Биё, биё,  гули ман,  аз хаёл бар дида,

Чунонки меравӣ аз боғҳо ту гул чида.

Чароғи лолаи рӯят дилам чунон афрӯхт,

Ки гашт синаи ман пурзиётар аз дида.

Дар орзуи рухат гул шукуфт дар дили ман,

Баҳори нағма шудам, ҳарфе аз ту нашнида.

Лабат ба сурхтарин ғунчаҳо, ки ранг омӯхт,

Бигашт гул ба ду рӯ сурх аз ту шармида.

Ба навниҳоли қадат як баҳор ғунча шукуфт,

Як осмон ба паят буд  ситора  рахшида.

Чу рафт сайри забонҳо ҳикояти ишқам,

Дигар намонд дар ин шаҳр гӯши нашнида.

Ба васфи қомати сабзат забони ман шуд сабз,

Ситорабор бишуд ҳар  саҳифа  сурхида.

Чунон ба ёди ту лабрез шуд саропоям,

Ки рафтаам дигар аз худ, ба худ нагунҷида.