Хонаам, то ки дар он нақши қадамҳои ту ҷо буд,

Чун туам ёр будӣ, хонаи ёрони Худо буд.

Гарчи олам ҳама ҷо ҷодаву саҷҷодаи ишқ аст,

Ҷойи он хона вале то ту, ки буди-ш, ҷудо буд.

Он садо, ки зи варақ хӯрдани мусҳаф бармехост,

На садо, балки диловезтаринҳои адо буд.

Арш мешуд фарш аз замзамаҳои малакутӣ,

Ишқи моро, ки мақом аз малакутӣ боло буд.

Шамъи бетобии мо тобиши сад маҳтобе дошт,

Дар сарои фалак аз равзани мо нуру ҷило буд.

Мо, ки нуҳгонаи афлок ба дил гунҷонидем,

Нокуҷое, ки дар он хона нагунҷид, куҷо буд?!

Ҳар чи ово задем, аммо ба ҷавобе нарасидем,

Аз ҳузураш ҳама даҳр арчи саропо ово буд.

Аз чӣ гуфтанд садо айни фано буду дигар ҳеҷ,

Ҳар чӣ аз ҳастии мо монд, ҳамин лек садо буд.[1]

 

[1] Фурӯғ гуфта: «Танҳо садост, ки мемонад».