Сабук, сабук ту биё, ҳамчу абр бар сари ман,

Ки гӯямат шавад абри баҳор ҳамсари ман.

Куҷо бувад пари абре  чу ту сабукпарвоз

Таҳи сипеҳр, паризодаи паровари ман?!

Ту дар фарози фарохо баланду болоӣ,

Ба он баландиву боло даро ту аз дари ман.

Биё,  ба болиши ман сар бимон, ки дар шаби васл

Ситора вом барад Каҳкашон зи бистари ман.

Зи Осмондара хоҳам  гузашт дар парвоз

Агар ту ҳампари ҷонам шавӣ, кабӯтари ман.

Ба куйи ман бигузар чун насим боре ту,

Ки рашки боғ шавад кӯчаи муанбари ман.

Қасам ба покии шири модарат, ки маро

Фақат барои ту овардааст модари ман.

Маро чу бинӣ, гӯйӣ, ки з-афсарони ишқ

Ҳазор мартаба ошиқтар аст аскари ман.