Аскар Ҳаким

Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj

Биё, биё, гули ман, аз хаёл бар дида,
Чунонки меравӣ аз боғҳо ту гул чида.
Чароғи лолаи рӯят дилам чунон афрӯхт,
Ки гашт синаи ман пурзиётар аз дида.
Савора омадаам, то пиёда созӣ ту,
Ба пойи ишқ равонам ба ҷода созӣ ту.
Агар ба ҳарзасаворӣ зи хештан коҳам,
Маро ба бӯсу канорат зиёда созӣ ту.
Дигар ҷонам ба лаб омад, ки лаб дар лаб шавад бо ту,
Талаб бар толибон бигзораду матлаб шавад бо ту.
Чу ёрони Худо шабҳо ба лаб доранд « ё рабҳо»,
Чу номатро ба лаб орам, шабе « ё раб» шавад бо ту.
Чӣ мебинӣ ба мӯҳои сафеди ман, баҳор аст ин,
Зимистон дил диҳӣ бар шохи гул, фарҷоми кор аст ин.
Чу дил гарм аст, механдад ба сурхӣ лола дар чеҳра,
Агарчи шукри хуршедаш бувад, кони шарор аст ин.
Ғазале агар нагӯям ба ғизоли хушхироме,
Магар аз сухансароӣ бирасам ба кому номе,
Ки ғизоли ман ба лаб ҳеҷ ба ҷуз аз ғазал нагирад,
Ба ғазал фақат диҳад нӯш зи лаби чу лола ҷоме.
Чӣ лабе, лаболаби ҷон, ба лабат чӣ сон бигирам,
Ки агар ба лаб бигирам, лаби ту ба лаб бимирам.
Ба Худо, агар намирам, дигарам ба ҳар ду олам
На зи ҳеҷ марг мирам, накушад шарангу тирам.
Саҳифаи 10 то 21