Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Емелиан Буков, шоири молдовӣ
НОМА БА МИРЗО ТУРСУНЗОДА
Бо ту, эй Мирзо, шудам дар анҷуманҳои бузург
Дар миёни дӯстони сулҳҷӯи ҷоннисор.
Халқ ҳар ҷо кард моро бо муҳаббат пешвоз,
Бо гулу гулдастаю бо чеҳраҳои чун баҳор.
Буд дар дилҳо ҷаҳони эътиқоду эътимод,
Мерасид он аз забони мардуми олам ба гӯш.
Чеҳраҳо аз нури ҳарфи амният гул карда буд,
Аз сафои бовариҳо буд дилҳо дар хурӯш.
Гӯиё тири замин меруст аз меҳри замин,
Сар ба сар нав мешуд ин сайёраи пири куҳан.
Дар тамоми арзу тӯлу дар ҳама шебу фароз
Тозаҷону тозадил мегашт кулли марду зан.
Эй азизу меҳрубон,
Эй дӯсти ҷонии ман,
То даме ашк аст,
Дар рӯи замин ором нест.
То даме ҷанг аст,
Моро роҳати айём нест.
Эй рафиқи меҳрубон, дар дафтари ашъор мо,
Мекунем аз сидқ, аз бахту саодатҳо сухан.
Аз талошу ҷангҳои беамону неку бад,
Аз ғуломи ҳалқабаргӯши кунун занҷиркан.
Мехалад ҳар мисраи ашъори мо монанди тир
Дар баданҳои сиёсатбозҳои ҳилагар,
Дар баданҳои касоне, ки ба савдо додаанд,
Сидқу номуси башарро аз барои молу зар.
Мо намеорем бастан ҳеҷ гӯши хешро
То даме фарёди ҷонкоҳи ғарибон нашнавем,
То шавем озод аз бори гарони дарду ғам,
Дар бари илҳоми худ шоду бароҳат биғнавем.
Гоҳ-гоҳе мо бари боғи баҳорон дидаем,
Ошиқонро даст андар гардани ҷононаҳо,
Дил бихоҳад бишнавад оҳанги маҳтобии шаб,
Ошиқонро то бихонад қиссаю афсонаҳо.
Лек ин дам осмонҳоро битарконад садо –
Ин садои раъди ғуррон не, садои тӯпҳост.
Кӯдакони камбағал ҷӯянд дар партовҳо
Бурдаи ноне, ки онҳоро атои бебаҳост.
Чеҳраи пажмурдаи тифлони зору бенасиб,
Бегумон, рӯзе бисозад кӯр чашми қотилон.
Дар миёни ин ҳама ваҳшоният, ранҷу азоб
То ба кай охир бисӯзад ҷисму ҷони одилон?
Мебарем аз ёд мо, эй дӯст, ҳарфи ошиқӣ,
Хомаи мо мекунад бар шеъри заҳмат содиқӣ.
Мо ба кишварҳои олам меравем аз роҳи сулҳ,
Бар алайҳи зулм, истисмор, ҷангу душманӣ.
Бар сари одам бирезад файзи борони баҳор,
Бар сари олам наборад ҳеҷ сели оҳанӣ,
Дар дили халқи ҷаҳон сабзад ниҳоли дӯстӣ,
Бинад аз мо мардуми олам камоли дӯстӣ...