Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Сурудҳое, ки дар кӯҳсори Лори эҷод шудаанд
ГУВОҲИИ ДИЛ
Малламӯе зери лаб ҳуштаккашон
Нағмаеро менавозад дам ба дам.
Назди оташ ӯ чӣ коре мекунад?
Тир мерезад барои куштанам.
Хуб медонам, ки бошам ҳар куҷо,
Дар макони тоза ё деринаам,
Тир ороме нагирад ҳеҷ гоҳ,
То нагардад ҷой андар синаам.
Кӣ, надонам, пахш бинмояд куланг,
Ҳаст, аммо ҳар гаҳам пеши назар
Манзили бебозгашти охирин,
Манзили торику шоми бесаҳар.
Нест з-инҳоям вале ҷои гурез,
Нест ҷои шикваву кину ситез.
Марг ояд – ман ба чашмаш бингарам,
Зиндагӣ ояд – насозам хам сарам.
Ман бигӯям: – Малламӯ, сайёди ман,
Менамоӣ автомат? Буҳудааст.
Арманиям. Он қадар хун дидаам,
Кай дигар аз хун ҳаросам будааст.
Метавонад тири ту сӯзон шавад,
Сӯзад, аммо худ насӯзад дар ҳаёт?
Чун дили ман, нафрати сӯзони ман,
К-огаҳастанд аз ҳаёту аз мамот.
Бишнавӣ? Дар кӯраҳои хештан
Тири ҳамчун оташи сӯзон бирез.
Худ барои пешвозаш меравам,
Мепазирам ҳамчу эҳдои азиз.
Гарчи ҳамчун оташи сӯзандаӣ,
Ҳар қадарҳо мекушиям бенишон, –
Боз ҳам ночиз ҳастӣ ҳамчу марг,
Ман, вале чун зиндагиям ҷовидон.
* * *
Духтаре меравад зи роҳи дароз,
Меравад дар лабаш тарона, ба ноз,
Шоду мамнуну дилбару танноз.
Аз паси ёри хурраму масрур,
Рафтам аз кӯчаҳои дуродур,
Аз суруду таронааш махмур.
Аз ғаму дарду ранҷ озодам.
Гарчи ҳатто назораам накунад,
Нашавам дилфигор – дилшодам.
Аз пасаш рафта шеър месозам
Ҳар адову нишонаи ӯро,
Ҳар табассум, таронаи ӯро.
Шӯъла зан, эй чароғ, рахшонтар,
Раҳгузар, шоду бо ҳавас бингар,
Бин, ҳаво аст хубу тозаву тар.
Духтаре меравад ба дуродур,
Духтаре бо таронааш масрур,
Ҷони ман аз таронааш махмур.
* * *
Барфи аввал омаду ту омадӣ,
Буд сафедиҳо нишони ишқи ту.
Мекунем аз кӯчаҳои барфпӯш
Сайругаште то сабоҳи тозарӯ.
Чархгардон зарраҳои сап-сафед
Бар замин резанд аз тоқи баланд.
То ба зери барфҳо садбаргҳо
Дар раҳи ҷононаи ман бишкуфанд.
Бе муҳаббат шеър н-ояд бар забон,
Бе муҳаббат сабзад оё киштзор?
Мепарад пар дар сипеҳри сап-сафед...
Сайри барфи аввалин хуб аст, ёр.
* * *
Бо китобам нишастаӣ хомӯш,
Сояи туст дар суруди дилам.
Ҳамчу нури муҳабатат дар ман –
Сояи туст дар вуҷуди дилам.
Агар акнун ба ҳар куҷо биравам,
Дар забонам таронаи меҳр аст.
Сояи туст дар ҳама шеърам –
Сояи ту хизонаи шеър аст.
* * *
Ҳамчу баҳри беканор аст ишқу армони бузург,
Шоҳболе боядат то бигзарӣ баҳри азим.
Гарки гунҷишки заифӣ, сӯи ин дарё марав,
То наандозӣ ту худро бесабаб дар хавфу бим.
Мепарад танҳо уқоб аз рӯи тӯфонҳои баҳр,
Бе ҳаросе во намуда бо шаҳомат болҳо.
Хаставу беҳол гардӣ дар бузургиҳои баҳр,
Гар уқобе нестӣ, чун гардӣ аз тӯфон раҳо.
Ҷони ман, бо ин заифӣ, бо зании хештан,
Гаштаи ту озими оворагии ҷовидон.
Мерасӣ оё ту бар он соҳили аз чашм дур,
Ё ки беҳолу мадор афтӣ ба дарёи дамон?
Ғун макун ту болҳоятро, бизан боли дигар,
Мерасӣ шояд, ки бар он соҳили баҳри кабуд.
Гар ба дарё бемадор афтӣ, набошад айби ман,
Гар уқобе нестӣ ту, нест аз азми ту суд.
* * *
Дар таги кӯҳи сияҳ истодаам,
Дарра дар ранги сияҳ олудааст.
Бофта маҳтоб қолии кабуд,
Гӯиё рӯи раҳам бикшудааст.
Бингарад аз осмон фавҷи нуҷум
Бо ҳавас бар боғҳои гулбасар.
Мепаранд анҷум ба домони замин,
Лек мемиранд дар раҳ беасар.
На ситора, на шамолу мавҷ ман,
Ман, ки инсонам бузургу қодирам.
Ошиқи зӯру ҷавону ташнаам,
Ҳусни олам дар замиру зоҳирам.
Ғуссаву ғам мехурам, бе ту, ки ман
Мекашам танҳо нафас аз ин ҳаво.
Ту зи ман дурию ҳавлии ту аст
Дар туманҳои ғализу сип-сиё.
Мезанад девори об абри матир
Дар паси тирезаи ту рӯзу шаб.
Кишварам зебосту ман хешро
Меҳисобам айдбор аз ин сабаб:
Ошиқон бо ёр қисмат мекунанд
Шавқу шодиву ғаму дарди ҷаҳон.
Ман ба шеърам мефиристам сӯи ту
Мавҷи баҳру ахтарони осмон.
Ин шаби орому рӯҳафзойро,
Ин хамӯширо,
ки бошад чун суруд,
То ту ҳар дам ҳис кунӣ бо ҷону дил
Тозагии кӯҳсори хушнамуд.
Чун кушоӣ номаам – эъҷозвор,
Мефитад бар рӯи дастат ахтаре.
Хешро мебинӣ он гаҳ дар барам
Дар канори кӯҳсори дилбаре.
* * *
Ишқи поку аввалини ман будӣ,
Рози дилро бо ту гуфтан хостам.
Ханда кардиву
бирафтӣ хонаат,
Ман бимондам дар дилам дарду алам.
Мегузаштам кӯҳу дарёҳо сипас,
Борҳо дил додаву дил бурдаам,
Он ҳама ҳарфу амал осон буданд –
Бӯсаву савгандҳои хӯрдаам.
Ман ҳам ишқи аввалини ёрро
Як шаби найсон ба пушти по задам.
Шояд он шаб то кунун дар ёди ӯст,
Ман, ки ӯро захми нобарҷо задам.
Нест захм аз захми ман носуртар!
Чун кунам бо дарди дил падруд ман,
Ними оламро агарчи рад кунам,
Боз ёд ояд,
ки худ мардуд ман!
БА ЗАНИ ФОРС
Сурати суратгарам эъҷозкори халқи форс,
Боз шояд ин нафас беҳуда бар ёдам расид:
Бо канизак шоҳ истодаст байни боғи қаср
Тирарӯву хашмгин, бо аҳли аъён дорад ид.
Бовараш маҳкам бувад бар шуҳрату бар зӯри хеш,
Нангарад бар рӯи зебои нигори нозанин.
Бингарад бар қасри худ, бар аспҳои масти хеш,
Бингарад бар посбонҳои ҳисори оҳанин.
Чашми зан бар ҷониби дарвозаи қасри бузург,
Бар суи шерони сангӣ –
посбони қасри шоҳ.
Баски з-он сӯ тирандози далери навҷавон
Мекунад ҳамвора сӯяш бо ғаму дарде нигоҳ.
Дар дилаш ишқест назди шоҳ ҳоло нотавон,
Дар дилаш ишқест аз ҳар шоҳу ҳоким зӯртар...
Шӯълавар ин ишқ андар тухмаи чашмони ӯст, -
Қалъаву қасру ҳисораш нест садди ногузар.
Аз чӣ ман суратгари эъҷозкори бостон
Ёд овардам кунун бо хавф аз он суратат?..
Эй азизам, эҳтиёте! Шоҳ маккор асту зӯр, –
Сахт метарсам, ки бадбахтӣ биёяд бар сарат.
МАРГИ МУ{АББАТ
Мани шоир ба ту дил дода будам,
Аз ин гаштӣ чаро дар қаҳр акнун.
Магар аз он ки гуфтам бо муҳаббат:
Замини сабз бошад зери гардун.
Ба ту дил дода будам. Ҳамчу роҳиб,
Ки ишқи дил варо бар дайр бурда.
Ба шоир нуру зулмат ҳам азизанд,
Замин, гуфтам, набошад ҷисми мурда.
Бубояд донаро дар хок афшонд,
Ки ҳар як дона танҳо дар замин руст.
Мани шоир накӯ гуфтам, ки пайванд
Шаробу шавқу дарду ғуссаи туст.
Ту мехондӣ навои ишқи нозук,
Ту будӣ чун самои пурситора.
Маро, аммо замин, зулмоту кӯча,
Ҳамехонданд сӯи худ ҳамора!
Ту мехондӣ навои ишқ. Рафтам
Ман аз ин хонаву аз ин нишеман.
Ҳамезад буттаро борон ба қамчин,
Табассум кард як девона бар ман.
Шунида нолаи тарнов рафтам
Зи рӯи сангҳои суфтаи роҳ.
Кутубон аз пасам рафтанд. Роял
Шиновар гашт чун тобут он гоҳ.
Зи пас ногаҳ навои ишқ бархост
Ба монанди бухур аз сӯи гулзор
Ва афсӯс ин ҳама буд з-осмонат
Ва мурдам ман. Набудам ман гунаҳкор.
Ва шояд ошиқи ту ҳам набудам?
Ва санъат баҳри санъат? Ҳазлу бозист?
Бимон гӯянд, ман бо ғусса гӯям,
Манам шоир! Дигар чуну чаро нест!
* * *
Мекунад барфи кӯчаҳо парвоз,
Мепарад барфу об гардад боз.
Духтаре меравад хамӯшу бағам,
Ашки худро фурӯ барад ҳар дам.
Аз чӣ дар кӯча мекаловад ӯ,
Мебарад аз чӣ ашки талх фурӯ.
Дар шаби Соли Нав равад маҳзун,
Ё магар навбаташ расад акнун
Зиндагию азоб бишносад,
Бахтро дерёб бишносад...
Зери лаб ким-чиҳо бигӯяд ӯ,
Мебарад ашки талхи хеш фурӯ.
Рӯи худро ба барф мешӯяд.
Дар дилаш эҳтимол мегӯяд: -
Бахт дигар маро намеҷӯяд...
Ин ҳама об мешавад чун барф,
Ин ҳама зуд меравад чун барф...
* * *
Сухан аз ину он гуфтам,
Чунин гуфтам, чунон гуфтам.
Агарчи он қадар бисёр
Бигуфтам ман, на он гуфтам.
«Тарафдор»-у «Муқобил» ман
Ҳамегуфтам ба ину он.
Гапи бисёр мегуфтам,
Агар ногаҳ намедидам
Туро чашмон.
Худовандо,
Чаро ин қадр маҳзунанд,
Чаро ин қадр ғамгинанд,
Чаро ин қадр хомуш,
бепаноҳастанд,
Чу андӯҳи сиёҳе сип-сиёҳастанд.
Ба чашмони ман он чашмон
Чу ду нурафкане бинмуд,
Ки аз нури сиёҳи он
Тамоми шаҳр зулмат буд.
Ва гӯё дар фарохии хиёбонҳо
Бувад андӯҳи ту танҳо,
Вуҷуде нест.
Хиёбонҳо ҳама холист.
Чунин дарёфтам он гоҳ,
Ки дар назди чунин чашмон
Ва ё фарёд бояд кард –
Ва ё хомӯш бояд монд.
* * *
Хоҳам, ки ман ба нағмаи борон сухан кунам,
Аз шеъри хеш қофия бандам ба боли бод.
Ёбам навои дилкаши шаббодаву насим,
Дар бешазори тирамаҳ оҳанги хайрбод.
Хоҳам зи мавҷи рӯд бихонам каломи рӯд,
Хоҳам ба осмон чу сафедори хушнамуд
Бо шоху баргҳо ҳама суратгарӣ кунам.
Хоҳам, ки сурати ҳаракат, ларзаро кашам,
Ҳамчун насими гул бинавозам қади занон.
Хоҳам, ки баъд аз ин ҳама рӯзу шаби дароз,
Аз ҳарфи пургудоз,
Аз ашку аз ниёз,
Рози ниҳони ту бишавад баҳри ман аён.
Монанди осмону шамолону бешазор,
Борони навбаҳору чаманҳои беғубор,
Чун рӯдҳои шӯхи ғазалхони кӯҳсор,
Монанди хатти пайраҳаи сабзи лолазор,
К-он мебарад ба сӯи туям ғайри ихтиёр.
Бо меҳри ҷовидона фароям гирифтаӣ.
Оҳанги гуфтугӯт шинос асту дер боз,
Ҳаст он ба мисли ҳарфи табиат аёну роз.
* * *
Боғ буд андар сукут
Бо тамомии вуҷуд.
Шомгоҳон
Олуболу кандам аз шохи ниҳол
К-он чу марҷон сурх буд.
Навниҳол урён бишуд.
Ҷони ман месӯхт аз афсӯси ман!
Дар хаёлам менамуд,
Гӯиё ман гӯшвори сурхро
Мерабудам ҳамчу дузд аз гӯши зан...
СУРУДИ ҒАМАНГЕЗ
Монд захми бад басо дар қалби ман!
Дле яман, дле яман[1].
Кӣ маро ин роз фаҳмонад, ки чист?
Балки он душвору нофаҳмонданист:
Ҳар гаҳе ки тир мебоист зад,
Ҳар гаҳе ки сайд мебоист кушт,
Тири ман мерафт каҷ, норост бад.
Субҳи як рӯзи дурахшони баҳор,
Дар само сармасти худ мехонд сор.
Ман камони хеш бигрифтам ба даст, -
Сорак аз созу навояш буд маст,
Дар гумонам медиҳад тирам фиреб...
Қиссаи талх аст ин дастони ман,
Тир зад, бархӯрд бар виҷдони ман,
Сор ҳам афтод бар кӯли Севан,
Дле яман, дле яман...
Боварам гарчи набуд бори дигар
Дом мондам ман ба ваҳшии калон, –
Омадам, афтода гунҷишке ба дом,
Буд зери дом дар ҳоли гарон...
Монд захми бад басо дар қалби ман!
Дле яман, дле яман!
То ки юрмони давони даргузар
Оҳуи мушкин наояд дар назар.
То нахонам ман навои пурмалол
Ҷои шеъри ноб дар зери сипеҳр.
То нагӯям баъд сад ҳайфу дареғ,
Кинаву ранҷиш нагирад ҷои меҳр.
* * *
Дил гувоҳӣ медиҳад аз шеъри нав
Ҳамчунон дар соати эҳёи ишқ,
Ки биронад бод киштии варо
Ноаён, оҳиста бар дарёи ишқ.
Дил гувоҳӣ медиҳад, ҳис мекунам,
Ман варо чун шиҳаи аспи батоз,
Ҳамчу бӯи гул, чу оҳанги садо,
Чун дари маҳкам ба рӯям бастае,
Ки шавад бар рӯи ман имрӯз боз.
Хушк мегардад гулӯям. Чун вуҳуш
Гӯиё дар бешаҳо дорам талош.
Ногаҳон бишнида бӯи оҳуе
Оҳуе, ки чун тарозу шохҳош.
Мешавам хомӯш, гӯё нестам.
Метапам ман, беқарору интизор.
Изтиробангез оҳуям куҷост?
Ман варо андар куҷо оям дучор?
Аз чӣ бошад ин гувоҳии дилам,
Синаи сӯзон пуропур кардааст.
Илтимосу илтиҷое мекунам,
Мекунам уммед то орам ба даст.
То нагардад ишқ бар бозӣ бадал
Андар ин хомӯшии тӯфонмасал.
* * *
Дилу ҷонам, азизу ҷононам,
Бо ту мегӯям аз таҳи дил ман.
Бо ту будам, вале бубахшоям,
Эътиборе надодамат баъзан.
Чун расиданд рӯзҳои фироқ,
Аз ҳам, эй ёр, дур афтодем.
Гарчи ҳар дам фиреби дил кардем,
Лек дилро ба дасти ғам додем.
Чун ҳаво ҳар куҷо ба ман будӣ,
Дар ҳама лаҳзаҳои умр басе.
Бишиносем лек қадри ҳаво,
Нарасад гар ҳаво ба мо нафасе!
* * *
Равонастем чандин сол
Зи роҳи печ-пече мо.
Сухан гӯем аз ҳар боб,
Вале аз якдигар асло.
Туро ман дӯст медорам,
Маро ту дӯст медорӣ,
Ҳама инро ҳамедонанд –
Валекин бар забон инро
Намеорам,
Намеорӣ...
* * *
Дар таги тирезаам хонад суруд,
Ошиқе боз имшаб аз буду набуд.
То саҳар хонад зи ишқи бебадал,
Дода бар эҷоди шеъри ман халал.
Аз садо ҳамсоя ҳам бедор шуд,
Аз суруди нисфи шаб безор шуд.
З-ин суруд аммо дили ман хуш шавад.
Шеър гуфтан ҳам зи ёди ман равад.
Аз дилаш хонад ҷавон, ошиқ бувад.
Кош агар илҳоми ман шоиқ бувад.
Кош ман ҳам ҳар гаҳе гӯям суруд,
Ишқи ман дар шеър ёбад ҷойи буд.
Хон, ҷавон, то рӯз аз ишқи абад,
Ту зарурӣ бар ману созӣ мадад.
* * *
Орзуям васфу таҳсини Шумо бошад, Мари,
Ман намедонам, вале дар ин чӣ меорад халал.
Сатрҳоям ногаҳон дар нимраҳ гардад бадал
Бар садои дигаре, бегонаи нодилбаре.
Ман намедонам, бале, ин ҷо халал аз чӣ бувад,
Ман ки бошам доимо камҳарфу соҳибифтихор.
Бар Шумо хоҳам кушудан орзуи қалби зор,
Лек дар ҳоле биафтам, ҷуръат аз ҷонам равад.
Сатрҳои ман бимонад норавон дар ними роҳ,
Мешавам мафтуну маҳви қалби зебои Шумо.
Мерасад дар сина гармии нафасҳои Шумо,
Эй Мари, аммо намебинам Шуморо, чун ҳаво.
Шеъри ман бегонагие мекунад бар гӯши ман,
Мешавад эҳсоси ман таҳрифу кунду дигаре.
Изн деҳ, то бесухан ман дӯстат дорам, Мари,
Баски меорад халал вазну қавофиву сухан.
* * *
Зи танҳоӣ бувад ин дард
Ва ё аз рӯзи боронӣ?
Ба андӯҳе гирифторам,
Амон аз сӯзи пинҳонӣ!
Биё бо ман! Наҷотам деҳ,
Ки меҳрат ёварам бошад.
Ҳароси субҳу шомам нест,
Чу дастат бар сарам бошад....
Қадам бар остонам неҳ,
Ки бе лабҳои ту мирам.
Лаби мо чун ба ҳам ояд,
Ҳаёти ҷовидон гирам.
Биё! Борони найсонӣ
Ғубори гардро шӯяд.
Дурахшад чеҳраи хуршед,
Табассум дар лабат рӯяд.
Биё, ман илтиҷо дорам
Зи ту такрор бо такрор.
Биё, дар хона бе пурсиш,
Ба сӯи тифл модарвор...
* * *
Бубахшоям, хилофи ваъда кардам,
Вале ҳаргиз набошад айб аз ман.
Дили беақли ман бошад гунаҳкор,
Ки то ҳол аз ту натвонад гузаштан.
Гуноҳи гӯшҳоям, ки насозанд
Садои пасту нарматро фаромӯш.
Зи айби хуни гарми худ чӣ гӯям,
Ки аз ишқи гунаҳкорат занад ҷӯш.
Чӣ бисёр аст ҷурми ҳар ду поям,
Тиреза-т бинаду орад таги он
Ва чашмонам ки нашносанд раҳро
Чу дуранд аз туву з-он барқи чашмон.
* * *
Он қадарҳо дӯстат дорам ба ҷон,
Бингарам сӯят нафас нагрифта ман.
Дасти худро ман наҷунбонам зи тарс,
Ман набинвисам, на мегӯям сухан...
Он даме беҳазлу шӯхӣ дил диҳӣ,
Ишқу эҳсоси ту беандозаанд.
Он даме бахшӣ ҷаҳонҳоро ба ман,
К-аз дурахши ашкҳоят тозаанд.
Он даме ки дар хамӯшии бузург
Эҳтиросоти муқаддас оварад
Бо ҳама камҷуръатиҳоят туро
Дар канори ман, ки ҷонам парварад.
Хоки пои ту маро чун нӯшу неш,
Медиҳам фармони хомӯшӣ ба хеш!..
* * *
Навниҳоли сабзи себ
Рост гашта нӯги по,
Эй басо рахшон зи бахт,
Эй басо ларзон зи рашк,
Интизору зор буд танҳо туро,
Карда сӯят дастҳояшро дароз,
Себро мехост тақдимат кунад.
Ту, валекин,
Омадӣ,
Бе ягон ҷурму сабаб,
Бе ягон фикру хаёл,
Дасти сабзашро шикастӣ -
Ҳайфи дасти сабзи ӯ,
ки бо умед
Себро мекард сӯи ту дароз .......
Эй дарахти себи ман,
Ишқи беосеби ман,
Аз гуноҳи ман гузар.
– Кист мегиряд дар он ҷо?
Гиряаш бо ёди кист?
* * *
Чанд, охир, ба ту гӯям бояд,
Ишқу уммеди туро
Баҳри парвози баланд
Осмонҳои фарохе шояд.
Боварам кун, ки ту гармии дилат
Бикунӣ бахши касе, к- ӯ набувад
Ҳеҷ шоистаи ту.
Кун фаромӯш маро.
Ин раҳи хостаи туст хато:
Ҳосилат ашк бувад, дигар ҳеҷ.
Гӯш кун, сар ту мапеч.
Лонаи сохтаам дар бари гул,
Лонаи бум бувад, на булбул!
Ман туро ғам бифазоям ҳар дам,
Лек танҳо биравам,
ман биравам,
Бо дилу ҷон биравам,
Сӯи он хонаи бегонаи ту....
Ба раҳи ман бувадат чашми нигоҳ,
Аз саҳар то бегоҳ.
Дарди ҷонсӯз кашӣ дар бистар
Як худат то ба саҳар.
Ин ҳама беҳуда, бовар бинамо,
Гаштаам ҳавсала пир.
Ту ба куҳ меравию ман аммо
Равам аз кӯҳ ба зер.
Нест суде! Бикунам боз давом?!
Баски дарёфтаам:
Ҳар қадар ранҷ диҳам шому саҳар,
Мешавӣ он қадарам мушфиқтар.
Дар ҷавоби ситами ман ту чаро
Мекунӣ даъвату фарёд маро,
Мебарад бӯсаат аз ёд маро
Чанд такрор кунам ман ба ту ин,
Ҷони ширин...
[1] Дле яман – бахти бадам, бахти бадам; нақароти суруди халқии арманист.