Агарчандам, иҷозат не аз ин сӯ, гуфт, онсӯтар,

Ба оҳанги раво бошад,  куҷо ҳарфест хушрӯтар.

Ба зери пойи булбул хор дорам сад чаман гулро,

Агар лахте забон дорад аз он гулғунча хушгӯтар.

Чу дар барфи зимистон арчасон болида меояд,

Куҷо  меояд аз ӯ навбаҳоре  сабзу хушбӯтар.

Намедонам, ҳақиқат ё  ки худ афсона меояд,

Вале он гуна меояд, ки аз ҳар ду-ст дилҷӯтар.

Чу метарсад, ки чашм обе хурад аз чашмаи чашмаш,

Кӣ аз чашмони оҳуяш тавонад гуфт тарсутар?!

Чӣ сон охир ғазал карданд чашмонро ба ҷодуӣ,

Надида дар азал чашме аз он ду чашм ҷодутар.

Саропойи ду оламро даво ҷӯйӣ ба тобу таб,

Наёбӣ ҳаб зи холи гӯшаи он лаб, ки дорутар.

Агар гаҳвораи ин нозхӯ аз осмон н-омад,

Чаро ҳар ҷо, ки по монад, шавад аз арш менӯтар.

Ҳама, эй дилбарони коғазӣ, истед яксӯтар,

Ҳамон ояд, к-иҷозат медиҳад з-ин сӯй онсӯтар.