Мо сина кушуда ба фалакҳои кабудем,

Бар олами он сӯи фалак дарби[1] вурудем.

Ин даҳр чу бедор зи бедории дилҳост,

Дар хоби гарон як мижа мо кай биғунудем?!

Гар хирасаронро сари афкандагии мост,

Мо ҳамсари тирожа[2] ба ҳар тори вуҷудем.

Шукронаи табъе, ки замингир набошем,

Умрест фалаксайр ба шаҳболи сурудем.

Мо бар дари ҳар нокасу кас ҷабҳа насоем,

Осуда аз онем, ки на дар пайи судем.

Он ҷо, ки шумо бандаи падруду ғурубед,

Мо шӯълаи субҳем, ки саршори дурудем.

Фардои шумо н-омада гаштаст парерӯз,

Ин ҳам сифати мост, ки дер омада зудем.

Мурдоб, ки ҳар ҷост, чӣ бадбӯву касиф аст,

Мо зинда ба ҳар мавҷ биоем, ки рӯдем.

Хокистарӣ омӯзадамон ойинаи даҳр,

В-арна ба гуҳар шӯълаи бедудаву дудем.

 

[1] дарб – дарвоза

 [2] тирожа – тиру камон, қавси қузаҳ