Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Ғазале агар нагӯям ба ғизоли хушхироме,
Магар аз сухансароӣ бирасам ба кому номе,
Ки ғизоли ман ба лаб ҳеҷ ба ҷуз аз ғазал нагирад,
Ба ғазал фақат диҳад нӯш зи лаби чу лола ҷоме.
Вай агарчи ёсаминбарг[1] расад аз қуруни вусто,
Ғазале бихоҳад аммо ба таровати тамоме.
Ғазале чу ишқ онӣ, ҳама лек абадзамонӣ,
Ки манаш чӣ гуна гӯям ғазале дар ин мақоме?!
Ман агарчи шеваи нав хушам ояд аз суханвар,
Сухане магар тавон гуфт ба чунин як эҳтишоме?
Ба фалак чунон баланд ӯст, ки ба хокиён-ш набвад,
На ҷавоб бар суоле, на алайк бар саломе.
На ба заррае писандад, ба ҷаҳон ҳар он чӣ ҳастист,
Ҳама дар ҳавои рӯъёст, ки надорад эч номе.
Ману хомаи сияҳкор ба саҳифаи сафеде,
Ки ба оташе зи бӯсаш бипазам хаёли хоме
Ва агар писанд н-ояд ғазале, ки навқадимист,
Бувадаш бароям, эй кош, чу паёмаде паёме,
Ки магар ғазал нагӯям ба ғизоли хушхироме
Ва дар ин сухансароӣ гузарам зи ному коме.
[1] Рўдакї гуфта: Ба бўса наќш кунам барги ёсамини туро.