Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
15
Рибакро, ҳамон тавре ки пушташро кӯз карда, дар зери девор нишаста буд, номаълум хоб бурдааст. Ҳамин тавр бошад ҳам, хоб будани вай гумон – ин худфаромӯшии тахминан яксоатае буд, ки пас аз хастагӣ фаро расид. Аммо ба зудӣ ӯро изтиробе бедор кард ва Рибак чашмонашро кушода, аввал дар кунҷ буданашро нафаҳмид. Дар шафат аз торикӣ садои пасти гуфтугӯ, овози шиноси бачагона ба гӯш мерасид, ки ҳамин лаҳза Басяро ба ёдаш расонд. Баъзан ин садоро пичирроси гирифтаи пирона мебурид – дар он дам Пётр гапи худро мегуфт. Рибак ба суҳбати паст-пасти шабонаи онҳо гӯш дод, ки хишир-хишири боми хаспӯшро ҳангоми шамол ба ёд меовард.
– Аввал, ҳамин ки онҳоро бурданд, аз қафояшон давидан хостам. Аз паси панҷара давида баромадам, вале холаи Прасковия даст меафшонд: «Ҳаргиз нарав, мегӯяд, пинҳон шав». Аз паси ҳаёта қафо гурехтам, ба даруни буттаи бед даромадам. Эҳтимол, донед, ҳамин хел буттаи калон ҳаст, дар поини пайкол, дар лаби дарёча? Ғуллии сершох. Ду қадам онтарафтар пайроҳае ба ҷои паноҳие мебарояд.
– Ҳамин хел хомӯш мешинӣ, намеҷунбӣ, тамоман наменамоӣ. Ман ба он ҷо даромадам, дар рӯи баргҳои хушк ҷой гирифта, мунтазир шудам. Фикр мекардам, ҳамин ки модарҷонам баргардад – ҷеғ мезанад, ман мешунаваму давида мебароям. Интизор шудам–интизор шудам, ки касе ҷеғ намезад. Акнун торик, воҳиманок шуда буд. якзайл ҳамин тавр менамуд, ки касе меҷунбад, мепояд, баъзан меистаду гӯш медиҳад. Фикр кардам, ки гург аст! Аз гургҳо ниҳоят сахт метарсам. Як лаҳза ҳам хобам набурд. Ҳамин ки ҳаво равшан шуд, каме хобам бурдааст. Бедор шудам, ки бисёр гурусна мондаам. Метарсам, ки аз даруни бутта бароям. Аз кӯча шавқун омад, ким-чӣ хел аробаҳо пайдо шуданд, аз хонаҳои шаҳрча ҳама чизро бароварда ба аробаҳо бор карда, ба ким-куҷо мебурданд. Ман ҳамон тавр менишастаму менишастам. Боз як рӯз, боз як шаб. Ва боз дар ёд надорам, ки чӣ қадар. Ҳамин ки занҳо ҷомашӯиҳои худро барои чайқонидан меомаданд, ман аз байни баргҳо пойҳояшонро медидам. Ҳама аз паҳлу гузашта мерафтанд. Менишастаму паст-паст гиря мекардам. Як бор касе дар назди бутта истод. Ман тамоман пинҳон шуда, хобида, нафас намекашидам. Ва он вақт шунидам, ки касе паст «Бася, ҳо Бася!» – мегӯяд. Нигоҳ кунам, холаи Прасковия хам шудааст...
– Ту кӣ буданашро нагӯй. Ҳамаашро донистани мо шарт не, – оромона сухани духтарчаро бурид Пётр.
– Хайр, як зан ба ман тугунчаро дод, дар он нон ва камакак дунба. Ман онро гирифтан ҳамон ҳамаашро якбора хӯрдаам. Фақат гирди нон мондааст. Баъд шикамамро чунон дард гирифт... ҳамин қадар дард мекард, ки мурдан мехостам. Аз модарам, аз худо илтиҷо мекардам – марг илтиҷо мекардам.
Рибак дар таги девор ларзида рафт – ин ба гӯши ӯ чунон шинос садо дод, ки гӯё дар назди ӯ ягон пиразан рози дил мекарда бошад, на духтарчаи сездаҳсола. Ин ҳикояи духтарак ҳамон лаҳза ба ёди ӯ пиразани навадсоларо расонд, ки аз ким-кадом як деҳачаи он тарафи роҳи оҳан буд. Онҳо он вақт аз ҷангал барои дар бораи немисҳо маълумот гирифтан, ягон соат дар ҷои гарм истироҳат кардан ва, албатта, барои ягон чӣ хӯрдан баромада буданд. Дар кулбае ки дар канор меистод, ба ғайр аз як пиразани кари аз ёди Худою бандагонаш рафта, ки дар болои печ пойҳои бараҳнаашро ба рӯи тахтакат овезон карда менишаст, каси дигар набуд. Дар асное ки онҳо тамоку мекашиданд, пиразан хастаҳолона аз Худою Парвардигор шикоят мекард, ки амонати додаашро намегирад ва ҳаёти пиронаи пуразоб ва ба ҳеҷ кас нодаркори ӯро ин қадар кашол медиҳад. Вай яккаю танҳо ва бе хешу табор буда, ҳанӯз пас аз ҷанги пешина дар назди шиносҳои дур, одамони бегона, ки ба бачаву ҳавлипоӣ эҳтиёҷ доштанд, зиндагӣ мекард. Соҳибони ҳавлӣ, аз афташ умедвор буданд, ки пиразан ягон панҷ соли дигар мепояд, дар ин муддат бачаҳо калон мешаванд, пас дидӣ, ки вақташ расидаасту ба қабристон бурдан даркор. Вале ин мӯҳлат на пас аз панҷ, на пас аз понздаҳ сол нарасид, пиразан дар хонаи бегонагон дер истода монд. Дар ин муддат бачаҳо калон шуданд, соҳиби хона дар ҷанги финҳо кушта шуд, соҳибхоназан рӯзгорашро базӯр нӯг ба нӯг мерасонд – ба ӯ ин пиразани бегонаи бемаҷол чӣ даркор буд? Вале аҷали ӯ ҳеҷ намерасид... Рибак он вақт, ҳангоми хайрухуш ба ин пиразан ҳазломез дар ин дунё ҳар чӣ зудтар тамом кардани мавҷудияташро хоста буд ва пиразан ба ӯ аз самими дил ташаккур карда, якзайл дуои марги худро мехонд. Ҳоло боз ҳамон хел ҳолат. Вале ин, охир, кӯдак мебошад.
Дар олам чӣ корҳое шуда истодааст!
– Баъд ҳолам беҳтар шуд. Боре пагоҳӣ сахт тарсидам. Ғанабам бурдан замон ҳамин тавр намуд, ки ким-чӣ хел ҳайвон лаб-лаби соҳил сӯи бутта меояд. Пишак будааст. Як пишаки хокистарранги калон, аз шаҳрча, эҳтимол, танҳо мондаасту ба худаш хӯрок меҷӯяд. Моҳӣ медорад. Медонед, дар соҳил хомӯшу ором ба об нигоҳ карда меистад, баъд якбора меҷаҳад! Мебарояд, ки тамоман шип-шилта, дар даҳанаш моҳича. Агар ман ҳам ҳамин хел ёд мегирифтам, гӯён фикр мекардам. Хостам моҳиро кашида гирам, дер кардам: пишак гурехт ва дар таги дигар бутта ҳамаашро хӯрд, ҳатто думчааш ҳам намонд. Вале баъд ману вай дӯст шудем. Баъзан рӯзона омада, ба бутта медарояд, дар паҳлуям хобида, хур–хур мекунад. Ман ӯро сила мекунаму каме мехобам. Вай чунон ҳушёр, ҳамин ки дар наздикӣ ягон кас пайдо шавад, ҳамон замон мӯи баданашро сих мекунад ва ман мефаҳмам, ки: ҳушёр шудан даркор. Вақте ки гушнагӣ ниҳоят азоб дод, шабона ба пайколи наздик даромадам. Бодиринги барои тухмӣ ва сабзии Залмони каҷ монда будааст. Аммо пишак сабзӣ намехӯрад-ку. Ба вай чунон раҳмам меомад...
– Муш дорад буд, – ҷавоб дод аз торикӣ зани Демян. – Дар деҳаи мо, дар Поддубний як кас пишак дошт, ҳамин қадар харгӯшҳоро ба хонааш мекашонд, ки. Ба ҳурмати Худо, дурӯғ намегӯям. Боре як харгӯши калони барзангиро кашола карда овардааст, лекин ба зершервонӣ бароварда натавонистааст, аз афташ, зӯраш нарасидааст. Саҳарӣ Змитер баромада нигоҳ кунад: дар кунҷак харгӯш хобидааст.
– Ин тавр бошад эҳтимол, бача доштааст, – пай бурд Пётр.
– Ҳа, пишакчаҳо дошт.
– Ин фаҳмост, охир. Барои бачаҳояш кӯшиш мекардааст. Модар барин... Хайр, баъд ту чӣ кор кардӣ?
– Ҳамин хел мешиштам, – оҳистакак дилпурона пичиррос мезад Бася. – Зан... Ҳа ҳамон, кадоме ки ... боз чанд бори дигар нон медод. Баъд бисёр хунук шуд, борон борид, барг ба рехтан сар кард. Боре маро саҳарӣ касе дид, ким-кадом мард. Ҳеҷ чиз нагуфт, гузашта рафт. Ман ҳамин қадар тарсидам, қариб то шаб ларзидам. Бегоҳӣ, ки борон борид, баромадам, дар канору кунҷакҳо гаштам–гаштаму қарибиҳои саҳар ба ғаллахонаи касе даромадам. Дар он ҷо се рӯз нишастам. Он ҷо хуб, хушк буд, лекин кофтуков сар шуд. Ким-чӣ хел ҷавро мекофтанду қариб маро ёфта буданд. Ҳамин тавр ман ба оғил гузаштам – дар он ҷо хукҳо буданд. Ман ҳам дар назди онҳо. Шаб дар байни хукҳо медаромадаму хоб мерафтам. Модахук ором буд, лекин нараш, бало занад, онро мегазид.
– О, Худоё! Ин қадар азоб кашидӣ, бечора! – оҳ кашид зани Демян.
– Не. Он ҷо гарм буд.
– Хӯрок чӣ? Ё касе меовард?
– Ман худро ба ҳеҷ кас нишон намедодаму... Хӯрок... Аз охур баъзан чизҳоро ёфта мехӯрдам...
– Вое, одамро то чӣ дараҷа расонидаанд, Худоё!.. Хӯҷаинҳо, чӣ, магар пай набурданд?
– Пай бурданд, албатта. Боре хобам бурда мондааст, – аллакай барф борида буд. Давида баромадам, ки аз кӯча тохта гузарам – дар он ҷо ҳавлии холӣ буд, ман пинҳон мешудам. Аз кӯча давида гузаштаму ба қафо нигоҳ кардам, як мардак дар даҳани дар истода, нигоҳ мекунад. Ман дар паси заранг руст шудам. Дар он ҷо заранги ғафс ҳаст.
– Эҳтимол, муқобили дорухона будагӣ? – пай бурд зани Демян, – дар он ҷо ку Игнал Супрон зиндагӣ мекард...
– Туро чӣ? – номеҳрубонона бурид сухани занро Пётр.
– Касе зиндагӣ карда бошад, фарқаш-чӣ? Пурсидан чӣ даркор.
Зани Демян ранҷидагӣ барин шуд.
– Ман ҳамту. Агар гуфта бошам ҳам, чӣ?
– Ҳеҷ чӣ! Баъд чӣ шуд... Акнун пинҳон кардан ҳоҷат надорад – албатта... Як дари баста, сад дари кушода. Басяро ба назди ман, ба деҳа фиристоданд. Дуруст фикр карда буданд – ӯро дар хонаи амин намеҷӯянд. Аз паси ҳамон гӯсфандчаи сабилмонда ҳардуямон ба даст афтодем: маро аз болои бухорӣ кашида оварданду Басяро аз таги фарш кашола карда бароварданд...
Рибак аз ин ҳеҷ ба ҳайрат наомада, фақат фикр кард, маълум мешавад, ки бад пинҳон кардаӣ. Нағз пинҳон мекардӣ – намеёфтанд. Умуман гирем, дар ин ҷо дар бораи ҳамаи ин нақл кардан чӣ ҳоҷат? Ҳар чӣ бошад, бало ба пасашон! Ӯро ба ҳамаи онҳо чӣ кор? Ба замми ин, эҳтимол ба ҳамаи онҳо аллакай ягон чиро пинҳон кардан, аз ягон чӣ эҳтиёт будан дер шудааст. Стас, агар рост гуфта бошад, фардо ҳамаи онҳоро марг мунтазир аст.
Дар таҳхона хомӯшии гарону тазъиқовар барқарор шуд, ки онро пас аз фурсате Бася халалдор кард.
– Зери фарш барои ман нағз буд: холаи Арина ба тагам кӯрпаи пахолдор паҳн карда буд. Ман чӣ тавр даромадани он мардҳоро шунидам. Мардҳо рафтанду маро хоб бурдан ҳамон шунидам, ки ҳақорат мекунанд. Полисҳо... Вой–вой!
Фарёди тарсомези Бася Петрро барои аз ҷояш ҷастан маҷбур кард ва Рибак фаҳмид: калламушҳо. Он қадар густох ё гушна шудаанд, ки аз одамон наметарсанд. Мӯйсафед бо мӯзааш, якчанд бор дар кунҷак тап–тап зад. Бася ҷаста хеста, дар миёнаи таҳхона бо худ чоркунҷаи равшанидарои равзанро панаҳ карда меистод. Тамоми авзояш аз тарс дарақ–дарақ меларзид.
– Онҳо мегазанд, охир. Онҳо почаамро хоиданд. Ман аз онҳо бисёр метарсам. Амакҷон!..
– Ҳеҷ гап не, натарс. Калламушҳо чӣ? Онҳо хавфнок не. Хайр, агар газанд, чӣ? Ҳеҷ қисса не! Биё, ана, дар кунҷаки ман, биншин. Ман ҳамин ҷо... Мон ин балоҳоро!..
Вай боз бо пояш тап–тап зад, кунҷакро тит карду нишаст. Бася дар рӯи пахол дар ҷои вай ғунча шуда нишаст. Сотников гӯё хоб буд. Дар рӯ ба рӯ зани Демян гоҳ оҳ мекашиду гоҳ бинӣ меафшонд.
– Акнун чӣ... Акнун чӣ кор мекунӣ? – мепурсид дар торикӣ Петр ва худ ба худаш ҷавоб медод: – Акнун ҳеҷ кор карда ҳам намешавад. Тоқат кун. Камтар мондааст.
Вай ором шуд. Рибак пояшро озодонатар дароз кард, мехост ғанаб кунад, лекин дигар хобаш намеомад.
Дар пеши ӯ ҷарӣ буд.
Вай махсусан, ҳоло, шабона, дар лаҳзаи хомӯшӣ ҳамаашро аниқ фаҳмид ва фикр кард, ки акнун ҳеҷ чизро ислоҳ кардан имкон надорад. Вай доимо ва дар ҳама ҷо ягон роҳи халосӣ пайдо мекард, вале ҳоло илоҷ надошт. Акнун роҳи халосӣ набуд. Ӯро ҳамчунон дар он воқиаи ба ёд мондаи замони бачагияш, ки духтаракону аспро наҷот дода буд, оҳиста-оҳиста тарсу ҳарос фаро мегирифт. Лекин он вақт тарс дертар омада буд, дар лаҳзаи хавфнок Коля Рибак бештар бешуурона, бе фикру мулоҳиза амал мекард ва эҳтимол, ҳамин ҳамаашро ҳал карда буд. Лекин ин кайҳо, ҳоло пеш аз вақтҳои колхозшавиҳо, дар айёми бачагии деҳотияш ба вуқӯъ омада буд – ҳоло онро ба ёд овардан чӣ зарурат дошт? Вале аз чӣ бошад, ки ба ёд расид, бар зидди хоҳиш, – эҳтимол, он воқеаи кӯҳна бо ҳолати ҳозираи ӯ ягон алоқаи то ҳол норавшан дошт.
Онҳо дар деҳа аз дигарон на баду на беҳтар зиндагӣ мекарданд, миёнҳол ҳисоб мешуданд. Падараш ҷавони серҳаракат ва камтар тундмиҷозе буд, аспи сиёҳмушкини хуб дошт, Коля ҳам бо он созиши бад надошт. Дар деҳа бачаҳо барвақт ба меҳнати деҳқонӣ сар мекунанд. Коля ҳам дувоздаҳро пур накарда, аллакай кам-кам ҳам дарав, ҳам кишт ва ҳам сихмола карда буд.
Он рӯз аз саҳро беда мекашониданд.
Ин кори тамоман бачагона хисоб меёфт. Роҳ шинос, аз тарафи онҳо то майдатарин тафсилоташ омӯхта шуда буд. Вай қариб чашмонашро пӯшида медонист, ки дар куҷо каме канортар гирад, дар куҷо ба изи ароба равад, ҷои охурчашудаи пуроб ва чуқури сойро чӣ тавр беҳтар гузарад. Ҷои аз ҳама хавфноктарин дар ин роҳ кӯҳи Купсов – нишебӣ, хамгашт ва ҷӯйчаи танге дар зери ҷарии чуқур ҳисоб меёфт. Дар он ҷо ниҳоят ҳушёр шудан даркор буд. Вале ҳамааш ба хубӣ мегузашт. Падар чорбандҳои охиринро аз поёни майдон чида гирифт ва аз афташ, ба ароба аз ҳад зиёд бор кард – арғамчин базӯр расид, ки бори аробаро бандад. Ба болои он боз хоҳараки ҳафтсолааш Маня ва духтарчаи ҳамсоя Люба баромада савор шуданд.
Вай тамоми роҳ аз як тараф ба тарафи дигар алвонҷ хӯрда, оҳиста дар болои аробаи баланд, чун ҳарвақта бо боварӣ асп ронда мерафт. Кӯҳи Купсовро гузаштанд, роҳ ба сӯи сой рафт. Ва он вақт бо афзоли аспу ароба чӣ коре шуд, ки асп аробаро дошта натавонист ва тарафи чапи он баланд шуда, ба тарафи рост хам хӯрдан гирифт. Коля ба поён назар афканд ва аз ароба ғелида рафт.
Вай баъд аз ин чӣ ҳодиса рӯй доданашро равшан фаҳмида, бо як ғайрати бешуурона худро ба таги аробаи якпаҳлушуда зад ва ба таги паҳлуи он китфи бачагона ва ҳоло камқуввати худро гузошт. Вазнинӣ аз ҳад зиёд буд, дар ҳолати дигар вай эҳтимол, ҳаргиз тоқат оварда наметавонист, вале он вақт тоқат кард. Духтарчаҳо ҳам ба замин ғелиданд, ба болояш беда рехта, ӯро гӯр кард, вале асп, ҳар чӣ бошад ҳам, бо азоб аробаро уҳда кард ва пеши онро аз тарафи ҷарии сой, ки хатари ба он афтоданашон буд, ба дигар сӯ гардонд.
Баъд аз ин ӯро дар деҳа таъриф мекарданд, вай худаш аз рафтори худ розӣ буд – ҳар чӣ бошад, худро, аспро ва духтарчаҳоро аз фалокат наҷот дод – ва он вақт фикр мекард, ки вай дигар хел рафтор карда наметавонист. Ва боз Коля бовар кард, ки вай одами ҷасур аст. Аз ҳама муҳимаш, албатта, худро гум накардан ва натарсидан буд.
Ана акнун боз дар пеши ӯ худи ҳамон ҷарӣ.
Фақат дар ин ҷо худро гум накардан кам аст ва ҳеҷ хел ҷасурӣ ёрӣ дода наметавонад, дар ин ҷо кадом як чизи дигаре, ки ба ӯ аниқ намерасид, даркор буд. Дар ин ҷо дасту пои вай бастааст ва акнун ӯ ҳеҷ кор карда наметавонистагӣ барин.
Лекин наход он муфаттиш, вақте ки ба ӯ ким-чӣ ваъда мекард ва ҳатто гӯё розӣ мекунонд, дурӯғ гуфта бошад? Шояд Рибак беҳуда ҳамон вақт якбора розӣ нашуда будааст – фардо рафту дер шавад. Лекин, сабабаш фаҳмо. Муфаттиш дар ин ҷо, эҳтимол, сардори аз ҳама калонтар нест, сардори калонтар ҳаст, вай фармон дод, тамом. Аммо акнун барои ягон чизро ислоҳ кардан, дигар кардан, шояд аллакай дер шуда бошад.
Не, вай ба марг розӣ шуда наметавонист, ҳаргиз марги худро мутеона қабул намекунад – вай ҳама полисҳои онҳоро реза-реза карда мепартояд, бо дастонаш Партнов ва Стасро буғӣ карда мекушад. Фақат бигзор, ки ба ӯ даст расонанд...