд мушкил,

Агарчӣ дошт дар ҷону ҷигар сӯз,

Ба дур ӯ аз тиреза буд се рӯз.

 

XXIII

Валекин андак ин нозу итобе

Ба монанди ҳама он нозҳо буд,

Ки фардо норасида бошитобе

Ба рози босухан табдил мешуд,

Забони ишқ – лафзи ҳайратовар,

Забони навҷавонӣ, меҳри дилбар.

Касе боре агар маҳбуб будаст.

Аз он ҳарфе магар матлуб будаст,

Ба айни эҳтироси ҷовидона,

Касеро ту агар ёрӣ накардӣ?

Магар ту, эй забони ошиқона,

Зи байни ҷумла ҳосид, бадниҳоде,

Наҷоте ҷони ошиқро надодӣ?!

 

XXIV

Бидонист ӯ, хулоса, дар ду ҳафта,

Тамоми реҷааш, он сон ки бояд.

Кай ӯ бедор, кай дар хоб рафта,

Кай ӯ чое хурад, гардиш барояд.

Биёяд зан ба маъбад бар ибодат,

Ҳамон ӯ ҳам шавад ҳозир ба тоат.

Ба паҳлуи сутуни намкашида

Биистад на салибе ҳам кашида.

Дар он ҷо чилчароғи партавафкан,

Варо дар равшанияш ғарқ кардаст.

Валекин чеҳрааш бигрифта, сард аст.

Нигоҳи чашмҳояш ҷониби зан,

Гаҳе хомӯш, гаҳ рахшон намояд,

Ва занро рост дар сина дарояд.

 

XXV

Набошад шубҳае дигар тамоман,

Ки кулли зан ҳамеша кунҷков аст.

Зани сандуқдор аз ваҷҳи улан,

Зи ҷону дил муассир сахт гаштаст.

Улан дар чашми ӯ шахси аҷиб буд,

Варо ин аҷобат шавқ афзуд.

Хаёли носавоб, аммо набояд,

Ба қалби бовафояш роҳ ёбад.

. . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . .

. . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . .

Ҳаёти бемуҳаббат, чӣ ҳаёт аст,

Ва бошад шавҳари пире чӣ шавҳар.

Ки бошад мӯ сафед ӯро саросар.

 

XXVI

Валекин вақт ҳам мерафт. Имрӯз,

Бишуд вақташ. Бигуфто ошиқи ман.

Дар афсона бубояд оҳи ҷонсӯз

Кашидан, хомушу ғамгин нишастан.

Ва хизматгор бо хат медарояд.

Ба таъзиму салом он сон ки бояд,

«Салом, арбоб, мегӯяд, ба зинҳор,

Худаш мехост ояд – кор бисёр.

Ҳамехонад шуморо бар зиёфат,

Ба бегоҳаш шавад рақсу тамошо,

Худаш фармуд, то гӯям шуморо».

«Ҳамеоям, бигӯ бар хӯҷаинат».

Ба вақташ соати се базми ёрон,

Парон мерафт сарвори саворон.

 

XXVII

Сару саркардааш Амфитрион буд, –

Нигаҳбони шадиди расму одат.

Ки рӯзе буд занашро ҷашни мавлуд,

Саронро дар вилоят кард даъват.

Тамоми полку ҳам генералро,

Агарчи дер омад ӯ ба он ҷо.

Ба ҳар дам гарчи хамёза кашидӣ,

Вале з-он базм осебе надидӣ.

Аҷаб ороста буд базми мавлуд.

Ки рӯи миз, болои лаганҳо

Зи себи сурх пур буд, баҳри занҳо.

Ва дар ҷевон барои мардҳо буд,

Ҳанӯз аз субҳи содиқ дар ниҳоне,

Май андар чор қуттии калоне.

 

XXVIII

Гирифта бозуи хонумгенерал,

Ба сӯи миз омад хӯҷаин-мард.

Зи мардон дур андак, аз муқобил

Нишаста хонумони нозпарвард,

Баногаҳ бо садои корд, қошуқ.

Ва лаълиҳою ғавғою тақу туқ.

Расид овоз аз балкон, на аз дур,

Ки буд ҳангомаи оҳанги шайпур.

Русуми кӯҳнаи олиҷаноб аст...

Гаҳе шайпурро кас менавозад,

Кушояд, иштиҳоро, тез созад,

Гаҳе хомӯш созад суҳбати кас –

Валекин дар замони мо муқаррар,

Бувад ҳар кори кӯҳна хандаовар.

 

XXIX

Зи авлоду зи услуби баярҳо

Кунун натвон нишоне кард пайдо.

Фақат дар ҳалқаи базми гусарҳо

Навозад дастаи шайпурзанҳо.

Ба зудӣ гардадам оё муяссар

Нишастан ҳамраҳи ёру бародар.

Ба дастам ҷуръае аз оби заррин,

Ба зери нағмаю оҳанги ширин

Бубинам, бошад оё боз даррав

Ҷилои сурхранги ментиқонро.

Дар он соат, ки аз гардун шафақҳо

Ба сафҳои гусарҳои пинакрав,

Ба назди беша, урдугоҳи онҳо

Ниҳонӣ мефишонад нури худро.