Аскар Ҳаким

Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj

Куҷо мардест, к-ӯ чун Абдуқодир Абдуҷаббор аст,
Ба мисли ӯст кам марде, агарчи мард бисёр аст.
Сифоти паҳлавонмардӣ кам андар қуввати бозуст,
Ки асли мардиву мардонагӣ дар шафқати ёр аст.
Ту, эй духти шакаргуфтор, хуш бодат шакархоӣ,
Саропо нағзиву хубӣ, саропо шеъру зебоӣ.
Агар ин осмон нозад ба ҳурони биҳиштиаш,
Заминро мекунад ҳасти-т гардуни аҳуроӣ.
Магар зи макри замон як фиребхӯрда манам,
Ки сад ҳазор барорад фиғон, ки бекафанам.
Дурӯғросткуниям дигар ба ҷон овард,
Иҷоза деҳ, ки кунун ростро дурӯғ кунам.
Булбул ба сари шох наво дораду хобӣ,
Мадҳуш дар оғӯшиву сармасти шаробӣ.
Ин ҳар ду агар нест туро айши саҳаргоҳ,
Аз чист, ки печида сар аз ҳарфи ҷавобӣ.
Танҳо зи ҳам ҷудову ҷудо ҷон набуду нест,
Танро ба ҷони шефта руҷҳон набуду нест.
Азбаски ман кам аз танаму ҷони ҷон туӣ,
Дур аз барат ба як нафас имкон набуду нест.
Дигар сухан на ба кор ояду суханвар ҳам,
Ки гашта кори ҷаҳон соф дарҳаму барҳам.
Дили дунимаи шоир, ки хеш хунполост,
Магар ба реш тавонад ниҳодан ӯ марҳам.
Саҳифаи 8 то 21