Аскар Ҳаким

Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj

Ман аз табори хазонам, ту аз табори баҳор,
Биҳии зард манам, ту шукуфта шохи анор.
Туӣ баҳору ба ту кӯтаҳ аст дасти хазон,
В-агар ба ту расадаш даст, мешавад гулзор.
Дар дилам ёди лабат ханда зада, рӯъёӣ,
Кай, куҷо ғунча шукуфтаст бад-ин раъноӣ?!
Чун наояд ба талабгории ту боди баҳор,
Гул шавад сурх ба наздат, ки чаманороӣ.
Хонаам, то ки дар он нақши қадамҳои ту ҷо буд,
Чун туам ёр будӣ, хонаи ёрони Худо буд.
Гарчи олам ҳама ҷо ҷодаву саҷҷодаи ишқ аст,
Ҷойи он хона вале то ту, ки буди-ш, ҷудо буд.
Саҳар чун ёдат овардам, навозид ин садо гӯшам,
Ки сад булбул ғазал сурх аст дар барги баногӯшам.
Ҳазор ангушти тарзахма занад дар боғҳо оҳанг
Зи рӯйи нутаи қалбам, ман аммо бе ту хомӯшам.
Агарчандам, иҷозат не аз ин сӯ, гуфт, онсӯтар,
Ба оҳанги раво бошад, куҷо ҳарфест хушрӯтар.
Ба зери пойи булбул хор дорам сад чаман гулро,
Агар лахте забон дорад аз он гулғунча хушгӯтар.
…Ҳам аз ҷавонии ҷонам ҷавонтар астӣ ту,
Нагӯямат ҷон, аз ҷон, ки ҷонтар астӣ ту.
Чи нисбатат ба ғизоли давону сарви равон,
Ки аз тамоми равонҳо равонтар астӣ ту.
Саҳифаи 12 то 21