Чӣ лабе, лаболаби ҷон, ба лабат чӣ сон бигирам,

Ки агар ба лаб бигирам, лаби ту ба лаб бимирам.

Ба Худо, агар намирам, дигарам ба ҳар  ду олам

На зи ҳеҷ марг мирам, накушад шарангу тирам.

Ҳама тан ҳаёт гардам, ки ба шукри ту бигӯям,

Салавот бар лабонат, ки мамотнопазирам.

Дигарам ба чор ҳангом ба лаб ин сухан шукуфад,

Ки ман аз баҳору аз ишқ ба ҳамешагӣ сафирам.

Ту бибор бар сари ман чу зи новдон, аё абр,

Ки каме фуроям аз таб, манат арчи на кавирам.

Чӣ ниёз бар шақоиқ, ба ҷамоли сурху  сабзаш,

Ки ҳазор дашт лола бишукуфта дар замирам.

На ба кони ҳафт иқлим ба хулуси ту заре ҳаст,

Ба ҳама аёри холис ту зарию ман зарирам.

Азалу абад  надида ба ту дилсупурда чун ман ,

Ба ҷаҳони ишқ ҳарчанд на ҳам аввалу ахирам.

Ва ба сӯям арки суе бизанад ситораи ту,

Хиҷил офтоб гардад зи маҳу шаби мунирам.

Ба сипосу шукри ишқат гузарам зи хоксорӣ,

Ту, ки ишқи беназирӣ, ба ту ёри беназирам.