Дилхоста аз манзараҳоям рухи ёр аст,

Бе манзари ӯ манзараҳоям ба чӣ кор аст?!

Дар ҳанҷараҳо нест навое, агар ӯ нест,

Дар панҷараҳоям, агар ӯ ҳаст, баҳор аст.

На, на, ғалате рафт, дар ин ҳарф, ки гуфтам,

Худ панҷараҳо дар қадамаш боғи ҳазор аст.

Бо ӯ  шаҷари хушку таре  ғарқи шукуфтан,

Бо ӯ зи ҳама шохи чаман шеър нисор аст.

Дар раҳгузараш хор шавад сабз чу сунбул,

Хор аз  нафаси  ёр  арӯси  гули хор аст.

Андар қаду боло-ш, ки ин сурху сафед аст,

Садбарги сафед аст, ки дар шохи анор аст.

Аз сурху сафеди лабу рухсори  чу субҳаш

Дар ҷону дилам шӯълаи сад бӯсу канор аст.

Ҳарфи маю хамр  амри газоф аст ба пешаш,

Аз  хамр чӣ гӯйӣ ту ба чашме, ки хумор аст.

Чун нобтар аз чашму лабаш шеъри таре нест,

Дигар  ҳама ҳарфе, ки  бигӯянд, шиор аст.