Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
16
Пас аз гуфтугӯи кӯтоҳе бо амин, ки бо вуҷуди ин ӯро тамоман беҳол кард, Сотниковро каме хоб бурд. Бедор шуда, ӯ худро баногоҳ аз арақ тар ҳис кард; табе, ки ҳамин қадар вақт боз ӯро месӯзонд, ба арақи хунук бадал шуда буд ва Сотников дар зери шинели худ аз хунукӣ ларзид. Сараш гӯё андаке сабук шуд, гарангие ки шуури ӯро хира карда буд, бартараф гашт, умуман авзояш беҳтар шуд. Агар панҷаҳои шикастаю варамидаи дасташ ва пои аз дарди кӯҳна варамкардааш намебуданд, вай он вақт, эҳтимол, худро саломат ҳис мекард.
Таҳхона торику ором, вале касе нахуфта буд, ин аз оҳҳои зуд-зуд ва шадид, ҳаракати кам, аз нафасгирии хомӯшу ҳушёронаи одамон ҳис карда мешуд. Ва он вақт Сотников банохост фаҳмид, ки шаби охирини онҳо дар ҷаҳон гузашта истодааст. Субҳ аллакай ба онҳо тааллуқ нахоҳад дошт.
Чӣ илоҷ, охирин дармони худро ҷамъ кардан даркор буд, ки маргро шарафмандона пешвоз гирӣ. Чизи дигарро вай, албатта, аз ин нохалафҳо интизор надошт: онҳо ӯро зинда намемонанд – магар он ки ба дасти деви Будила дода, ранҷу уқубат карда нобуд кунанд. Ин тавр, эҳтимол, бад ҳам набошад: тир дар як лаҳза беизтироб риштаи ҳаётро меканад – ин аз маргҳои имкондошта бадтаринаш не, ба ҳар ҳол, анҷоми муқаррарии аскарӣ аст дар ҷанг.
Аммо вай, нодон, доимо метарсид, ки дар ҷанг ҳалок мешавад. Ҳоло, ин тавр, яроқ дар даст ҳалок шудан ба ӯ давлати дастнорас барин менамуд ва ӯ ба ҳазорҳо хушбахтоне, ки анҷоми бошарафи худро дар майдонҳои ҷанги бузург пайдо карда буданд, қариб ҳасад мебурд.
Дуруст аст, ки вай дар ин чанд моҳи партизанӣ ҳар чӣ бошад ҳам, ҳангоми адои қарзи гражданӣ ва ҷанговарии худ баъзе корҳоро кард. Бигзор, на ҳамон тавре ки мехост, – чи қадаре ки шароит имкон дод: чанд душман аз дасти ӯ марги худро ёфт.
Ана акнун анҷом расид.
Ҳамааш дақиқ ва қатъӣ мешуд. Ва ин имкон медод, ки интихоби ҷиддӣ карда шавад. Агар ҳоло ӯро дар зиндагӣ боз ягон чиз ба ташвиш орад, ин охирин вазифадорияш дар назди одамоне буд, ки бо иродаи қисмат ва ё тасодуфоте дар паҳлуи ӯ буданд. Вай фаҳмид – пеш аз он ки муносибати худро бо онҳо муайян накунад, ба мурдан ҳақ надорад, зеро ин муносибатҳо, аз афташ, охирин иродаи «ман»–и ӯ мешавад, ки пеш аз тамоман нопайдо шуданаш зуҳур мекунад.
Ин дар назари аввал аҷиб менамуд, лекин Сотников ба марги худ тан дода, дар чанд соати кӯтоҳ ким-чӣ хел мустақилияти махсус ва қариб мутлақро ба даст овард, ки аз қувваи душманонаш вобастагӣ надошт. Вай ҳоло метавонист комилан ба худ кореро раво бинад, ки ба он дар шароити дигар ташвиши муҳофизати ҳаёти худ мушкилӣ меоварад, – ҳоло ӯ дар худ имконияти тозаро ҳис мекард, ки на ба душманон, на ба шароит ва на ба ҳеҷ кас дар ҷаҳон тобеъ набуд. Вай аз ҳеҷ чиз наметарсид ва ин ба ӯ дар назди дигарон, ҳамчунон дар назди худаш ҳам нисбат ба пешина афзалияти муайян медод. Сотников акнун дар ин вазъияти худ қарори охиринро сабуку осон чун як чизи оддӣ ва мантиқан дуруст қабул кард: ҳамаашро ба гардани худ гирад. Фардо вай ба муфаттиш мегӯяд, ки ба разведка мерафт, супориш дошт, дар тирпарронӣ полисро маҷрӯҳ кард, ӯ командири Армияи Сурх ва душмани фашизм аст, бигзор ӯро паронанд. Дигарон дар ин ҷо гуноҳ надоранд.
Дар асл, ӯ худро ба хотири наҷоти дигарон қурбон мекард, аммо ин қурбонӣ ба худи ӯ ҳам нисбат ба дигарон на камтар зарур буд. Сотников бо ин фикр ҳеҷ розӣ шуда наметавонист, ки марги ӯ тасодуфи бемаъние буда, аз иродаи ин косалесони маст вобаста бошад. Марги ӯ, чун ҳамаи марги майдони мубориза, чизеро тасдиқ, чизеро инкор ва то имкон доштанаш чизеро, ки дар зиндагӣ дар вақташ ба амал бароварда натавонист, бояд ҷамъбаст кунад. Дар акси ҳол, зиндагӣ чӣ даркор? Вай ба инсон он қадар осон дода намешавад, ки ба анҷоми он бепарво муносибат кунӣ.
Ҳаво хунуктар мешуд, вай замон–замон ларзида чуқуртар ба таги шинел медаромад. Чун ҳарвақта қарори қабулкардааш сабукӣ овард, чизи аз ҳама пурмашаққат дар ҷанг – номуайянӣ дигар ӯро азоб намедод. Вай аллакай медонист, ки ҷанги охиринаш бо душманон кай воқеъ мешавад ва медонист, ки кадом мавқеъро ишғол мекунад. Вай аз он ақиб намеравад. Ва ҳарчанд ин ҷанги тан ба тан ба ӯ аз ғалабаи осон умед намедод, ӯ ором буд. Он сагбачаҳо яроқ, қувва доранд, аммо ӯ ҳам чизе дорад, ки ниҳоят ба он такя мекунад. Вай аз онҳо наметарсид. Вай дар таги шинел каме гарм шуда, боз номаълум хобаш бурд.
Ӯ хоби аҷибу дарҳам–барҳам дид.
Ҳатто ҳайратовар буд, ки ӯ дар шаби охирини худ маҳз ҳамин гуна хоб дид. Вай баъзе чизҳоро аз бачагияш ва дар байни ҳамаи он чизҳои камаҳамият ва номафҳум як саҳнаи ким-чӣ хел бемаъниро бо туфангчаи падараш хоб дид. Сотников онро гӯё аз ғилофаш мекашид, беэҳтиётона ба як тараф тоб дода, милашро шикаст, мили он, маълум мешавад, пӯлодӣ набуда, чун таппончаҳои бозӣ қалъагӣ будааст. Сотниковро тарс фаро гирифт, ҳарчанд вай дар он вақт аллакай бача набуда, балки қариб ҳозира барин ё, эҳтимол, талабаи мактаби ҳарбӣ буд – аз чӣ бошад, ки воқеа дар милтиқсарои омӯзишгоҳ мегузашт. Вай дар назди яроқҳо меистоду намедонист чӣ кор кунад: ана–мана нагуфта дар он ҷо падараш пайдо шуданаш даркор буд. Сотников худро ба назди милтиқмонакҳо андохт, лекин дар он ягон ҷои холӣ набуд, дар ҳамааш милтиқҳо меистоданд. Он дам ӯ бо дастони ларзон даричаи тунукагии бухориро шарти кушод ва таппончаро ба сӯрохии дари сиёҳ ва нимсӯхтаи тамокудори бухорӣ хаст.
Баъди як лаҳза дар он ҷо оташ равшан шуд, ки ангиштпораҳои сурхи сӯзон буданд ва ӯ худро комилан аз даст дода, дар муқобил истода, намедонист, ки чӣ кор кунад. Дар паҳлу падараш меистод. Аммо Сотникови калонӣ дар бораи туфангча хотиррасон накард, ҳарчанд писараш ҳамин тавр ҳис мекард, ки ӯ пас аз як лаҳза ҳамаи воқиаи шуда гузаштаро медонист. Баъд падараш дар назди дари бухорӣ сари по нишаста ва гӯё бо овози пирона ва шаф-шаф карда, гуфт: «Оташ буд ва адолати олӣ дар олам буд...».
Ба Сотников вонамуд, ки ин аз Инҷил бошад – як вақтҳо китоби ғафси сиёҳ ва муқовааш нақшин дар болои ҷевони модараш меистод, ӯ дар бачагияш баъзан саҳифаҳои зардгашта ва бӯи махсуси кӯҳнакитобдоштаи онро варақ мезад. Акнун барои ӯ шунидани Инҷилро иқтибос кардани падараш, ки ба Худо бовар надошту кашишҳоро рӯирост бад медид, ҳайратовар буд.
Дар бухорӣ чӣ қадар дуру дароз сӯхтани он оташ номаълум буд, шуури Сотников боз ба зулмат фурӯ рафт, эҳтимол, вай ба зудӣ ба худ наомад ва дар наздикӣ ба фаҳмидани ким-чӣ хел садоҳои номафҳум сар кард: тақ-тақ, хишир-хишири пахол ва овози пасти пирона. Вақте ки ӯ ба эҳсоси ҳастӣ баргашт, Сотников фаҳмид, ки калламушҳоро пеш карда истодаанд. Ӯ тамоман бедор шуд, дуру дароз сулфида, пайваста фикр мекард, ки ин хоби ӯ чӣ маъно дошта бошад. Ва фикри ӯ оҳиста-оҳиста номаълуму табиӣ бо ёди ғуссаи ширини бачагии дерин ва дури худ банд мешуд...
Туфангча бофтаи аҷоиби ин хоб набуд, он дар ҳақиқат дар Сотникови пир, собиқ командири сурх, ки то он поручики қӯшуни савора буд ва дар сари синаи васеъаш ордени «Георгий» дошт, мавҷуд буд, – вай сурати афсарии падарашро, ки дар сандуқчаи зебо ва муаммонамо бо сурати товусҳо оро додашудаи модараш буд, на як бору ду бор дидааст. Баъзан падараш ҳангоми ид туфангчаи худро аз ҷевон мегирифт ва он дам ба писар иҷозат дода мешуд, ки аз ғилофи зарди чӯбии он дошта истад, то падар аз он туфангчаро кашида тавонад – кашида гирифтани вай ба падар нобоб буд, дасти дар ҷанг зеру забаршудаи ӯ оҳиста-оҳиста аз кор мемонд. Ин лаҳзаҳои саодатноктарини писарбача буд, пас аз ин вай фақат метавонист, ки чӣ тавр яроқро пур кардани падарро бинад – ба ӯ як бор ҳам иҷозат дода нашуда буд, ки бо туфангча бозӣ кунад. «Бо яроқу мукофот бозӣ кардан манъ аст», – мегуфт Сотникови калонӣ ва писарча ҳам бо гарданшахӣ илтимос намекард. Гапи падар дар оила қонун буд, дар кори хурду бузурги хона шахсияти ӯ ҳукмронӣ дошт. Лекин ин ба ҳеҷ кас ҳайратангез наменамуд: падари ӯ дар шаҳрча одами намоён буд ва ҳатто шуҳрати қаҳрамони ҷанги гражданиро дошт, ки фақат бо сабаби маъюбӣ ва иззати баланди нафсаш, чунонки боре модараш шарҳ дода буд, нони худро аз соатсозӣ меёфт.
Туфангчаи сиёҳ дар ғилофи чӯбӣ орзуи ниҳони Сотникови хурдӣ буд, вале аз модар ҳам хоҳиш кардани он натиҷа намедод.
Ва он вақт писарча қарор кард, ки туфангчаро худаш мегирад.
Боре пагоҳӣ бедор шуда, вай хонаро тамоман хомӯш дарёфт. Падараш, эҳтимол, аз хоначааш, ки аз он ҷо ба тамоми ҳавлӣ садоҳои гуногун ва муқаррарии қисматҳои соат паҳн мешуд, баромада куҷое рафтааст: медонист, ки модараш ба маъбад рафтааст – дар шаҳр садои зангӯлаҳои ибодати субҳона паҳн мегардид.
Вай саросемавор эзорчаи кӯтоҳаки то зонуи худро пӯшида, шустушӯй ва дандонтозакуниро мавқуф гузошта, даррав ба хонаи хоби модараш даромад. Қуттии муқаддаси ҷевон маҳкам пӯшида буд, лекин аз сӯрохии калидмонак калидчаи мисӣ баромада меистод, ки писарча онро ҳамоно як бор тоб дод ва ғилофи лағжон, локхӯрда ва ғайричашмдошт вазнинро баровард. Дар паҳлуи чӯбии он порчаоҳани шиноси навишта медурахшид, ки онро вай аз ёд медонист: «Ба комэски сурх А. Сотников аз Реввоенсовети Кавармия». Аввалин дастрасонияш ба дасти чӯбкашида бачаро ба ҳаяҷон овард. Дастони ӯ қулфаки онро боэътимод кушоданд ва ана акнун тамоми туфангча бо мушкилӣ, вале бо нармӣ, ки қисматҳои сиёҳранги он кам-кам ва пурасрор медурахшиданд, аз ғилоф баромад. Писарчаро ҳиссиёти то ин дам ношиноси изтиробомез фаро гирифт, вай лаҳзае туфангчаро омӯхт–қаровулакро пеш бурд, кӯшиш кард, ки кулангдон (затвор)–ро қафо барад, ба даруни мил назар андохт. Лекин нишон гирифтан, албатта, аз ҳама бештар кайфият дошт. Фақат ӯ ҳоло дастаро дуруст ба даст нагирифта, фишангро дуруст пайдо накарда, тамоман банохост ва номафҳум аз таги дасти ӯ ба зери миз садои гӯшкаркунандаи тир гулдуррос зада рафт.
Ӯ лаҳзае мурдавор садои тез ва дардовареро, ки дар гӯшҳояш буд, шунида истод. Гилза аз девор ҷаста, ба фарш ғелида рафт, дар зери миз гамбӯсак барин парахаи ғафси суфта, ки нақши тира ва каҷи тирро дошт, аз куҷое номаълум пайдо шуда, афтода мехобид.
Ниҳоят чӣ воқеа рӯй доданашро фаҳмида, вай туфангчаро ба ғилофаш андохт, ҳамаашро дар ҷевон қулф кард ва то баргаштани модараш ба худ ҷои нишаст намеёфт. Модараш ҳамон замон нохушиеро ҳис кард, писарашро ба пурсиш даромад ва ӯ ҳамаашро чунонки буд, гуфта дод. Албатта, аз дасти модар ҳам ислоҳи ин нохушӣ намеомад, ки аз хавфи ҷони ӯ ниҳоят тарсида буд ва ҳатто гиря кард, ки ин пештар бо ӯ ҳеҷ рӯй надода буд ва гуфт, ки вай бояд ҳамаашро дар назди падар иқрор кунад.
Дар назди падар иқрор кардани ин кор осон набуд. То даме ки вай ҷуръат ҷамъ мекард, як соат ё бисёртар гузашт ва ӯ ниҳоят худу бехуд дари устохоначаи падарашро кушод.
Падараш кор мекард. Ӯ чун ҳарвақта, ба болои тахтаи таги тиреза пасту хам шуда, бодиққат даруни қисматҳои соатро мекофт. Дасти росташ дар дастпӯшаки сиёҳ рӯи зонуяш беҳаракат мехобид, чапаш қисматҳои гуногуни хурди дурахшонро, ки соат аз онҳо иборат буд, чобукона мекофт, тоб медод, ҷудо мекард, мечид. Дар деворҳо ягон бист соати оддию арзони девории рӯяш чалмоқ, ки раққосакҳояшон ноҷӯр рафтуо доштанд, чанд соати зангӯладор ҷиринг–ҷирингу тиқ-тиқ мекарданд, кунҷакро ғилофи бесулуқаи чӯбии каме пештар аз райком оварда, ки сангҳои вазнин дошт, банд карда буд. Падар ба пайдо шудани писараш рӯяшро нагардонд, лекин чун ҳарвақта ӯро бехато шинохта, акнун бо овози хушҳол тамоман нобаҳангом пурсид:
– Канӣ, корҳо чӣ хел, йигитча? Баҳрнависро ба азобе тамом кардӣ?
Писарбача як чизи лӯндаро, ки баногоҳ роҳи гулӯяшро гирифт, фурӯ бурд – вай пеш аз ин ба хондани Станюкевич сар карда буд. Аз китобҳои дигаре, ки дар сандуқи калони бобоияш мехобиданд, аллакай нахондагии ӯ кам монда буд, магар ин ки маҷмӯаи асарҳои Писемский ва ҷилди парокандаи Станюкевич, ки яке аз онҳоро падараш се рӯз пештар ба ӯ интихоб карда дода буд.
– Дада, ман туфангчаи туро гирифтам.
Падар сарашро ба таври аҷибе ҷунбонд, анбӯракро гузошт, бо ҳаракати муқаррарии даст айнакашро гирифт ва ба писараш ҷиддӣ нигоҳ кард.
– Кӣ иҷозат дод?
– Ҳеҷ кас. Ва чӣ... Вай паронд, – бо овози ҳазин гуфт писар.
Дигар чизе нагуфта, падар аз ҷояш хест ва аз хона баромад. Вай дар таги дар бо ҳамин хел ҳиссиёте монд, ки ӯро ба таги теғи сарбурӣ мегузошта бошанд. Вале ӯ гунаҳкор буданашро медонист ва тайёр буд, ки ҷазои бераҳмонатаринро қабул кунад.
Падар ба зудӣ баргашт.
– Ту, сагбача! – гуфт ӯ аз остона.–Ту чӣ ҳақ доштӣ, ки бе иҷозат ба яроқи ҷангӣ даст расонӣ? Ту чӣ тавр тавонистӣ, ки дузд барин ҷевонро ковӣ?
Падар ӯро дуру дароз ва бераҳмона – ҳам барои беэҳтиётӣ, ҳам барои тирпаронӣ, ки фалокат оварданаш мумкин буд ва аз ҳама бисёртар барои худсарии пинҳонияш коҳиш мекард.
– Ягона чизе ки гуноҳи туро сабук мекунад, ин иқрор кардани туст. Фақат ҳамин туро наҷот медиҳад. Фаҳмидӣ?
– Ҳа.
– Агар, албатта, худат фикр карда бошӣ. Худат?
Писарбача ҳис кард, ки тамоман нобуд мешавад, сар ҷунбонд ва падар ором гирифта, оҳи дуру дароз кашид.
– Ба ҳаминаш ҳам раҳмат.
Ин акнун аз ҳад гузашта буд, – ба дурӯғ раҳмати падари худро гирифтан, чашмони ӯ сиёҳӣ зад, ба рӯяш хун давид ва ӯ аз ҷояш ҷунбида натавониста, меистод.
– Рав, бозӣ кун, – гуфт он дам падар.
Ҳамин тавр, ба ӯ, умуман, он худсарӣ сабук гузашт – ӯ бо тасма ҷазо нагирифт, вале ҳамон сарҷунбонии тарсончаконаи ӯ чун хароши дардовар дар дили ӯ монд, ки сӯзиш мекард. Ин ба тамоми ҳаёташ сабақ буд. Ва ӯ дигар ягон бор ба падараш, ба ҳеҷ каси дигар дурӯғ нагуфт, ба ҳама чиз ба чашми мардум рост нигоҳ карда, ҷавоб медод. Аз афташ, модар ҳам ба падар бо ташвиқи кӣ воқеъ шудани он иқроркуниро нагуфтааст. Ҳамин тавр, ин фармондеҳи дастаи савора, маъюби ҷанги шаҳрвандӣ ва устои соатсоз роҳи худро дар рӯи замин бо саодати боварӣ ба некӯахлоқии писараш ба охир расонд ва умеди комил дошт, ки ба писараш қисмати накӯ хоҳад расид. Ана расидагияш...
Дар хомӯшии хобовари пагоҳӣ дар боло садои қадамҳо баланд шуд, паст-паст овозҳо ба гӯш расиданд, дарҳо тарақ-туруқ карданд. Дар ин ҷо, дар таҳхона махсусан, садои дарҳо баралло шунида мешуд, баъзан аз тараққоси баланди онҳо аз фарш ҳатто хок мерехт. Рибак хоб набуд – пойҳояшро қат карда, дар таги девор якпаҳлу хомӯш мехобиду гӯш медод. Ҳоло вай саропо гӯшу ҳуш шуда буд. Равзанаи боло кам-кам равшан мешуд, рӯи ҳавлӣ, эҳтимол, аллакай сафед гашта, таҳхона ҳам равшантар менамуд. Оҳиста-оҳиста аз торикиҳои шабона андоми хира, коҳида ва гӯё хоидаи маҳбусон пайдо мешуд – зани мутеи Демян дар рӯ ба рӯ, дар кунҷак Петри беҳаракат бо чеҳраи ғамгин; дуруст аст, ки дар торикии зери равзан Бася ҳоло намудор набуд. Сотников, чун пештара, ба тахтапушт хобида, баланд–баланд нафас мекашид. Агар ҳамин нафаскашияш набошад, фикр кардан мумкин буд, ки вай зинда нест. эҳтимол, ин рӯзи охирин ва мушкили онҳост ва ҳамаашон инро пешакӣ ҳис карда, ҳар яке дар танҳоӣ ғуссаи худро хӯрда, хомӯш буданд.
Дар боло садои мӯзаҳо бисёртар, тарақ-туруқи дарҳо беист шуд. Ва баногоҳ ба таҳхона садои гуфтугӯи берун даромад. Рибак сарашро бардошта, пушти онро ба девор камакак такя дод. Калимаҳоро фаҳмида намешуд, вале маълум буд, ки дар он ҷо ҷамъ мешуданд, аз афташ, саф мебастанд. Вале чаро то ҳол касе ба таҳхона нафуромад? Гӯё онҳоро фаромӯш карда бошанд.
Касе аз назди девор гузашт, дар болои барф садои ғиҷирроси такчарми мӯза шунида шуд. На каме дуртар аз назди тиреза ким-чизе ҷирингос зад, пас аз он овози дурушт ва хирросӣ баланд гашт.
– Дар ин ҷо фақат сето ҳаст.
– Боз паҳнбел буд. Паҳнбелро бин.
– Паҳнбел намешавад. Бели нӯгтез даркор.
Боз ким-чи чизи оҳанӣ ҷирингос зад, баъд ғиҷирроси қадамҳо ба гӯш расид ва дар наздикиҳо боз ҳама хомӯш шуд. Вале ин гуфтугӯи кӯтоҳ Рибакро бесаранҷом кард: бел чӣ даркор? Бел фақат барои он ки кованд, ҳоло дар ин зимистон чӣ кандан мумкин буд? Хандақ? Ҷӯй7 Қабр? Эҳтимол, қабр. Вале барои кӣ?
Вай ин дам ӯ ба ёд овард: шояд дар ҳақиқат он полис мурда бошад.
Вай сарашро гардонда, ба атроф саволомез нигоҳ кард. Зани Демян ҳам аз зери рӯймоли ғиҷимшудааш ба ӯ бо музтарибӣ менигарист, ки дар кунҷак Петр аз диққату изтироб шах шуда монда буд. Ҳеҷ кас калимае ҳам ба забон наовард, ҳама бо ҳаросу нобоварӣ дар дил гӯш медоданд.
Вале нобоварии онҳо дер давом накард. Баъд аз лаҳзае дар паси девор боз шарфаи по баланд шуд, он ҳамин қадар қатъӣ ва дақиқ буд, ки дигар ҳеҷ касро шубҳае намонд; ба назди онҳо ба таҳхона меоянд. Ҳамин ки дари аввал тараққос зад, Рибак баногоҳ ҳис кард, ки дил дар синааш нохушона ва бенизом зуд-зуд мезанад, даррав нишаст. Дар шафат Сотников ба ҷунбиш омада, ба сулфидан сар кард. «Кушояд – зада бароям, аз по афтонам – ва ба сӯи дар», – бо қатъияти дершуда фикр кард Рибак, вале ҳамон лаҳза фаҳмид: не, ин тавр намешавад – дар паси дар зинаҳо ҳастанд, фурсаташ намерасад.
Дар акнун дар ҳақиқат кушода мешуд, ба таҳхона шуввӣ карда хунукӣ, шамоли тоза ва аз ҳавлӣ равшании хира даромад, ки ҳамон дам панҷ чеҳраи музтариб ва рангпаридаро равшан кард. Дар дами дар Стаси чобук пайдо шуд, ки дар паси ӯ боз як каси милтиқдор менамуд.
– Генуг хоб! – бо тамоми овоз фарёд зад полис, – аз хоб сер шудед. Бароед: ба несту нобудшавӣ!
Петр аз кунҷак аввалин шуда ба по хест, оҳувоҳ карда зани Демян ҳам хестан гирифт. Сотников ба хестан кӯшида, деворро даст-даст карда медошт. Рибак ба рӯи рангпаридаи ӯ, ки дар ин шаб боз ҳам лоғартар гашта, дар он чашмони фурӯрафтааш сиёҳӣ мекарданд, номаълум нигоҳашро лағжонд ва ким-чиро то охир наандешида, ҳис накарда ба сӯи баромадгоҳ равон шуд.
– Зудтар, худтар! Бист дақиқа мондааст! – метезонд полис, ба ҷои хоби бадбӯи пахолпартофтаи онҳо даромада: – Канӣ, ту, якпоя, зудтар!
– Даст каш! Ман худам! – хиррос зад Сотников.
– Ҳӯй, ту, ҷуҳудча, чиро мунтазир ҳастӣ! Канӣ, пеш даро! Иқрор кардан нахостӣ – дар арғамчин алвонҷ мезанӣ, – ҳазл кард Стас ва дарҳол бо ваҳшоният: – Гэт, юда, нобакор!
Онҳо аз рӯи зинаҳои бетонии пурбарф ба ҳавлӣ баромаданд. Рибак тугмаҳои нимпӯстинашро нагузаронида, тозагии рӯҳбахши ҳавои сардро ҳис накарда, хастаҳолона пойҳояшро монугир карда меистод. Баъд аз шабе ки дар таҳхонаи бадбӯй гузарониданд, сараш гӯё аз машрубот бошад, чарх зад. Дар саҳни ҳавлӣ дар муқобил ягон шаш нафар полиси тайёри якроқдор меистоданд – онҳо мунтазир буданд. Пагоҳӣ димоғи ҳаво гирифта, андак хунук буд ва аз бомҳо, аз дудкаши бухориҳо ба фазо лаккаҳои сиёҳи дуд бошитоб паҳн мешуданд.
Рибак дар назди айвонча дудила шуда истод, аз паҳлу зани Демян ва ҳамроҳи ӯ Бася, ки акнун ба ин зан чун ба модари худ ҷафс шуда буд, истоданд. Вай хунук хӯрда, пошнаҳои шахшӯлу кафидаашро, ки бараҳна буданд, ба якдигараш ҷафс мекард ва боҳарос полисҳоро аз назар мегузаронд. Петр, ки аз тамоми вуҷуди пирона ва мӯи сафедаш ноумедии пурандӯҳ ҳувайдо буд, андаке дуртар истод. Дар ин фурсат Стас бо ҳақоратҳои қабеҳ Сотниковро аз зинаҳо кашола карда баровард ва ҳамон замон хастаҳолона ба болои барф партофт. Сотников нафасашро рост накарда, базӯр ба по бархост ва бо шинели ғиҷимшуда ва хунолудаш қомат афрохт.
– Муфаттиш куҷост? Муфаттишро ҷеғ занед! – ӯ кӯшиш кард, ки бо овози паст ва канда-кандааш фарёд кунад ва сулфааш гирифт.
Ба ёди Рибак ҳам расид, ки ба ӯ ҳам муфаттиш зарур аст, вале вай бараъкси Сотников оромона талаффуз кард:
– Ҳа, моро ба назди муфаттиш баред. Вай дирӯз гуфта буд...
– Мебарем, набошад чӣ! – бо тамасхур ба ким-чӣ ишора карда гуфт полиси рӯйкалони тануманд. Бо арғамчини тайёр вай ба сӯи онҳо бо қатъият қадам гузошт: – Канӣ, дастҳоро! Дастҳоро!
Илоҷи дигар набуд, Рибак дасташро дароз кард, вай чолокона онҳоро як-як ба қафо тоб дод ва бо ёрии дигаре ба печонида бастан сар кард. Ҳамаи ин густохона, ба дуруштӣ ва дардовар буд. Рибак рӯй турш кард – на он қадар аз дарди банди дасташ, балки аз ноумедие, ки ӯро фаро гирифта буд: охир, кор бо ин дар ҳақиқат тамом шуд.
– Ба муфаттиш хабар диҳед. Ба назди муфаттиш рафтани мо лозим, – гуфт ӯ, бо вуҷуди ин, на он қадар бо қатъият ва чӣ тавр ҷунбида, аз зери пояш рафтани заминро равшан ҳис кард.
Вале полис аз қафо бо қаҳр ҳақорат доду халос.
– Дер шуд. Тафтиш шудед аллакай.
– Чӣ тавр тафтиш шудем! – фарёд кард Рибак ва аз болои китфаш нигарист: ин полис рӯи ришаш нотарошида, чашмони танги бозингари тамоман хукона дошт, ки дар онҳо нисбат ба ӯ бепарвоии мутлақ ҳувайдо буд – ин хел касро, эҳтимол, тарсонда ҳам наметавонӣ. Ва он дам ӯ аз имконияти охирин истифода карданӣ шуда, ба илтимос сар кард: – Хайр, Партновро ҷеғ занед. Ба шумо чӣ мушкилӣ дорад? Шумо одам ҳастед ё не?
Вале то ба Партнов расидан, шояд, аз марги худи ӯ, Рибак, ҳам дуртар буд. Ҳеҷ кас ба ӯ ҳатто ҷавоб ҳам надод.
Дастони ӯ бо арғамчини борик моҳирона таранг баста шуда буданд, ки арғамчин пӯсташро дард кунонда мебуррид ва ӯро ба як тараф тела доданд. Зани Демянро ба бастан сар карданд.
– Ҳӯй, муфаттишро ин ҷо биёр, – аз Стас, ки милтиқ дар пушт, дар назди зани Демян андармон буд, сулфида, боисрор талаб мекард Сотников.
Вале ӯ ҳам ба тарафи ӯ нигоҳе накард, ӯ, ба мисли ҳамаи дар инҷобудагон, гӯё ба шунидани хоҳиши онҳо кар шуда буд, гӯё инҳо аллакай одам набуданд. Ва ин бовари Рибакро ба он, ки кори онҳо дар ҳақиқат тамом шуд, боз ҳам афзуд. Марг мерасад. Вале чаро ин тавр? Ва чаро ӯ вақте ки дастонаш кушода буданд, ҷуръат накард?
Вай дар ғафлат монданашро фаҳмид, чизе андарунаш ниҳоят сахт ба тапиш даромад ва ӯ ба атроф нигоҳи ҳаросонашро медавонд. Лекин дар ҳеҷ ҷо халосӣ набуд. Бараъкс, аз рӯи ҳамаи ин, анҷом наздиктар мешуд. Аз зина сардорон яке аз паси дигаре ба айвонча баромадан гирифтанд – ким-чӣ хел рутбадороне ки дар тан либоси полисии наппа–нав ва аз афташ, ҳозир пӯшидагӣ, шинелҳои кӯтоҳаки сиёҳ, ки гиребонҳои хокистарӣ ва ҳамин хел нӯги остин ва таппонча доштанд; ду нарафашон, эҳтимол, немисҳо буданд, ки шинелҳои дарози жандармӣ ва фуражкаи пешаш баланд пӯшида буданд. Чанд каси дигар либоси ғайриҳарбӣ ва ба гардан шарф дошта, ба таври намоён бегонавор меистоданд – гӯё меҳмонҳое буданд, ки ба тӯи бегона даъват шудаанд. Полисҳо дар рӯи ҳавлӣ бо эҳтиром хомӯш шуданд, ҷамъ гаштанд. Касе аз қафо саросема ҳисоб кард:
– Як, ду, се, чор, панҷ...
– Хайр, ҳамааш тайёр? – аз айвонча пурсид полиси китфвасеъ, ки дар болои шикамаш ғилофи хурди таппонча дошт.
Маҳз ҳамин ғилофи таппонча ва ҳам пайкари пурқуввати ин касро дар байни дигарон дида, Рибак пай бурд, ки сардор ҳамин аст. Рибак дар ин бора фикр кардан замон Сотников аз қафо бо овози гирифта гуфт:
– Сардор, ман як маълумот додан мехоҳам.
Дар зинаҳо истода, сардор ба маҳбус сангинвор чашм дӯхт.
– Чӣ буд?
– Ман партизан. Ман полиси шуморо маҷрӯҳ кардам, – на он қадар баланд гуфт Сотников ва ба рӯи Рибак ишора кард. – Вай тасодуфан дар ин ҷо буд – агар даркор шавад, шарҳ медиҳам. Дигарҳо алоқае надоранд. Як худи маро гиред.
Сардор дар айвонча хомӯш монд. Ду нафаре, ки пештар мерафтанд, бо ҳайрат ба ҳамдигар нигоҳ карданд ва Рибак чӣ тавр дар дилаш шӯъла задани шарораи хурдакаки наҷотро, ки дар ӯ умеди ночизеро даргиронда буд, ҳис кард: рафту бовар кунанд? Ин ҳиссиёти умедбахши ӯ ҳамоно ба Сотников ташаккури маҳрамонае тавлид кард.
Лекин дар чеҳраи сардор диққати яклаҳзагӣ ба ҷиддияти бошиддати бошитоб бадал шуд.
– Ҳамааш ҳамин? – бо сардӣ пурсид вай ва аз зина ба болои барф қадам ниҳод.
Баногоҳ забони Сотников гирифт.
– Метавонам батафсилтар шарҳ диҳам.
Касе норозиёна ғурунгос зад, касе бо немисӣ гап сар кард ва сардор даст ҷунбонд.
– Баред!
«Ана чӣ тавр, ҳатто шунидан ҳам намехоҳад», – боз ба ноумедӣ афтода фикр кард Рибак. Эҳтимол, ҳамааш кайҳо пешакӣ ҳал шудааст. Вале вай чӣ мешавад, охир? Наход, ин ҳимоятгарии қаҳрамононаи Сотников ба ӯ ҳеҷ ёрӣ нарасонад?
Аз зинаҳои чӯбии қатшаванда полисҳо оҳиста-оҳиста қадам монда, аз айвонча мефуромаданд. Ва баногоҳ Рибак яке аз онҳо, Партновро, ки ӯ ҳам ҳоло либоси полисӣ дар бар дошт, шинохт. Бале, ин, бешубҳа, ҳамон муфаттиши дирӯза буд, ки ӯро бо таклифи худ он қадар умедвор карда ва ҳоло гӯё аз гапаш гашта буд. Рибак ӯро дида ба ларза даромад, тамоман ба пеш дода шуд. Ҳарчӣ бодо бод-акнун ба ӯ ҳеҷ чиз даҳшатнок ва номуносиб наменамуд.
– Ҷаноби муфаттиш! Ҷаноби муфаттиш, як дақиқа! Шумо шаб гуфта будед, ман розӣ. Ман дар ин ҷо, ба номи Худо, ки алоқае надорам. Ана ӯ тасдиқ кард...
Сардороне, ки акнун аз ҳавлӣ ба кӯча равон мешуданд, норозиёна як-як истодан гирифтанд. Партнов ҳам истод. Шинели нави полисӣ ба ӯ баралло калон ва ба андоми хурд ва лоғар ӯ начаспида, рост хеста буд, каллапӯши сиёҳаш ба як тараф тоҷи хурӯс барин баромада меистод, салобати сардорӣ ва ким-чӣ хел ҷиддияти сохта зиёд шудааст. Немиси қадбаланд ва тасмаашро аз болои шинел тарангбаста ба ӯ саволомез нигоҳ кард ва муфаттиш ба ӯ бо немисӣ ким-чизеро гарму ҷӯшон шарҳ дод.
– Ин ҷо биёед!
Рибак дар зери диққати синчакоронаи ҳар ду тараф ба айвонча наздик рафт. Ҳар қадами ӯ дар дилаш чун зарбаи тоқатфарсое акс мешуд. Риштаи умеди ҳоло мустаҳкамнашудаи ӯ ҳар лаҳза тайёр буд, ки абадан канда шавад.
– Шумо розӣ ҳастед, ки дар қатори полисҳо хизмат кунед? – пурсид муфаттиш.
– Розӣ, – бо ҳамаи самимияте, ки қодир буд, ҷавоб дод Рибак.
Вай нигоҳи қариб садоқатманди худро аз рӯи бетароват, ноҷавон, вале бо кӯшиши зиёд тоза тарошидаи Партнов намеканд.
Муфаттиш ва немис боз чанд ибораро бо немисӣ радду бадал карданд.
– Хӯш. Кушоед!
– Палид! – ба паси сараш чун зарб бархӯрд садои пасти пурғазаби Сотников, ки ҳамон дам ба сулфаи дардомез сар карда, худро ошкор намуд.
Вале бигзор! Ким-чизи мудҳиш ва беамон ба ӯ наздикрасанда баногоҳ аз ӯ дур шудан гирифт. Рибак чуқуртар нафас гирифт ва чӣ тавр аз қафо такон додани дасташро ҳис кард. Вале ӯ ҳатто ба қафояш нанигарист. Вай фақат як чизро ниҳоят зӯр ҳис кард: зиндагӣ мекунад! Дастони кушодаи ӯ озодона дар паҳлуи баданаш ҳамоил шуданд ва ӯ боз бошуурона қадаме ба як тараф монд ва бо тамоми вуҷудаш мекӯшид, ки аз дигарҳо ҷудо шавад, – ӯ акнун мехост, ки аз дигарон ҳар чӣ дуртар бошад. Вай боз се қадам дуртар рафт ва касе ӯро нигоҳ надошт. Касе аз сардорон ба тарафи дарвоза равона шуда, тоб хӯрд, ки фарёди зани Демян баланд гардид:
– Аҳа, сар медиҳед! Ин тавр бошад, маро ҳам сар диҳед. Сар диҳед! Ман бачаякони хурд дорам, вой худоё, онҳо чӣ мекунанд!..
Фарёди ӯ, ки пур аз ноумедии ғайриоддӣ буд, боз ҳамаро маҷбур ба истодан кард, Партнов аз ҳама ба ӯ наздиктар буд. Немиси қадбаланд норозиёна бо забони лакнатдор ким-чӣ гуфт ва муфаттиш даст афшонд.
– Баред! – ва ба сӯи Рибак рӯ овард. – Шумо ба ӯ ёрӣ диҳед. – баногоҳ гуфт ӯ ба тарафи Сотников ишора карда.
Ин ба Рибак он қадар маъқул нашуд, вай аз Сотников ҳар чӣ дуртар будан мехост. Вале фармон фармон аст ва ӯ бо ҳозирии тамом ба сӯи касе, ки навакак рафиқаш буд, тохт, ӯро аз зери бағалаш гирифт. Аз байни дарвозаи калонкушода онҳоро ба кӯча бурданд. Полисҳо бо милтиқҳои тайёр аз ду тараф мерафтанд. Сардорон кашола шуда, онҳоро пеш гузаронида, камтар қафо монданд. Якум Петр мерафт, ӯ пири қадбаланд, сараш сафеди бараҳна ва дастҳояш ба қафо бастагӣ буд. Аз паси ӯ аз гиря гулӯгир шуда зани Демян мерафт. Аз паҳлу Бася дар ким-чӣ хел либоси сиёҳнамои каси бегона, ки остинҳои дароз дошт, бо пойҳои луч майда–майда ва зуд-зуд қадам монда мерафт.
Рибак Сотниковро, ки дар пеши чашм якбора ким-чӣ хел хамида гашт, боз бисёртар лоғар шуд ва сулфида аз паси дигарон оҳиста ба тарафи пои маҷрӯҳаш сахт лағжида, кашола шуда меомад, аз бағалаш гирифта буд. Кафи пои сиёҳзадаи вай, гӯё пои зинда набошад, бо панҷаҳои шахшудааш барфи зимистонро кофта, дар рӯи он нақши ғайриоддӣ мегузошт. Вай хомӯш буд ва Рибак барои бо ӯ ба гуфтугӯ сар кардан ҷуръат надошт. Онҳо ҳамроҳ мерафтанд, вале аллакай дар ду тарафи хатте буданд, ки мардумро ба дӯстону душманон ҷудо мекунад. Рибак ҳарчанд ҳис мекард, ки ким-чӣ гуноҳ дорад, вале кӯшиш дошт, худро бовар кунонад, ки гуноҳаш чандон калон нест. Он кас гунаҳгор аст, ки ин корро бо иродаи бадхоҳонаи худ ва ё барои манфиат мекунад. Вале ӯ чӣ манфиат мегирад? Ӯ фақат имкони бисёртар дошт, маккорӣ кард, ки зинда монад. Вале ӯ хиёнаткор нест. Ба ҳар ҳол, навкари немис шуданӣ набуд. Вай ҳамеша интизор буд, ки як фурсати боб ёбад – шояд ҳозир ва шояд каме дертар ва ҳамоно онҳо чӣ кас будани ӯро хоҳанд дид...