Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Муҳаммад Алӣ, шоири ӯзбек
Духтар имшаб тарона мехонад
Нурборон самои ниликор.
Духтар имшаб тарона мехонад
Бо само, бо ситораҳо бедор.
Духтар имшаб тарона мехонад,
Ғазалаш мебарад ба гардунам.
Шеър резад зи умқи синаи ман
Гашта моҳу ситора мафтунам.
Духтар имшаб тарона мехонад,
Аз фараҳ мерасам ба чархи барин.
Бишнавам чун садои «Дӯст»-и касе
Меравам з-осмон ба қаъри замин.
* * *
Ҷавони хушқади абрӯкушода,
Ба мисли шӯъла чашмонаш батобанд.
Бо роҳаш духтарон дилро ниҳода,
Ба ҷони худ вале дармон наёбанд.
Нигоре буд шӯху ишвакоре,
К-аз ӯ буд дар фалак оҳи ҷавонон.
Агар созад ба кас наззора боре,
Чу дар оташ бисӯзонад дилу ҷон.
Вале онҳо ба ҳам дар рӯзгорон
Расидан ҳеҷ натвонанд, ёрон.
ҚИССАИ МОРБОЗ
Андар замонҳои куҳан
Дар назди Сурхони қадим,
Буд морбози беҳарос,
Марди накӯкору ҳалим.
Пур буд ҳавлияш зи мор:
Аз тирмору кӯрмор,
Аз чархмору мори об,
Аз айнакиву мори хоб.
Ӯ морҳоро рӯи даст
Бозӣ аҷаб медоштаст.
Аз морҳои бешумор
Як мори айнакдор буд.
Он морбоз аз мори худ
Бисёр миннатдор буд.
Чунки зи мораш байни халқ
Суде варо бисёр буд.
Мебурд онро дар сабад
Сурнайнавозон деҳ ба деҳ.
– Баҳри тамошо омадӣ,
Пеши сабад пулро бинеҳ.
Як морро он морбоз
Медошт аз мардум ниҳон.
Чанде гузашт овозае
Шуд паҳн байни одамон.
Эй ҷӯраҷон, донӣ магар,
Он мори морафсои мо,
Бар кас агар заҳре занад,
Касро кушад он ҷо ба ҷо.
Дирӯз сагро заҳр зад,
Саг мурд андар ҷои худ.
Рӯзе ба назди морбоз
Омад арӯси навҷавон,
Гуфто, ба ман, эй морбоз,
Бинмо мадад, серам зи ҷон.
– Бахшед аз маргам наҷот,
Ҳар рӯз ҳолам бад шавад,
Бар ҳоли ман ҳеҷ одаме
Мушкил бувад тоб оварад
Бо ин ҳама ҷабру ҷафо
Бо ин ҳама ранҷу бало...
Пурсид аз ӯ морбоз,
– Эй наварӯс, ҳолат чӣ сон?
Гуфто, ки ёрам меҳрубон,
Аммо зи модаршӯ амон.
Таъну маломатҳои ӯ
Бигзашт аз ҷону ҷигар.
Як лаҳзаам ором нест,
Заҳр аст дар комам шакар.
Хезам, бигӯяд, рӯсиёҳ,
Шинам, бигӯяд, сад бало.
Гӯянд море дар шумост
Дар мушкилам ёрӣ кунед,
Онро ба ман бифрӯхта,
Боре мададгорӣ кунед.
Мардак бигуфто, эй арӯс,
Будаст ин қисмат туро.
Бишнав кунун рози манат,
К-ин морбозиям чаро.
Гар морбозе ман шудам,
Аз тарси хушдоман шудам.
Море, ки ту хоҳӣ, вале,
Феъли баде дорад дигар.
Ногоҳ заҳрат мезанад,
Андак бимонӣ бехабар.
- Аз ман набошӣ дар ҳарос,
Кайҳост серам ман зи ҷон.
Чанд аст мори айнакӣ,
Онро фурӯшед ин замон.
Ӯ мор дар даст оварад,
Гӯё ки ҷонро мебарад.
Дилшоду хандон рафт арӯс,
Ӯ ёфт гӯё болу пар.
То мақсади ӯ ҷилвагар
Бигзашт аз пеши назар.
Нобуд модаршӯ шавад,
Ӯ шоду хандонрӯ шавад.
Бо ёри ҷонаш то абад
Ӯ зиндагонӣ мекунад.
Фархундарӯзу бонишот
Фирӯзу сармасти ҳаёт.
Бар чашм модаршӯ набуд,
Ӯ морро сар дод зуд.
Хушдоманашро заҳр зад,
Гуфто, арӯс, кораш бишуд.
Ором модаршӯй буд,
Ҳатто нафаҳмид ин чӣ кор.
Худро ба ҳар сӯ мезаду
Талвосаҳо мекард мор.
Дар як замон фиш-фишкунон
Худ мурд мори заҳрдор.
* * *
Ба бегоҳӣ чароғонанд равшан,
Ба сӯи Руставели меравам ман.
Шиносу ношинос ояд дучорам,
Яке шодасту дигар бандаи ғам.
Сиёҳӣ мекунад мӯи сиёҳе
На кам аз чашму абрӯи сиёҳе.
Дар ин бегаҳ намехоҳам ҷудоӣ,
Кунам ноошноро ошноӣ...
* * *
Гуфта будаст як замон Хайём,
Ин чӣ дунёи бебақо бошад.
Баъди мурдан шавем хок тамом,
Пас нишоне зи мо куҷо бошад.
Гуфта будаст як замон Хайём.
Аҷаб ояд зи кори ин дунё!
Карда Хайём ҳарфи хеш инкор,
Бошад имрӯз, боз фардоҳо
Бонишон, бобақову боосор!
Аҷаб ояд зи кори ин дунё...