Бичархон домани гулбаргиятро, то ба чарх оям,

Биларзон он ду себатро, ки бар ҷонам биафзоям.

Зи рақси шохаҳо дар бод рафтори ту рақсонтар,

Ба чарх ойӣ, аҷаб дорам, ки чун дар ҷой барҷоям.

Раҳо кун обшори гесувонатро, ки ҳар тораш

Ҳазорон савт ангезад ба ҳар як тори аъзоям.

Агар ором меойӣ, чу нилуфар дар об астӣ,

Занӣ аз раҳ мусалмонро, ки гӯяд маҳви Будоям.

Гули ман, месазад оё, ки дар айни шукуфтанҳо,

Ту байни боғу ман бо доғи ишқи ту шукуфоям?

Чӣ донам ҳадди ҳуснатро, вале бар гулшан ойӣ ту,

Куҷо гулро бувад ёрои даъвое, ки раъноям.

Чу даъвии чаманороӣ аз гулҳо дигар н-ояд,

Чаманро бо ту н-ороям, чӣ сонаш дигар ороям?

Ба ин зебоии яктову бемонанд, медонӣ,

Ки чун зебоии яктои ту танҳои танҳоям.

Биёву ин ду танҳоӣ ба ҳам омез, то гӯям,

Мазан ҳарфе зи танҳоӣ, ки ман бо ёр манҳоям.