Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Мухтор Шаханов, шоири қазоқ
Қазияи ҳусни тафоҳум
Хона торик аст аз андӯҳи дарди ҷонгазой.
Сина тангӣ мекунад имрӯз бар савдои ӯ.
Дар ҳамин ҷо марг бистонид ҷони Толстой.
Ҳамсараш омад. Фурӯ бинмуд сар болои ӯ.
«Ман гунаҳкорам! Бубахшоям! Бубахшо, чора чист?»
Ӯ вале хомӯш. Андешад, ки: «Ёри бовафо,
Ту марезон ашк. Дардам камтар аз дарди ту нест.
Ҳар қадар гирён шавӣ ҳам, дар лаби гӯр аст по.
Дӯстат медоштам, носозгор омад насиб,
Ҷони ман аз ранҷи нофаҳмии ту ранҷур шуд.
Ту нафаҳмидӣ маро, будӣ агарчи чун ҳабиб,
Завҷаи Толстой будан гарчи худ осон набуд.
Ранҷи нофаҳмии ту душвор буду ғамфизо,
Метавонистӣ бифаҳмӣ дарди ман, аммо куҷо...
Умрҳо будем як ҷо, мешавем акнун ҷудо,
Ман туро бахшидаам, бошад, ки бахшоӣ маро...»
Фошкори ҳар бадие чашм пӯшид аз ҷаҳон,
Он, ки ӯро завҷааш, афсӯс, нофаҳмида буд.
Нест акнун Толстой. Эй доҳии давру замон,
Он қадар бадбахт будӣ аз дилогоҳии худ!
Раҳму шафқат ҳам ба мо бикшояд оғӯши наҷот,
Кӣ ба гармӣ соя бошад, гарм созад рӯзи сард?
Умқу паҳнову баландӣ ҳаст меъёри ҳаёт,
Ҳар кӣ ин маъно надонад, нест аҳли фаҳму дард!
Кай бувад пайроҳаи ҳамвор аз дил сӯи дил,
Ҳар касеро гар намефаҳманд, аз ӯ нафрин кунанд.
Ҳаст чун ҳарби танотан раҳкашӣ бар кӯи дил,
Раҳ ба сӯи ҳалқаи мардум чӣ сахту пургазанд.
Гар ту, нофаҳмӣ, азоби бегуноҳонӣ, чӣ бок?
Он, ки фаҳмидан нахоҳад, лек бошад пургуноҳ.
Эй басо чашма, ки дидам, монд зери сангу хок,
Эй басо роҳе, ки дидам, кӯр шуд дар нимароҳ!
Эй, ту нофаҳмӣ, хиёнат, қотилӣ омӯхтӣ,
Қотилӣ, ки мекушӣ бефарқ дар зулмоти шаб.
Ин туӣ, ки ҷисми Ҷордано ба гулхан сӯхтӣ,
Бар Галилей ҳукми куштанро ту бинмудӣ талаб.
Гардани Бирҷон-сало аз ту ба арғамчин фитод,
Кардӣ аз чашми Улуғбек нури кавкабро ниҳон.
Лаънати кулли башар бар ному осори ту бод,
Узру бахшоиш наёбӣ ҳеҷ дар рӯи ҷаҳон.
Тарсакиҳо мезадӣ ту дар бари рӯи Абай,
Даррасидӣ ту ба сарвақти Авезов бехабар.
Чашм аз рашку хусумат доштӣ бар сӯи вай,
Кам-кам аз ӯ ҳам кушодӣ ғайбату миш-миш дигар.
«Қиссаи ӯ ҳеҷ бар дилҳо намесозад асар,
Раҳ надорад ин асар бар авҷи волои сухан».
Заҳрханде кард Авезов, гарчи шуд хуни ҷигар:
«Халқ рӯзе худ бигӯяд арзиши осори ман!»
Эй басо ин тавр буд,
Он тавр буд,
Айни ҷазост!
Ин чӣ кӯриест, бинию набинӣ азми дӯст.
Ҳар касе, ки кунду нофаҳм аст, оё бегуност?
Ҳар кӣ фаҳмидан намехоҳад, ҷинояткор ӯст!
Баски нофаҳмӣ мисоли абри тира-ст аз азал,
Он бигирад рӯи уфқу чеҳраи хуршеди рӯз.
Соҳибистеъдоди барное биёяд сӯи мо,
Дарзамон фаҳмем ӯро, то нагардад хирасӯз!