Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Рӯз бегаҳ мешуду ториктар
Менамуд андар назар рӯи само,
Хастагии хокиён мешуд бадар.
Биспарам бояд раҳи бемунтаҳо,
Сахт бистезам ба раҳми хештан,
З-он чӣ дидам, боз гӯям бехато.
7 Мурғи Илҳомам, ба ту гӯям сухан!
Ҳам зи ту мехоҳам, эй ақли наҷиб,
З-он чӣ дидам, кун музайян шеъри ман!
10 Гуфтам: «Эй шоир, раҳомӯзи ҳабиб,
Бошадам қудрат ба коре ончунон,
Ки маро фатҳу зафар гардад насиб?
13 Волиди Силвию гӯӣ дарзамон
Буд гарчи одаму хокинасаб,
Зинда рафт ӯ бар ҷаҳони ҷовидон».
16 Он ки бахшояндаи ҷурм аст, раб,
Азми ӯ диду бубахшид айби ӯ.
Кард лутфу меҳрубонияш аҷаб,
19 Пеши ҳар кас дорад акнун обрӯ;
Арши аъло баски кардаш интихоб,
Шуд сари Руму дувал бегуфтугӯ.
22 Чун паяфканданд ҳарду бошитоб,
Аз барои ноиби Петерс зуд
Шуд бапо аврангҳои босавоб.
25 Шеъри ту ҳамди сафарҳояш намуд,
Илми пирӯзӣ бидонисту зафар,
То ридои попро густарда буд.
Рафт он ҷо Зарфи бас олигуҳар,
То қавитар гардад имон аз наҷот,
Армуғони растагории башар.
Кистам ман? Нестам з-ин аслу зот,
Павлису Эней куҷову ман куҷо?
Бошадам з-онҳо магар хулқу сифот.
Гар маро бар ин сафар бошад ризо,
Бим дорам, гардам аз худ бехабар,
З-он чӣ мегӯям, ту беҳ донӣ маро».
Чун касе, ки раъи ӯ гардад дигар,
Мешавад дигар варо фикру қарор,
Пас кунад з-андешаи аввал гузар.
Доштам ин ҳол дар аъмоқи тор,
Ман аз он ки пешвозаш бошитоб
Рафта будам, даргузаштам дилфигор.
Ҳаст агар дарёфтам айни савоб,
Гашт рӯҳи ту забуну нотавон,
Рӯҳи воло гуфт ин сонам ҷавоб.
Ақлро раҳбар набошад тарси ҷон,
В-арна доим меҳаросем аз амал,
Ҳамчу ҳавйвоне зи хавфи дар гумон,
То раҳоят созам аз бими аҷал,
Гӯямат баҳри ту сӯзад қалби ман,
Бишнав акнун з-омаданҳоям масал.
Дар бари арвоҳ будам анҷуман,
Хонд бонуи биҳиштирӯ маро,
Гуфтамаш хидмат гузорам бесухан.
Дидагоне дошт з-ахтар шӯълазо,
Ҳарфи ӯ ширин буду ороми ҷон
Ҳамчу овози фаришта аз само.
Рӯҳи монтуӣ, бирафт андар ҷаҳон
Шуҳрату овозаи номат дигар
Кам нагардад ҳеҷ дар давру замон.
Дӯстро толеъ набуд имдодгар.
Дар сарошебӣ, ки барҷо гашт зуд,
Бозгаштан хост аз ваҳму хатар.
64 Бими он дорам, ки ӯ раҳ гум намуд,
Ман надонам чун ба сарвақташ равам
Кард қурбон шояд ӯ буду набуд.
67 Лаҳзае аз тарси ҷонаш нағнавам.
Кун мадад ӯро ту бо ҳарфу ҳиҷо,
Деҳ наҷоташ, то даме таскин шавам.
Ман Биатрисам, ки бифристам туро,
Оям аз ҷое, ки гардам боз пас,
Гар набудам дар дил ишқи ҷонфазо.
Дар шарофат нест монанди ту кас,
Инчунинат назди раб хоҳам сутуд,
Шуд хамӯш ӯ. Ман баровардам нафас:
Пок бонуе ба монандат набуд,
Бо ту дар кӯчак фалак навъи башар
Аз дигар махлуқҳо сабқат рабуд.
Хидматат бахт аст, ҳастам бахтвар,
На даранге мекунам, на ину он,
Зудтар фармо, давон оям ба сар.
Пас чаро зер омадӣ аз он макон,
Баски дорӣ бозгаштан ихтиёр,
Чун равӣ аз варта бетарсу гумон?»
Хостӣ асрор гардад ошкор,
Мекушоям роз-ӯ додам ҷавоб –
Аз чӣ бимам нест з-ин аъмоқи тор.
Бим аз чизе бувад айни савоб,
Гар ба ҷони дигаре дорад зиён,
В-арна тарсуӣ макун дар ҳеҷ боб.
Чун Илоҳӣ офаридам ҳамчунон,
Ки надорам аз азобу ранҷ бок,
Шӯъла ҳам бар ҷони ман н-орад зиён.
Дар биҳишти адн он бонуи пок,
Шуд ҳавохоҳи ҳамин раъси накӯ,
Нест ҳол ӯ аз мусибат бимнок.
Лучиёро хонду ин гуфто ба ӯ.
«Он муриди бовафо дорад ниёз,
Месупорам ман варо акнун ба ту. –
Лучиё хасми тазаллум гашт боз,
Бар ману Роҳил, ки бо ҳам рӯ ба рӯ
Менишастему ҳамегуфтем роз.
Эй Биатрис, бошадат имдодҷӯ
Он ки аз ишқат чунон шуд беқарор,
К-аз авоммуннос ҳам бигзашт ӯ.
Ё ба гӯшат н-ояд он зории зор,
Ӯ ба чанги марг, аммо рӯди тез
Мавҷхезе дошт уқёнусвор.
Кас набуд аз ғам чу ман андар гурез,
Бандаи андешаи осебу суд,
Чун шунидам он калимоти азиз,
Омадам аз ҷойгоҳи худ фуруд,
Дар суханҳои ту бастам эътимод,
Буда, к-онон мояи фахру суруд.
Ӯ, ки гуфтам ин суханҳои мурод,
Кард сӯям дидаи пурнури нам,
Дошт таъҷилам ба оҳанги видод.
Лоҷарам, чун хост, наздат омадам
То туро дар кӯҳраҳ додам раҳо,
Аз даде, ки дошт бар ҷонат ситам.
Ин ҳама таъхиру истодан чаро?
Дил ба дасти тарс биспурдӣ ту низ,
Бе хурӯшу ҷӯш бошӣ то куҷо,
Ё намебинӣ, се бонуи азиз,
Ки нигаҳбони туанд аз осмон,
Пас набошӣ аз чӣ чусту зудхез.
Чун гули аз жола сархам, бегумон,
Ки кушояд чеҳра аз нури саҳар,
Қад фарозад ҳамчу зеби гулситон.
Боз нирӯям фузуд аз пештар,
Дар дилам ҷӯшид шавқе бар ҳаёт,
Ҳамчунон озода кардам ҳарф сар.
Шукри бонуе, ки ҷон додам наҷот!
Ин ту ҳам, ки нестӣ бош интизор,
Ҳарфи ӯро кардаӣ ҳамду сифот!
136 Ту ба ҳарфи хеш додиям мадор,
Роҳи аввалро диҳам акнун давом,
Мекунам ман азми пешин ихтиёр.
139 Хости яктост моро эҳтимом,
Мешавиям устоду раҳнамо!
Ин варо гуфтам, ки ӯ бардошт гом.
142 Мо ба роҳи саъб бинҳодем по.
ТАВЗЕҲОТ
СУРУДИ ДУВУМ
Оғози Дӯзах. – Шакку гумонҳои Данте. – Ҷавоби Верҷил.
7-9. Мурғи илҳомам, ба ту гӯям сухан.- Суруди дуюм ҳам, ба мисли аввал, оғози достон аст. Данте аз рӯи анъанаи шоирони аҳди атиқа дар чанд ҷои «Мазҳаки илоҳӣ» ба Мурғи Илҳом – Муза, ки дар асотири Юнон париёни нуҳгона буданд, ки ҳар яке аз сарпарастони соҳаи алоҳидаи илму тамаддун, аз ҷумла шеъру мусиқию ҳунар ба шумор мерафтанд, муроҷиат карда, аз онон мадад мехоҳад. Ин анъана дар назми форсу тоҷик ҳам бисёр паҳн шуда аст.
77-78. Бо ту дар кӯчак фалак навъи башар. Аз дигар махлуқҳо сабқат рабуд. – Дар асоси назарияи нуҷумии Батлимус фалак нуҳгона аст, ба ин тартиб: Қамар, Аторуд, Зӯҳра, Хуршед, Миррих, Муштарӣ, Зуҳал, Савобат ва сайёраҳое бо номи лотинии Пчимум Мобил. Кӯчак фалак – фалаки аввалин, Моҳ аст. Аз он байт чунин маъно бармеояд, ки инсон танҳо ба дарёфти ҳақиқат аз дигар махлуқҳо мақоми болотар дорад.