Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
18
Рибак помонакро сар дод ва худро қафо кашид – дар назди ӯ пойҳои Сотников ба алвонҷ даромаданд, телпакаш рӯи барф афтод. Рибак якбора қафо рафт, вале дарҳол хам шуда, онро аз зери Сотников гирифт, ки ӯ аллакай оромона дар арғамчин тоб мехӯрд ва гоҳ ба ин тараф ва гоҳ ба он тараф давр мезад. Рибак ҷуръати ба рӯи ӯ нигаристан накард: вай дар пеши худ фақат пойҳои дар ҳаво овезонро, ки яке дар намадмӯзаи кӯҳна ва дигаре дар паҳлуи он пошнааш ба берун тоб хӯрда буд ва кафаш кабуду дар буҷулакаш рахи хуни шахшуда дошт, медид.
Вале ошуфтагиаш аз ин ҳодиса ӯро дуру дароз дар ихтиёри худ нигоҳ надошт – Рибак бо зӯри ирода саргарангиашро бартараф кард ва ба паҳлу нигарист. Дар паҳлу, дар байни Сотников ва зани Демян арғамчини панҷум сабук алвонҷ мехӯрд – оё гардани ӯро интизор бошад?
Лекин гӯё ҳеҷ чиз хавфи ӯро тасдиқ намекард. Будила аз зери пои зани Демян қуттии фанерии зардро мегирифт, дигарон аз таги тоқ харакро мебардоштанд. Стас аз дур ба ӯ бо овози баланд чизе гуфт, вале Рибак то ҳол дар зери таъсири қатл буд ва гапи ӯро нафаҳмид ва ё нашунид, ки куҷо рафтанашро надониста меистод. Гурӯҳи немисҳо ва сардорони ғайриҳарбипӯш дар назди бино кам шудан гирифтанд – дар он ҷо гапзанон карда, сигарета кашида, ҳама ба димоғи чоқ пароканда мешуданд, гӯё машғулияти умуман аҷоиб ва дилхушкунандаеро анҷом дода бошанд. Ва он дам ӯ пурра набошад ҳам, бовар кард: маълум мешавад, ки халос хӯрд!
Бале, гӯё халос хӯрд, ӯро намеовезанд, вай зиндагӣ мекунад. Қатл ба охир расид, полисҳоро аз посбонӣ мегирифтанд, ба мардум фармони пароканда шуданро доданд ва занҳо, наврасон, пиразанҳо хомӯшу гиҷу гаранг аз ду тарафи кӯча кашола шуда мерафтанд. Баъзеҳо андак меистоданд, ки ҳарчӣ дуртар раванд. Полисҳо гирду атрофи дорро охирин бор ба тартиб меоварданд. Стаси милтиқаш доимо дар китф ғӯларо аз таги ҳалқаи зиёдатии панҷум зада партофт ва боз ба Рибак ким-чӣ гуфт. Вай чун пай бурд, ки аз ӯ чӣ талаб карданашонро нодуруст фаҳмидааст, аз зери Сотников поймонакро гирифта, ба таги панҷарадевор партофт.
Вақте ки ӯ рӯяшро гардонд, дар муқобилаш Стас меистод, ки дар ниқоби рӯи ӯ табассуми муқаррарии дандоннамо ҳувайдо буд. Вале чашмони ӯ дар ин лаҳза ҳушёру сард мондан гирифтанд.
– Ҳӯ, ҳӯ! Лекин қандата зан! Устокор будаӣ, мурдор! – бо тамасхур таъриф кард полис ва ба китфи ӯ бо ҳамин хел зарбае зад, ки Рибак базӯр дар пояш поида тавонист ва дар дилаш фикр кард: «Ҳаром мурӣ, разил!». Вале ба рӯи фарбеҳ ва аз табассуми беҳис дарозшудаи ӯ нигариста, худаш ҳам танҳо бо лабонаш заҳрханди каҷе кард.
– Ту чӣ гумон кардӣ!
– Дуруст. Хайр, чӣ? Як роҳзан мурдааст – мурдааст. Ҳеҷ қисса не.
«Исто, ин чӣ гап? – нафаҳмид Рибак. – Ӯ дар бораи кӣ? Оё дар бораи Сотников?» Ӯ на якбора, вале ҳамаашро аниқтар, чиро дар назар доштани ӯро фаҳмидан гирифт ва ба шуури ӯ як сардии нохуши гунаҳгорӣ расида гузашт. Вале ҳоло ӯ ҳамроҳии худро ба ин куштор иқрор кардан намехост – вай ба ин чӣ алоқа дорад? Магар инро ӯ кардааст?
Вай фақат он ғӯлачаро кашида гирифт. Он ҳам бо фармони полис.
Чаҳор нафари овехта, ки ҳалқаҳо гарданашонро аз таг ғайриоддӣ буғӣ карда буданд, дар арғамчинҳои дароз, сарҳояшонро ба як тараф партофта, вазнин-вазнин алвонҷ мехӯрданд. Кадоме аз полисҳо ба сари синаи ҳар яки онҳо фанерчаи ба забонҳои русӣ ва немисӣ навиштаро овезон карда монд. Рибак он навиштаҳоро нахонд, вай умуман кӯшиш мекард, ки ба он тараф нанигарад – ҳалқаи панҷуми холӣ ӯро метарсонд. Вай гумон дошт, ки шояд онро аз дор кушода мегиранд, вале ҳеҷ кас аз полисҳо ба он ҳатто наздик нашуд.
Ҳамааш тамом шудагӣ барин буд, дар назди овехтагон посбон истод. Ӯ полисчаи ҷавони гардандароз буда, дар бар камзӯлчаи моҳутии хокистарранг ва дар китф милтиқи немисӣ дошт. Боқимондаҳо саф мебастанд. Рибак барои он ки халал нарасонад, аз кӯчаи калон ба пиёдараҳи тангакаки зери барф баромад ва саропо чашму гӯш шуда, давоми корро мунтазир истод. Дар фикраш, ҳамчунон дар ҳиссиёташ, парешонӣ буд, хурсандии наҷот аз чизе тира мешуд, ки худаш ҳам ҳоло чӣ будани онро дуруст нафаҳмида буд. Боз аз нав ҳисси пешинаи хомӯшшуда аз худ хабар дод, ӯро хоҳиши азиме пайдо шуд, ки рӯ ба гурез ниҳад ва ба ҷангал зада гузарад. Аммо барои ин фурсат интихоб кардан даркор буд. Акнун вайро дар ин ҷо ҳеҷ чиз нигоҳ намедошт.
Полисҳо бо гурӯҳи муқаррарии секасаашон саф бастанд, онҳо тақрибан понздаҳ нафар авбошони ҳархела буданд, ки дар сар пилоткаҳо ва дар бар шинелҳои низомӣ, нимпӯстинҳо, нимтанаҳои пахтагӣ, либосҳои кӯҳнаи аскарони сурхро доштанд. Якеаш ҳатто палтои чиркини доманаш то миён бурида дошт. Дар кӯча одам қариб намонда буд – фақат дар дуртар дар боғча чанд нафар наврасон ва дар қатори онҳо писараки лоғари беморнамои будёновкапӯш меистод. Вай бо даҳони нимбоз то ҳол бинӣ мекашид ва ба дор менигарист, ҳамин тавр менамуд, ки дар он ӯро чизе ба ташвиш меорад. Пас аз лаҳзае вай аз даруни остини дароз ба ангушташ ба он тарафи кӯча ишора кард ва Рибак аз хиҷолат китфашро такон дода, ба паҳлу қадам зад, ки дар паси полисҳо пинҳон шавад. Тамоми гурӯҳ аллакай бо фармонбарии хушнудона ба фармони ғулғуладори сардор итоат карда, шах шуда буд ва худи сардор ҳам фармон дода, дар кайфияти ширини ҳукмфармоии командираш моту мабҳут гашта, оринҷҳояшро ба услуби немисӣ ба ду тараф бароварда, меистод.
– Низом!
Полисҳои даста ҷунбиданду боз ором шуданд. Сардор нигоҳи хашмноки худро аз рӯи саф давонд, то дар роҳи пиёдарав ба андоми танҳое бархӯрд.
– Ту чӣ? Ба саф ист!
Рибак лаҳзае даступо хӯрд. Ин фармон дар як вақт ҳам умед мебахшиду ҳам ба ташвиш меандохт. Лекин фурсати андеша набуд, вай даррав аз пиёдарав давида фуромад ва ба охири даста, дар паҳлуи ким-кадом полиси қадбаланд ва телпаки сиёҳдор, ки ба ӯ бо адоват каҷ нигоҳ кард, истод.
– Қадам зан!
Ва ин оддию муқаррарӣ буд.
Рибак бехаёл ба низоми қадамзании дигарон қадам монд ва агар дастони холияш, ки куҷо кардани онҳоро намедонист, намешуданд ва дар пеши чашм нӯгостинҳои равшан ва латтаҳои чиркини сафеду кабудчатоби аз рӯи остинҳо баста милт–милт наменамуданд, фикр кардан мумкин буд, ки ӯ боз дар даста, дар байни одамони худист.
Онҳо аз ҳамон кӯчае ки ба ин ҷо омада буданд, поин рафтанд, аммо ин аллакай тамоман роҳи дигар буд. Акнун андӯҳу рӯҳафтодагӣ набуд – аз шафат зиндадилӣ, қаноатмандӣ ҷараён мекард, ки ҷои ҳайрат ҳам надошт: вай дар байни ғолибон буд. Онҳо худро ба ним сол, як рӯз ва ё як соат бошад ҳам, ниҳоят бардам, аз дарки ҷазои додаашон ва ё, эҳтимол, аз комил адо кардани қарзашон сархуш ҳис мекарданд: баъзеҳо бо нимовоз гуфтугӯ доштанд, хандаҳо, шӯхиҳо шунида мешуданд ва ҳеҷ кас ягон бор ба қафо, ба тоқ нанигарист. Лекин ба онҳо акнун ҳама баргашта нигоҳ мекард. Онҳое, ки иҷрои ин қасдро дида буданд, дастаи хиёнаткори шаҳрчаро бо коҳиш, бо ҳарос ва ҳатто бо нафрати рӯирост, ки дар чашмони аз гиря сурхи занҳо ҳувайдо буд, гусел карда, қад-қади девору тавораҳои фарсуда мерафтанд. Вале ин полисҳоро як зарра ҳам ба ташвиш намеовард, онҳо эҳтимол, аз рӯи одаташон ба мардуми беҳуқуқ, ҳаросон ҳеҷ эътибор намедоданд. Рибак бо изтироби афзоянда фикр мекард, ки гурехтан даркор аст.
Шояд дар ана он ҷо, дар гардиш, аз болои панҷара ҷаҳад ва аз шаҳрча зада барояд. Хуб мешуд, агар дар наздикӣ ягон ҷарӣ ва ё ҳеҷ набошад, буттазор ва аз он ҳам беҳтар ҷангал бошад. Ва ё дар рӯи ҳавлӣ асп ба даст афтад.
Рӯи роҳ барф хиширрос мезад, полисҳо бо тартибу низом по ба по мерафтанд, аз паҳлу, аз роҳи пиёдарави танг сардор қадам мезад, ки марди барҷастакитф, рӯпаҳн ва аз рӯи шинелаш таранг карда тасма баста буд. Дар камари ӯ нагани (туфанги) милисагии аз поён баста, ки ғилофи чарми хӯрдашудаи чокҳояш мисидӯхт дошт, овезон шуда меҷунбид. Дар паси кӯпрук онҳое, ки дар сафи пеши даста буданд, қадамашонро суст карда, худро канортар гирифтанд – касе аз рӯ ба рӯ савора меомад ва сардор ба ӯ бо таҳдид фарёд зада монд. Баъд боқимондаҳо ҳам дар саф ҷафстар шуданд, ким-кадом марди миёнсол ба онҳо қариб расида гузашта, чанаи холияшро ноуҳдабароёна рост ба таги тирезаи кулбаи паст ба замин нишастае меронд. Ва Рибак баногоҳ пурра ва воқеан тасаввур кард: тозон ба чана ҷаҳад, ҷилавҳоро чанг зада гирад ва аспҳоро сахт занад – шояд гурехта тавонад. Вале ин мардак! Ӯ тойи ҷавон ва беқарорро нигоҳ дошта, ба сардори даста ва ба ҳамаи онҳо назаре афканд ва дар он нисбат ба онҳо чунон адовате ифода шуд, ки Рибак фаҳмид, не, бо ин кораш барор намегирад! Набошад, бо кӣ барор мегирад? Ва он дам гӯё осмон ба сараш фуруд омада бошад, ӯро фикре банохост зеру забар кард: ҷои гурез нест. Пас аз ин несту нобудкунӣ – ба ҳеҷ ҷо. Аз ин саф аллакай роҳи гурез набуд.
Аз возеҳияти моту мабҳуткунандаи ин кашфиёт ӯ низоми рафтанашро гум кард, қадамашро гузаронида, бо тарс ҷаҳид, вале боз ба низоми қадам рост наомад.
– Ту чӣ кор мекунӣ? – бо овози ғафс беэҳтиётона гуфт ҳамшафаташ.
– Ҳеҷ чӣ.
– Мабут, одат накардаӣ? Ёд мегирӣ!
Рибак хомӯш монд ва набудани ҷои гурезро равшан фаҳмид: бо ин несту нобудкунӣ ӯро чунон сахт ва боэътимод бастаанд, ки бо тасма бастан дар қиёси он чизе нест.
Ва ҳарчанд зинда гузоштаанд, вале, аз як ҷиҳат, ӯро ҳам несту нобуд кардаанд.
Бале, акнун ба гузашта бозгашт набуд – ӯ ба таври ҷиддӣ, тамоман ва ниҳоят ғайричашмдошт нобуд мешуд. Ӯ акнун ба ҳама ва дар ҳама ҷо душман аст. Ва маълум мешавад, ки ба худаш ҳам.
Ӯ ҳайрону саргаранг дуруст сарфаҳм рафта наметавонист, ки ҳамаи ин ҳодиса чӣ тавр рӯй дод ва кӣ дар ин гунаҳкор аст. Немисҳо? Ҷанг? Полисҳо? Асло намехост, ки худаш гунаҳкор бошад. Ва дар ҳақиқат ҳам гуноҳи ӯ дар чӣ буд? Магар ӯ ба худаш чунин қисматро интихоб кардааст? Ва ё ӯ то охири лаҳзаҳо мубориза накард? Ва ҳатто нисбат ба он Сотникови шуҳратпараст бисёртар ва босуботтар мубориза кард. Бо вуҷуди ин ба бадбахтии ӯ аз ҳама бештар маҳз Сотников гунаҳкор буд. Агар ӯ бемор намешуд, худро ба таги тир намезад, вайро бо худаш ба ин қадар оворагӣ водор намекард, Рибак, эҳтимол, кайҳо дар ҷангал мешуд. Ана ҳоло ба ӯ, ки дар ҳалқаи дор аст, ҳеҷ чиз фарқ надорад, ин, зинда акнун чӣ ҳол дорад!
Рибак ба ошуфтагии тамом, ки шуурашро пардаи ғуборе фаро гирифта буд, дар қатори даста то дарвозаи шиноси идораи полис қадам зада омад. Онҳоро дар саҳни васеи ҳавлӣ боздоштанд, бо фармон ҳамаашонро якбора ба тарафи айвонча гардонданд. Дар он ҷо аллакай сардор, муфаттиш Партнов ва он ду нафаре ки дар либоси жандарми немисӣ буданд, меистоданд. Полиси калон бо овози баланд аз омада расиданашон хабар дод ва сардор ба даста нигоҳи инодкоронае партофт.
– Вольно! (Озод бош!) Бист дақиқа танаффус, – гуфт ӯ, бо нигоҳаш Рибакро кофта ёфта. – Ту ба назди ман медароӣ.
– Итоат! – аз ким-чизи ногузир, ки ба ӯ сахт ҷафс шуда меомад, тазъиқ хӯрда, базӯр гуфт Рибак.
Ҳамсояаш бо оринҷ ба паҳлуи ӯ зад.
– Явол, на итоат! Одат кардан даркор.
«Бало занад туро! – ҳақорат дод дар дилаш Рибак. Ва умуман, ҳамаашро бало занад. Ба ҷаҳаннам равад! Абадан!»
Дастаро сар доданд. Рибак ба атроф нигоҳҳои ошуфта андохта, ба чӣ қарор омаданашро намедонист. Дар саҳни ҳавлӣ полисҳо ба ғалоғула, талотӯб сар карда, ба мулоиматӣ ҳақораткунон ба тамокукашӣ сар карданд, ки дар ҳаво дуди ширини сигарета паҳн шуд. Баъзеҳо ба сӯи бино рафтанд, яке аз кунҷаки ҳавлӣ, ба тарафи хоначаи тахтагии дудара равон шуд. Рибак яктарафа–яктарафа ба он сӯ рафт.
– Ҳуй, ту куҷо?
Дар қафо Стас, ки дар чашмонаш ҳассосии хавотиромез ҳувайдо буд, меистод.
– Ҳозир, як дақиқа.
Ӯ инро гӯё хеле оромона, дар худ ягона роҳи халосиро пинҳон дошта гуфт, ки Стас бепарвоёна рӯ гардонд. Ҳа, бало занад! Ҳамарою ҳама чизро! Рибак дари ғичирросзанандаро сахт кашид, аз дарун чангаки симинро маҳкам кард ва ба боло нигарист. Сақф баланд набошад ҳам, барои эҳтиёҷи ӯ баландияш кифоя буд. Аз байни тахтаҳои роғ–роғ дар боло тол рах-рах сиёҳӣ мекард, аз арзи тахта тасмаро осон гузаронидан мумкин буд. Ӯ бо қатъияти пурғазаб тугмаҳои нимпӯстинашро кушод ва банохост дар ҳайрат афтода шах шуда монд – тасма дар шимаш набуд. Ва ӯ чӣ тавр фаромӯш кардааст, ки дишаб пеш аз он ки онҳоро ба таҳхона андозанд, полисҳо тасмаро кушода гирифта буданд.
Дастони ӯ саросемавор либосашро мекофтанд, ки ягон чизи мувофиқ пайдо кунанд, вале дар ҳеҷ ҷо ҳеҷ чизи мувофиқ набуд.
Аз паси тахтадевор садои баланди пошнаҳо расиданд, дар вазнин ғиҷиррос кард – охирин имкони бо қисмат ҳисоби худро баробар кардан аз даст мерафт. Ба поин сарнокӣ партою мон!
Ӯро ноумедии бепоёне фаро гирифт, ӯ хоҳиши ногаҳонии чун саг нӯла кашиданро дар худ базӯр фурӯ нишонда, нолид. Вале аз берун овози шинос ихтиёрашро ба ӯ баргардонд.
– Чӣ, қариб шудӣ? – аз дур бо овози баланд гуфт Стас.
– – Ҳозир, ҳозир...
– Сардор ҷеғ мезанад!
Бешубҳа, сардор ба сусткорӣ тоқат надорад, ба назди сардор тозон рафтан даркор аст. Ба замми ин агар аз ту полис сохтанро муқаррар карда бошанд. Дирӯз ӯ дар ин бора чун дар бораи наҷот фикр мекард. Имрӯз ба амал омадани ин орзу барои ӯ ба фалокат табдил ёфт.
Рибак бинӣ афшонд, парешонхотирона тугмаи нимпӯстинашро ёфта гузаронд. Акнун, эҳтимол, ҳеҷ кор карда наметавонад – қисмат ҳамин будагист. Қисмати маккори одами дар ҷанг роҳгумкарда. Ӯ дар ҳоле ки ҳеҷ чиз фикр карда ёфта наметавонист, чангакро кушод ва барои бартараф кардани парешониаш кӯшида, аз ҳоҷатхона баромад.
Дар остона сардори полис ӯро бесаброна мунтазир меистод.
Соли 1971