Аскар Ҳаким Аскар Ҳаким Аскар Ҳаким

Аскар Ҳаким

Шоири халқии Тоҷикистон
шоир, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон. Аз соли 1976 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.
Image
Суроға: ш. Душанбе
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru 
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
  • Зиндагинома
  • Мақолаҳо
  • Дар бораи Аскар Ҳаким
  • Гуфтор дар бораи худ
  • Китобҳо
  • Ғазалиёт
  • Ашъор
  • Рубоиёт
  • Дубайтиҳо
  • Манзумаҳо
  • Аксҳо
  • Наворҳо
  • Сурудаҳо
  • Тарҷумаҳо
  • Мусоҳибаҳо
  • Зиндагинома
  • Мақолаҳо
  • Дар бораи Аскар Ҳаким
  • Гуфтор дар бораи худ
  • Китобҳо
  • Ғазалиёт
  • Ашъор
  • Рубоиёт
  • Дубайтиҳо
  • Манзумаҳо
  • Аксҳо
  • Наворҳо
  • Сурудаҳо
  • Тарҷумаҳо
  • Мусоҳибаҳо
734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8 askar_hakim@mail.ru

Мақолаҳо

  • Саҳифаи асосӣ
  • Мақолаҳо

МАҚОМИ ШЕЪР ДАР  ЭҶОДИЁТИ УСТОД АЙНӢ

Аскар Ҳаким
Мақолаҳо
28 Феврал 2024
3751

 Э, ҳама ширинлабон афтода дар банди шумо,

Яъне аз ҷон бандаи лаъли шакарханди шумо.

Аз хироме дӯш дар даъвои раъноӣ ба боғ

Банд карда найшакарро қомати қанди шумо.

Муфассал: МАҚОМИ ШЕЪР ДАР  ЭҶОДИЁТИ УСТОД АЙНӢ

ГУЛҲОИ ЧАМАНИ ИШҚ

Аскар Ҳаким
Мақолаҳо
17 Феврал 2024
372

Гоҳест илоҳӣ майи мо, гоҳ маҷозӣ,

Манзурам аз ин вожа гаҳ ин асту гаҳ он ҳам. 

Чӣ ҷойи тааҷҷуб аст, агар дар ашъори ғиноӣ ҳама ҷо маю  сармастӣ ҷой дошта бошад, хоҳ аз майи илоҳӣ ва хоҳ аз майи маҷозӣ, яъне майе аз ишқи инсонӣ, зеро дар ашъори ғиноӣ шоири асил ниҳонитарин розу ниёзҳои хешро, ҳамчунонки ҳаст, бе пардозҳои сунъиву сохта, баён менамояд ва ба дили хонанда роҳ меҷӯяд. Дар ин ҳолат шубҳае нест, ки ин розу ниёз чунон арзише бояд дошта бошад, ки бо он табиият, пайдоиши нахустини худ дар силки андешаву эҳсосоти воло ҷой бигирад ва дар дигарон ҳам гунаи худро бедор карда тавонад, ки на осон амрест. Ин муқтазои ашъори ғиноист, ки онро “шеъри шеър” гуфтаанд ва агар он ашъори ғиноӣ ошиқонааст, пас он шеъртарини шеъри шеър аст, зеро ҷои сухан нест, ки ҳиссиёти ошиқона маҳрамонатарин, содиқонатарин, асилтарин эҳсосот аст, ки аз амиқиҳои замири инсон берун меояд ва дар ашъори ошиқона сурат пайдо мекунад.

Ишқро ҳар гуна тафсир мекунанд, бархе бар онанд, ки он дард аст, беморист ва давояш ҳам ба ғайр аз ишқ чизи дигаре нест, бархе онро дарёфтани гунаи хеш медонанд, ки бо он бояд васл бишаванд, бархи дигар онро майли хостгории зебоӣ медонанд, ки бо он ба дараҷаи инсони комил бирасанд,  боз бархи дигар, ки онро ба ҳастии табиии инсон рабт медиҳанд, маҳсули баркамолӣ ва ғаризаи давом додани насли инсон маънидод мекунанд. Ҳамаи инҳо дар ҷои худ дурустанд, аммо дар баробари он комил нестанд, ҳамчунон ки ҳамаи мафҳумҳои маънавии ҳастии инсон сарҳади маҳдуди таъриф надоранд, махсусан боз ишқ, ки аз ҳамаи онҳо фарогиртар аст. Ҳоло китобе, ки дар даст дорем, ба тафсири шоиронаи ҳамин гуна эҳсосоти наҷиби инсон мепардозад. Шоири ин китоб шахси баркамол аст, ишқро дар зиндагии воқеияш таҷриба кардааст, талхиву шириниаашро чашидааст, бино бар он, ашъораш ҳам дар ин бора серпаҳлуву гуногунмазмун аст. Азбаски дар ҷавонӣ ба омӯзиши тасаввуфу ирфон майл доштааст, дар баъзе ашъори он даврааш ҳамин гуна оҳанг ба гӯш мерасад ва баъдан, ба таъбири сӯфия, ишқи маҷозӣ – инсонияш савту навои баланду густардатаре пайдо мекунад, ки ҷолибтарин қисмати ашъораш мебошад.

Ҳарфе дар нақди шеър машҳур аст, ки агар дар китоб як шеъри хуб бошад, он китоб хуб аст, агар ду шеъри хуб бошад, он китоб олист. Бешубҳа, ин меъёри хеле баланд аст ва дар асл ҳам ҳамин тавр бояд бошад. Хушбахтона, дар ғазалҳои ин китоб хеле байтҳои хуб ҳастанд, ки шоистаи ба хотир гирифтананд. Масалан:

         Изтироб афзоядат, гар танг оғӯшат кунам,

         Рӯд, вақте танг шуд маҷро, хурӯшонтар шавад.

Боз:

         Мардуми чашмам нашуд аз кулчаи рӯи ту сер,

Дар машомам бӯи нони гарми гандум мекунӣ.

         Боз:

                   Нолем зору надорем, эй дареғ,

                   Як ҳамсадо ба ғайр зи акси садои хеш.

         Боз:

                   Ҳуснро гуфтам: “Ту дар пироҳанаш пинҳон будӣ,

                   Ҳар қадар пироҳанаш тар шуд, ту пайдотар шудӣ”.

Гоҳе бо танз ҳам ширин сухан мегӯяд:

Себи рухашро хоҳад газидан,

Ҳатто касе, к-ӯ дандон надорад.

         Агар ба  ошиқонаҳои ин китоб назари умумӣ андохта шавад, сурати ошиқе ба назар мерасад, ки мисли ошиқи ашъори классикии мо ҷабркаши маъшуқ аст, маъшуқа дастнорасу  бепарвову ситамгар аст ва мо ҳам, ворисони ин адабиёт, ба он хӯ гирифтаем ва хонданаш ба завқамон барнамехӯрад, аммо дар хотир бояд дошт, ки ин ошиқу маъшуқи классикӣ имрӯз сифатҳои тоза пайдо кардааст, ки вақти ба сурати бадеӣ кашидани онҳо ҳам расидааст. Масалан, дар яке аз шеърҳои Аҳмади Шомлу маҳбуба ба ошиқ қаҳва омода мекунад, ҷузъиёте, ки дар зиндагии имрӯза ҷой дорад. Ин ҳам яке аз роҳҳои тоза кардани шеъри ошиқона аст.  Дар ин китоб ҳамин гуна тозаҷӯӣ ба назар мерасад, ки дар оянда вусъат бахшидани он бар имкони замонӣ ва мондагор шудани ашъор меафзояд. Зимнан, байтҳое, ки дар боло иқтибос шуданд, ба навъе аз ҳамин гуна тозагиҳо бархурдоранд.

Дуруст аст, ки мавзуи меҳварии китоби “Садои хандаи гулҳо” тараннуми ишқ аст, аммо танҳо маҳдуди он набуда, дар он ашъори хуби дигар ҳам мавҷуданд, ки вокуниши отифии шоирро ба мавзуъҳои гуногуни ҳастии маънавии инсон фаро гирифтаанд. Ҳоло аз онҳо ҳам ба сабаби мухтасар кардани сухан, бе тафсир чанд байт намуна меорем:

         Ҳақиқатро кунад азбас ҳама бо коми худ таҳриф,

         Мудом ин оина зангор буду ҳасту хоҳад буд.

Боз:

         Водии пур аз печу хами зиндагии мо

         Монанди куҳистон раҳи ҳамвор надорад.

Дар хотима боз овардани ин байти шоир ба назар муносиб мерасад, ки мегӯяд:

         Оре, оре, бегумон ҷӯяндагон ёбандаанд,

         Лек ҷуз ҷӯяндагони айбу нуқсони Шумо.

Ва бо ҳамин хонандагони азизро даъват мекунем, ки ин китобро ҳамчун ҳадяи хубе бипазиранд ва аз хондани он завқу лаззати бадеӣ баранд.

                                     

ШОИРЕ АЗ ТАБОРИ ОЗОДАГОН

Аскар Ҳаким
Мақолаҳо
17 Феврал 2024
347

Дӯстони афғонистонӣ аз банда хостанд, ки барои китоби ашъори устод Восифи Бохтарӣ, ки дарТоҷикистон бо ду ҳуруф – сириллик ва форсӣ ҳуруфчиниву саҳифабандӣ карда,  ба нашр омода сохтаанд, дар ҳаҷми се сафҳа сарсухане нависам. Банда бо камоли майл розӣ шудам, барои он ки ин кор на фақат  боиси ифтихор аст, балки барои ман мавриди хубе ҳам ҳаст, ки бо ашъори ин шоири шуҳратманд бештару амиқтар ошно бишавам. Банда саодати онро доштам, ки дар яке аз сафарҳои устод Восифи Бохтарӣ ба Тоҷикистон меҳмондорашон бошам, ҳарчанд ин сафари кӯтоҳмуддате буд, вале ба ҳар ҳол, барои шинохти шахсии инсон

Муфассал: ШОИРЕ АЗ ТАБОРИ ОЗОДАГОН

НАВГАРОЙӢ ДАР ҒАЗАЛ

Аскар Ҳаким
Мақолаҳо
17 Феврал 2024
379

 

 

 

Муҳаммадшариф Саъидӣ... ин ном ҳарчанд дар муҳити адабии Афғонистону Эрон шиносу маъруф аст, аммо дар Тоҷикистон шиносоии густардаи он акнун оғоз хоҳад шуд ва амин метавон шуд, ки ҷойгоҳи вежаи худро пайдо хоҳад кард, зеро шеъре, ки ӯ мегӯяд дар айни камолу шевоист. Китобе, ки мавриди баррасӣ қарор гирифтааст – “Садои маҳшар”, аз чиҳил ғазал иборат буда, онро шоири маъруфи эронӣ, дуктур Алиризои Қазва соли 2020 дар Муассисаи фарҳангии шоирони порсизабон дар Деҳлӣ нашр кардааст. Он китоб баъдан, соли 2022, дар Эрон дар Озмуни ҷашнвораи Шеъри Фаҷр дар номинаи байналмилалии он яке аз се баранда

Муфассал: НАВГАРОЙӢ ДАР ҒАЗАЛ

Ҷомеа, Президент, парламент, қонун

Аскар Ҳаким
Мақолаҳо
28 Июн 2021
562

   Таърих дар марҳалаҳои сарнавиштсоз ба дӯши шахсиятҳои алоҳида иҷрои муҳимтарин вазифаҳоро мегузорад. Агар ин масъулият бо фазилатҳои шахсии фард созгор ояд, беҳтарин натиҷа ҳосил хоҳад шуд, зеро он давра дар таърихи мамлакат даврае хоҳад гашт, ки ҳамаи қишрҳои ҷомеа неруи ақлонӣ ва ҷисмонии худро ба ҳаракат оварда, барои дастёб шудан ба иҷрои он вазифаи бузург кӯшиш хоҳанд кард, ки дар оянда боиси рушду нумӯи онҳо хоҳад гардид ва ин падидаест, ки саҳми ин ё он халқ ба таҷрибаи таърихии инсоният номида мешавад. Дар ин маврид хурдиву бузургии халқу давлат аҳамият надорад, моҳият дар чигунагии масъалаҳо ва чӣ тарз ҳал шудани онҳост.

Муфассал: Ҷомеа, Президент, парламент, қонун

КИШТИНИШАСТАГОНЕМ Ё КИШТИШИКАСТАГОНЕМ?

Аскар Ҳаким
Мақолаҳо
28 Июн 2021
2278

  Киштинишастагонем, эй боди шурта бархез,

Бошад, ки боз бинем, дидори ошноро [17, 7].

 Дар ин байт аз қарнҳои пеш калимаи «киштинишастагонем» ба ду навъ навиштаву хонда мешавад, ки яке «киштинишастагонем» ва дигаре «киштишикастагонем» мебошад.

Муфассал: КИШТИНИШАСТАГОНЕМ Ё КИШТИШИКАСТАГОНЕМ?

Матлабҳои бештар...

  • «БӮИ ҶӮИ МӮЛИЁН» ё «БОДИ ҶӮИ МӮЛИЁН»
  • БАҲС ИДОМА ДОРАД
  • ТАНҚИД ВА ҶАРАЁНИ АДАБӢ
  • МАСЪАЛАҲОИ АДАБИЁТ МАСЪАЛАҲОИ ТАНҚИДАНД
  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • ...
  • 6
  • 7

Саҳифаи 1 то 7

© Аскар Ҳаким 2025.