…Ҳам аз ҷавонии ҷонам ҷавонтар астӣ ту,

Нагӯямат ҷон, аз ҷон, ки ҷонтар астӣ ту.

Чи нисбатат ба ғизоли давону сарви равон,

Ки аз тамоми равонҳо равонтар астӣ ту.

Чу они ишқи ту набвад ҳазору як шабро,

Ба ним оне аз он достонтар астӣ ту.

Агарчи дар ту ҳама розҳои дил пайдост,

Аҷаб, ки худ зи муаммо ниҳонтар астӣ ту.

Ту мавҷи шӯълаи сабзӣ ба шоху барги чаман,

Зи жола бар рухи гул хушнишонтар астӣ ту.

Ду ташнадил фақат аз нӯши ҳам шавад сероб,

Агарчи ташна ману ташнаҷонтар астӣ ту.

Чӣ сон нисор кунам дар вафои ту ду ҷаҳон,

Ки бевафо зи ҷаҳон ҳам ҷаҳонтар астӣ ту.