Дигар ҷонам ба лаб омад, ки лаб дар лаб шавад бо ту,

Талаб бар толибон бигзораду матлаб шавад бо ту.

Чу ёрони Худо шабҳо ба лаб доранд « ё рабҳо»,

Чу номатро ба лаб орам, шабе « ё раб» шавад бо ту.

Тану ҷонам зи дурият ҳазорон тобу таб дорад,

Дар  оташхези оғӯшат раҳо аз таб шавад бо ту.

Ҳама хоҳанд аз Яздон шавад, к-имрӯзашон фардо,

Манат хоҳам, ки пасфардои ман имшаб шавад бо ту.

Ту чун абри баҳоронӣ, ки пур аз атри боронӣ,

Чу бар ҳар дашт меойӣ, пур аз машраб шавад бо ту.

Фақат равшан шавад оё ба як наззораат гардун,

Ки ҳар санги сияҳ ҳам дар замин кавкаб шавад бо ту.

Агар дил баҳра гирад аз саводи чашми ҷодуят,

Китоби ишқ во бигзораду мактаб шавад бо ту.

Ман аз тадриси чашмонат фақат як дарс мехоҳам,

Ки омӯзад, шаби ман рӯзу рӯзам шаб шавад бо ту.