Аскар Ҳаким

Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj

Навбаҳори ман куҷойӣ, тирамоҳи ман гузашт,
Аз дили ҳар чор фасли сол оҳи ман гузашт.
Роҳи як умр аст, гуфтӣ, дар миёни мову ту,
Оҳ, аз он бероҳа умре, ки зи роҳи ман гузашт.
Ин чӣ чашму чӣ нигоҳу чӣ табассум, чӣ такаллум,
Ин чӣ оҳу, ки ба пушти дили уфтода занад сум.
Оҳуву шохаи гул, муъҷизи ҳусни ду ҷаҳон ӯ
Карда дар рафтану дар қомату рухсор таҷассум.
Эй кош, ки як шаб зи сари меҳр даройӣ
Дар оғушам он гуна, ки дар хоби ман ойӣ.
Нозуктарам аз ноз навозию надонам,
Ҷонро бирабойӣ зи танам ё бифазойӣ?!
Шаб дар лабаш шукуфид як лолазор бӯса,
Шаб буду лолачинӣ, лаб буду кор бӯса.
Шаб буду хобу рӯъё саршори бӯсу оғӯш,
Субҳ омаду ҳақиқат ку он ҳазор бӯса?!
Биё, эй дилбари якто, ки гӯям шеъри яктое,
Ки яктоӣ набошад баҳра ҷуз танҳо ба танҳое.
Маҳу хуршед дигар – дигаранд, аммо ҳамонанданд,
Ба зебоии яктои ту аммо нест ҳамтое.
Ту як сӯ офтобу як су абрӣ, осмонастӣ,
Касе чу ман натавонад суруди ишқи ту гуфт,
Ки офарида маро бо ту Кирдгорам ҷуфт.
Ба гулситон чу расид аз навои ман лаҳне,
Дигар гуле ғазал аз ҳеҷ булбуле нашнуфт.
Саҳифаи 9 то 21