Ман аз табори хазонам, ту аз табори баҳор,

Биҳии зард манам, ту шукуфта шохи анор.

Туӣ баҳору ба ту кӯтаҳ аст дасти хазон,

 В-агар ба ту  расадаш даст, мешавад гулзор.

Агар ки шӯълаи субҳам гузашту шаб омад,

Дар ин зуломи шабонам биё ту соиқавор.

Бисӯзиям ту бисӯзу бисозиям ту бисоз,

Ки шукр, ҳар чӣ кунӣ, гӯямат ҳазор-ҳазор.

Агар ба сохтанам даст ёзӣ, инак ман,

В-агар ба сӯхтанам даст ёзӣ, инак нор.

Ту чун баҳор расиву шаванд яхҳо об,

Ҳазор ҷӯяи хушке шавад чу дарёбор.

Ту рӯди тозадамида, туро канор куҷост,

Ки як дамат ба канор орему барем канор.

Аҷаб мадор, ки чун гӯям ин муҳол далер,

Ки як хаёли хаёлист ин ҳама гуфтор.