Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
17
Сотников равшан фаҳмид, ки натиҷае ба даст оварда натавонист. Мақсади вай, ки шабона чунон табиӣ пайдо шуда, ба ӯ қариб осудагӣ бахшида буд, чун кафки собун кафид. Идораи полис дар дасти немисҳо лӯхтаке буду бас ва ба гувоҳии вай тамоман бепарвоёна муносибат кард – ҳоло ки фармони даркорӣ расидааст ва ё талаботе барои куштор пайдо шудааст, вай ба муайян кардани гунаҳкор будани кадоми онҳо туф кардааст.
Вай базӯр сари по истода, беҳолона аз қафои дигарон кашола шуда мерафт ва кӯшиш мекард, ки ба дасти бегона ва акнун нафратовари Рибак он қадар бисёр такя накунад. Ҳодисае, ки дар саҳни полисхона рӯй дод, ӯро тамоман зеру забар кард – ӯ ин таврашро пешбинӣ накарда буд. Бешубҳа, одамон аз тарс ва ё аз нафрат ба ҳар хел хиёнатҳо қодиранд, аммо Рибак, ҳамин тавр менамуд, ки на хиёнаткор буд ва на буздил. Ӯро чӣ қадар имконе буд, ки ба идораи полис гузарад ва барои буздилӣ кардан ҳам ҳодисаи бисёре шуда буданд, аммо вай доимо худро шоиста нигоҳ медошт. Ба ҳар ҳол, аз дигарон бад не. Эҳтимол, гап дар ин ҷо дар мақсади ғаразноки ҷони худро халос кардан аст, ки аз он то хиёнат як қадам роҳ асту бас. Сотников аз хаёлбофии содалавҳонаи худ ниҳоят сахт таассуф мехӯрд. Ӯ худ аз зинда мондан умедашро канда, андешид, ки дигаронро наҷот медиҳад. Вале касе ки бо кадом роҳе бошад, зинда мондан мехоҳад, оё ҳатто ба як ҳаёте ки барои ӯ қурбон карда мешавад, меарзад? Аз замонҳои Исои Масеҳ аллакай чӣ қадарҳо ҳаёти инсонӣ дар меҳроби қурбониҳои инсоният нобуд шуд ва онҳо оё инсониятро чизи бисёре омӯхтанд? Инсонро ҳазорҳо сол инҷониб пеш аз ҳама фикру ёди худаш мехӯрад ва баъзан зуҳури олии накӯкорӣ ва адолатпарвариро аз канор ками камаш аҷоибхислатӣ медонанд, агар камоли аблаҳӣ ҳисоб накунанд.
Сотников кам-кам ба худ меомад, ӯро хунукӣ акнун сахт азоб медод. Пешониаш аз бемадорӣ арақ кард, ки дар шамоли сард ях баста, сараш аз ин бештар хунук хӯрда, мағзаш сих мезад. Ва умуман, шамоли хунук, аз афташ, ҳамаи боқии гармиро, ки ҷисмаш шаб ҷамъ оварда буд, аз ӯ бод дода мебаровард, тани ӯ аз хунукӣ боз ба ларза даромад. Вале Сотников мекӯшид, ки то охир тоқат кунад.
Дар кӯчаи холии шаҳрча онҳо аз кӯпрукча гузаштанд, пас аз он як тараф боғчаи таворагирифтаи хурдакак, ки чанд қатор дарахтҳои борик ва яхбаста дошт, сар мешуд. Дар пеш: дар теппача хонаи дуқабатаи сафеди баланд менамуд, дар кунҷаки он байроқи калони фашистӣ аз шамол алвонҷ мехӯрд. Дар он ҷо эҳтимол, идора ва ё комендатура ҷой гирифта буд, ки дар наздаш як гурӯҳ одамон ҷунбуҷӯл доштанд. Сотников ҳайрон шуд: чӣ эҳтиёҷе ин одамонро дар як ҷо ҷамъ оварда бошад? Баъд, ӯ шояд имрӯз бозор бошад, гӯён фикр кард. Шояд, ягон ҳодиса рӯй дода бошад? Вале, аниқтараш, аҳолиро барои он ҷамъ овардаанд, ки бо паронидан тарсонанд. Агар ин тавр бошад, бигзор, паронанд, ба онҳо ин тавр. Дар назари халқ пешвоз гирифтани марг боз ҳам осонтар мешавад. Агар гап дар сари тарсонидани халқ бошад, боиси тарс хӯрдан дар ҷанг бе ин ҳам фаровон аст, вале бо вуҷуди ин оташи мубориза аланга мезанад. Ба ҷои куштаҳо дигарон меоянд. Далерон ҳамеша пайдо мешаванд.
Онҳо оҳиста ба он хона наздик мешуданд. Кафи пои Сотников чун пои сохтаи қатнашаванда дар барфи аз лезаки чана ва суми аспон шиббахӯрда чуқурчаҳои аҷоиб гузошта мерафт, пояш аз дарди тоқатшикан беист сӯхта, қариб дар ихтиёраш набуд. Ӯ аз аввали роҳ мақсад карда буд, ки ҳар чӣ ҳам бошад, худаш меравад ва ҳоло маълум шуд, ки қувваашро аз будаш зиёд тасаввур карда будааст – вай акнун дар дасти бақуввати Рибак қариб овезон буд. Аз кӯпрукча баландӣ сар мешуд ва ба ӯ роҳ гаштан боз ҳам мушкилтар гардид, нафасаш намерасид, чашмаш сиёҳ мезад, роҳ зуд-зуд аз зери пояш мерафт. Вай тарсид, ки рафта расида наметавонад, меафтад ва он вақт ӯро аз ҳама пеш чун саги мурдор дар ҷӯйбор мепаронанд. Не, вай инро ба худ раво дида наметавонист – ҳатто дар чунин вазъияти ӯ ин таҳқири аз ҳад зиёд буд. Вай марги худро, чӣ тавре ки даррасад, бо шарафи аскарӣ пешвоз мегирад – ин мақсади асосии дақиқаҳои охирини ӯ шуда буд.
Онҳо ба теппача баромаданду истоданд. Сотников бо азоб нафас кашида, нигоҳашро ба тахтапушти дарпешистодаҳо дӯхта мунтазир буд, ки онҳо кай пеш мераванд. Вале полисҳои посбон ҳам истоданд, аз пеш садои гуфтугӯи немисӣ шунида шуд – чанд нафари сардорон дар зери девори он хона мунтазир меистоданд. Дар муқобил, дар он тарафи кӯча, дар назди панҷарадевори боғча ва дар назди ӯ дӯкончаи кӯҳна тақрибан панҷоҳ-шаст кас хомӯш истода, чизеро мунтазир буданд. Ба он мемонд, ки маросими хурди онҳо ба ҷои таъйиншуда расид – он тараф дигар роҳ набуд.
Ва он дам Сотников арғамчинҳоро дид.
Дар кӯча панҷ ҳалқаи канабии мулоим оҳиста алвонҷ хӯрда, гӯё мустаҳкамии бениҳояти гиреҳҳои ғафс ва бо кордонӣ басташудаи худро дар назари ҳама намоиш медоданд. Онҳо дар чӯби тоқи кӯҳнаи пешазҷангии кӯча овезон буданд. «Тоқи кӯҳна ҳам даркор шуд», – аз фикри Сотников гузашт, ки ҳамоно ин сохтмони анъанавии маркази ноҳияро шинохт – худи ҳамин хел тоқ як вақтҳо дар шаҳрчаи онҳо ҳам буд. Пеш аз идҳо онро бо навдаю баргҳои дарахти сӯзанбарг оро медоданд, дар болояш шиор мечаспониданд, ки дар порчаи коғаз бо сиёҳӣ навишта мешуд. Дар паҳлу дар пеши бинои кумитаи иҷроия ба намоишҳои идона ҷамъ меомаданд, аз равоқи на он қадар баланди тоқ гурӯҳҳои хонандагони ду мактаб, коргарони заводи зағир ва устохонаҳо ва комбинати қуттибарорӣ мегузаштанд. Дар чаҳорчиллики болои он одатан ё ситораи фанерӣ медурахшид ва ё байрақча аз шамол алвонҷ мехӯрд, ки тоқ ба ҳамаи ин як тамомияти ботантана мебахшид. Ҳоло дар ин ҷо ҳеҷ чиз набуд, фақат дар сутунҳо, аз зери тахтапораҳои сиёҳшуда, ба андозаи галстуки пионерӣ ким-чӣ хел латтапораи рангпарида дар шамол питир–питир мекард. Истилогарон ба тоқ ороишҳои худро овардаанд, ки ин арғамчинҳои наппа–нави эҳтимол, маҳз барои ҳамин воқиа аз анбор гирифташудае буданд.
Вай фикр карда буд, ки паронда мешаванд...
Ду нафар – полис ва боз касе дар камзӯлчаи моҳутии миёнаш чиндор аз кӯча хараки пояш қаҷи кӯҳнаро гирифта партофтанд ва Сотников фаҳмид, ки ин барои ба ҳалқа расидани қади онҳост, ки пас аз ин сари онҳо ба китф каҷ меафтад, нотавону нафратангез ва бесадо овезон мешавад ва худи онҳо беилоҷ даступо мезананд. Ӯро баногоҳ танҳо аз тасаввури овехта дидани худ ва аз ҳамаи ин ҷазои таҳқиромезу ваҳшиёна нафрат омад. Дар давоми ҷанг ӯ фикр мекард, ки маргаш аз тир ва ё гулӯлапора мерасад, ӯ дар бораи имкони марги дигар ҳатто фикр ҳам накарда буд ва акнун тамоми вуҷудаш аз ин марги дар ҳалқаҳо буғӣ шудан ба печутоб омада, беихтиёр эътироз мекард.
Вале вай акнун на ба худ ва на ба дигарон ҳеҷ мадад карда наметавонист. Вай фақат дар фикраш худро тасалло медод: ҳеҷ қисса не, ҳеҷ қисса не!.. Дар ниҳояти кор, ин ҳаққи онҳо, одати ваҳшиёнаи онҳо, ҳукми онҳо мебошад, ҳоло вазифаи охирини вай – бе асари ҳарос ва ё таассуф тоқат кардан аст. Бигзор овезанд.
Харакро дар он ҷо, эҳтимол, кайҳо гузоштаанд. Стаси чолоку дар ҳама ҷо ҳозир, Будилаи бузургҷуссаи аз поёни камарчаи шинелаш тасмабаста ва дигар полисҳо онҳоро ба зери тоқ бурданд. Сотников кафи пои яхбаста ва дардмандашро гузошта, тахминан андоза кард: ягон понздаҳ – бист қадами дигар монда буд ва ӯ дасташро аз Рибак кашида гирифт, худаш рафта расидан мехост. Онҳо аз байни полисҳо, гурӯҳи сардорони немис, ки дар бар либоси ғайриҳарбӣ доштанд ва дар зери девори бино пурсаброна мунтазир буданд, гузаштанд. Намоиш сар мешуд, намоиши худфаъолиятии полисҳои маҳаллӣ дар услуби немисӣ. Полисҳо шитоб мекарданд, давуғеҷ доштанд, ким-кадом корашон ба таври зарурӣ иҷро намешуд. Баъзе сардорон қавоқ андохта баъзеи дигар орому беташвиш гуфтугузор доштанд, ки гӯё ба ягон зарурати рӯзмарра ва тамоман одӣ ҷамъ омада, боз ба зудӣ ба сари корҳои муқаррарии худ бармегашта бошанд. Аз тарафи онҳо бӯи сигору атр меомад, ибораҳои тасодуфӣ ва беаҳмият канда-канда ба гӯш мерасид. Лекин Сотников ба он тараф нигоҳ намекард – ӯ кашола шуда, ба назди тоқ омад ва барои он ки наафтад бо китфаш ба сутун такя дод ва аз беқувватӣ чашмонашро пӯшид.
Не, эҳтимол, марг ҳеҷ чизро ҳал намекунад ва ҳеҷ чизро бегуноҳ ҳам намебарорад. Фақат ҳаёт бо одамон имкониятҳои муайянро медиҳад, ки онҳо истифода ва ё беасар нобудаш мекунанд, фақат ҳаёт метавонад, ки ба бадӣ ва зӯроварӣ муқобил бошад. Марг аз ҳамааш маҳрум мекунад. Ва дар санавбарзор, агар он лейтенант бо марги худ натиҷае ба даст овард, бо вуҷуди ин, маҳз ҳамин умедро дар хотир дошта рафтор кардани ӯ дар гумон буд. Ин хел марг фақат ба худи ӯ зарур буд, чунки ӯ гӯсфандвор мурдан намехост. Вале чӣ бояд кард, агар ту бо тамоми фидокорият аз камтарин имкон маҳрум бошӣ? Агар то марги ту панҷ дақиқа монда бошад ва ту базӯр зинда бошию ҳатто ба ҳақорати баланд карда ранҷонидани ин сагҳои дайду қудратат нарасад, чӣ ҳам аз дастат омаданаш мумкин аст.
Бале, чунонки сипосгузорӣ намешавад, подош ҳам намешавад, чунки ба чизи сазовор нагашта умедворӣ нашояд. Ҳарчӣ бошад, ӯ ба рафтори Рибак розӣ шуда наметавонист, ин ба моҳияти инсонии вай, имони вай, ахлоқи вай муқобилат мекард. Ва ҳарчанд ӯ дар ҳоле буд, ки доираи имкони бе ин ҳам маҳдудаш, боз маҳдудтар мешуд ва ҳатто марг онро ҳеҷ васеъ карда наметавонист, бо вуҷуди ин ӯ дар ихтиёри худ як имкон дошт. Вай акнун аз ин заррае даст намекашад. Он, дар асл, фақат ягона он, аз худи ӯ вобаста буд, на аз ҳеҷ каси дигар, танҳо ӯ ҳаққи комили истифодаи онро дошт, чунки ҳамчун инсони поквиҷдон, сарфарозу шарафманд аз ин дунё рафтан фақат дар ихтиёри ӯ буд.
Ин охирин илтифот, шукӯҳи муқаддас ба ӯ подоши ҳаёт буд.
Онҳоро як-як ба назди дор ба бурдан сар карданд. Петри мутеъ ва бахудфурӯрафтаи хомӯшро ба зери ҳалқаи аз сардорон дуртарин оварданд. Сотников ба ӯ нигаристу гунаҳгорона рӯй турш кард. Дишаб афсӯс мехӯрд, ки аминро напарониданд, акнун бояд ҳамроҳ дар ин болор овезон мешуданд.
Петрро барои аввалин шуда ба харак баромадан маҷбур карданд ва он дар зери зонуҳои вай бисёр хам хӯрда, қариб чаппа шуда буд. Будила, ки, эҳтимол, дар ин ҷо ҳам вазифаи сарҷаллодро иҷро мекард, ҳақорат дод, худаш ба болои он ҷаста баромад ва мӯйсафедро ҳам ба он ҷо кашола кард. Амин дар рӯи харак боэҳтиёт рост шуд, сарашро набардошта, ботамкин ва бузургворона, ба ҳамон тарзе ки дар маъбад мекунанд, ба мардум таъзим кард. Баъд Басяро ба назди харак тела доданд.
Духтарак ба ҷои худ чолокона баромад ва пойҳои сармохӯрда ва кафидаашро ба ҳам зада, бо содагии бачагона тӯдаи мардумро, ки назди панҷарадевор меистоданд, аз назар мегузаронд – гӯё дар он ҷо шиносҳояшро мекофт.
Харак лекин ба ҳама нарасид. Дар зери ҳалқаи минбаъда қуттии фанерии зард меистод, дар ду ҷои дигари рӯи барф ғӯлаҳои нимметрие ки аз чӯби ғафси калон ба тозагӣ буридаанд, намудор буд. Сотников фикр кард, ки ӯро ба болои қуттӣ мебароранд, вале зани Демянро ба назди қуттӣ ва Рибак бо полис ӯро ба канор, ба назди ғӯлаҳо кашола карда бурданд.
– Вой, вой ҷанобон, аз гуноҳам гузаред! Аз гуноҳи зани бефаҳм гузаред, ман намехостам, гумон надоштам!– садои фарёди зани Демян баланд шуд. Сотников аз ин овози ногаҳонӣ ба қафо нигарист – зан пойҳояшро тиргак карда, ба зери ҳалқа даромадан намехост, ҳар навъ карда, худро аз полисҳо қафо мекашид.
Гиряи ӯро фарёдҳои ғазабноки сардорон пахш кард. Будила ким-чӣ фармоне дод ва полисе, ки Сотниковро мебурд, ӯро ба Рибак вогузошт ва худаш ба сӯи зани Демян тохт. Чанд полис занро ба болои қуттӣ кашола карда бароварданд.
Рибак, ки бо Сотников монд, ӯро ноустуворона ба назди ғӯлаи охири зери тоқ бурд ва истод. Рост дар болои онҳо, ҳалқадаваки канабии чун дигарҳояш наппа–нав, ки тангтар баста шуда буд, овезон шуда, дар боло оҳиста-оҳиста тоб мехӯрд. «Якто барои ду кас» – аз чӣ бошад, фикр кард Сотников, ҳарчанд маълум буд, ки ин ҳалқа танҳо барои ӯст. Ба болои ғӯла баромадан лозим буд. Вай каме, то даме ки дар хаёлаш ин ҳарфҳои ноумедона: «Эҳ, ҳарчӣ бодо бод» чун ҳақорат надурахшиданд, беҷуръатона сабр карда истод. Ӯ ба Рибаки андӯҳгину хомӯш: «Бидор!» гуфт ва зонуи сиҳаташро ба ҷои буридашудаи ғӯла гузошт, ки дар он аз тагчарми мӯзаи кадоме нақши нави чиркин монда буд. Рибак дар ин асно помонакро бо ду дасташ оғӯш карда медошт. Сотников барои мувозинат ба тахтапушти ӯ бо оринҷаш камакак такя карда, зӯр зад ва дандонҳояшро фишурда, бо сад азоб ба болои ғӯла баромад.
Вай пойҳояшро ба ҳам оварда, дар рӯи доираи танг лаҳзае хомӯш истод. Пушти сараш аллакай расидани ҳалқаи шахшӯл ва ҷонфарсоро ҳис мекард. Дар поин тахтапушти васеи Рибаки нимпӯстинпӯш шах шуда буд, дастони дурушти ӯ пӯстлохи ғӯлаи санавбарро сахт медоштанд. «Халос хӯрд, разил!» – бадхоҳона гӯё бо ҳасад фикр кард дар бораи ӯ Сотников ва ҳамон лаҳза ба шубҳа афтод: оё лозим аст ҳамин тавр? Ӯ худро як умр барои аз дигарон ҳам баробари худаш талаб кардан ҳақдор мешумурд, вале ҳоло, дар охирин лаҳзаҳои ҳаёташ ин бовари пешинаашро баногоҳ гум кард. Рибак партизани бад набуд, шояд дар армия старшинаи таҷрибадор ҳисоб меёфт, вале чун инсон ва шаҳрванд, бешубҳа, аз кадом – чизе баҳра набардошта буд. Лекин, вай қарор кард, ки бо ҳар роҳ бошад зинда монад – ҳама гап дар ҳамин аст.
Дар паҳлу зани Демян ҳоло ҳам мегирист, аз дасти полисҳо халосӣ меҷуст, немиси дастпӯшаки зарддор аз рӯи коғаз ба хондани ким-чӣ сар кард – ҳукм ва ё, эҳтимол, фармони пеш аз қатл аҳолии баинҷорондаовардаро мехонд. Охирин дақиқаҳои ҳаёт мегузаштанд ва Сотников дар болои ғӯлачӯб карахт истода, ҳамаи ин намуди безеб ва муқаррарии кӯчаҳои шаҳрчаро, бо андоми ғамолуди одамон, дарахтони пажмурда, панҷарадевори шикаста, теппачаи яхбастаи назди қубури оҳанӣ, ки ба ӯ аз бачагӣ шинос буданд, ба ҳамаи ин, бо назари ташнаи хайрбодӣ нигариста, онҳоро дар дили худ ҷо надод.
Аз байни шохҳои борики боғи хурд деворҳои фатароти маъбадчаи на он қадар дур менамуд, ки боми оҳании зангбастаи он бе салиб ва аз болои ду гунбази сабзи рангпарида кашида шуда буд. Ба рӯи чанд тирезаи хурди он саросемавор чӯбҳои гурмдори нотарошида зада, баста буданд.
Ана, дар шафат кадоме аз полисҳо қадам зад, ба арғамчини ӯ даст дароз кард; дастони густохи ӯ, ки андаруни нӯгостини хокистарранг буданд, ҳалқаро дар болои ӯ дошта, гӯшҳои сармохӯрда ва дардманди ӯро харошида, ҳалқаро аз сари ӯ то манаҳаш дароварданд. «Ана, акнун тамом», – аз фикраш гузаронд Сотников ва ба поён, ба мардум чашм дӯхт. Табиат ҳамчунон табиӣ, бе кӯшиши махсус ҳамвора бо хушӣ ва нармию фароғат дар ҷони ӯ менишаст, аммо ӯ акнун дидани одамонро мехост. Ӯ ба мардуми муқаррарии шаҳрча, ки дар нимпӯстинҳо, камзӯлҳои кӯтоҳи пахтадор, либосҳои кӯҳнаи ҳарбӣ, рӯмолҳо, куртаҳои пашмии дастбоф буданд ва ноҳамвор қатор шуда бодиққат меистоданд, ки дар байни онҳо бештар занҳо ва баъзан мардҳои солхӯрда, наврасон, духтарҳо дучор мешуданд, нигоҳи ҳасратомези худро давом дод. Дар байни қиёфаҳои якранги онҳо диққати ӯ ба андоми лоғараки писарбачаи тақрибан дувоздаҳсола, ки кӯҳнакулоҳи ҳарбии будёновкаро ба пешонааш поин кашида буд, банд шуд. Писарбача ба ким-чӣ хел либосе сахт печида, дастони сармохӯрдаи худро ба даруни остин кашида, ё аз хунукӣ ва ё аз тарс меларзид, ки аз ҳамин ҷо намоён буд ва ба ҳамаи ин манзараи зери дор, ки дар чеҳраи рангпаридаю беморнамояш осори ҳайрати бачагонаро ҳувайдо карда буд, менигарист.
Аз ин ҷо ҳукм кардан душвор буд, ки муносибати вай ба онҳо чӣ гуна аст, аммо баногоҳ дар Сотников хоҳише пайдо шуд, ки вай дар бораи онҳо фикри бад накунад. Ва дар ҳақиқат, Сотников ба зудӣ нигоҳи ӯро дошта, дар он чунон ғуссаи бепоён ва ҳамдардиро ба худашон ҳис кард, ки худро дошта натавониста, ба маънои «ғам нахӯр, додаракам» ба писарча бо як чашм табассум кард.
Вай нигоҳашро поин афканда, дигар наменигарист, то шакли ба ӯ нафратовари сардорон, немисҳо, муфаттиш Партнов, Стас, Будиларо набинад. Вуҷуди воҳиманоки онҳоро вай бе ин ҳам ҳис мекард. Аз афташ, эълони ҳукм ба охир расид, ба немисӣ ва русӣ садои фармонҳо баланд шуданд ва ӯ баногоҳ ҳис кард, ки арғамчин гӯё ҷон пайдо карда бошад, дар гардани ӯ ба ҷунбиш даромад.
Касе дар он тарафи охири дор як-ду бор хиррос зад ва худи ҳамон замон зани Демян тамоман девонавор фарёд сар дод:
– Во–о–о–й! Намехоҳам! Намехоҳам!
Вале фарёди ӯ ҳамоно қатъ шуд, болори тоқ аз хунукӣ ғирчос зад, зане аз тӯдаи мардум паст фиғон кашида гирист. Дар дилаш ғуссаи тоқатшикане ворид шуд. Ким-кадом қувваи то охир сарфнашуда ӯро ба ҷаҳидани сахт ва чун ин зани Демян кашидани фарёди девонавору даҳшатнок ташвиқ месохт. Вале ӯ маҷбуран худдорӣ кард, фақат дилаш ба ларзаи дардомези пеш аз марг даромад: пеш аз анҷом ҳамин қадар мехост, ки худро ихтиёр дода, ҳой–ҳой гиря кунад. Ба ҷои ин вай баногоҳ охирин бор табассуми, эҳтимол, раҳмовар ва дардомезе кард.
Аз тарафи сардор фармон садо дод, аз афташ, ин акнун ба ӯ тааллуқ дошт, ғӯла дар зери пояш ноустувор шуд, ҷунбид. Сотников аз болои он қариб афтода ба поён нигоҳ кард – рӯи каҷи ришаш расида, чашмони ҳайрони рафиқи партизани худро дид, ки ба боло менигаристанд ва Сотников базӯр шунид:
– Бубахш, додар!
– Бало занад туро! – кӯтоҳ гуфт Сотников.
Ҳоло ҳозир ҳамааш тамом мешавад. Дар охир ӯ қомати навданиҳоли шахшудаи писараки будёновкапӯшро бо нигоҳаш ҷуста ёфт. Вай чун аввала аз дигарҳо ним қадам пештар бо чашмони калонкушода ва ранги парида меистод. Нигоҳи пурдарду ҳароси ӯ ҳаракати касеро дар зери дор таъқиб карда, ба ӯ торафт наздиктар мешуд. Сотников намедонист, ки аз он ҷо кӣ омада истодааст, вале аз чеҳраи писарак ҳамаашро то охир фаҳмид.
Помонаки ӯ дар дастони баногоҳ беҳолгаштаи Рибак боз ҷунбид, ки ӯ дар поён тарсида ва нобоб печутоб хӯрда, эҳтимол, ба кори охирин ва аз ҳама даҳшатноки худ ҷуръат намекард. Ана аз пас Будила ҳақорати сахте дод ва Сотников баногоҳ такяашро гум кард, нафастанг шуд ва бо тамоми вазн ба чуқурии сиёҳ ва буғикунанда фурӯ рафт.