Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Карло Каладзе, шоири гурҷӣ
СУХАНИ СОДА
Нест осон бо камоли содагӣ гуфтан сухан,
То бигӯӣ сода, мерезад арақҳои ҷабин.
Нест андар шеъри сода ҳарфи бебору сабук,
Сабки саҳли мумтанеъ хоҳад маонии матин.
Рӯз равшан мешавад... Бе рангу бори барзиёд,
Менависам «Рӯз равшан мешавад...» он сон ки ҳаст.
Мекунам чун мӯсафеди Тсеретели бешароб
Ҳамраҳи хонандагони дӯстдори худ нишаст.
Шодмон аз зиндагиям, бандаи ғам нестам,
Чеҳраи хандон хушам ояд зи рӯи пурҳазан.
Гар сиришке дар сари мижгони ман ларзон шавад,
Дар сари ашъор ҳам, бигзор, ларзад дасти ман.
Шодмонам, ки зи ҳарфу байтҳои аввалин
Хешро бахшидаам бар шеъри гурҷӣ бебадал.
Шеърҳои шоири боҷурмро аз айбу нуқс,
Пок месозад забони модарияш дар амал.
Мекунам то нимашаб бо хайли ғам баҳсу талош,
То замоне ки варо ман зери фармон оварам.
Лек бори умри худро бо ҳама дарду ғамаш,
Бо ҳама андӯҳу шодияш ба дӯшам мебарам.
Аз гузашти рӯзҳои бебадал, бебозгашт
Гарчи дил дар синаам ҳар лаҳза нолиш мекунад.
Гарчи худ онро гаҳе барбод месозад, вале
Дар ҳақи дил кай забони ман сиголиш мекунад?
Ёди ҷовидон надорад ин дили савдозада,
Сурати яктои ҳастии заминияш манам.
Бетанаффус мезанад дар синаам ҳар рӯзу шаб,
Гар даме ором гирад, меравад ҷон аз танам.
Сӯхтам аз дарду бигристам, вале бо амри дил
Зиндагӣ чун шоирони олиҳиммат кардаам.
Ҳар чӣ омад бар сари шӯридаам, бо дӯстон
Ҳиссаи нони ҳалоли хеш қисмат кардаам.