Аскар Ҳаким

Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj

Ҳавои шеър гирифтаст сар ба сар ҷонам,
Биё, туро ба сари чашми чор биншонам.
Куҷост шеъри маро ғайри атри номат бӯй,
Туӣ ба номи хушат шаҳписанду* райҳонам.
Як ғазал, эй кош, гӯям ҳамчу чашмат шӯхшанг,
То ба рақс ояд дилу ҷонҳо ба оҳанге қашанг.
Чун дилам бигрифт аз ин нолаҳову вой-вой,
Ту, биё, зангӯли ишқи мо занад шодона занг!
Биё ки нест чаманро чунин шукуфойӣ,
Ба ҳар гулат, ки бувад сад баҳори зебойӣ.
Бунафшаву суману лола дида гӯяндат,
Магар куҷост гулистон бад-ин тамошойӣ?!
Эй ки бо хулқи накӯ бурда дили аҳли назар,
Эй ки ҳастӣ ту азизи ҳама чун ҷону ҷигар,
Фахр дорем зи ту ҳамчу Раисе шоён,
Аз ту шод аст дили халқи вилоят яксар.
Чашмаи меҳри ҷаҳонтоб зан аст,
Ки шабу рӯзи Худо шуълазан аст.
Рӯз хуршеду ба шаб маҳтоб аст,
Ҳама тан нур, Суҳайли Яман аст.
Навбаҳор омаду айёми гулу гулбасарон,
Ҳамчу гул гашт шукуфо нигаҳи гулнигарон.
Остин барзадаву соқ чу урён кардӣ,
Бӯса бар дасти ту доданд ҳама симбарон.
Саҳифаи 5 то 21