Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
ШЕЪРЕ, КИ ВИҶДОНИ ШОИР АСТ
Ба муносибати 70-солагии Ярослав СМЕЛЯКОВ
Боме, ки баланд аст, барфаш бештар ва шоирӣ ҳам, ки ном ва боми баланд аст, рисолати гарон дорад.
Шеъре, ки виҷдони шоир аст, дар худ таҷаллии виҷдони замонро бояд инъикос кунад. Саропо қисмати шоир, фитрати ӯ дар партави он бояд сиришта шавад. Ярослав Смеляков барои ман ҳамин гуна шоир ва шеъраш ҳамин гуна шеър аст.
Шеъри ӯ дугоники қисмати ӯст. Қисмати ӯ қисмати бачаест, ки дар оилаи коргар таваллуд шуда, аз бачагӣ ба меҳнати коргарӣ унс гирифта, дар кӯраи пурҷӯши панҷсолаҳои аввал пухта, чун шоири ростин ба камол расида, яке аз асилтарин ва содиқтарин ситояндагони ғояҳои инсонпарварона шинохта шудааст.
Ярослав Смеляков шоири мавзӯъ, орзую омол ва дилу ҷони коргар аст ва шеъраш ҳам коргари дилу ҷон аст. Ӯ соли 1932, ҳангоми ба нашр рафтани маҷмӯаи нахустини ашъораш «Меҳнат ва муҳаббат» дар матбаа ҳуруфчин буда, онро худ ҳуруфчинӣ кардааст. Баъд аз гузаштани солҳои бисёре шоир он замонро ба ёд оварда навиштааст: «Ман шодам, ки ҳар ду касби ман ба ҳамдигар наздиканд ва ман то ҳол онҳоро дӯст медорам ва бо ҳар дуяшон мефахрам».
Эҳтимол, дар назми советии рус Ярослав Смеляков яке аз беҳтарин шоирҳост, ки меҳнати коргарон, дилу ният, орзую омол ва зиндагии онҳоро шоирона шинохта ва сутудааст. Аз рӯи моҳияти иҷтимоӣ ва шаҳрвандии ашъор, ин ном барои ман дар назми советии рус пас аз Владимир Маяковский ва Александр Твардовский меояд. Ин ақидаи шахсии ман аст.
Ба ман эҷодиёти ин шоир маҳбуб аст, аз он ҷиҳат, ки ӯ садоқати ягонаи инсонӣ ва шоирӣ дорад, яъне ӯ дар асл ҳамчунон ҳаст, ки дар шеъраш мегӯяд, шеъраш пурбори маънӣ ва саршори ҳиссиёти ватандӯстӣ ва бунёдкорист. Ӯ дар умри худ шеъре набофтааст, ӯ шеърро аз зиндагӣ ҷустааст ва гуфтааст. Ҳар шеъри ӯ як пораи ҳаёти ваянд. Ӯ дар қайдҳои тарҷумаи ҳолаш беҳуда нанавиштааст: «Шеърҳое, ки дар бораи комсомолони сохтмони истгоҳи барқии Братск ҳастанд маҳз ба он сабаб ба дунё омадаанд, ки ман ба он ҷо бо аввалин ихтиёриёни Москва рафта будам, дар эшелони аввал...».
Ярослав Смеляков агар дар бораи Ҳамза, пиёлаи қалмоқӣ ва рӯзгори тоҷикон шеър ва силсилаи шеърҳо гуфта бошад, ин маҳсули он аст, ки вай онҳоро бо чашми худ дида, шоирона эҳсос кардааст. Ӯ чизеро надида, эҳсос накарда нагуфтааст, бинобар ин дар тамоми гуфтаҳояш нақши шахсияти ӯ пайдост. Шахсияти ӯ бошад, шахсияти пурмаънӣ, нодир ва баркамоли шоирона аст.
Ашъори Ярослав Смеляков аз такаллуфҳо, назаррабоиҳои сабукбор, зеботарошиҳои ноасил, иборапардозиҳои бемақсад пок аст. Махсусан, дар ашъори даврони баркамолияш ин ночизиҳо тамоман ба назар намерасанд. Дурахши шеъри ӯ на дурахши ялаққосии никелу бозичаҳои сохта, балки дурахши асил, дурахши алмос аст. Ин дурахшест, ки аз сухан судани устоди ҳунар пайдо мешавад. Ин дурахш дурахши саҳли мумтанеҳ аст. Маҷмӯаҳои ӯ «Санавбарҳои Кремл», «Гуфтугӯ аз муҳимтарин», «Рӯзи Русия», «Декабр», «Одамони ҷовид», аз ҳамин гуна ашъоре фароҳам омадаанд, ки ба ҳар мавзӯъ ва таассуроте, ки бахшида шуда бошанд, ҷавҳари онҳоро ба ҷилва овардаанд. Повести манзуми «Муҳаббати сахтгир» ҳам, ки аз ҳаёти ҷавонон ва ҷавонии шоир қисса мекунад, аз қабили он асарҳост. Маҷмӯаи «Рӯзи Русия» соли 1967 ба Мукофоти Давлатии СССР тақдир шуда буд.
Ярослав Смеляков ба замми маҳбубияташ ҳамчун шоири асил ба мо, тоҷикон, махсусан, дучанд азизтар аст. Ӯ сарзамини мо, мардуми хоксору меҳмондӯсти моро азиз дошта, китоби ашъоре бо номи «Садбарги Тоҷикистон» эҷод карда буд, ки саросар аз шеърҳои пурмуҳаббат, рӯҳбахшу диловез иборат аст. Илова ба ин Ярослав Василевич ашъори шоирони тоҷик М. Турсунзода, М. Миршакар, М. Қаноат, Ф. Ансорӣ, А. Баҳорӣ, Убайд Раҷаб, А. Қаҳҳорӣ, Ш. Ёдгориро ба русӣ тарҷума ва ба хонандаи русзабон пешкаш кардааст. Махсусан, бобҳои устодона ба русӣ гардонидаи вай, аз достони лирикии М. Қаноат «Мавҷҳои Днепр» барои назми мо воқеаи бисёр муҳим буд, зеро тавассути он достон шоири тоҷик дар арсаи собиқ умумииттифоқ шинохта шуд ва баҳои баланди сазовор гирифт.
Ярослав Смеляков соли 1972 дар панҷоҳнуҳсолагӣ аз олам даргузашт. Агар ӯ зинда мебуд, ҳафтодсолагии ӯро ҷашн мегирифтем. Мо акнун шеъри ӯро ҷашн мегирем ва ба хотирааш сипосгузорӣ мекунем.
Ҷашни Ярослав Смеляков бузургдошти шеъри иҷтимоӣ ва шаҳрвандист. Меъёри эҷоди бадеӣ дар худи асарҳои бадеист. Адбатта, дар беҳтарин осори бадеъ. Барои ман эҷодиёти яке аз шоироне, ки аз он меъёри ашъори иҷтимоию гражданиро муайян кардан мумкин бошад, эҷодиёти Ярослав Смеляков аст. Ман яқин дорам, ки дар ақидаам танҳо набошам, чунки ин ҳақиқат аст.
Аз тарҷумон
Соли 1983
ТАЪРИХ
Ҳамзамонон, гузаштагон бо ман
Ҳар шабе мекунанд суҳбати хос.
Ман ҳам акнун ба тундии тоза
Рафти таърих мекунам эҳсос.
Он ба зулмоту равшаноияш
Гаҳ маро сӯхт, гаҳ маро афрӯхт.
Рӯз то рӯз чеҳра зоҳир кард,
Кор омӯхт, ақидаҳо андӯхт.
Ман зи давру замони зодани хеш
Ҳаргиз ин сон набудаам дилшод.
Балки ин гуна рабту пайванде
Ман ба давру замон надорам ёд.
Тифли навроҳсон гаҳе афтон,
Гоҳ хезону шоду гаҳ маъюс,
Ман зи домони меҳри ту дорам,
Чун зи домони бибиям, эй Рус.
Соли 1966.
ГУФТУГE АЗ ШЕЪР
Сахту бепарво бигуфтӣ ту ба ман,
К-ин замон эҷодат айни муддаост.
Чорсадто шеъри ишқӣ гуфтаӣ,
Лек шеъри ишқии ман дутост.
Гӯиё, афсӯс, истеъдоди ман,
(К-он ба қавли ноқидон кӯчак набуд),
Баҳри шеъри шаҳрвандии дурушт
Пурра з-истисмори ман нобуд шуд.
Ҳеҷ ҳоҷат нест пинҳон карданам
Ин кушоду фошгӯии туро,
Будаӣ ту шоири эъҷозкор.
Будаам ман шоири косибнамо.
Рост, дар албоми духтарҳои пир,
Дар қатори ёваи бӯсу канор,
Дар миёни саҳфаҳои маҳраме,
Шеъри ман шояд намеояд дучор.
Меҳмони кал ба хомӯшии базм
Баъди нӯшонӯш бикшояд даҳан,
Шояд ӯ ҳаргиз нахонад бо алам
Шеъри мазбуту дуруштоҳанги ман.
На зи рӯи фахр – аз баҳри Худо –
Лек мегӯям каме бо дарду ғам,
К-аз барои инчунин нақши бадеъ
Кор н-ояд шеъри минбарпарварам.
Ҳамчу тифли дар даҳонаш бӯи шир –
Шеър кай гӯям газофу беасар.
Мушкили дигар бувад ашъорро,
Шеър бошад баски масъули дигар.
Шеъри бисёр аз ҳаде нанвиштаам,
Лек аз ҳар байти худ будам умед.
Родиёро бас паёмовар шуданд,
Котиби журнал бигаштанду газет.
Зиндагиро бешу кам бишнохтам,
Дошт омад бахти ман дар рӯзгор.
Шод аз он астам, ки асли касби ман
Ҳаст чун эҷоди таърихи диёр.
Соли 1961.
ДУХТАРАКИ ХУБ – ЛИДА
Қад-қади хонаҳои хурди сафед
Гул кушояд ақоқиёи баҳор.
Дар ҳамин кӯча мезияд Лида
Духтари дилрабои хушрафтор.
Аз сари шонаҳош мерезад
Ҳамчу занҷир зулфи тиллоӣ.
Бари домони куртаи чити ӯ
Бишкуфад лолаҳои саҳроӣ.
Моҳи найсони шӯхи гулгардон
Дар дилаш парварида ёди варо.
Карда аз гарди лола гардолуд
Бистари хоби бомдоди варо.
Ҳар пагоҳӣ ба сӯи мактаби хеш
Меравад портфел дар дасташ,
Ҳама ҳамсояҳо назора кунанд
Шоду масрур бар қаду басташ.
Лида оҳиста меравад ҳар рӯз,
Меравад рӯй-рӯи ин дунё.
Дар бари шишаҳои тиреза
Мешавад акси қоматаш пайдо.
Духтари хубу дилрабо Лида
Шуд ба меҳраш писарчае шайдо.
Ӯ ба ин ном ҳар шабе хобад,
Ва ба ин ном хезад ӯ шабҳо.
Ӯ ба он тахтасангҳои сафед,
Ҳар куҷое, ки Лида раҳ гаштаст,
Аз ғаму ғуссае ба дарду алам
«Духтари хуб – Лида» бинвиштаст.
Ошиқиро гудози ин писарак, –
Одамонро ҳамекунад дилшод,
Пушкин ин тавр шояд ошиқ буд,
Шояд ин тавр Ҳейне дил дод.
Мешавад баркамолу номовар,
Меравад ӯ зи хонаи падарӣ.
Пас ба ишқи бузургаш ояд танг
Хонаву кӯчаеву раҳгузаре.
Ҳеҷ садде надонад ин ошиқ,
Шарму тарсу ҳарос сафсатта-ст.
Бингарӣ дар саросари дунё
Номи ёри азиз бинвиштаст.
Дар ҷануб – бо забонаи оташ,
Рӯи саҳро – ба мавҷи гандумзор.
Дар бари дашти рус бо гулҳо,
Рӯи дарё – ба мавҷи хушрафтор.
Мебарояд шабона бар гардун,
Сари ангушти хешро сӯзад.
Дар миёни ситорагон аммо
Бурҷи нав – бурҷи Лида афрӯзад.
Москва, дар шабони шӯълаварат
Партавафшон бувад нишонаи ӯ.
Дар миёни ситорагон рахшад
Ин суханҳои ошиқонаи ӯ.
Соли 1940.
* * *
Гар шавам бемор ман,
Бар табибон нест корам,
Ман ба ёрон рӯ биёрам.
(Ин суханҳоро алоӣ ҳеҷ машморед):
Густаредам бистари дашт,
бо туман рӯйи тирезамро бипӯшед,
Шаб маро болои сар
Кавкаби рахшон гузоред.
Ман набудам нозпарвар,
Балки будам садшикан.
Дар миёни ҷангҳои боадолат
Гар шавам маҷрӯҳ ман,
Бар сарам чун дока печонед
Роҳи кӯҳсоронро,
Пас ба болоям кушоед
Бистари гулҳои сурхи тирамоҳонро.
Ҳоҷати дору надорад дарди ман,
Дар стакан, бигзор, рахшад офтоб,
Боди тафсони биёбон,
Нуқрамавҷи обшорон,
Мекунад дармони дарди беҳисоб.
Аз дами дарё, зи дашту кӯҳсор
Мебиёяд бӯи аъсори қадим.
Мекунӣ эҳсос ҳар гаҳ бингарӣ –
Ҷовидонӣ зиндаем.
Меравам ман на ба сӯи қабрҳо,
Меравам балки ба сӯи абрҳо.
На зи долони шифохона
Равам аз ин ҷаҳон
Аз шумо гар меравам ман.
Меравам танҳо ба Роҳи Каҳкашон.
Соли 1940.
* * *
Ман ба кулли Русия
Гуфта будам бемаҷоз,
Гар шавам бемор ман
На, ба дорую табиб,
Н-оварам рӯи ниёз.
Ин дурӯғи бефурӯғ
Гуфтам аз нодониям.
Дар шифохона кунун
Бин, парешонҷониям.
Журнали «Здоровье»
Шишаи оби шифо,
На ситора ҳаст дар болои сар
Шабчароғи хира сӯзад безиё.
Нест дарё, нест дашт,
Аз туман осор нест.
Дар тиреза мавҷзан
Пардаи меҳвор нест,
Он суханҳои мани бемор буд,
Қавли ман бинмо қабул
На барои худнамоӣ –
На барои молу пул.
Гӯям акнун дар таби сӯзони хеш
Валя, эй хоҳар, ба доди ман бирас.
Ман аз ин ҷо меравам,
Боз бахшандам абас ин ҷо нафас.
Он калиди зангхӯрда, кӯҳнаро
Аз барои ман бидузд
Дигарам як лаҳза
Тамкин нест, нест.
Шоирон бофанд агар ҳарфи дурӯғ,
Зиндагонӣ ҳеҷ мумкин нест, нест.
Соли 1967.