Аз шеърҳои Париж

ШАБИ МАЙКАДА

Ҷаз кунад шӯру фиғон.

Дар бари саҳна занест,

Ваҳ чӣ фаттону ҷавон.

Маъзарат, хонуми ҷон,

Исматон чист?..

 

Месарояд ин зан?

Шеър мехонад ё мерақсад?

Вой ман, вой ба ман,

Мекашад пираҳан ӯ аз бари хеш,

Мекунад лучаку урён баданаш

Назди ашхоси тамошогари хеш.

 

Шавқи мардӣ бизанад шӯъла ба ҷон,

Шавқи мардӣ ҳамаро месӯзад.

Чорааш чист, вале

Роҳ бар саҳна набошад осон!

 

Ваҳ чӣ урёну чӣ оҳиставу нарм

Бадани нозуки ӯ ларзон аст.

Ҷуфти ронаш ба хамӯшӣ хонад,

Софии синаи ӯ рахшон аст!

Шавад ин лаҳза қиёмат қоим!

 

Барги анҷир куҷо меёбӣ,

Ту ба урёнии асри урён?

Эй Шумо,

                   хонуми Ҳавво ба биҳишт,

Ҳолатон хубу фароғат доред?

Дар ҷаҳанам ба чӣ сахтист азоби инсон.

 

Эй ту мардинаи ҷӯёи ҳавас,

Эй ки хоҳӣ ту ба шавқаш сӯзӣ,

Аз чӣ ин шӯъла насӯзад ҷонат?

Тани урёни варо мебинӣ,

Ту намесӯзӣ,

                   чун барқ намеафрӯзӣ.

Лаҳзае кун радиоро ту хамӯш,

Ҳам газетро ту бипӯш.

Ба чунин машғала, охир, то чанд,

Шавқи мардонаи моро бикушанд?!

 

Лек донам,

                   ки ҳамин ҳоло ту,

Баҳри як лаҳзаи танҳо бо ӯ,

Баҳри бикшодани як тукмаи ӯ,

Дар сари синаи ӯ,

Дар сари синаи ин зан, на дигар,

Ду ҷаҳонро бидиҳӣ ту дарҳол,

Бе ягон фикру хаёл.

 

  1. РОЗИ ШОИР

 

 Намедонӣ,

                   чӣ сон мо менавиштем, –

Намеғунҷад туро ин дар тасаввур.

Ба дафтар як навишта мо даҳашро

Нигаҳ медоштем андар тафаккур.

 

Намедонӣ, чӣ сон эҳсоси дилро

Ба боде дода,

                   исрофаш намудем.

Таги сандуқ пинҳон карда зарро,

Ба мардум мо мисе оварда будем.

 

Чӣ сон буд ошиқии мо? Гирифтем

Ҳар он чӣ буд осонгиру дар паст.

Ниҳояш пешакӣ дониста будем,

Наҷустем орзуе, ки ба арш аст.

 

Бипурс аз бодхарҷони муқимӣ,

Чӣ сон бар бод дода зиндагишон,

Гумон карданд бошад зиндагонӣ

Ҳамин сон рӯзгори нобасомон.

 

Чунон дил додаву дил мерабудем,

Чунон эҷод мекардем,

                                           донӣ.

Чӣ сон кас мешудем, охир, дигар бор

Насиби мо чу мешуд зиндагонӣ.

 

НАЗДИ ОБШОРИ НИАГАР

 

Ду чашм сӯи обшори Ниагар,

Ки бо ғазаб, ба қаҳр,

Ба тангнои тор мефитод он ба сар,

Зани гурезаи ҷавони арманӣ

Хамӯш мегирист.

 

Чӣ обшори аъзаме,

Чӣ илтиҳоби об.

Чӣ ғарқоби пурсадо –

Ва қатраи сиришк рӯи мижжагон

Ба ларза буд аёну ноаён.

 

Ба ҳар гумон,

Ба шоир, эй ту Ниагар,

Бубахш, гар гунаҳ биёфтӣ,

Бале, бале, таассуф аст,

Ки пушти пардаи ҳамин сиришк

Ба чашми ман натофтӣ.