Чӣ мебинӣ ба мӯҳои сафеди ман, баҳор аст ин,

Зимистон дил диҳӣ бар шохи гул, фарҷоми кор аст ин.

Чу дил гарм аст, механдад ба сурхӣ лола дар чеҳра,

Агарчи шукри хуршедаш бувад, кони шарор аст ин.

Чунон дастон ба ҳам печанду лабҳо ҳам ба лаб часпанд,

Ки гул гӯяд ба булбул, ки, бубин, бӯсу канор аст ин.

Чу мурғи субҳро дар шохи дил бинӣ ғазалпардоз,

Чӣ гӯйӣ аз ҳазоре ту, ки рашки сад ҳазор аст ин.

Шабе саршор оям аз майи ангурии чашмаш,

Дигар ҳаргиз ба худ н-оям, ки хамри дар хумор аст ин.

Ба дашти орзуҳо мепарад гулгуни зарринбол,

Чӣ сон аз ёли ӯ гирам, ки гӯйӣ шаҳсавор  аст ин.

Чӣ меҷӯӣ, ту, эй дил, марказ ин дунёву уқборо,

Ки нақши пои ӯ гӯяд, ду дунёро мадор аст ин.

Ман акнун чун Замин дар гирди тири хеш  мечархам,

Ки меҳру моҳ мегӯянд, моро ҳам қарор  аст ин.

Чӣ мӯъҷиз боз дорад Кирдгори ман, вале ҳоло

Яқинан беҳтарин аз мӯъҷизоти Кирдгор аст ин.