Дар дилам ёди лабат ханда зада, рӯъёӣ,

Кай, куҷо ғунча шукуфтаст бад-ин раъноӣ?!

Чун наояд ба талабгории ту боди баҳор,

Гул шавад сурх ба наздат, ки чаманороӣ.

Равию ҳуш барӣ аз сари ман, хуш ҳолест,

Ойию ақл набозам, ки ту чун меоӣ?!

Аҳди лайлосифатӣ рафтаву бар даштам лек

Бикашонӣ маҷнунвор, магар саҳроӣ?!

Ман ба афсонаи ишқат чӣ тавонам афзуд,

Ки дар ин мӯъҷиза худ тозатарин дунёӣ.

Ту агар мурғи биҳиштӣ, ба чӣ доне ойӣ,

Зи чӣ даст об хӯриву зи чӣ дастонҳоӣ?!

Агарат ними назар ҳаст ба шайдоиҳо,

Худ бубинӣ, ки ба ношайдоӣ шайдоӣ.

На маро тоби дар оғӯши нигаҳ дидани ту,

На туро сӯйи ман оҳанги қадамфарсоӣ.

Майи чандоташа бинам ба лабонат лабрез,

Кӯр бошам, ки кашам миннате аз миное.

Бирав, эй ёр, ки  ёрои сабурим намонд,

Ману ин ташналабиву туву ин дарёӣ.