Аскар Ҳаким Аскар Ҳаким Аскар Ҳаким

Аскар Ҳаким

Шоири халқии Тоҷикистон
шоир, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон. Аз соли 1976 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.
Image
Суроға: ш. Душанбе
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru 
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
  • Зиндагинома
  • Мақолаҳо
  • Дар бораи Аскар Ҳаким
  • Гуфтор дар бораи худ
  • Китобҳо
  • Ғазалиёт
  • Ашъор
  • Рубоиёт
  • Дубайтиҳо
  • Манзумаҳо
  • Аксҳо
  • Наворҳо
  • Сурудаҳо
  • Тарҷумаҳо
  • Мусоҳибаҳо
  • Зиндагинома
  • Мақолаҳо
  • Дар бораи Аскар Ҳаким
  • Гуфтор дар бораи худ
  • Китобҳо
  • Ғазалиёт
  • Ашъор
  • Рубоиёт
  • Дубайтиҳо
  • Манзумаҳо
  • Аксҳо
  • Наворҳо
  • Сурудаҳо
  • Тарҷумаҳо
  • Мусоҳибаҳо
734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8 askar_hakim@mail.ru

Гуфтор дар бораи худ

  • Саҳифаи асосӣ
  • Гуфтор дар бораи худ

ГУФТОР ДАР БОРАИ ХУД  

Аскар Ҳаким
Гуфтор дар бораи худ
14 Июл 2021
583

 

  На танҳо ҳар асари калонҳаҷм, ҳар мақола, балки ҳатто ҳар ҷумла, ки ба қалам меояд, сабабе дорад ва бисёр мешавад, ки маҳз ҳамин сабаб моҳияти ба вуҷуд омадани онро беҳтар аз ҳама муайян менамояд. Навиштани ин «Гуфтор дар бораи худ» ҳам сабабе дошт, ки иброзаш барои дарёфти он мадад карда, хонандаро аз таҳайюр хоҳад вораҳонид, ки чаро муаллиф дар бораи худ, яъне ҳаёту фаъолияти шахсии эҷодияш, худ суҳбат мекунад, ҳол он ки ин жанр бештар очерки ҳаёту эҷодиёт ном дошта, маъмулан аз ҷониби шахсони дигар навишта мешавад. Аввалан, бояд бигӯям, ки ин гуфтор мухтасар хоҳад буд, на ба мисли он очеркҳо муфассал, ки тоқатшикананд, сониян..., хуб, биёед, чун риштаи суҳбат боз шуд, суханро аз сабаби аввал оғ оз кунем.

Муфассал: ГУФТОР ДАР БОРАИ ХУД  

ГУФТОР ДАР БОРАИ ХУД (2)

Аскар Ҳаким
Гуфтор дар бораи худ
14 Июл 2021
593

  Таърихи чашм ба ҷаҳон кушодани банда дар шиносномааш 10 октябри соли 1946 дарҷ шудааст. Аммо ба наздикӣ хонумам гуфт, ки ин дуруст нест, банда дар ҳайрат шуда, пурсидам, ки ба чӣ далел? Ҷавоб дод, ки ман шаҳодатномаи таваллудатонро пайдо карда хондам, дар он ҷо 1Октябр навишта шудааст, азбаски Октябрро ба рақами 1 ҷафс ва бо ҳарфи калон навиштаанд, ба назар мисли 10 менамояд, шиносноманавис ҳам онро иштибоҳан 10 Октябр навиштааст. Шояд ҳарфаш дуруст ҳам бошад, вале ман ки то 68-солагиам ҳама ҷо 10 октябр навиштаам, дигар дар паси таҳқиқи даҳ рӯз пеш ё паси мавлудам намегардам. Зиёда аз ин, як рӯзу даҳ рӯз он қадар аҳаммияте ҳам надорад, ба қавли худам, ки дар яке аз ҷаласаҳо гуфта будам. Он чунин аст. Мисли ин ки нимаи дуюми солҳои ҳафтоди асри гузашта, ҷаласаи якҷояи садорати иттифоқҳои эҷодии мамлакат доир гашта буд, ки дар хотима чун анъана аз номи он ба Котиби Генералии Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ Леонид Илич Брежнев нома қабул карда мешуд ва Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон, ки ҷаласа дар толори он мегузашт, хондани онро ба зиммаи банда гузошт.

Муфассал: ГУФТОР ДАР БОРАИ ХУД (2)

ГУФТОР ДАР БОРАИ ХУД (3)

Аскар Ҳаким
Гуфтор дар бораи худ
14 Июл 2021
686

  Ин фасли зиндагӣ худ як қиссаи зебоест, агар кас истеъдоди навиштан дошта бошад, вале ман ҳоло новобаста ба он ки дорои ин гуна истеъдод ҳастам ё на, барои навиштани он фурсат надораму мавридро ҳам муносиб намедонам, бинобар, танҳо чанд лаҳзаро, ки ба фаъолияти эҷодӣ робита дорад, ҳикоят хоҳам карду бас. Онҳое, ки он солҳо, чанд сол пеш ё пас, ҳангоми тадриси устодон Шарифҷон Ҳусейнзода, Воҳид Асрорӣ, Соҳиб Табаров, Додоҷон Тоҷиев дар шуъбаи забон ва адабиёти тоҷик хондаанд, аз онон хотираҳои аҷибу ёдоварданӣ доранд, ки ман ҳам яке аз ҷумлаи онҳоям. Мо дар нимсолаи аввал дарси назмшиносӣ доштем, ки устод Шарифҷон Ҳусейнзода тадрис мекарданд. Ин фан гӯё барои бисёриҳо сахт мушкил буд, ки баҳои аъло гирифтан аз он дар як курс, базӯр, ба як-ду нафар муяссар мешуд.

Муфассал: ГУФТОР ДАР БОРАИ ХУД (3)

ГУФТОР ДАР БОРАИ ХУД (4)

Аскар Ҳаким
Гуфтор дар бораи худ
14 Июл 2021
554

  Дар аввали соли панҷуми хонишам ҳодисаи нохуше рух дод, ки баъдҳо натиҷаи хубе бор овард. Дар хобгоҳи донишгоҳ, ки дар кӯчаи Айнӣ воқеъ буд, дар ошёнаи севум дар хонаи чоркаса мезистем. Рӯзи мавлуди ман, бегоҳӣ, чанд нафар дӯстон дар хона ҷамъ омада буданду ҷашн мекардем. Устод Соҳиб Табаров дар муқобили хобгоҳи мо, дар он тарафи кӯча мезистанд ва баъзан, бегоҳиҳо, ба хобгоҳ омада, бо мо шоҳмотбозӣ мекарданд. Ҳамон бегоҳ ҳам омада, ба хонаи мо даромаданӣ шуда, дарро мекушоянду мебинанд, ки мо машғули базм ҳастем, ба хонаи ҳамсояи мо даромада, бо онҳо шоҳмот мебозанд. Шоир ва тарҷумон Аслам Адҳам, ки аз солҳои аввали донишҷӯиям бо ман робитаи бародарона дошт, ба табрикам омада буд. Ӯ аксар вақт сархуш мегашт, он бегоҳ ҳам дар ҳамон ҳолат буд ва ба хонаи ҳамсоя, ки дар он ҷо Соҳиб Табаров бо ҳамдарсони ман шоҳмот мебозиданд, медарояд ва бо ӯ шӯхиҳои беадабонае мекунад, ки устод аз он сахт меранҷанд. Чун устод мефаҳманд, ки Аслам ба табрики ман ба хобгоҳ омада будааст (зеро Аслам донишҷӯ набуд, ки дар хобгоҳи донишҷӯён бошад), бинобар, аз ман домангир мешаванд.

Муфассал: ГУФТОР ДАР БОРАИ ХУД (4)

ГУФТОР ДАР БОРАИ ХУД (5)

Аскар Ҳаким
Гуфтор дар бораи худ
14 Июл 2021
570

  Ман дар солҳои донишҷӯиям бо матбуот ва махсусан, бо радио ва телевизион бештар ҳамкорӣ мекардам, ки ба ман аз ду ҷиҳат манфиатнок буд, ҳам ба таъмини рӯзгори донишҷӯиям мадад мешуд, ҳам таҷрибаи навиштану таҳрир меандӯхтам. Бинобар ин, ҳангоми хатми донишгоҳ Кумитаи радио ва телевизиони ҷумҳурӣ ба ман барои кор даъватнома дод ва маро ба шуъбаи барномаҳои ҷавонии радио, ки сармуҳаррири он Тоҷинисо Ғафурова, хоҳари Бобоҷон Ғ афуров, хонуми бисёр ботамкин ва меҳрубоне буданд, ба кор қабул карданд. Ман то моҳи декабр дар ин шуъба ба сифати муҳаррир кор кардам ва аз он ҷо ба хидмати ҳарбӣ даъват шудам. Хидмати ҳарбии ман, ки аз як сол иборат буд (он вақт баъди хатми донишгоҳ хидмат як сол буд), дар шаҳри Слоними вилояти Гроднои Ҷумҳурии Белоруссия, дар қисми тонкӣ гузашт, ки он ҳам қиссаҳои худро дорад, ки ҳикояташро ба як мавриди муносиби дигар вомегузорем.

Муфассал: ГУФТОР ДАР БОРАИ ХУД (5)

ГУФТОР ДАР БОРАИ ХУД (6)

Аскар Ҳаким
Гуфтор дар бораи худ
14 Июл 2021
539

  Ман аввалин тақризи муфассали илмиам «Нӯшбоди шоир»-ро дар соли дуюми аспирантиам навиштам, ки бар маҷмуаи тозанашри Лоиқ «Нӯшбод» буд. Охирҳои моҳи июл буд, ки саҳифаҳои охири тақризро менавиштам, шабе, дӯсти душанбегиам Неъмат Сайфуллоев, аспиранти соли сеюми шуъбаи фалсафа, ба хонаам даромад, ки ман фардо субҳ дар ҳайати гуруҳи донишҷӯёни бинокор ба Сахалин парвоз мекунам, биё, ҳамроҳи ман. Дар ду моҳ маблағи нағзе кор мекунем, ба зиндагиамон даркор мешавад. Ӯ ҳангоми аспирантиаш оиладору фарзанддор буд, ба пул аз ман бештар эҳтиёҷ дошт. Дар охир маро розӣ кард. Ман ҳамон шаб то субҳ тақризро навишта тамом карда, ба ҳамсояхонаам, ки аспиранти араб буд, хатча навишта, зери дараш гузоштам, ки онро ба Душанбе, ба унвони маҷаллаи «Садои Шарқ», ки навишта будам, бифиристад ва худ ба Сахалин парвоз кардам. Ана, ҷавонӣ чӣ озодию соҳибихтиёриҳо дорад, ки дар як шаб тасмим мегирию аз як гӯшаи ҷаҳон ба гӯшаи дигараш парвоз мекунӣ.

Муфассал: ГУФТОР ДАР БОРАИ ХУД (6)

Матлабҳои бештар...

  • ГУФТОР ДАР БОРАИ ХУД (7)
  • ГУФТОР ДАР БОРАИ ХУД (8)
  • ГУФТОР ДАР БОРАИ ХУД (9)
  • ГУФТОР ДАР БОРАИ ХУД (10)
  • 1
  • 2
  • 3
  • 4

Саҳифаи 1 то 4

© Аскар Ҳаким 2025.