Агар ғазал, ки бигӯйӣ, бигӯ тару тоза,

Ки оварад сухани кӯҳна хобу хамёза.

Ба як-ду ҳарфи куҳанкола нав нагардад шеър,

Арӯс мешавад оё аҷуза бо ғоза?!

Чу нест сурату маънии тоза дар шеърат,

Куҷо қабул ояд бо ҳазор шероза.

Ду байт гуфтӣ ё на, валек даъвоят

Чу устоди ғазал беҳад асту андоза.

Дар он ду байти хасӣ гирифта овозат,

Валек ҳар нафасӣ дар талоши овоза.

Чу сар кашида ба гардун ҳазор кохи ғазал,

Чӣ ноз мекунӣ он ҷо ба ними як коза?!

Ту пеш з-он ки қадам бар ҳади ғазал монӣ,

Бубин, дараш ба куҷову куҷост дарвоза!