Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Ба ту, эй Худойи Борӣ,
ки ба адл мубтадоӣ,
Ба сипосу бо таҳайюр
ба лаб орам иддиое,
Ки бигӯ, чӣ сон таҳаммул
кунӣ ин фиребу найранг,
Дағалу касофату зишт
ҳама ҳиллаву дағое?
Ки яке ба пули дуздӣ
биравад ба хонаи ту,
Дигаре рабуда аз халқ
бикунад ба ту худойӣ.
Се дигар, ки ришва хӯрда,
бизияд тамом мурдор,
Ба яке ҳаром тавба-ш
бишавад чу Мустафое?!
Ба чунин табори Иблис,
ки надида ҳеҷ айём,
Ба Худову худфиребӣ
чӣ бувад зи ту сазое?!
Шавад ин суоли банда
зи ҳазор гӯша такрор,
Ту вале ҳама хамӯшӣ,--
чӣ хамӯшии расое.
Чӣ сабурие ту дорӣ,
ки надорад эч банда,
Чӣ тавонамат дигар гуфт,
ки ба асл ту Худойӣ!