Савора  омадаам, то пиёда созӣ ту,

Ба пойи ишқ равонам ба ҷода созӣ ту.

Агар ба  ҳарзасаворӣ зи хештан коҳам,

Маро ба бӯсу канорат зиёда созӣ ту.

Агар хумори ниҳонам ба шохи токистон,

Кашониям зи раги току бода созӣ ту.

Гадойи даргаҳи худро, агар дилат хоҳад,

Ба ҳафт иқлиме  шоҳзода созӣ ту.

Шабе, ки аз ғаму дарди ҷаҳон дилам гирад,

Ба як табассуми худ дилкушода созӣ ту.

Ҳазор мӯъҷиза бошад туро ба ҳар нафасе,

Вале  куҷой  якеро  ирода  созӣ ту.

Чӣ беш банду гиреҳе ба кори ишқ уфтад,

Бувад, ки дар хами зулфат кушода созӣ ту.

Мураккабии раҳи ишқро, агар бо ман,

Чӣ мушкил аст, ба як бӯса сода созӣ ту?!